Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, № 347 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 322 "Оид ба тасдиқи Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 322 "Оид ба тасдиқи Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Бо мақсади такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқия ва танзими масъалаҳои муҳоҷирати аҳоли, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000 № 322 "Оид ба тасдиқи Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар номгӯй ва матни қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Дар Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори дар боло номбаршуда тасдиқ шудааст:

Дар номгӯи ва матн калимаҳои "Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Роҳбар" мутобиқан ба калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Сардор" иваз карда шаванд.

Дар банди 4:

- дар сархатҳои якум ва шашуми зербанди 4.2. калимаи "муҳоҷирон" ба калимаҳои "шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо" иваз карда шаванд;

- сархати 3 зербанди 4.2. дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"мувофиқи тартиби муқарраргардида қарорро дар бораи гуреза донистани шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд";

- дар сархати якуми зербанди 4.3. калимаи "хориҷии" хориҷ карда шавад;

- ба зербанди 4.3. сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"ҳамкори бо воситаҳои ахбори умум ва ҷомеа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи ва ташвиқоти бо аҳоли ва шахсони ҳуқуқи оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнати;"

зербанди 4.4. дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"4.4. Дар соҳаи муҳоҷирати экологи ва дохили (ихтиёри):

баҳисобгирии муҳоҷирони экологи ва дохили (ихтиёри);

мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалҳои кӯҳи ва назди кӯҳи, аз ноҳияҳои сераҳоли ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани аҳоли;

мутобиқи нақшаи дурнамои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонидани хоҷагиҳое, ки таҳти таъсири равандҳои экзогени қарор доранд;

ба роҳ мондани назорати ҷараёни омодагии хоҷагиҳо барои сукунат, қабул намудан, ҷо ба ҷо кардан ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони экологи ва дохили (ихтиёри)."

- дар сархати якуми зербанди 4.5. баъд аз калимаи "дар" калимаи "ҳалли" илова карда шуда, калимаи "экологи" ба калимаи "аҳоли" иваз карда шавад.

Банди 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"5. Ҳуқуқҳои Хадамоти давлатии муҳоҷират:

- дар доираи салоҳияти худ таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи доир ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳоли;

- таҳияи консепсияҳо, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба муҳоҷират, инчунин ташкил намудан ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, вохӯриҳо ва лексияҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳоли;

- тавассути воситаҳои ахбори омма ва дар асоси муроҷиати шаҳрвандон додани маълумоти пурра ва эътимодбахшя дар бораи имконияти дарёфти ҷои кор дар хориҷа, инчунин нашри маҷаллаҳо, чопи мақолаҳо, ташкили барномаҳои телевизиони ва радио, варақаҳои иттилооти, истифодаи шабакаи электронии Интернет ва дигар воситаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ташкил кардани марказҳои иттилоотию машваратия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнати;

- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили сохтори Хадамоти давлатии муҳоҷират мутобиқ ба дигаргуншавии сиёсати муҳоҷират;

- бо тартиби муқарраршуда барои амали кардани фаъолияти худ аз вазорату идораҳо талаб намудани ахбори зарури, ки ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳоли дахл доранд."

Дар банди 6:

- сархати дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Муовинони Сардори Хадамоти давлатии муҳоҷиратро Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамот ва дар мувофиқа бо ташкилотҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз кор озод менамояд."

Банди 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Хадамоти давлатии муҳоҷират шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳру штампҳо ва бланкаҳо, инчунин дорои нишонаи хизматрасони бо номи худ буда, аз тарафи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори карда мешавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

аз 1 сентябри соли 2005 № 347

ш. Душанбе