ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1"
Бо мақсади тезонидани сохтмону мавриди баҳрабардори қарор додани Нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1 ва ҷиҳати иҷрои моддаи 2 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити саҳми иштироки Федератсияи Россия дар сохтмони Нерӯгоҳи Сангтӯда-1, ки 16 октябри соли 2004 ба имзо расидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1" таъсис дода шавад.
2. Муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1" аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми 25 фоизи сармояи оинномави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
3. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ инвентаризатсияи амволи Нерӯгоҳи обии барқии сохташавандаи Сангтӯда-1-ро гузаронида, арзиши онро муайян намоянд.
4. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда раванди барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Сангтӯда"-ро бо мақсади дар оянда супоридани моликияти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Сангтӯда" ба сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи таъсисшавандаи "Нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1" амали созанд.
5. Бо мақсади назорати техники, тафтиш аз рӯи ҳаҷм ва сифати корҳои сохтмонию васлгари, маҳсулоту таҷҳизоти истифодашаванда бо пешниҳоди Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи обии барқии сохташавандаи Сангтӯда-1 бо тартиби муқарраршуда, дар шакли ташкилию ҳуқуқии муассиса розиги дода шавад.
6. Ба Нақшаи идораи (мақомоти тобеи) Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Мудирияти назорати техникии Нерӯгоҳи обии барқии сохташавандаи Сангтӯда-1".
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 феврали соли 2005 № 64 ш. Душанбе