ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба сохтори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ҳамроҳ кардани коллеҷи савдои Душанбе
Мутобиқи моддаи 58, 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз моҳи марти соли 2005 коллеҷи савдои Душанбе аз тобеияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба сохтори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад.
2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки ба тағйир ёфтани тобеияти коллеҷи савдои Душанбе тааллуқ доранд, ҳал намуда, оинномаи онро дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005 маблағгузории коллеҷи савдои шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои пешбинишуда барои соли ҷори таъмин намояд. Маблағгузории минбаъдаи коллеҷи савдои шаҳри Душанбе тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад.
4. Аз Номгӯи корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳурияви мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷонибаи бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2001 № 322 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 19 хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 17 феврали соли 2005 № 65
ш. Душанбе