Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" майи соли 2013, № 223
тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашуда мебошад. Марказ ҳамоҳангсозӣ ва идораи маблағҳои Лоиҳаро, ки тибқи Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати бақайдгирӣ ва кадастри замин пешниҳод шудаанд, анҷом медиҳад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байналмилалии баимзорасида ва тавсияҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ, инчунин ҳамин Оиннома амалӣ менамояд.
3. Марказ ҳамчун муассиса шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, мутобиқи қонунгузорӣ дорои мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номгӯи худ ва соҳиби амволи ҷудогона, тавозуни мустақил, суратҳисобҳо бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар муассисаҳои бонкӣ мебошад.
4. Марказ дар давраи татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин (минбаъд - Лоиҳа) фаъолият намуда, аз Маркази татбиқи Лоиҳа, марказҳои кадастри замин ва бақайдгирии минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ иборат мебошад.
5. Маҳалли ҷойгиршавии Марказ: 734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-50.
II. Мақсад ва вазифаҳои Марказ
6. Мақсад ва вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин техникию иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва фароҳам овардани дигар шароит барои татбиқи бомуваффақияти Лоиҳа;
- таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод шудааст;
- амалӣ намудани чунин корҳо: азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ, гузаронидани барӯйхатгирии заминҳо, иҷрои корҳои заминсозӣ, кадастри замин, геодезӣ, топографӣ, харитасозӣ ва ҷустуҷӯӣ бо мақсади татбиқи Лоиҳа, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор тайёр намудани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ барои ба расмият даровардани
Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминистифодабарандагони дигар, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатии замини хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ иншоот сохтмонҳои дар минтақаҳои пилотӣ буда;
- гузаронидани корҳои иттилоотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ оид ба азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
- иҷрои корҳо оид ба барқарорсозӣ ва таъмири шабакаҳои обёрикунии дохилихоҷагӣ тавассути ассосиатсияҳои истифодабарандагони об, ки бо мусоидати Лоиҳа ташкил карда шудаанд;
- ташкили омӯзиши аҳолӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба заминистифодабарии аз ҷиҳати экологӣ устувор;
- гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии рафти татбиқи Лоиҳа, назорати сифати корҳои иҷрошаванда мутобиқи қонунгузорӣ ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳонӣ;
- тайёр намудан, омӯзонидан ва бозомӯзонидани мутахассисон ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон дар соҳаи заминсозӣ, кадастри замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
- ташкил намудани сохторҳои нави шаҳрию ноҳиявии пилотӣ оид ба иҷрои корҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои дар амал ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он";
- роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти марказҳои кадастри замини минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маълумоти техникию иқтисодӣ ва нишондодҳо дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба замин, заминсозӣ, кадастри замин, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва ҷустуҷӯӣ;
- муоина ва барқарорсозии пойгоҳҳои геодезие, ки дар доираи татбиқи Лоиҳа ба назар гирифта шудаанд, аз он ҷумла ҷойгир намудани стансияҳои доимоамалкунанда бо мақсади истифодаи шабакаи глобалии позитсионӣ барои мақсадҳои татбиқи Лоиҳа;
- пешбурди номгӯи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар минтақаҳои пилотӣ дар доираи татбиқи Лоиҳа;
- хариди молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Бонки Умумиҷаҳонӣ ба воситаи гузаронидани озмунҳо, арзёбии пешниҳодоти довталабон ва бастани қарордодҳо;
- барқарор намудани робита ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар Лоиҳаҳо ва ташкилотҳои дахлдори дохилӣ ва байналмилалӣ;
- иҷрои корҳои дигаре, ки барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда равона гардидаанд.
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
7. Марказ ҳуқуқ дорад:
- озмунҳо гузаронад, пешниҳодоти манзургардидаро арзёбӣ намояд, мушовирон ва мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллиро киро намояд, шартномаҳо (қарордодҳо) ба имзо расонад, дигар амалҳои ҳуқуқӣ ва молиявиро анҷом диҳад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволиро ба даст орад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;
- мустақилона фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои Марказ ва сохторҳои онро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ҳуҷҷатҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Оинномаи мазкур ташкил намояд;
- дар муассисаҳои бонкии ҷумҳурӣ ҳисобҳои пардохт ва асъорӣ кушояд;
- Лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ намояд, мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;
- барои эҳтиёҷоти татбиқи Лоиҳа харидории молҳо, кору хизматрасониҳо, амвол ва таҷҳизотро амалӣ намояд;
- чопи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, эълонҳои расмӣ ва дигар маводҳоро вобаста ба масъалаҳои фаъолияти Лоиҳа таъмин намояд.
8. Марказ ӯҳдадор аст:
- барои кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити бехатарии меҳнатро фароҳам оварад, риояи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқаррарнамуда барои зиёне, ки ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонида шудааст, масъулиятро ба зимма дошта бошад;
- баҳисобгирии фаврию муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро амалӣ намояд, ҳуҷҷатҳои оморию муҳосибавиро пеш барад ва ҳисоботҳо пешниҳод намояд;
- оид ба воридшавӣ, азхудкунии маблағҳо ва ҷараёни татбиқи Лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, дитар вазорату идораҳои дахлдор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро пешниҳод намояд.
IV. Манбаъҳои ташаккули маблағҳо ва амвол
9. Маблағҳои Марказ аз манбаъҳои зайл ташаккул меёбанд:
- гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод шудааст;
- саҳми аҳолӣ (ҷомеа), ки тибқи шартҳои татбиқи Лоиҳа ворид мешавад;
- саҳми моддие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо менамояд;
- грантҳое, ки давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои татбиқи Лоиҳа ҷудо менамоянд;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
10. Маблағҳои молиявии Марказ бояд пурра мутобиқи шартҳои дар Созишномаи грантӣ пешбинигардида истифода бурда шаванд.
11. Марказ мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳонӣ метавонад дар ихтиёри худ иморат, биноҳои ёрирасон ва дигар иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар амволро, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи Оинномаи мазкур зарур мебошанд, дошта бошад.
V. Идораи фаъолияти Марказ
12. Роҳбари Марказ Директор мебошад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
13. Ба салоҳияти Директори Марказ инҳо мансубанд:
- ташкили роҳбарии умумӣ дар давоми давраи фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ;
- тасдиқи ҷадвали штатӣ, сохтор, сметаи хароҷоти Марказ ва марказҳои минтақавӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, андозаи музди меҳнати кормандон бо мувофиқаи Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ;
- мувофиқа ва тасдиқи низомномаҳои марказҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ;
- бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи татбиқи Лоиҳа;
- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзо намудани ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳонӣ;
- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Бонки Умумиҷаҳонӣ;
- кушодани суратҳисобҳои Марказ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои Маркази татбиқи Лоиҳа ва марказҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он;
- таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони дастгоҳи марказӣ ва марказҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии он тибқи тартиби муқарраргардида;
- мукофотонидан ва ҳавасмандгардонии кормандони Лоиҳа дар доираи буҷети Лоиҳа;
- додани супоришҳо ба марказҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Лоиҳа ва назорати иҷрои онҳо;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Марказ анҷом додани дигар амалҳо.
14. Директори Марказ фаъолияти хешро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом медиҳад. ӯ дар фаъолияти худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.
15. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мутобиқи Оинномаи мазкур ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.
VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ
16. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии Марказ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибавӣ, дастурҳо ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳонӣ пеш бурда мешавад.
17. Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
18. Аудитҳои молиявӣ ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторҳои мустақил, ки тибқи расмиёти муқаррарнамудаи Бонки Умумиҷаҳонӣ интихоб шудаанд, анҷом дода мешаванд.
19. Соли молиявӣ аз 1 январ оғоз гардида, 31 декабр хотима меёбад.
VII. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Марказ
20. Ба Оинномаи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
VIII. Қатъи фаъолияти Марказ
21. Азнавташкилдиҳӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ва барҳамдиҳии Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 сентябри соли 2005 № 354
тасдиқ шудааст
Оинномаи муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашуда буда, ҳамоҳангсози ва идораи маблағҳои Лоиҳаро, ки тибқи Созишномаи гранти, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиасияи рушди байналмиллали ба имзо расидааст ва аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳони ҷиҳати бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи пешниҳод шудааст, анҷом медиҳад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, созишномаҳои байналмилалии баимзорасида, тавсияҳои Бонки Умумиҷаҳони ва ҳамин Оиннома амали менамояд.
3. Марказ шахси мустақили ҳуқуқи ва ташкилоти ғайритиҷорати буда, мутобиқи қонунгузори дорои амволи ҷудогона, баланси мустақил, дар муассисаҳои бонки ҳисобҳои пардохт, мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад.
4. Марказ фаъолияти худро дар давраи татбиқи Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи анҷом медиҳад.
5. Маҳали ҷойгиршавии Марказ: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, шаҳраки Гипрозем-15.
II. Мақсад ва мазмуни фаъолияти марказ
6. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои зарури, аз ҷумла техникию иқтисоди, фароҳамоварии шароит барои татбиқи самарабахши Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи;
- таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши гранти Бонки Умумиҷаҳони, ки барои Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи ҷудо гардидааст;
- фароҳам овардани хизматрасонии кишоварзи тавассути таҷдиди корхонаҳои кишоварзи, гузаронидани корҳои бақайдгири ва кадастри замин, дастраси ба техникаю технологияи замонави, гузаронидани корҳои ташвиқоти дар байни аҳоли оид ба таҷдиди корхонаҳои кишоварзи, гузаронидани корҳо оид ба барқарорсозии шабакаҳои обёрикунии дохили хоҷаги, гузаронидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзи, ташкили сохторҳои минтақави барои бақайдгирии заминистифодабарандагон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳоли дар минтақаҳои татбиқи Лоиҳа.
7. Мазмуни асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:
- ба роҳ мондани ҳамоҳангсози ва таъмини шароити кори барои коршиносон-машваратчиён ҷиҳати татбиқи Лоиҳа;
- гузаронидани тендерҳо, арзёбии пешниҳодоти манзургардида ва бастани қарордодҳо;
- хариди молу хизматрасони тибқи қонунгузори ва расмиёти Бонки Умумиҷаҳони, таҳияи барномаҳои кори ва буҷети Лоиҳа;
- анҷом додани мониторинг ва назорати сифати корҳои иҷрошаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳони;
- анҷом додани фаъолияти хориҷии иқтисоди ва робитаҳои байналмилалие, ки барои иҷрои вазифаҳои татбиқи Лоиҳа нигаронида шудаанд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори иҷрои дигар фаъолияте, ки барои ҳалли масъалаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда заруранд.
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
8. Марказ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун амволи таҳти ҳуқуқи пурраи идоракунии оперативии ба он таалуқдоштаро соҳиби, истифодабари ва ихтиёрдори кунад;
- тендерҳо доир намояд ва арзёбии пешниҳодоти манзургардидаро ба анҷом расонад, машваратчиён ва мутахассисони байналмилали ва маҳаллиро ба кироя гирад, шартномаҳо (қарордодҳо) баста, дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом диҳад, ҳуқуқҳои амволи ва ғайриамволиро ба даст орад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар иштирок кунад;
- мустақилона фаъолияти ҷори ва дурнамои Марказро ташкил намояд:
- дар муассисаҳои бонкии ҷумҳури ҳисобҳои пардохт ва асъори кушояд;
- Лоиҳаи мазкурро маблағгузори намояд, мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;
- барои эҳтиёҷоти татбиқи Лоиҳа харидории молу таҷҳизоти заруриро анҷом диҳад.
9. Марказ ӯҳдадор аст:
- барои кормандон шароити бехатари меҳнатро фароҳам оварад, риояи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст таъмин намояд ва тибқи тартиби муқаррарнамуда барои зиёне, ки ба саломати ва қобилияти меҳнатии онҳо расонида шудааст, масъулиятро ба зимма дошта бошад;
- баҳисобгирии фаврию муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом диҳад, ҳуҷҷатҳои оморию муҳосибавиро пеш барад;
- оид ба воридшави, азхудкунии маблағҳо ва ҷараёни татбиқи Лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро пешниҳод намояд.
IV. Манбаъҳои ташаккули маблағҳои амвол
10. Маблағҳои Марказ аз манбаъҳои зайл ташаккул меёбанд:
- саҳмҳои молияви ва моддие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Лоиҳа ҷудо менамояд;
- гранти Бонки Умумиҷаҳони, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод шудааст;
- грантҳое, ки давлатҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилали барои татбиқи Лоиҳа ҷудо менамоянд;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
11. Маблағҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳои дар созишномаи гранти пешбинигардида истифода бурда шаванд.
12. Марказ дар ихтиёри худ иморат, биноҳои ёрирасон ва дигар иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар амвол бо ҳуқуқи ихтиёрдории оперативи, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома зарур мебошанд, дорад.
V. Идораи фаъолияти Марказ
13. Шахси мансабдори олии Марказ Директор мебошад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки Умумиҷаҳони аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
14. Ба салоҳияти Директори Марказ инҳо мансубанд:
- ташкили роҳбарии умуми дар тамоми давраи фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлати, ғайридавлати ва байналмилали;
- тасдиқи ҷадвали штати, сохтор, сметаи хароҷоти Марказ, андозаи музди меҳнати кормандон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони;
- бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи татбиқи Лоиҳа;
- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзо намудани ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷаги мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррариёти Бонки Умумиҷаҳони;
- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони;
- дар доираи салоҳияти худ баровардани фармону супоришҳо, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони Марказ ҳатми мебошанд;
- кушодани ҳисобҳои пардохт ва дигар ҳисобҳои Марказ дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои Марказ ва бахшҳои он;
- таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони дастгоҳи маркази ва бахшҳои он;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Марказ анҷом додани дигар амал.
15. Директори Марказ фаъолияти хешро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома анҷом медиҳад. ӯ дар фаъолияти худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони ҳисоботдиҳанда мебошад.
16. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъуляти шахси дошта, дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мутобиқи ҳамин Оиннома ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.
VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ
17. Баҳисобгирии муҳосибави ва ҳисоботдиҳии Марказ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибави, дастурҳо ва муқаррариёти Бонки Умумиҷаҳони пеш бурда мешавад.
18. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солона, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони пешниҳод карда мешаванд, инъикос мегарданд.
19. Аудитҳои молияви ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторҳои мустақил, ки тибқи расмиёти муқаррарнамудаи Бонки Умумиҷаҳони интихоб шудаанд, анҷом дода мешаванд.
20. Соли молияви аз 1 январ оғоз гардида, 31 декабр хотима меёбад.
VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Марказ
21. Ба Оинномаи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
VIII. Қатъи фаъолияти Марказ
22. Азнавташкилдиҳи (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ва барҳамдиҳии Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.