×

Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият аз 1 сентябри соли 2005, № 337

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 2005 № 337

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

Қисми умумӣ

ФАСЛИ 1.Муқаррароти умумӣ

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (минбаъд - Низомнома) мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия гардидааст.

2. Ин Низомнома, муносибатҳои амалӣ намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он иҷозатнома (литсензия) (минбаъд - иҷозатнома) гирифта шавад, ба танзим медарорад.

3. Иҷозатномаҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти марказӣ ё мақоми дар маҳалҳо будаи мақоми иҷозатномадиҳанда дода шаванд, ки ин дар қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешавад.

Иҷозатномаро роҳбари мақоми иҷозатномадиҳанда ё муовини ӯ имзо намуда, он бо мӯҳри ин мақом тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатнома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақоми иҷозатномадиҳанда ё мақомоти он дар маҳалҳо дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохторӣ ё мақоми маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мӯҳри ин мақом тасдиқ менамояд.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома иҷозатнома гиранд.

Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.

Ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашавандаро (литсензияшавандаро) (минбаъд - иҷозатномашаванда) шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ пас аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад.

Иҷозатномаи ба шахси ҳуқуқӣ додашуда, ҳуҷҷати ягонае мебошад, ки барои машғул шудан ба намуди фаъолияте, ки дар он нишон дода шудааст, ҳуқуқ медиҳад.

5. Намуди асосии фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудааст, метавонад намудҳои корҳоеро дарбар гирад, ки ба ин намуди асосии фаъолият дохил мегарданд.

Дар қисми махсуси ин Низомнома метавонад рӯйхати мушаххаси ин намудҳои корҳо нишон дода шавад.

Ба ҳар як намуди асосии фаъолияти дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" номбаршуда, як иҷозатнома дода мешавад. Агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намуди корҳо тақсим шавад, ин намуди корҳо дар иҷозатнома нишон дода мешаванд. Иҷозатномаи алоҳида ба намудҳои корҳое, ки ба намуди асосии фаъолият дохил мешаванд, талаб карда намешавад.

6. Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд бо ҳамон шарт ва бо ҳамон тартибе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, иҷозатнома мегиранд.

7. Иҷозатномаҳое, ки дар давлатҳои дигар гирифта шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

БОБИ 2. Тартиби ҷорӣ намудани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда

1. Ҷорӣ намудани намуди нави фаъолияти иҷозатномашаванда ё бекор кардани онҳо танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои алоҳидаи танзими масъалаҳои махсуси марбут ба иҷозатномадиҳӣ, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуданд, набояд хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бошанд ва метавонанд танҳо баъди ворид намудани тағйирот ё иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" мавриди истифода қарор гиранд.

2. Ба мақомоти иҷозатномадиҳанда мустақилона муқаррар намудани намудҳои иловагии гирифтани иҷозат, ки ба намуди асосии фаъолият вобастаанд, инчунин муқаррар намудани талабот ё шартҳои дар ин Низомнома пешбининагардида манъ аст.

БОБИ 3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарор додани онро тасдиқ мекунад

1. Дар қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:

номи мақоми иҷозатномадиҳанда;

барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он;

барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;

намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудҳои кор (агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шаванд);

рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

рақами мушаххасӣ (идентификатсионии) андозсупоранда;

рақамҳои иҷозатнома;

рӯзи қабул кардани қарор дар бораи додани иҷозатнома.

2. Шакли варақаҳои (бланкаҳои) иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешаванд. Варақаҳои иҷозатнома бояд ба тариқи типографӣ тайёр карда шуда, дараҷаи ҳифозат, силсилаи қайд ва рақам дошта бошанд. Варақаҳои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии қатъи мебошанд. Варақаҳои иҷозатномаро мақоми иҷозатномадиҳанда ба ҳисоб мегирад ва нигоҳ медорад.

Ба ислоҳкунӣ дар варақаҳои иҷозатнома роҳ дода намешавад. Варақаҳои вайроншудаи иҷозатнома бо роҳи тартиб додани санад нест карда мешаванд.

3. Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад; Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарорӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатнома мумкин аст.

БОБИ 4. Амали иҷозатнома

1. Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад.

2. Фаъолияте, ки мақоми иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

БОБИ 5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ

1. Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳӣ ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи дар ин Низомнома зикршуда мебошад;

2. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки барои амалӣ намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, дар қисми умумии ин Низомнома метавонанд талаботи тахассуси нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор дохил карда шаванд, аз ҷумла талаботи тахассуси нисбати кормандони шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад.

3. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки шартҳои махсус барои амалӣ намудани онҳо талаб карда мешавад, дар шарту талаботи иҷозатномадиҳии дар қисми умумии ин Низомнома муқарраргардида, метавонанд талаботи ба шартҳои махсуси зикршуда мутобиқат намудани объекте дохил карда шаванд, ки дар он ё бо ёрии он чунин намуди фаъолият амалӣ карда мешавад.

Эзоҳ: Дар ин Низомнома таҳти мафҳуми объект иморатҳо, иншоот, инчунин воситаҳои техникие фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад.

4. Номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномавии намуди мушаххаси фаъолияти иҷозатномашаванда дар қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешавад ва ҷузъи таркибии иҷозатномаи додашаванда мебошад (дар шакли замима дода мешавад).

5. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқарраршуда, дар ҷояш месанҷанд.

6. Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақоми иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.

БОБИ 6. Пардохт барои баррасӣ додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

1. Барои аз ҷониби мақоми иҷозатномадиҳанда баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи чор ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад. Барои баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

2. Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, маблағи ҳаққи иҷозатнома ба андозаи даҳ музди меҳнати ҳадди ақал ситонида мешавад. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳии додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, дар фасли III қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешаванд.

3. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

4. Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамон мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ ҳамчун маблағи додани иҷозатнома ситонида мешавад.

5. Маблағҳо барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳалли пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

6. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома дигар пардохтҳоро ситонад.

7. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида маблағгузорӣ карда мешавад.

БОБИ 7. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷои истиқомат ва ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд;

- мӯҳлати дархостшаванда барои гирифтани иҷозатнома;

- дигар маълумотҳои вобаста ба хусусияти фаъолият;

барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;

- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;

- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;

- рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.

2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар қисми махсуси ин Низомнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои амалӣ намудани намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбинӣ шуда метавонанд.

3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.

4. Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷи пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

5. Шакли аризаро, мақоми иҷозатномадиҳанда бо дарназардошти талаботи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунад.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст лавҳаи иттилоотӣ тартиб дода, дар он рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.

7. Довталаби иҷозатнома барои дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ҷавобгар аст. Мақоми иҷозатномадиҳанда, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.

8. Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба мақоми иҷозатномадиҳандаи дахлдор барои додани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд. Мақоми иҷозатномадиҳанда маълумотномаи нусхаи муқарраршударо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо бо нишон додани рақами қайди қабул дар ҳаҷми пурра ба довталаби иҷозатнома медиҳад.

БОБИ 8. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома

1. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз си рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарурӣ қабул мекунад.

Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия ба амал бароварда мешавад, агар дар қисми махсуси ин Низомнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад. Ҳайати комиссия бо фармони роҳбари мақоми иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия метавонанд намояндагони дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор дохил карда шаванд. Низомномаи комиссияро мақоми иҷозатномадиҳанда тасдиқ мекунад.

2. Рӯз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақоми иҷозатномадиҳанда бояд пешакӣ эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақоми иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати барои қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома пешбинишуда, довталаби иҷозатномаро оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ огоҳ намояд.

4. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хаттӣ бо қайди реквизита ҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти маблағи ҳаққи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.

5. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ фиристонида (супорида) мешавад.

6. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад.

7. Қарори мақоми иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.

БОБИ 9. Надодани иҷозатнома

1. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

- вуҷуд доштани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома;

- ба шарту талаботи иҷозатномавӣ мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё объектҳое, ки ӯ истифода мебарад.

Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани монеаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми ин банд зикршуда, ариза бо тартиби муқаррари бе пардохти такрори мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар сурати надодани иҷозатнома пардохти баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.

2. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (анҷом медиҳад) ё истеҳсолашро (анҷом доданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

3. Надодани иҷозатнома бо дигар далелҳо ва асосҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.

4. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома ё барои бефаъолиятии мақоми иҷозатномадиҳанда ба суд муроҷиат намояд.

БОБИ 10. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ ё гум шудани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ (вориси ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунад, ки тағйирот ё гум шадани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд.

2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатномаҳо тағйироти дахлдор ворид менамоянд.

3. Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақоми иҷозатномадиҳанда анҷом дода мешавад.

4. То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар додашуда анҷом медиҳад.

5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбатӣ, муоина, экспертиза гузаронида намешаванд.

6. Аз иҷозатномадор бо асосҳои дигаре, ки дар ин боб пешбинӣ нагардидаанд, талаб намудани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома манъ аст.

7. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

БОБИ 11. Дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

1. Мӯҳлати амали иҷозатнома баъди ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад.

2. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад ва ба мӯҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои ин намуди фаъолият пешбинӣ гардида, дароз карда мешавад.

3. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

БОБИ 12. Боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатнома

1. Бекор кардан ё боздоштани амали иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин роҳ дода мешавад:

- риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома;

- истеҳсол ё фурӯши молҳои пастсифат;

- риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Мақоми иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми се рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома бекор кунад.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз шаш моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.

4. Тамоми қарорҳои марбут ба боздоштани амали иҷозатнома ё бекор кардани он дар маҷлиси мақоми иҷозатномадиҳанда бо даъвати ҳатмии иҷозатномадор (намояндаи ӯ) баррасӣ мегарданд. Мақоми иҷозатномадиҳанда бояд иҷозатномадорро пешакӣ ба таври хаттӣ на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози маҷлис хабардор созад, сурати бе сабабҳои узрнок ҳузур надоштани иҷозатномадор (намояндаи ӯ), ки ба таври зарури хабардор гардидааст, қарорҳо метавонанд бе иштироки ӯ қабул карда шаванд.

5. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатнома ё дар бораи бекор кардани онро дар шакли хаттӣ бо асосноксозии далелнок на дертар аз се рӯзи баъди қабули чунин қарор ба маълумоти иҷозатномадор мерасонад.

6. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, хаттӣ хабардор намояд.

7. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, дар бораи барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди гирифтани хабарномаи дахлдор ва санҷидани бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, ба таври хаттӣ хабар медиҳад.

8. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.

9. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолате, ки агар иҷозатномадор қонуншиканиҳоро дар мӯҳлати муқарранамудаи мақоми иҷозатномадиҳанда ислоҳ накарда бошад, иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд боздорад.

10. Маълумот оид ба боздоштан, барқарорсозии амали иҷозатнома ва бекор кардани он аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба мақомоти андози маҳалли қайди иҷозатномадор фиристода мешаванд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба маълумоти мақомоти назоратию тафтишӣ фиристонида мешаванд.

11. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

12. Иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин эътибори ҳуқуқии худро гум мекунад:

- барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;

- қатъ гардидани фаъолияти он дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдил ёфтани он;

- қатъи амали шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ.

БОБИ 13.  Феҳристи иҷозатномаҳо

1. Феҳристи иҷозатномаҳо - маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома ва бекор кардани он мебошад.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро ба намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномадиҳии онро анҷом медиҳанд, тартиб медиҳад. Ба ҳар як намуди фаъолияти иҷозатномашаванда феҳристи алоҳида тартиб дода мешавад. Дар ҳолати аз тарафи сохторҳои дар маҳал будаи мақоми иҷозатномадиҳанда додани иҷозатнома, маълумотҳо барои ворид намудан ба феҳрист фавран ба мақоми иҷозатномадиҳанда фиристода мешаванд.

3. Дар феҳристи иҷозатномаҳо ғайр аз маълумотҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:

- асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;

- асос ва санаи бекор кардани амали иҷозатнома;

- маълумотҳои дигаре, ки дар қисми махсуси Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян шудаанд.

4. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои ба он шинос гардидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст. Дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо мавҷудбуда мумкин аст.

5. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани маълумот як ҳадди ақали музди меҳнатро ташкил медиҳад.

6. Маблағи пардохт барои гирифтани маълумот аз феҳристи иҷозатнома ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.

7. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд дода мешавад.

8. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.

9. Расмиёти ворид намудани тағйирот ба феҳристи иҷозатномаҳо набояд аз се рӯзи баъди аз ҷониби мақоми иҷозатномадиҳанда қабул гардидани қарори дахлдор зиёд бошад.

10. Феҳристи иҷозатномаҳо бо тартиби хронологӣ аз рӯи санаи бақайдгирии иҷозатнома ва ба он додани рақами бақайдгирӣ тартиб дода мешавад.

11. Роҳбари мақоми иҷозатномадиҳанда масъул аст:

- барои сари вақт ва дуруст бурдани феҳристи иҷозатномаҳо;

- барои сари вақт додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба шахсони манфиатдор тибқи дархости онҳо.

12. Маълумоти феҳристи иҷозатномаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо иҷозатномаҳо дода шудаанд, панҷ сол дар парвандаҳои мақоми иҷозатномадиҳанда нигоҳ дошта мешаванд ва баъдан мувофиқи тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супурда мешаванд.

БОБИ 14. Салоҳияти мақоми иҷозатномадиҳанда ва анҷом додани назорат

1. Мақоми иҷозатномадиҳанда салоҳият дорад, ки:

- иҷозатнома диҳад;

- ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дарорад, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд;

- амали иҷозатномаро боздорад;

- амали иҷозатномаро барқарор созад;

- иҷозатномаро бекор кунад (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият");

- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳад;

- ба риоя гардидани шарту талаботи литсензионӣ аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунад.

2. Назорати аз ҷониби иҷозатномадор риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномавиро мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳад.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномавӣ санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, санҷиши як намуди фаъолияте, ки барояш иҷозатнома дода мешавад, на бештар аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешавад.

Ин маҳдудият дар ҳолатҳои зерин татбиқ карда намешавад:

- ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мутақобила;

- ҳангоми санҷишҳои ғайринавбатӣ, ки дар асоси муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот гузаронида мешаванд;

- ҳангоми санҷиши ҳолатҳои бартараф намудани камбудиҳои пештар ошкоршуда барои барқарор намудани амали иҷозатнома.

4. Санҷишҳои мутақобила метавонанд танҳо дар асоси қарори алоҳидаи роҳбари якуми мақоми иҷозатномадиҳанда (ё шахси ваколатдори онро ивазкунанда), ки ба гузаронидани санҷиши асосӣ иҷозат додааст, гузаронида шавад.

5. Санҷишҳои ғайринавбати дар асоси муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомот танҳо нисбати ҳамон иҷозатномадор гузаронида мешавад, ки нисбати он муроҷиати марбут ба риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳи гирифта шудааст.

6. Асос барои гузаронидани санҷиш қарор мебошад, ки аз чунин маълумотҳо иборат аст:

- сана ва рақами қайди қарор дар мақоми иҷозатномадиҳанда;

- номи мақоми иҷозатномадиҳандае, ки қарор баровардааст;

- номи пурраи иҷозатномадор;

- рақами иҷозатнома;

- намуди фаъолияте, ки барои он иҷозатнома дода мешавад;

- мансаб, насаб, ном, номи падари шахсоне, ки санҷиш мегузаронанд;

- мӯҳлати гузаронидани санҷиш.

Қарор бояд аз ҷониби роҳбари якуми мақоми иҷозатномадиҳанда ё шахси ваколатдори онро ивазкунанда имзо шуда, бо мӯҳри мақоми иҷозатномадиҳанда тасдиқ ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми иҷозатномадиҳанда дар дафтари махсус қайд карда шавад.

7. Дар асоси як қарор танҳо як санҷиш гузаронида мешавад.

8. Мӯҳлати гузаронидани санҷишҳои дар қарори додашуда зикршаванда, набояд аз лаҳзаи пешниҳоди қарор аз 5 рӯзи кори зиёд бошад.

Ҳангоми гузаронидани санҷиши шахси ҳуқуқии дорои воҳиди махсус, инчунин санҷиши фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он шарту талаботи иловагӣ муқаррар шудааст, мақоми иҷозатдиҳанда метавонад мӯҳлати санҷишро то 10 рӯзи корӣ муқаррар намояд.

9. Ба иҷозатномадор барои шиносоӣ қарори асл дар бораи гузаронидани санҷиш нишон дода шуда, нусхааш супорида мешавад. Лаҳзаи ба иҷозатномадор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, оғози санҷиш ҳисобида мешавад. Дар қарори асл оид ба шинос намудан ва гирифтани нусхаи он аз ҷониби иҷозатномадор қайд ва имзо гузошта мешавад.

Даст кашидани иҷозатномадор аз гирифтани нусхаи қарор барои боздоштани санҷиш асос шуда наметавонад.

10. Шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда, ки санҷиш мегузаронанд, вазифадоранд ба иҷозатномадор шаҳодатномаи хизматии худ ва қарор дар бораи гузаронидани санҷишро нишон диҳанд ва дар Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфиродӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди дахлдор кунанд.

11. Шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми гузаронидани санҷиш инчунин вазифадоранд:

- ба иҷозатномадор ҳуқуқ ва вазифаҳои худ, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои ӯро фаҳмонида диҳанд;

- қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷозатномадорро, ки қонун ҳифз менамояд, риоя кунанд;

- санҷишро мувофиқи номгӯи шарту талаботи фаъолияти санҷишшаванда муайяншуда гузаронанд;

- ошкор ва паҳн намудани сирри натиҷаҳои санҷиши гузаронида, инчунин сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва ё сирри дигари қонунан ҳифзшаванда, ки дар ҷараёни фаъолияташон ба онҳо маълум гардидааст, риоя намоянд;

- ҳангоми дар рафти санҷиш муайян намудани далелҳои дорои аломатҳои ҷиноят, аз ҷумла, вобаста ба риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, маводҳоро ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ фиристонанд.

12. Шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми гузаронидани санҷиш, ҳуқуқ доранд аз иҷозатномадор ҳуҷҷатҳо, тавзеҳоти даҳонӣ ва хаттӣ, инчунин ҳамагуна дигар маълумотеро, ки ба риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ вобастаанд, гиранд, барои гузаронидани санҷиш мутахассисон ва коршиносонро ҷалб (даъват) намоянд.

13. Шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми гузаронидани санҷиш, инчунин ҳуқуқ доранд:

- ҷиҳати бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи вобаста ба риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ба иҷозатномадор супоришҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;

- барои вайрон намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ нисбати иҷозатномадор муҷозоти муқаррарнамудаи қонунгузориро татбиқ намоянд;

- мувофиқи шартҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амали иҷозатномаро боздоранд.

14. Иҷозатномадор вазифадор аст баъди аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти санҷишкунанда нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ва қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, инчунин дар Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфиродӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди дахлдор намудан, онҳоро бо мақсади гузаронидани санҷиш ба ҳудудҳо, дохили биноҳо ва дигар объектҳо (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ), ки барои амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда истифода мешаванд, роҳ диҳад.

15. Ҳангоми гузаронидани санҷиш иҷозатномадор инчунин вазифадор аст;

- ҳуҷҷатҳо, тавзеҳоти даҳонӣ ва хаттӣ, инчунин ҳама гуна дигар маълумотеро, ки ба риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ вобастаанд, ба шахси санҷишкунанда пешниҳод намояд;

- ба фаъолияти қонунии шахсони санҷишкунанда ҳангоми иҷрои вазифҳои хизматиашон монеъ нашавад;

- талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳандаро оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда иҷро намояд;

- ҳангоми гирифтани санади санҷиш оид ба гирифтани он дар нусхаи дигари санад қайд ва имзо гузорад;

- қисмҳои дахлдори Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфиродӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро пур намояд.

16. Ҳангоми монеъ шудан ба ворид шудани шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда, ки санҷиш мегузаронанд, протокол тартиб дода шуда, аз тарафи шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда, ки санҷиш мегузаронанд ва иҷозатномадор имзо карда мешавад.

Агар иҷозатномадор аз имзо кардани протоколи номбурда даст кашад, ӯҳдадор аст оид ба сабаби рад кардани имзо тавзеҳоти хаттӣ диҳад. Агар иҷозатномадор аз тавзеҳоти хаттӣ доир ба сабаби имзо накардани протокол даст кашад, дар ин ҳолат аз тарафи санҷишкунанда(гон) санад тартиб дода мешавад.

17. Иҷозатномадор ҳуқуқ дорад ба ворид шудани шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиш дар ҳолатҳои зайл иҷозат надиҳад, агар:

- қарор мавҷуд набошад ё он супорида нашуда бошад ё он мувофиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашуда бошад;

- мӯҳлати санҷиши дар қарор нишондодашуда фаро нарасида ё гузашта бошад;

- дар қарор ному насаби дигар шахс зикр шуда бошад;

- шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда дар Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорони инфиродӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани сабти дахлдорро рад намоянд.

18. Иҷозатномадор инчунин ҳуқуқ дорад:

- ҳангоми гузаронидани санҷиш иштирок намояд;

- маълумот ва ҳуҷҷатҳои ба санҷиши мазкур иртиботнадоштаро пешниҳод накунад;

- ҳангоми гузаронидани санҷиш аз шахсони мансабдори мақоми санҷишкунанда риояи қонунгузориро талаб намояд;

- санадҳо (қарорҳо) ва талабҳои мақоми санҷишкунанда ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ нестанд, иҷро накунад;

- бо санадҳои гузаронидани санҷиш шинос шавад, нусхаи ҳуҷҷатҳои натиҷаи онро гирад;

- оид ба натиҷаҳои санҷиш ба мақоми санҷишкунанда тавзеҳот пешниҳод намояд;

- нисбати санадҳо ва қарорҳои натиҷаи санҷиш, ҳаракатҳо (беҳаракатиҳо), инчунин дигар қарорҳои шахсони мансабдори мақоми санҷишкунанда шикоят намояд.

19. Баъди ба охир расидани санҷиш шахси мансабдори мақоми иҷозатдиҳанда санади санҷиш тартиб медиҳад, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

- ҷои гузаронидани санҷиш, рӯзи тартиб додани санад;

- намуди фаъолияти санҷишшаванда;

- мансаб, насаб, ном, номи падари санҷишкунанда;

- насаб, ном, номи падар ва ё номи пурраи иҷозатномадор;

- маҳали ҷойгиршавӣ, инчунин, рақами иҷозатномаи ӯ;

- маълумот оид ба санҷиши пешина ва чораҳои андешидашуда ҷиҳати рафъи камбудиҳое, ки қаблан ошкор шуда буданд;

- маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое, ки иҷозатномадор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод намуда буд;

- шарҳи мукаммали камбудиҳо бо овардани далелҳо аз меъёрҳои дахлдори қонунгузорӣ. Агар баъди ба охир расидани санҷиш камбуди ошкор нашавад, дар санади санҷиш дар ин хусус қайди дахлдор гузошта мешавад;

- натиҷаи санҷиш.

20. Ба санади санҷиш нусхаҳои дахлдори ҳуҷҷатҳо ва дигар маводҳои дар рафти санҷиш дастрасшуда замима карда мешавад.

21. Санади санҷиш на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, онро шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда, ки санҷиш гузаронидаанд ва иҷозатномадор имзо мекунанд.

22. Як нусхаи санади санҷиш ба иҷозатномадор cупорида мешавад. Ҳангоми қабули санади санҷиш иҷозатномадор ӯҳдадор аст оид ба қабул намудани он дар нусхаи дигари санад қайд ва имзо гузорад.

23. Агар иҷозатномадор аз қабули санади санҷиш даст кашад, дар ин маврид дар нусхаи санади санҷиш, ки дар мақоми иҷозатномадиҳанда мемонад, аз тарафи санҷишкунанда(гон) қайди дахлдор гузошта мешавад. Қайд бо имзоҳои шахсони мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда, ки санҷиш гузаронидаанд, тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат санади санҷиш ба иҷозатномадор тавассути мактуби фармоиши фиристода мешавад.

24. Санади санҷиш дар дафтари махсуси бақайдгирии қарорҳо ва санадҳои санҷишҳо, ки дар ҳар як мақоми иҷозатномадиҳанда пеш бурда мешавад, сабт мегардад. Дафтар бояд рақамгузорӣ, дӯхта ва бо мӯҳри мақоми иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда шавад. Шакл ва тартиби пешбурди ин дафтар, инчунин тартиби нигоҳдошти санадҳои санҷиширо мақоми иҷозатномадиҳанда муайян мекунад.

25. Баъди ба охир расидани санҷиш, дар асоси натиҷаҳои дар санади санҷиш зикршуда, мақоми иҷозатномадиҳанда дар бораи натиҷаҳои санҷиш, аз ҷумла, оид ба чораҳои татбиқшаванда нисбати камбудиҳои ошкоршуда, қарор қабул мекунад. Ин қарор аз тарафи роҳбари якум ё шахси онро ивазкунанда имзо шуда, дар муддати 10 рӯзи кории баъди ба охир расидани санҷиш ба иҷозатномадор фиристода мешавад.

26. Дар қарори натиҷаҳои санҷиш бояд маълумотҳои зерин зикр карда шаванд:

- сана ва рақами сабти санади санҷиш;

- насаб, ном, номи падар ё номи пурраи иҷозатномадор;

- рақами иҷозатнома;

- чораи татбиқшаванда оид ба камбудиҳои ошкоршуда;

- мӯҳлати бартараф кардани камбудиҳо;

- маълумоти мақомоти дахлдор (рақамҳои суратҳисобҳое, ки маблағи ҷарима бояд ба онҳо гузаронида шавад, агар чунин ҳолатҳо мавҷуд бошанд);

- мӯҳлати шикоят кардан нисбати қарор.

27. Дар ҳолате, ки агар баъди анҷом ёфтани санҷиш камбудиҳо ошкор нашуда бошад, дар ин маврид низ иҷозатномадор огоҳнома мегирад.

28. Иҷозатномадор дар мавриди гирифтани қарор ва оид ба натиҷаҳои санҷиш шикоят накарданаш, ӯҳдадор аст дар мӯҳлати дар қарор зикршуда, онро иҷро намояд.

29. Иҷозатномадор масъул аст:

- барои ғайриқонунӣ садди роҳи гузаронидани санҷиш шудан;

- муқобилият нишон додан ба дохилшавии шахси мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда ба ҳудуд, бино ё объект;

- даст кашидан аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ ба шахси мансабдори мақоми иҷозатномадиҳанда.

30. Шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадоранд нисбати воҳидҳои тобеъашон дар маҳалҳо оид ба масъалаи асоснок ва қонунӣ гузаронидани санҷишҳо, татбиқи чораҳо аз натиҷаи санҷишҳо назорат баранд.

31. Шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳояшон, риоя накардани муқаррароти нигоҳдории сирри бо қонунгузорӣ ҳивзшаванда, суиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонуниашон ҳангоми санҷиш, мутобиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

32. Зараре, ки ба иҷозатномадор дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти иҷозатномадиҳанда расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

33. Санҷишҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар намудааст, набояд сабаби боздошта шудани фаъолияти иҷозатномадор шаванд.

34. Хусусиятҳои гузаронидани санҷишҳои воситаҳои нақлиёт дар қисми махсуси ин Низомнома муқаррар карда мешаванд.

35. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надорад, ки санҷишҳои дар доираи салоҳияти мақомоти дигари ҳокимияти давлати қарордоштаро анҷом диҳад.

36. Мақомоти давлатии назоратию тафтишотӣ, инчунин дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳи ӯҳдадоранд ба мақоми иҷозатномадиҳанда аз хусуси камбудиҳои ошкоргардида ва тадбирҳои андешидашуда хабар диҳанд.

БОБИ 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ

1. Зараре, ки бинобар беасос рад намудани додани иҷозатнома ё вайрон намудани ҳуқуқу манфиатҳои иҷозатномадор ба ӯ расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

2. Бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё риоя накардани шарту талаботи литсензионӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараррагардида мегардад.

Қисми махсус

ФАСЛИ II. Намудҳои фаъолиятҳои умумие, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст

БОБИ 16. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи имзоҳои рақамии электронӣ ва фаъолият дар соҳаи ҳифзи маълумот

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электронӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электронӣ, хизматрасони вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ ва тасдиқ кардани ҳақонияти имзоҳои рақамии электронӣ;

- фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолате, ки он барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ истифода шавад);

- фаъолияти коркард ва (ё) истеҳсол кардани воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ;

- фаъолият оид ба ҳифзи техникии маълумоти махфӣ;

- фаъолияти коркард, истеҳсол бо мақсади харидан ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникие, ки барои иттилоотро махфӣ ба даст овардани соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, таъин гардидаанд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳудудии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда иҷозатномаро баъди гузаронидани экспертизаи техникӣ мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- фаъолият танҳо дар объектҳои аттестатсиякардашуда, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот мутобиқанд, амалӣ шуда метавонад;

- асбобҳо, таҷҳизотҳои техникӣ ва электронӣ бояд ба мутобиқат сертификатсия карда шаванд, асбобҳо ҳамчунин дар мақомоти оид ба стандартизатсия ва метрология санҷида шаванд;

- ҳайати кормандон бояд аттестатсия карда шаванд ва ба маълумоти дорои сирри давлатӣ иҷозат дошта бошанд;

- ҳуҷҷати меъёрии (акти экспертизаи) Бозрасии давлатии алоқаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афканишоти электромагнитии иловагии шахсӣ мавҷуд бошад;

- нақшаи шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи электрикӣ, алоқа, обистифодабарӣ, обгардонӣ, богармитаъминкунӣ, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ, шабакаи маҳаллии радиоӣ) мавҷуд бошад.

5. Иҷозатномадор вазифадор аст ҳангоми дар объектҳои фаъолияташ ошкор намудани вайронкуниҳои меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот ба Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.

БОБИ 17. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ;

- хулосаи мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи реҷаи муҳофизати сарватҳо;

- намунаи маҳсулоти матбаавӣ, ки бояд тайёр карда шавад.

4. Шартҳо ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани раванди махсуси технологии тайёр кардани қоғазҳои қиматнок, аз он ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкунӣ, рақамгузории онҳо, коркарди онҳо;

- мавҷуд будани таҷҳизоти махсус ва технологияе, ки имконияти ҳимояи пурраи бланкаҳои қоғазҳои қиматнокро аз сохтакорӣ ва дигар суиистифодаҳо таъмин менамоянд;

- мавҷуд будани мутахассисоне, ки дорои тахассуси дахлдор мебошанд;

- таъмин намудани нигоҳдории намунаҳои ҳамаи маҳсулоти тайёркардашудаи матбаавӣ;

- мавҷуд будани системаи ҳисобот ва шартҳо барои таъмини нигоҳдории маҳсулоти матбаавӣ дар вақти истеҳсол.

БОБИ 18. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ломбардҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ломбардҳо.

3. Ҳуҷҷатҳое иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани бинои заруриро барои иҷрокунии фаъолияти ломбардҳо тасдиқ мекунанд;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ ва корҳои дохилӣ дар бораи мувофиқ будани биноҳо ва таҷҳизотҳо ба талаботи муқарраргардида.

- иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ломбардҳоро оид ба қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории моликияте, ки ба гарав ва ё барои нигоҳдорӣ қабул мешаванд, тартиби фурӯши моликияти хариданашуда ё талабкарданашударо танзим менамоянд;

- аз тарафи ломбардҳо ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ суғуртакунии ҳатмии молҳои багаравгузошта, бо арзиши пурраашон;

- дар ихтиёри иҷозатномадор мавҷуд будани биноҳои зарурӣ, таҷҳизот, асбобу анҷом ва системаи ҳимояи биноҳо, ки ба талаботҳои муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд.

БОБИ 19. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти аудиторӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти аудиторӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои инвеститсионӣ, аудити умумӣ;

Бонки миллии Тоҷикистон барои аудити ташкилотҳои бонкӣ.

3. Барои гирифтани иҷозатнома мавҷуд будани аттестатсияи тахассусии аудитори талаботи ҳатмӣ мебошад.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои инвеститсионӣ, аудити умумӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунанд;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқшуда), ки собиқаи на кам аз 5 соли кориро аз рӯи касбҳои муҳосиб, иқтисодчӣ, ревизор, корманди молия, корманди андоз ва ҳуқуқшинос бо таҳсилоти олӣ ва собиқаи на кам аз 10 соли кориро аз рӯи касбҳои корманди молия, ҳисоботӣ-таҳлилӣ, назоратчӣ-ревизионӣ дар сурати мавҷудияти таҳсилоти миёнаи махсус тасдиқ менамояд.

5. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатнома барои аудити ташкилотҳои бонкӣ:

- дорои аттестатҳои тахассусии аудитор будани аудитори инфиродӣ ё аудиторони ташкилоти аудиторӣ оид ба соҳаи дахлдори аудит;

- дар штати ташкилоти аудиторӣ мавҷуд будани на камтар аз 3 аудитор, ки дорои аттестати тахассусии аудитор мебошанд;

- амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба сифати навъи асосии фаъолият аз тарафи довталаби иҷозатнома.

6. Аттестатсияи аудитҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

7. Иҷозатнома ва аттестатсияҳои тахассусӣ, ки дар дигар давлатҳо дода шудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ эътибор доранд.

БОБИ 20. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ба объекти нархгузори амвол, ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқҳои молу мулки ба амвол, объектҳои дигари ҳуқуқи гражданӣ, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудаанд ё дар муомилоти гражданӣ маҳдуд нестанд, дохил мешаванд.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаи ҳуҷҷатҳои кормандон, ки мавҷуд будани дониши касбӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) тасдиқ менамоянд.

5. Талабот ва шарти иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- дар номгӯи штатии шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани на камтар аз як корманд, ки дорои тахассуси дахлдор дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мебошад.

- мавҷуд будани шартнома байни фармоишгар ва баҳодиҳанда (нархгузор) доир ба баҳодиҳии (нархгузории) моли нархгузоришаванда, бо нишон додани объекти мушаххаси нархгузорӣ, якчанд объектҳои нархгузорӣ ё хизматрасонии дарозмуддати фармоянда мувофиқи аризаи ӯ.

БОБИ 21. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти иҷрои кори васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: иҷрои кори васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо.

2. Фаъолияти иҷрои кори васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо корҳои зеринро дар бар мегирад:

- коркарди конструксияи биною иншоот бо маводҳои ба оташ тобоваранда;

- васл, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои автоматикӣ ва воситаҳои дастии оташнишонӣ;

- таъмин намудан бо воситаҳо ва маводи оташнишонӣ;

- гузаронидани экспертизаи восита ва маводҳои бо оташ тобоваранда ва оташнишонӣ.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 22. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти дар соҳаи фурӯши аслиҳа ва лавозимоти он

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фурӯши аслиҳа ва қисмҳои асосии силоҳи оташфишон;

- фурӯши лавозимоти аслиҳа.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда:

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фурӯши яроқи хизматӣ ва ғайринизомӣ, қисмҳои асосӣ ва лавозимоти онҳо.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа, қисмҳои асосӣ ва лавозимоти он нисбати тамоми кормандон заруранд:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ;

- маълумотномаи мақомоти тандурустӣ ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштан;

- доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муомила бо силоҳи оташфишон;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.

4. Шартҳо ва талаботи иловагӣ нисбат ба иҷозатномадор:

- мувофиқ будани бино ба меъёрҳо ва қоидаҳои нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти он;

- мавҷуд будани ҷевонҳои (сейфҳои) оҳанин барои нигоҳдории аслиҳа, қисмҳои асосӣ ва лавозимоти он;

- ба бинои фурӯшгоҳ роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;

- мавҷуд будани шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ).

БОБИ 23. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ, истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва кимиёвӣ доранд

1.Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шаванд);

- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд;

- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд;

- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи кимиёвӣ доранд.

2. Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардор корҳои зеринро дар бар мегирад:

- васлкунӣ, танзим ва истифодабарии механизмҳои борбардор;

- гузаронидани муоинаи техникии механизмҳои борбардоре, ки мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст.

3. Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

- гирифтан, истифода бурдан, коркард, ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар гардонидани моддаҳое, ки метавонад омехтаи онҳо бо оксиген ё бо ҳамдигар хатари таркиш ба вуҷуд оварад (газҳои сӯзанда, моеъҳои тездаргиранда ва сӯзанда, моддаҳои чанг бавуҷудоваранда) моддаҳои сахт ва моеъе, ки қобилияти ҷудошавии худ ба худ ва таркиданро доранд;

- истеҳсоли металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли хӯлаҳо дар асоси гудозиши ин металлҳо (дар дастгоҳҳои технологӣ бо пур кардани на камтар аз 100 кг гудоза);

- истифодабарӣ, васлкунӣ, танзим, ва таъмири таҷҳизоте, ки дар зери фишори зиёда аз 0,07 МПА ё ин ки бо дараҷаи гармии зиёда аз 1150 С об кор мекунад;

- гузаронидани назорати дастгоҳҳои техникӣ ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок бо усули вайроннашаванда;

- ташхиси баллонҳо барои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва кашонидани моддаҳои даргиранда, газҳое, ки зери фишори мӯътадил, ҳангоми якҷояшавӣ бо ҳаво ё бо ҳамдигар даргиранда мешаванд ва дараҷаи ҷӯшишашон дар вақти фишори мӯътадил 200 С ё паст мебошад;

- иҷрои корҳои кӯҳи дар шахтаҳо, дигар объектҳои зеризаминӣ, конҳои иктишофӣ, ки хатари ихроҷи газу чанг, афтиши ногаҳони ҷинсҳои кӯҳӣ, ангишт, газ ва хатари зарбаи кӯҳиро доранд.

4. Истифодабарии иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

- хизматрасонии техникӣ, таъмир ва барқарорсозии хатҳои газгузар, иншоот ва дигар объектҳои зарурӣ барои истифодабарии шабакаҳои газӣ;

- корҳои кӯҳии зеризаминию рӯизаминӣ оид ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки майли худдаргирӣ дошта;

- корҳо дар дигар объектҳои кӯҳие, ки технологияи онҳо бурдани корҳои хавфи сӯхтанро пешбинӣ менамоянд, аз ҷумла бурдани корҳо новобаста аз истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- санҷиши қисми хаттии шоҳқубурҳо баъд аз анҷоми сохтмон ва таъмир;

- ташхиси қисми хаттии қубурҳои технологӣ, таҷҳизоти иншоотҳои доимии парки зарфҳо ва дигар таҷҳизоти объектҳои шоҳқубурҳо;

- истифодаи анбори нигоҳдории зеризаминии газ.

5. Истифодабарии иншоотҳои истеҳсолии хавфи кимиёвӣ дошта корҳои зеринро дар бар мегирад:

- гирифтан (истеҳсол) истифода бурдан, коркард ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар кардани моддаҳои заҳрнок ва заҳрнокиашон баланд ва моддаҳое, ки ба муҳити зист хатар меоваранд.

6. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ:

- хулосаи экспертизаи бехатарии саноатӣ;

- рӯйхати мавҷуд будани иншооти борбардор бо нишондоди рақамҳои ба қайдгирифташуда, рақами заводӣ ва соли истеҳсол, инчунин нусхаи шиносномаҳои онҳо;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани механизмҳои борбардорӣ;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

8. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд ва истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи кимиёвӣ доранд:

- маълумот дар бораи кадрҳо ва тахассуси онҳо;

- хулосаи мақомоти корҳои дохилӣ ба системаи иҷозатдиҳӣ;

- хулосаҳои мақомоти давлатии экспертизаи экологӣ, оташнишонӣ ва хизмати санитарию эпидемологӣ;

- нусхаи шиносномаи техникии хавфи таркиш надоштаи иншооти истеҳсолаш хатарнок;

- нусхаи нақшаи пешгирӣ намудан ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот дар бораи доштани регламентҳои технологии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳои сохт ва бехатарона истифода бурдани ин объектҳо;

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ.

БОБИ 24. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба экспертизаи бехатарии саноатӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба экспертизаи бехатарии саноатӣ.

2. Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ корҳои зеринро дар бармегирад:

- экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, таъмиркунӣ, аз нав таҷҳизонидан, таҷдиди техникӣ, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- экспертизаи дастгоҳҳои техникие, ки дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифода бурда мешаванд;

- экспертизаи бино ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;

- экспертизаи декларатсияи бехатарии саноатӣ.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани литсензия оид ба экспертизаи бехатарии саноатӣ:

- дар штати шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани шумораи зарурии кормандон барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, ки ба талаботҳои тахассуси мувофиқи самти экспертизаи гузаронидашаванда ҷавобгӯ мебошанд;

- соҳибкори инфиродӣ бояд таҳсилоти олии ба самти экспертизаи гузаронидашаванда мувофиқ дошта бошад;

- маълумот оид ба базаи меъёрию техникии корхона;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникии корхона;

БОБИ 25. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода, паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ; истеҳсол ва паҳн кардани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- истеҳсоли маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

- нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

- истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

- фаъолият оид ба паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

- истеҳсоли маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ);

- фаъолият оид ба паҳн кардани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот дар бораи пурра таъмин будан ва дараҷаи ихтисоси кадрҳо, ташкили омӯзиш ва аз санҷиш гузаронидани мутахассисоне, ки фаъолияташон ба истеҳсолот, объектҳо ва корҳои хатарнок вобаста аст;

- хулосаҳои мақомоти давлатии экспертизаи экологӣ, оташнишони ва санитарию эпидемологӣ;

- хулосаи экспертизаи бехатарии саноатӣ.

- маълумот оид ба мавҷуд будани лоиҳаи сохтмони анборҳои маводи тарканда;

- нусхаи акти қабули анбори маводи тарканда;

- маълумот оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои тайёр намудани маводи тарканда ва масолеҳ аз онҳо;

- низомномаи роҳбарӣ оид ба корҳои таркиш (кор бо маводи тарканда);

- хулосаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мутобиқати объектҳо;

- рӯйхати коргароне, ки бо маводи тарканда сару кор доранд;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- нусхаи нақшаи пешгирӣ намудан ва барҳам додани ҳолатҳои садамавӣ;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот дар бораи доштани дастурии технологии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда;

- маълумот оид ба таҷҳизоти техникии корхона.

БОБИ 26. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- истифодаи истеҳсолоти истихроҷи нафту газ;

- коркарди нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо дар асоси тиҷоратӣ;

- интиқоли нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо аз тарики қубурҳои магистралӣ;

- нигоҳдории нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият бя эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);

- фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо;

- истеҳсол, интиқол, тақсим кардани энергияи барқӣ ва гармӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият ба эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);

- васл, танзим ва таъмир кардани иншоотҳои энергетикӣ, таҷҳизоти энергияи барқӣ ва гармӣ ва таҷҳизоти энергетикии истеъмолкунандагон (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);

- фаъолият оиди истифодаи шабакаҳои барқӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);

- фаъолият оиди истифодаи шабакаи интиқол ва иншоотҳои газ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);

- фаъолият оиди истифодабарии шабака аз таҷҳизоти гармидиҳанда (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад).

2. Фаъолият оиди истифодаи шабакаҳои барқӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- истифодабарии таҷҳизотҳои тавоноиаш баланд;

- зеристгоҳҳо ва зеристгоҳҳои трансформаторӣ;

- хизматрасонии техникии шабакаҳои барқӣ, дастгоҳҳои аккумуляторӣ, дастгоҳҳои компрессорӣ, хатҳои кабелӣ, хатҳои ҳавоии барқгузар;

- таъминоти эътимоднок ва мунтазами энергетикӣ ба истеъмолкунандагон, инчунин таъмини бехатарии истифодабарии шабакаҳои барқӣ.

3. Фаъолият оиди истифодаи шабакаи интиқол ва иншоотҳои газ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- таъмини эътимоднок ва мунтазами газ ба истифодабарандагон;

- таъмини бехатарии истифодабарии иншоотҳо ва гузаронидани хизматрасонии техникии қубурҳои газӣ, стансияҳо ва нуқтаҳои газӣ (СГТ, ПГТ, НГГ).

4. Фаъолият оиди истифодабарии шабака ва таҷҳизоти гармидиҳанда корҳои зеринро дар бар мегирад:

- хизматрасонии техникии шабакаҳои гармидиҳӣ;

- таъмини эътимоднок ва мунтазами гармӣ ба истифодабарандагон бо истифодаи ҳамаи захираҳои табиӣ ва намудҳои алтернативии энергия;

- таъмини бехатарии истифодабарӣ ва гузаронидани хизматрасонии техникии шабака ва иншооти гармидиҳӣ.

5. Мақоми иҷозатномадиҳанда:

Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти васл, танзим ва таъмир кардани иншоотҳои энергетикӣ.

6. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, ки дар асоси онҳо намудҳои фаъолият ба анҷом расонда мешавад;

- вобаста ба намуди фаъолияти пешбинишуда хулосаи мақомоти назорати давлатии энергетикӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, муҳофизати экологӣ, хадомоти санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ;

- маълумот дар бораи базаи истеҳсолӣ-техникӣ.

7. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷудияти системаи назорати сифат;

- ҳолати дурусти таъминоти моддию техникӣ (аз ҷумла ҳолати техникии таҷҳизоти энергетикӣ ва дастгоҳҳои энергетикӣ);

- сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дарназардошти дараҷаи маълумот, собиқаи корӣ дар фаъолияти дахлдори энергетикӣ;

- риоя намудани тартиби муқарраргардида дар соҳаи истеҳсолот, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард, ҳамлу нақл тақсим, истихроҷ ва фурӯши захираҳои энергетикӣ ва энергия.

8. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар ҳолати зарурӣ ҳуқуқ дорад, ки барои омӯзиш ва муоинаи фаъолияти довталаби иҷозатнома, коршиноси мустақилро ҷалб намояд.

9. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷиҳати ҳалли оперативии масъалаҳое, ки бо иҷозатномакунонӣ вобаста аст, ҳуқуқ дорад воҳидҳои минтақавии худро ташкил кунад, ки онҳо чунин вазифаро иҷро менамоянд:

- қабули ибтидоӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома;

- пешниҳоди маводҳо ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома;

- бо дастури иҷозатномадеҳ санҷиши риоя гардидани шарт ва талаботҳои иҷозатномавӣ.

БОБИ 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- шаҳрсозӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии ҷамъиятӣ ва иморату иншооти истеҳсолӣ, аз ҷумла барои васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;

- корҳои сохтмону васлкунӣ (ба ғайр аз сохтмони ҳавлиҳои шахсӣ).

- фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ).

2. Фаъолият вобаста ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқоти таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрсозӣ, таҳияи нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо, тарҳрезии меъморӣ, тарҳрезӣ ва нақшакашии сохтмон, тарҳрезии шабакаҳо ва системаҳои муҳандисӣ, таҳияи фаслҳои махсуси лоиҳа, тарҳрезии технологӣ (аз рӯи соҳаҳои саноат ва унсурҳои алоҳидаи комплекси хоҷагӣ), таҳияи лоиҳаҳои намуди дохилии иморат ва дизайн, иҷрои вазифаҳои лоиҳакашӣ куллро дар бар мегирад.

3. Фаъолият вобаста ба сохтмони иморату иншоот иҷрои корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот (то 6 м., то 12 м., бешар аз 12 м), сохтмони шабакаҳо, системаҳо ва таҷҳизоти муҳандисии берунӣ, сохтани шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷҳизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологӣ, иҷрои вазифаҳои пудратчии кулл иҷрои вазифаи фармоишгарро дар бар мерирад.

4. Фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ) корҳои лоиҳавӣ ва истеҳсолӣ оид ба таҳқиқи сатҳӣ, таҳким, таъмир, тармим, таҷдид, азнавсозӣ ва мутобиқнамоии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалҳо, муҷассама, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбудро дар бар мегирад.

5. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассусӣ ба талаботи иҷозатнома мутобиқаткунандаи соҳибкори инфиродӣ ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;

- маълумот оид ба иморат ва биноҳои барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани довталаб, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад, бо зикри ном ва дигар реквизитҳои ҳуҷҷатҳо;

- хулосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ).

7. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ инҳоянд:

- на камтар аз 50 фоизи шумораи штатии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашии сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ; таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи таҳқиқ ва барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалу муҷассамаҳо барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ;

- иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои танзими технологии механикӣ ва дастӣ, дастгоҳҳои сайёр, энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани иҷозатномадор, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ доранд;

- мавҷуд будани системаи назорати сифати корҳои анҷомдодашаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ;

- иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон.

8. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад ба ҳайати комиссияи иҷозатномадиҳӣ намояндагони ташкилотҳои касбию эҷодии соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, экспертҳои мустақил, мутахассисони алоҳидаи баландихтисос, инчунин дигар шахсонро барои баҳодиҳии мустақилонаи мутобиқати довталаби иҷозатнома (иҷозатномадор) ба талабот ва шартҳои иҷозатномавӣ ҷалб намояд.

БОБИ 28. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии тадқиқоти муҳандисию геодезӣ, фаъолияти геодезӣ, аксбардории топографӣ ва фаъолияти картографӣ ва фаъолияти кайҳонӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- тадқиқоти муҳандисию геодезӣ;

- фаъолияти геодезӣ;

- аксбардории топографӣ;

- фаъолияти картографӣ;

- фаъолияти кайҳонӣ.

2. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти тадқиқоти муҳандисию геодезиро ташкил медиҳанд:

- наворбардориҳои топографӣ дар миқёси 1:10 000-1:200. Тадқиқоти топографӣ-геодезӣ дар бар мегирад: сохтмони шабакаҳои баланди такягоҳи дар майдонча, наворбардории калонмиқёси майдончаҳо, нақшакашии иншоотҳо, мутобиқкунонии геодезӣ, коркарди геологӣ, имтидодҳои гидрологӣ, нуқтаҳои иктишофи геофизикӣ;

- тадқиқоти ҳудудӣ;

- ташкилсозии асосҳои геодезии тақсимкунанда.

3. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти геодезиро ташкил медиҳанд:

- сохтмони (вусъати) шабакаҳои геодезии такягоҳӣ;

- сохтмони нишонаҳои геодезӣ;

- гузоштани марказҳои геодезӣ;

- ташкилсозии шабакаҳои нақшаи баландиҳо;

- корҳои аэронаворгирӣ;

- корҳои нақшакашӣ;

- аксбардории роҳҳои алоқаи зеризаминӣ;

- аксбардории фототеодолитӣ;

- корҳои геодезии бо кӯчониш ба асл мутобиқкунонии коркарди муҳандисӣ-геодезӣ, геофизикӣ ва дигар нуқтаҳои тадқиқот алоқаманд.

4. Корҳое, ки мундариҷаи аксбардории топографиро ташкил медиҳанд:

- аксбардории мензулӣ (миқёси 1:10 000-1:200);

- аксбардории уфуқӣ (миқёси 1:10 000-1:200);

- аксбардории тахеометрӣ (миқёси 1:10 000-1:200);

- аксбардории стреотопографӣ;

- аксбардории муштарак;

- азнавсозии нақшаҳои топографӣ (муҳандисӣ-топографӣ);

- аксбардории баландиҳо.

5. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти картографиро ташкил медиҳанд:

- истеҳсоли маводи кушодаи харитасозӣ (атласҳо, харитаҳои сиёсӣ-маъмурӣ; мавзӯӣ-бланкӣ ва дигар намуди харитаҳо);

- иҷозатдиҳӣ барои тартиб додан ва ба чоп тайёр намудани харитаҳои мавзӯӣ, махсус ва харитаҳои дигар;

- харитаи сайёҳӣ.

6. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти кайҳониро ташкил медиҳанд:

- тадқиқи фосилавии Замин;

- наворҳои кайҳонӣ;

- тайёр намудани мавод тибқи наворҳои кайҳонӣ:

- истифодаи қабулкунакҳои GPS радифӣ.

7. Мақоми иҷозатномадиҳанда:

Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот";

Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳое, ки бо заминсозӣ алоқаманд мебошанд;

Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳое, ки ба сохтмон алоқаманд мебошад.

8. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- ариза барои анҷом додани корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ (барои гирифтани иҷозатнома), тибқи шакли тасдиқнамудаи мақоми иҷозатномадиҳанда;

- маълумот дар бораи базаи техникӣ.

9. Талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мутобиқати интихоби методикаи корҳо, миқёси наворҳо ва буриши релеф ба санадҳои меъёрӣ;

- мавҷуд будани кадрҳои бомаҳорати иҷрокунанда;

- мавҷуд будани асбобҳои геодезӣ;

- мавҷуд будани таҳсилоти олӣ ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар ин ихтисос ё таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи кории на кам аз 8 сол дар ин ихтисос.

10. Иҷозатнома ҷиҳати иҷрои корҳои тонографӣ-геодезии аз тарафи ташкилоту муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои амалии донишҷӯён, агар онҳо таъиноти истеҳсолӣ надошта бошанд, дода намешавад.

БОБИ 29. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии корҳои маркшейдерӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: корҳои маркшейдерӣ.

2. Фаъолияти маркшейдерӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- чен кардани фазои геометрии корҳои коркарди кӯҳӣ ва иншооти зеризаминӣ, муайян намудани параметрҳои онҳо, ҷойгиршавӣ ва мувофиқати онҳо ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- таҳқиқи ҳолати қитъаҳои кӯҳкорӣ ва асоснок кардани ҳудудҳои онҳо;

- бурдани ҳуҷҷатгузории графикии корҳои кӯҳӣ;

- баҳисобгирӣ ва асоснок кардани ҳаҷмҳои коркарди конҳо;

- муқаррар кардани минтақаҳои хавфнок ва чораҳои ҳифзи коркарди конҳо, иморатҳо, иншоотҳо ва объектҳои табиӣ аз таъсири корҳои ба истифодабарии қаъри замин вобаста.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома:

- маълумот оид ба таҷҳизонида шудани корхона бо миқдори зарурии асбобу таҷҳизотҳои маркшейдерию геодезӣ, техникаи ҳисоббарорӣ бо нишон додани тамға ва навъашон, инчунин нусхаи шаҳодатномаҳо, шиносномаҳои аттестатсияи онҳо, ки дар ташкилотҳои махсус гирифта шудаанд;

- маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдерӣ бо бинои махсуси хизматии таҷҳизонидашуда бо нишон додани масоҳат ва таъминоти воқеӣ мувофиқи дастурамал оид ба гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдерӣ бо асбобу лавозимоти ёридиҳанда, аз он ҷумла асбобҳои нақшакашӣ, таҷҳизоти аксбардорӣ, дафтари ҳисоби координатаҳо ва китобчаҳои саҳроӣ, қоғаз ва дигар лавозимот барои тайёр кардани планшетҳо, калка ва аксҳои рӯшноидиҳанда;

- номгӯи ҳуҷҷатҳои асосии меъёрию техникии (қоида, меъёр, дастур) мавҷудбуда оид ба масъалаҳои гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- маълумот дар бораи тартиби мавҷудбудаи таъмир, тафтиш ва санҷиши асбоб ва лавозимотҳои маркшейдерӣ;

- ҳисоби шумораи даркории кормандони воҳиди маркшейдерӣ (муҳандис ва техник-маркшейдер, картограф ва коргари шӯъба), ки дар асоси талаботи дастурамали гузаронидани корҳои маркшейдерӣ тайёр карда шудаанд;

- штати тасдиқшудаи шӯъбаи маркшейдерӣ ва маълумот дар бораи пуршавии воқеии он;

- маълумот дар бораи мутахассисони хадамоти маркшейдерӣ (ном, насаб, соли таваллуд, маълумот, собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос, вазифаи ишғолкарда, санаи охирини аттестатсия);

- нусхаи рухсати бо тартиби муқарраргардида гирифташуда (барои шахсони воқеӣ) ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошад;

- маълумот дар бораи талаботи асосӣ ҳангоми истифодабарии қаъри замин, ки тарзу усулҳои махсуси душвор ва фавқулдақиқи гузаронидани корҳои маркшейдериро талаб мекунад;

- маълумот дар бораи назорати идоравии гузаронидани корҳои маркшейдерӣ.

БОБИ 30. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи гидрометеорология (обуҳавосанҷӣ) ва соҳаҳои ба он алоқаманди субъектҳое, ки ба сохтори давлатии гидрометеорологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи гидрометеорология (обуҳавосанҷӣ) ва соҳаҳои ба он алоқаманди субъектҳое, ки ба сохтори давлатии гидрометеорологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд (аз ҷумла, иҷрои корҳо оид ба фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди гидрометеорологӣ ва геофизикӣ).

2. Фаъолият дар соҳаи гидрометеорология намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

- муайян намудани мушахассоти метеорологӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, гидрологӣ ва агрометеорологӣ;

- тайёр кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани иттилооти пешгӯишуда ва ҳолати ҷорӣ;

- ташаккул додан ва ба роҳ мондани маҳзани маълумот дар соҳаи гидрометорологӣ, соҳаҳои ба он алоқаманд ва мониторинги сифати муҳити зист;

- муайян намудани дараҷаи олудагии (аз ҷумла, радиоактиви) муҳити табиӣ (ҳавои атмосфера, хок, обҳои сатҳӣ);

- барои истифодабарандагон тайёр кардан ва пешгӯи кардани иттилооти таҳлилӣ ва ҳисобӣ оид ба ҳолати муҳити табиии зист ва олудагии он (аз ҷумла, олудагии радиоактивӣ);

- насб кардан, таъмир, пешгӯӣ ва тафтиши асбобу таҷҳизоти таъиноти гидрометеорологӣ.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- маълумот доир ба базаи меъёрии техникӣ;

- мавҷуд будани ҳайати ихтисосманди кормандон барои иҷрои намуди мазкури фаъолияти гидрометеорологӣ;

- мавҷуд будани сертификати мутобиқати таҷҳизот ва асбобҳо.

5. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани шахсони дорои таҳсилоти тахассусӣи ва собиқаи кории на камтар аз 3 сол дошта;

- мавҷуд будани асбобу таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои корҳо;

- мавҷуд будани аттестати бо тартиби муқарраргардида додашудаи аккредитатсияи иҷрои корҳо дар соҳаи гидрометеорология ва мониторинги сифати муҳити табии зист барои иҷозатномагиранда;

- ба мақоми иҷозатномадиҳанда ва мақомоти ҳудудии он бетаъхир расонидани маълумот оид ба ҳолати муҳити табиии зист, олудашавии он, ҳолатҳои фавқулоддаи хислати техногенӣ дошта, ки ба муҳити табии зист таъсири манфӣ расонидааст (мерасонад, ё мумкин аст расонад);

- бо тартиби муқарраргардида ба маркази наздиктарини гидрометеорологӣ расонидани маълумоти фаврие, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо, ё иттилооти таъҷилӣ ба даст оварда шудааст;

- ба Фонди ягонаи маълумотҳо оид ба ҳолати муҳити табиии зист расонидани иттилооти соҳаи гидрометеорология ва мониторинги муҳити табиии зист ва олудашавии он.

БОБИ 31. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муносибат бо партовҳои хатарнок

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муносибат бо партовҳои хатарнок.

2. Фаъолият оид ба муносибат бо партовҳои хатарнок ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодабарӣ, безараргардонӣ, дафнкунии партовҳои хатарнокро дар бар мегирад.

- хулосаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ;

- хулосаи мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ - дар ҳолати ба амал баровардани фаъолияти вобаста ба партовҳои хатарнок ҳангоми истихроҷ ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин дар қаъри замин ҷой кардани партовҳои хатарнок;

- хулосаи мақомоти геология - дар ҳолати таъсири партовҳо ба обҳои зеризамини ва канданиҳои фоиданок;

- хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

- мавҷуд будани тайёрии тахассусии бо шаҳодатнома (сертификат) тасдиқёфта барои ҳуқуқи кор бо партовҳои хатарнок дар шахсони барои фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок иҷозатдодашуда;

- дар ихтиёри иҷозатномадор дар асоси қонуни мавҷуд будани биноҳои истеҳсолӣ, иншооти ҷойгиркунии партовҳо, таҷҳизоти ба меъёрҳо ва талаботҳои техники ҷавобгӯ, воситаҳои нақлиётӣ барои анҷом додани намуди фаъолияти иҷозатномашаванда зарурӣ;

- дар ихтиёри иҷозатномагиранда мавҷуд будани воситаҳои назорат ва ченак, ки риоя кардани меъёрҳои таъсиррасонии ҷоизро ба муҳити зист ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти иҷозатномашаванда тасдиқ менамоянд.

6. То қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома мақоми иҷозатномадиҳанда экспертизаи маводи пешниҳодшударо бо муайян намудани пурра ва эътимодбахш будани онҳо, бо талаботи экологии дар ҳуҷҷатҳои меъёри нишондодашуда мувофиқат доштани шароити ба амал баровардани фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок анҷом медиҳад.

БОБИ 32. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти экспертӣ - экологӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти экспертӣ - экологӣ:

2. Фаъолияти экпертӣ-экологӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- аудити экологӣ;

- машварати экологӣ;

- таҳияи маводҳо оид ба баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист, баҳодиҳии Стратегии экологӣ (БСЭ), мавҷудияти фасли "Ҳифзи муҳити зист" дар ҳуҷҷатҳои қабл аз лоиҳасозӣ ва лоиҳавӣ.

- маълумот доир ба базаи меъёрии техникӣ ва ҳайати ихтисосманди кормандон барои иҷрои намуди мазкури фаъолияти экспертӣ;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти олии (ё дараҷаи илмии) ба яке аз ихтисосҳои бо экология алоқаманд.

5. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ: тайёрии илмӣ ва касбие, ки бо шаҳодатномаҳо, дипломҳо, сертификатҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар тасдиқ ёфтааст.

БОБИ 33. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фармасевтӣ, истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти фармасевтӣ (дорусозӣ) (сохтан ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва маснуоти тиббӣ, истеҳсоли хӯроквории табобатию профилактикӣ);

- истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ;

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Маркази давлатии экспертиза, сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти истеъмолии ғизоии табобатию профилактикӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводи косметикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома барои ин намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи биноҳои истеҳсолиро тасдиқ мекунад;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ;

- сертификати мутобиқати бино оид ба навъи мушаххасси фаъолияти фармасевтӣ;

- нусхаҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқнамудаи дипломи таҳсилот ва дафтарчаи меҳнатӣ;

- сетификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти фармасевтӣ тасдиқ мекунад;

- нусхаи аслии иҷозатномаи қаблан додашуда (ҳангоми аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома).

4. Барои гирифтани иҷозатнома барои сохтан ва истеҳсол кардани маводи доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли хӯроквории табобатию профилактикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 3 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод мешаванд:

- нусхаи санади қабули иқтидори истеҳсолӣ (барои субъектҳои иҷозатномагирандаи навтаъсис) ё ин ки санади инспексияи истеҳсолот (барои корхонаҳои амалкунанда), ки мақоми иҷозатномадиҳанда медиҳад;

- дастури бакорандозӣ ё саноатӣ барои истеҳсолоти фарматсевтии навбунёд мутобиқи стандартҳо ва талаботи муқарраршуда (барои истеҳсол дар дорухона - дастур оид ба тайёр кардани маводи доруворӣ);

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти фарматсевтӣ ва фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, воситаҳои косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро тасдиқ мекунад (барои субъектҳои навтаъсис);

- харитаи дараҷаи техникии технологӣ ва сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;

- шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологӣ;

- маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии санҷиши сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти гизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарури (патентҳо, шаҳодатномаҳо ва ғайраҳо), ки истеҳсоли маводи дорувори, воситаҳои косметики ва молҳои тибби, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро иҷозат медиҳад.

5. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- ҷавобгӯ будани объектҳои истифодашаванда ба талаботи муассисаҳои фармасевтӣ;

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ (ҳангоми истеҳсолот);

- мавҷуд будани мутахассисон барои амалӣ намудани фаъолияти номбурда ва на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти фармасевти машғулбуда;

- риояи меъёр ва талаботҳои санитарӣ;

- иҷрои меъёрҳо ва талаботи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба фаъолияти фармасевтӣ ва муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулотҳои истеъмолии ғизоии табибатию профилактикӣ ва воситаҳои косметикӣ, инчунин воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

7. Экспертиза, азназаргузаронии иншоотҳо, тестикунонӣ ва аккредитатсиякунонии таҷҳизоти истифодашаванда пеш аз иҷозатномадиҳӣ гузаронида мешавад.

БОБИ 34. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда шавад);

- фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ;

- нусхаҳои ба тартиби муқарраршуда тасдиқнамудаи дафтарчаи меҳнатӣ, дипломи таҳсилот ва сертификати мутахассис;

- маълумот дар бораи дараҷаи касби доштани мутахассисоне, ки масъули хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ мебошанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риоя кардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ оид ба истифодабарии таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳои ташкилию меъёрӣ оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизоти тиббӣ;

- доштани кормандони довталаби иҷозатнома, ки барои хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ масъуланд, таҳсилоти олӣ ё миёнаи техникӣ, тиббӣ ё фарматсевтӣ ва дар ихтисоси дахлдор собиқаи кории на камтар аз 3 сол;

- на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда машғулбуда;

- мутобиқ будани бино, таҷҳизот ва дастгоҳҳои назоратию ченкунӣ ба меъёрҳои техникӣ намудҳои фаъолияти номбаршуда.

5. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони ба фаъолиятҳои дар боло номбаршуда ва додани сертификати мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

БОБИ 35. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тиббӣ ва фаъолият оиди расонидани ёрии ортопедӣ-протезӣ

1. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти хусусии тиббӣ;

- фаъолият оид ба расонидани ёрии ортопедӣ-протезӣ.

- хулосаи мақоми санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ;

- сертификати мутобиқати бино оид ба нави мушаххасси фаъолияти хусусии тиббӣ ва фаъолият оиди расонидани ёрии ортопедӣ-протезӣ;

- шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии махсус, ки аз ҷониби Назорати давлатаи маҳаки (иёргирии) назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад - барои фаъолият оиди расонидани ёрии ортопедӣ-протезӣ;

- рӯйхати намудҳои хизматрасонии тиббӣ;

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи довталаби иҷозатномаро барои истифодаи биноҳои истеҳсолӣ тасдиқ мекунанд;

- нусхаҳои ба тартиби муқарраршуда тасдиқнамудаи дафтарчаи меҳнатӣ ва дипломи таҳсилот, сертификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти тиббӣ тасдиқ мекунанд.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- такмили ихтисоси кормандони иҷозатномадор на камтар аз як бор дар 5 сол;

- ду маротиба дар як сол пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти тиббӣ.

5. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони тиббӣ ва додани сетификати мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

БОБИ 36. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии киштукори растанҳои нашъаовар ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ва фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- киштукори растанҳои нашъаовар ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ;

- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридоту содирот ва нобуд кардан).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Маркази давлатии экспертиза, сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти истеъмолии ғизоии табобатию профилактикӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводи косметикӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мақомоти корҳои дохилии дахлдор оид ба ҷавобгӯ будани объектҳо барои нигоҳ доштани воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ;

- маълумотномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба доғи судӣ надоштани шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд;

- маълумотномаи хадамоти наркологӣ ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд;

- фармони роҳбари ташкилот оид ба таъини шахсони масъул, ки ба воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд;

- ҳуҷҷати тахассусии шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд;

- ҳангоми киштукори растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, хулосаи мусбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсаднок будани фаъолияти мазкур.

4. Барои гирифтани иҷозатнома барои истеҳсоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ довталаби иҷозатнома бо таври илова ҳуҷҷатҳои зерринро пешниҳод менамояд:

- дастури бакорандозӣ ё истеҳсоли барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи меъерҳо ва талаботи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои истеҳсол дар дорухона - дастур оид ба тайёр кардани маводи доруворӣ);

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ тасдиқ мекунад (барои субъектҳои навбунёд);

- харитаи дараҷаи техникӣ ва сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ;

- маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии назорати сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропии истеҳсолшаванда, ки аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба анҷом додани назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дода шудааст;

- маълумот дар бораи бо мутахассисони махсус тайёркардашуда пурра таъмин будани истеҳсолот, ки ба фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ҳуқуқи машғул шуданро доранд;

- доштани шартнома бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нигоҳдории объектҳое, ки ба истеҳсоли воситаҳои нашъаовар машғуланд.

- барои дорухона нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти фармасевтӣ;

- ҳар се моҳ додани ҳисобот оид ба гирифтан ва сарф кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;

- пешниҳод кардани маълумот оид ба содирот ва воридоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар муддати 10 рӯз;

- нусхаи шартнома бо маҳсулотсупорандагони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ,

6. Ба ҳайати комиссияи иҷозатномадиҳӣ намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

7. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Эзоҳ: Муқаррароти боби мазкур нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, вобаста ба экспертизаи воситаҳои нашъаовар татбиқ намегардад.

БОБИ 37. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ.

2. Фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда истеҳсол, фурӯш, истифода ва ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, таъмири асбобҳое, ки манбаъҳои радиоатсионии афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, инчунин несткунии манбаҳои нурафкани иондоркунандаро дар бар мегирад.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- нусхаи хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи коршоямии иморат ва системаҳои коммуникатсионӣ ва воситаҳои махсуси нақлиётӣ ҷиҳати амалӣ кардани намудҳои номбаршудаи фаъолият, мавҷудияти воситаҳои ҳифз ва болопӯш;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ;

- нусхаи сертификати мутобиқат, ки аз тарафи мақомоти сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсолшуда, истифодашаванда ва ба фурӯш баровардашаванда дода шудааст;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии моддаҳои радиоактивӣ;

- нусхаи сертификати аттестатсионнии Агентии амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷат дар бораи он, ки дар ҳолати воридот ва транзити сарчашмаҳои радиатсионӣ ба содиркунанда баргардонидани онҳо таъмин карда мешавад, агар воридот ё транзит ба охир нарасида бошад;

- нусхаи маълумоти муассисаи тиббӣ оид ба солимии рӯҳии роҳбар ва иҷрокунандагони чунин намудҳои кор;

- хулосаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба ситемаи иҷозатдиҳӣ.

- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассусӣ, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;

- мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва сохтмонӣ, ки барои амалӣ гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;

- мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Талаботҳои махсус ба объектҳо мутобиқи дастурҳои махсуси техникии амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 38. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёт

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- лоиҳакаши, сохтан, таъмир ва барқарор кардан ва нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳ;

- мусофиркашони бо нақлиёти обии дохили;

- боркашони бо нақлиёти обии дохили;

- мусофиркашони бо нақлиёти автомобилие, ки барои кашонидани зиёда аз ҳашт одам муҷаҳҳаз гардонида шудааст (ба истиснои ҳолатҳое, ки барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди ба ҷо оварда шавад);

- мусофиркашонии тиҷорати бо нақлиёти сабукрави автомобили;

- боркашонии тиҷорати бо нақлиёти автомобилие, ки тавоноии борбардориаш зиёда аз якуним тонна аст (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди ба ҷо оварда шавад);

- мусофиркашони бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди ба ҷо оварда шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

- боркашони бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди ба ҷо оварда шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

- боркунию борфарори дар нақлиёти обии дохили;

- боркунию борфарори дар нақлиёти роҳи оҳан;

- фаъолияти хизматрасонии техники ва таъмири қатораи ҳаракаткунанда;

- фаъолияти хизматрасонии техники ва таъмири воситаҳои техникие, ки дар нақлиёти автомобилгард ва роҳи оҳан истифода мешаванд (хизматрасонии техники ва таъмири автомобилҳо, локомотивҳо, шинаҳо, системаи алоҳида ва ҷузҳои воситаҳои нақлиёт);

- фаъолияти терминалҳои мусофиркашони ва боркашони (автовокзалҳо, автостансияҳо, қароргоҳҳои автомобили, стансияҳо ва вокзалҳои роҳи оҳан).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Инспексияи нақлиёти назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1) Барои амали намудани ҳамлу нақл:

- нусхаи шаҳодатномаи ронандаги ва нусхаи паспорти техникии воситаи нақлиёт;

- нусхаи сертификати воситаи нақлиёт;

- нусхаи шартномаи иҷораи воситаҳои нақлиёт ва гувоҳнома (агар ҳамлу нақл тавассути воситаи нақлиёти дигар шахс иҷро карда шавад);

- нусхаи паспорти техники ва санади санҷиши роҳи оҳан ва роҳи фаръии роҳи оҳан, нақшаи роҳи фаръии роҳи оҳан дар ҳар стансияи буриш, шартнома бо стансия оид ба истифодабарии роҳи фаръии роҳи оҳан (барои ҳамлу нақл бо нақлиёти роҳи оҳан);

2) Барои фаъолияти терминалҳои мусофирбари:

- маълумот оиди мавҷудияти базаи истеҳсолию техники, аз ҷумла намуди терминал, перрон, қароргоҳ барои истодани воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоинаи тибии ронандагон пеш аз баромадан ба хатти сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери;

- маълумот оид ба нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр;

- маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии маишию мадани ва санитарию беҳдошти ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори интизори, хазинаи чиптафурӯши, утоқи диспетчерон, биноҳои маъмури, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилали ва ғайраҳо);

- маълумот оид ба ҳайати техникии кормандон бо пешниҳоди нусхаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатари.

3) Барои фаъолияти терминалҳои боркашони:

- маълумот оид ба базаи моддию техники (маълумот оид ба мавҷудияти нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию борфарори, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери);

- иҷозати мақомоти дахлдор барои истифодаи механизмҳои боркунию борфарори;

- маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии моддию мадани, санитарию беҳдошти;

- маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатари;

- маълумот оид ба ҳайати тахассусии кормандон бо пешниҳоди нусхаҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

4) Барои хизматрасонии техники ва таъмири воситаҳои нақлиёт:

- маълумот оид ба базаи истеҳсолию техники (мавҷудияти постҳо барои иҷрои корҳои муайян);

- маълумот оид ба корҳои иҷрошаванда;

- маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатарии меҳнат, экологи, зиддисӯхтори ва беҳдошти санитари;

5) Барои фаъолияти роҳдори:

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсоли-техники, аз ҷумла техникаҳои дигари дар асоси шартнома ҷалбкардашуда (шартномаи иҷораи техникаҳои роҳсозии ғайрихуди);

- маълумот оид ба риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат, экология, зиддисӯхтори ва беҳдошти санитари;

- маълумот оид ба ҳайати роҳбарон, ҳайати тахассуси, муҳандисию техники бо замимаи нусхаи дипломҳо, шаҳодатномаҳо (аттестатҳо), маълумоти такмили ихтисос ва аттестатсияи мутахассисон ҷиҳати татбиқи фаъолияти касби дар соҳаи фаъолияти роҳдори;

- маълумот оид ба системаи назорати сифат дар ташкилот;

- хулосаи мақомоти назорати барои истеҳсоли маҳсулот, бо пешниҳоди сертификати сифат, натиҷаи озмоишҳо, нусхаи шартнома аз лаборатория оид ба гузаронидани озмоиши маҳсулоти истеҳсолшаванда;

- ҳуҷҷате, ки ваколати шахсро барои гирифтани иҷозатнома муайян мекунад;

- хулосаи эксперти оид ба додани иҷозатнома.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳи:

- риояи шарту талаботҳои техники, санитари-экологи, қоидаҳои бехатарии меҳнат, зиддисӯхтори ва беҳдошти санитари;

- риояи меъёру стандартҳои байналмилали ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;

- мутобиқати сатҳи техники ва тахассусии довталаби иҷозатнома ба меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда (базаи модди-техники, таҷҳизотҳо, воситаҳои техники ва ғайраҳо);

- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амали карда мешавад (воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техники, таҷҳизотҳо, иншоотҳо ва ғайра);

- мутобиқати корҳои иҷрошуда ба меъёр ва талаботҳои муқарраршуда;

- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷ (риояи хатти сайр, ғунҷоиш, сарбори (нагрузка) ба тири воситаи нақлиёт ва андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда, мавҷудият ва мувофиқати ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл ва ғайра) - барои ҳамлу нақл;

- мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи модди-техники (аз ҷумла перрон, қароргоҳ, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоинаи тибии ронандагон пеш аз баромадан ба хатти сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператора ва диспетчери), хизматарсонии маишию мадани ва санитарию беҳдошти ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал (аз ҷумла ҷои нигоҳдории бағоҷ утоқи дамгирии ронандагон, толори интизори, хазинаи чиптафурӯши, утоқи диспетчерон, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилали ва ғайраҳо), нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр ба шарту талаботҳои муқарраршуда - барои терминалҳои мусофирбари;

- мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи модди-техники, аз ҷумла нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию борфарори, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери, хизматрасонии маданию маиши ва санитарию беҳдошти ба меъёру стандартҳои амалкунанда - барои терминалҳои боркашони;

- ҷавобгӯ будани корҳои иҷрошуда ба дараҷаи масъулиятноки барои фаъолияти роҳдори;

5. Вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи вазниниаш муайяншуда дар фаъолияти роҳдори ҳангоми иҷозатномадиҳи сатҳи масъулиятноки мувофиқи "Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдори" муқаррар карда мешавад (Замимаи 1).

6. Мусофиркашони дар нақлиёти роҳи оҳан тавассути роҳҳои асосии роҳи оҳан ва боркашони дар нақлиёти роҳи оҳан тавассути роҳҳои асоси ва роҳҳои фаръии роҳи оҳан ба амал бароварда мешавад. Кашондан ҳамчунин фаъолияти нақлиёти-экспедитсиониро дар бар мегирад.

7. Ба шахсони ҳуқуқи иҷозатнома мувофиқи фаъолиятҳои иҷозатномашаванда дода мешавад. Барои ҳар як ронандаи воситаи нақлиёт иҷозатномаи алоҳида дода мешавад.

8. Фаъолияти воситаҳои нақлиёт тавассути варақаҳои назорати, ки ҳамзамон бо иҷозатнома барои ҳар як воситаи нақлиёт дода мешавад, танзим мегарданд. Дар варақаҳои назорати силсила ва рақами иҷозатнома, номи иҷозатномадор, намуд ва ҳудуди фаъолият, тамға ва рақами давлатии воситаи нақлиёт, мӯҳлати фаъолияти иҷозатномадор дар ҳудуди муайяни фаъолият нишон дода мешавад. Варақаи назорати дар асоси дархости иҷозатномадор барои амали намудани намуди иҷозатномашавандаи фаъолият дар ҳудуди муайяни фаъолият ба мӯҳлати дархостшудаи иҷозатномадор то шаш моҳ дода шуда, аз тарафи роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда бо мӯҳри мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Барои додани варақаи назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда ба андозаи ду ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ меситонад, ки пас гардонида намешавад. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани варақаи назорати ба андозаи як ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ ситонида мешавад ва дар сурати дароз намудани амали варақаи назорати маблағ ҳамчун маблағи додани варақаи назорати ситонида мешавад. Аз нав ба расмият даровардан ва дароз кардани варақаи назорати дар давоми то 3 рӯз анҷом дода мешавад.

9. Амали намудани назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёт:

Назорати воситаҳои нақлиётро Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.

Санҷиши воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, терминалҳо, нуқтаҳои назорати ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи баромадгоҳҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳури ҳар рӯз анҷом дода мешавад.

Ҳангоми назорати воситаҳои нақлиёт санҷида мешавад:

- мавҷудияти иҷозатнома, варақаи назорати, сертификат ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки ронанда бояд бо худ дошта бошад;

- ҳолати техникии воситаи нақлиёт, танзими намуди беруна ва дохили ва экипировкаи он мувофиқи талаботҳо (мавҷудияти навиштаҷотҳои пеш, пас ва паҳлу дар салон барои мусофирон);

- риояи қонунгузории нақлиёти ва шартҳои иҷозатномави аз ҷониби иҷозатномадор;

- мувофиқат кардани воситаи нақлиёт ва системаҳои алоҳида ва ҷузъҳои он ба шарту талаботҳои техники;

- мувофиқат кардани сарбори ба тири (меҳвари) воситаи нақлиёт, андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда дар нақлиёт ва ғунҷоиш ба талаботҳои муқарраршуда;

- дурустии ҳуҷҷатҳои нақлиёти-роҳи дар нақлиёти мусофирбар (қайди муоинаи тибби ва механики нуқтаи назорати техники мувофиқи нақшаи вақти баромад (бозгашт) бо вақти воқеи, ҷадвали ҳаракат, схемаи хатти сайр ва ғ.).

10. Ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, санҷишҳо, баркашии воситаҳои нақлиёт оид ба мувофиқат кардани сарбори ба тир ва ғайра кормандони Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандарти давлати (ГОСТ) аз санҷиши давлати гузаштаанд, истифода баранд. Тартиби гузаронидани санҷиши мувофиқат кардани сарбори ба меҳвари воситаи нақлиёт ва ситонидани маблағ барои сарбории зиёдатиро Вазортаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

11. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва озмоиши воситаҳои нақлиёт ҳангоми муайян намудани ҳолатҳои бе иҷозатнома амали кардани фаъолияти иҷозатномашаванда, риоя накардан ва дағалона вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномави кормандони Инспексияи нақлиёти назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зеринро амали менамояд: санадҳо, рапортҳо ва протколҳо тартиб медиҳанд; огоҳнома медиҳад; қароре қабул менамояд, ки иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда ӯҳдадор менамояд; татбиқи чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешниҳод менамоянд; амали иҷозатномаро то бартараф кардани камбудиҳои муайяншуда боз медоранд. Маводҳои тартибдодашуда (санад, рапорт, протокол) бояд хусусияти объективи, пурраги ва саҳеҳи дошта бошад, инчунин бо ҳуҷҷатҳои дахлдор асоснок карда шуда бошад.

12. Ҳангоми тартиб додани протокол дар он бояд дарҷ карда шавад: вақт ва макони тартибдиҳи, вазифа, ному насаб ва номи падари шахси тартибдиҳандаи протокол, вақти содиррави ва моҳияти ҳуқуқвайронкуни, санади меъёрии ҳуқуқи, ки барои ҳуқуқвайронкунии мазкур ҷавобгариро муқаррар менамояд. Протокол аз ҷонибн шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкуни ва тартибдиҳандаи он ба имзо расонида мешавад. Ҳангоми тартибдиҳии протокол ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани қонунвайронкуни гирифта шавад ва дар хусуси гирифтани ҳуҷҷат ба ронанда варақа дода мешавад.

13. Роҳбарони Инспексияи нақлиёти назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои тобеи он дар давоми то 15 рӯз натиҷаҳои санҷишро барраси менамоянд.

БОБИ 39. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- мусофиркашони бо нақлиёти ҳавои;

- боркашони бо нақлиёти ҳавои;

- фаъолият оид ба хизматрасонии техники ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои;

- фаъолият оид ба хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавои;

- фаъолият оид ба таъмири нақлиёти ҳавои;

- фаъолият оид ба истифодаи нақлиёти ҳавои дар соҳаҳои иқтисодиёт.

2. Мусофиркашони бо нақлиёти ҳавои ва боркашони бо нақлиёти ҳавои намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

- мусофиркашони ва боркашонии мунтазами дохили бо нақлиёти ҳавои;

- мусофиркашони ва боркашонии мунтазами байналмилали бо нақлиёти ҳавои;

- мусофиркашони ва боркашонии ғайримунтазами (чартерии) дохили ва байналмилали бо нақлиёти ҳавои;

- фаъолияти агенти оид ба фурӯши мусофиркашони интиқоли авиатсиони;

- бо хӯроквори таъмин намудани мусофирон (экипажҳои) киштиҳои ҳавои.

3. Фаъолият оид ба хизматрасонии техники ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

- таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (аэродроми, электросветотехники, радиотехники, метеорологи, штурмани, орнитологи, ҷустуҷӯи ва садамивию наҷотдиҳи, таъмини идоракунии ҳаракати ҳавои, иттилооти аэорнавигатсиони, бехатарии авиатсиони);

- таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо;

- таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсиони.

4. Фаъолият оид ба истифодаи нақлиёти ҳавои дар соҳаҳои иқтисодиёт иҷрои намудҳои муайяни корҳоро барои эҳтиёҷоти ташкилотҳо ва аҳоли, ки бо истифодабарии технология ва таҷҳизоити махсус (тақсими моддаҳо ва объектҳои биологи, суратгирии ҳавои, корҳои сохтмонию васлгари) алоқаманд мебошанд, дарбар мегирад.

5. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Параметрҳои иҷозатнома барои мусофиркашони ва боркашонии мунтазами (ғайримунтазами) дохили ва байналмилали бо нақлиёти ҳавои инҳо мебошанд:

- намудҳои интиқол (мусофиркашони, боркашони, бору-мусофиркашони);

- навъи ҳавопаймо;

- намуди хизматрасонии пешниҳодшуда (фурӯш, бронкунии, интиқол);

- дараҷаи (категорияи) интиқол (мунтазам, дохили, байналмилали).

7. Интиқолдиҳандагони авиатсиони, ки ба интиқоли ғайримунтазами (чартерии) авиатсиони иҷозатнома доранд, ҳуқуқи ташкили фурӯши инфиродии интиқоли мусофирон (бор), аз он ҷумла ба сифати сарбори гирифтани бор дар ҳавопайморо бе розигии мақоми иҷозатномадиҳанда надоранд.

8. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мусофиркашони ва боркашонии мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилали бо нақлиёти ҳавои дар асосҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- шартномаҳои байниҳукумати дар бораи истифодаи фазои ҳавои, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст;

- шартномаҳо, протоколҳо, меморандум ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки байни мақомоти авиатсиони оид ба иҷрои парвозҳо баста мешаванд;

- иҷозати махсус, ки аз тарафи мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дода мешавад.

9. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами ҳавоии байналмилали ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки коди серамзии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи граждани (минбаъд - ICAO) ва ҳуҷҷатҳои интиқолии бо тартиби муқарраршуда бақайдгирифташударо дошта бошанд.

10. Ташкилотҳои авиатсиони, ки коди серамзии ICAO-ро надоранд ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли байналмилали (чартери) метавонанд коди серамзии ташкилотҳои авиатсионии дорои ҳамин хел бақайдгириро бо шартҳои қарордоди истифода баранд.

11. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилали ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки онҳо таҷрибаи кориро дар хатҳои ғайримунтазами ҳавоии на камтар аз як сола дошта бошанд. Дар ин ҳолат сифати хизматрасони ба мусофирон, интиқоли мунтазам ва қонеъ гардонидани талабот ба хизматрасони дар хати парвоз ба назар гирифта мешавад.

12. Мақоми иҷозатномадаҳанда ҳуқуқ дорад додани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилалиро дар асоси озмун ба амал барорад.

13. Интиқолдиҳандаи авиатсиони, ки иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилалиро дар хати парвоз гирифтааст, соҳиби мақоми ташкилоти авиатсионии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда мегардад.

14. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои мунтазами интиқоли авиатсионии байналмилали ба соҳибаш ҳуқуқ медиҳад, ки рейсҳои иловагии ғайримунтазамро (чартериро) дар хати парвози мазкур низ иҷро намояд.

15. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) авиатсионии байналмилали ба ташкилоти авиатсиони бо шарти бо шартномаи суғуртави ҷуброн кардани зарари ба саломати ва молу мулки мусофирон ва соҳибони бор расонидашуда, ки дар Конвенсияи соли 1955 Варшаваги пешбини шудааст, инчунин таъмини ҷавобгарии суғуртави дар назди шахсони сеюм, ки бо Конвенсияи соли 1952 Рими муайян шудаанд, ё дигар андозаҳои бо давлати хориҷи мувофиқагардида, дода мешавад.

16. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои:

1) Иҷозатнома барои мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои ба шахсоне дода мешавад, ки онҳо бояд:

- сертификати амалкунандаи истифодабарандаи аз ҷониби мақоми ваколатдори авиатсияи граждани додашударо дошта бошанд; нисбати шаҳрвандон ва шахсони хориҷии ҳуқуқи сертификатҳои истифодабаранда ва ё ҳуҷҷатҳои ба он монанде эътироф карда мешаванд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати хориҷи дода шуда, ба талаботҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд;

- ҳавопаймое истифода бурда шавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ба қайд гирифта шудааст ва сертификати амалкунандаи мутобиқати аз ҷониби мақоми ваколатдор ё давлатии хориҷи дода шудаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, дошта бошад;

- намудҳои суғуртаи ҳатмиро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- хулосаи мақомоти назорати санитарии эпидемиологиро дошта бошад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қобилияти иқтисодию молиявии дархосткунандаро ҷиҳати иҷро намудани фаъолияти иҷозатномадиҳи дошта бошад;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи розигии ташкилотҳои манфиатдорро барои иҷро намудани хизматрасони ё истифода аз хизмати дархосткунанда (созишнома, шартнома, протокол дар бораи мақсади иҷрои фаъолият ва ғайра) ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани ин намуди фаъолияти иҷозатномавиро дошта бошад.

17. Барои мусофиркашонию боркашонии байналмилали довталаби иҷозатнома бояд ба тарзи илова дошта бошад:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ташкилоти авиатсиони дар ИКАО;

- рамзи сеҳарфаи ICAO барои мақсадҳои истифодабари;

- рӯйихати муқарраргардидаи ҳуҷҷатҳои боркашони ва мусофиркашони барои барасмиятдароии боркашони ва мусофиркашонии байналмилали;

18. Иҷозатнома барои ҳуқуқи фаъолияти агенти оид ба фурӯши интиқоли авиатсиони ба довталаби иҷозатнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

- биноҳои худи (ё ба иҷора гирифташуда), ки бо таҷҳизоти зарури ва воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз буда, ба анҷом додани фурӯш ва бронкунонии боркунонии тиҷорати дар ҳавопаймои интиқолдиҳандаи авиатсиони имконият медиҳанд;

- системаи муҳофизатии сигналдиҳи;

- ҳайати сертификатсияшуда;

- шартнома (қарордод) ба ҳуқуқи фаъолияти агенти (субагенти) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсиони.

19. Иҷозатнома талаб карда намешавад, агар интиқолдиҳандаи авиатсиони мустақилона фурӯши интиқоли авиатсиониро бо рейсҳои, аз ҷониби ҳавопаймоҳои ин интиқолдиҳанда иҷрошаванда, анҷом диҳад.

20. Иҷозатнома барои ҳуқуқи таъмини мусофирони (экипажи) ҳавопаймо бо хӯрока ба довталаби иҷозатнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

- биноҳои худии (ба иҷора гирифташудаи) бо таҷҳизоти зарури таҷҳизонидашуда;

- ҳайати шахси, ки сертификати дахлдор доранд;

- шумораи зарурии зарфҳо;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологи;

- сертификати мутобиқати маҳсулоти хӯроквори ва ашёи хоми озуқави;

- шартнома (қарордод) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсиони оид ба иҷрои ин намуди таъминот.

21. Иҷозатнома талаб карда намешавад, агар таъмин бо хӯрокаро худи интиқолдиҳанда анҷом диҳад.

22. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонии техникии ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои ба намудҳои зерини корҳо дода мешавад:

- таъмини аэродром - ҳангоми мавҷуд будани:

шаҳодатнома дар бораи бақайдгири ва ба истифода мувофиқ будани аэродром (сертификати мутобиқат);

воситаҳои механики барои таъмир ва нигоҳдории аэродром;

- таъмини барқию рӯшноии техники ва радиотехники - дар ҳолати доштани воситаҳои худии барқию рӯшноии техники, радиотехники ва воситаҳои алоқа;

- таъмини идораи ҳаракати ҳавои-дар ҳолати доштани объектҳо ва воситаҳои техникии хадамоти ҳаракати ҳавои (минбаъд - УВД), ки ба пунктҳои диспечерии УВД дар минтақаи аэродром (аэроузел) дода шудааст ва ё дар таҷҳизоти системаи авиатсияи граждани қабул гардидааст;

- таъминоти метереологи - дар ҳолати доштани таҷҳизоти авиометереологии худи ё дар асоси шартҳои қарордоди бо мақоми ваколатдори давлати оид ба гидрометереологии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда;

- таъмини корҳои ҷустуҷӯи ва садамавию наҷотдиҳи - дар ҳолати доштани воситаҳои садамавию наҷотдиҳи. Ба ғайр аз ин, таъмини намудҳои мазкур, инчунин таъмини штурмани, оринитологи, таъмини маълумоти аэронавигатсиони бояд дар ҳолати мавҷуд будани гурӯҳҳои дахлдори мутахассисони (воҳидҳои, хадамоти) дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассуси (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷрои ҳар яки ин намуди таъминотро медиҳанд, амали карда мешавад;

- таъмини бехатарии авиатсиони ҳангоми мавҷуд будани:

барномаи (программаи) таъмини бехатарии авиатсиони;

иҳота доштани атрофи фурудгоҳ (аз ҷумла минтақаи кори радиомаякҳои самтнома ва глиссади, иншоотҳои УВД, таҷҳизотҳои радио ва светотехникии аэродромҳо, иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсиони ва амборҳои тиҷорати) бо навиштаҷоти пешгирикунанда, ки ба зонаҳои назоратии мазкур дохил шуданро манъ мекунанд, бо ташкили пунктҳои назорати-иҷозатдиҳи ва амали режими иҷозатдиҳи;

иҳотаи иловаги кашидан ба иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсиони ва амборҳои тиҷорати дар зонаҳои назоратии фурудгоҳҳо;

биноҳои махсус, нуқтаҳои (пунктҳои) азназаргузаронии аъзоёни экипаж, ҳайати хизматрасон, мусофирон (борҳои дасти), боғоҷ, аз он ҷумла хизматрасони бо воситаи толорҳои махсус барои намояндагон ва толори VIP, захираҳои борти, муросилот ва бор, инчунин толорҳои интизоршави барои мусофироне, ки аз назар гузаронида шудаанд;

равшаникунии муҳофизати дар истгоҳҳои ҳавопаймоҳо, ҳудуди иншоотҳои алоҳидаи аэропорт ва нуқтаи гузаргоҳи назорати;

биноҳои махсуси бо воситаҳои зарурии алоқа таҷҳизонидашуда барои роҳбарии амалиёт оид ба батартибдарории ҳолатҳои фавқулодда, ки ба мудохилакунии ғайриқонуни ба фаъолияти авиатсияи граждани вобаста аст;

истгоҳҳои махсус, ки барои ба ҳавопаймо хизмат расонидан дар ҳолати ғайриқонуни ба фаъолияти авиатсияи граждани мудохила кардан ҷудо карда шудааст;

хизмати бехатарии авиатсионии бо мутахассисон таъминшуда, ки дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассусие мебошанд (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷро намудани таъминоти мазкурро медиҳанд.

- таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсиони ҳагоми мавҷуд будани:

иншоотҳои худи (иҷорави), иншоотҳое, ки дар он сӯзишвори нигоҳ дошта мешавад (анбор, системаи марказонидашудаи бо сӯзишвори таъмин намудани ҳавопаймо (ЦЗС), мошияҳои махсус (ТЗ, МЗ) ва дигар воситаҳои бо сӯзишвори таъминкуни, ки дар асоси меъёрҳои амалкунанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд;

лабораторияҳои худии (иҷоравии) назорати сифати маводи сӯзишвори ва равғанҳои молидани;

воҳидҳое (хадамоте, гурӯҳи мутахассисоне), ки ҳайати шахсии онҳо дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассусии (диплом, шаҳодатнома ва ғ.) ба талаботи дар нақлиёти ҳавои қабулшуда мутобиқро дошта бошад.

23. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти техники ва технологиро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон додаст, тасдиқ карда шавад.

24. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонии техники ва таъмири техникаи авиатсиони метавонад ҳангоми мавҷуд будани инҳо дода шавад:

- сохтори истеҳсолии (ташкилотҳои Тоир) худи (ба иҷора гирифташуда) ва таҷҳизоти зарурии замини барои амалигардонии хизматрасонии техники ва таъмири ҳавопаймо ва дигар техникаи авиатсиони;

- системаи назорати худи (ба иҷора гирифташуда) ва баҳисобгирии сифати хизматрасонии техники, ки ба муқаррароти дар нақлиёти ҳавои қабулгардида мувофиқат мекунад ва пурраю самаранокии назоратро таъмин мекунад;

- фонди гардон (қисмҳои эҳтиёти, маҳсулоти пуркунанда, равған ва моеъҳои махсуси молидани, маводҳои харҷшаванда ва ғ.) ва риоя намудани тартиби пуркунонии он, ки ба иҷро намудани намудҳои хизматрасонии техникии ин ё он намуди ҳавопаймо ё дигар техникаи авиатсиони имконият медиҳад;

- ситемаи таъминоти иттилоотии худи (ба иҷора гирифташуда), ки бо хизматрасонии техники ва таъмири техникаи авиатсиони алоқаманд аст.

25. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти муҳандиси-авиатсиониро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Департаменти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон додаст, тасдиқ карда шавад.

26. Фаъолият оид ба истифодаи нақлиёти ҳавои дар соҳаҳои иқтисодиёт намудҳои ба гурӯҳҳои зерин тақсимшударо дар бар мегирад:

- корҳои вобаста ба тақсимкунии моддаҳои заҳролуд ва иншоотҳои биологи, ки ба он дохил мешаванд:

рӯёнидани маҳсулоти кишоварзи ва нигоҳубини ҷангал;

мубориза бо барангезандагон ва паҳнкунандагони касалиҳо дар байни одамон ва ҳайвонот;

рекултиватсияи замин ва мустаҳкамкунии қабати болоии гардшавандаи он;

безараргардонии хок ва обанборҳои пӯшондашуда;

мубориза бо рехтани нефт;

мубориза бар зидди сӯхтори ҷангалҳо ва чарогоҳҳо;

хомӯш кардани сӯхтор дар объектҳои истиқомати ва саноати;

- наворгирии ҳавои, мушоҳида ва посбони кардан, ки инҳоро дар бар мегирад:

батанзимдарории обшавии барф ва ях;

бо роҳи сунъи овардани боришот;

корҳои ҷустуҷӯи-наворгири;

корҳои суратгирии ҳавои;

парвозҳои аэровизуали;

корҳои суратгири ва наворгирии ҳавои.

27. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои намудҳои (гурӯҳҳои) корҳои авиатсиони берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар сурати доштани даъватномаи (қарордоди) дахлдор аз ташкилоти хориҷи дода мешавад.

БОБИ 40. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо.

3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;

- қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати оид ба муайян намудани ҷои ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологи дар бораи мувофиқати бино ба талаботҳои санитари;

- хулосаи мақомоти оташнишони дар бораи риояи талаботҳои зиддисӯхтори;

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро тасдиқ мекунанд;

- шахси ҳуқуқие, ки тотализаторҳо ва қиморхонаҳоро ташкил менамояд, ба мақоми иҷозатномадиҳанда кафолатро оид ба пардохти фонди мукофоти ва бурдҳо пешниҳод менамояд;

- рӯйхати кормандоне, ки идоракуни ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд.

4. Шартҳо ва талаботи иловаги нисбат ба иҷозатномадор:

- мувофиқ будани бино барои муштариён ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиени ва зиддисӯхтори;

- иҷрои талаботҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмин намудани бехатарии шахсии муштариён ва тартиботи ҷамъияти;

- риоя намудани талабот оид ба нигоҳдории маблағҳои пулии нақди;

- барои ҳайати коркуноне, ки бо идоракуни ва гузаронидани бозиҳо машғул мебошанд, мавҷуд будани варақаи шахсии ҳисоботи;

- дар биноҳо барои муштариён мавҷуд будани қоидаҳои тартиби кор, қоидаи гузаронидани бозиҳо, қабули пули кимор, ки барои шинос шудан дастрас мебошанд;

- дар хазинаи ҷои гузаронидани бози мавҷуд будани маблағе, ки барои пардохти фонди мукофотии эълоншуда ё ташкилёбии фонди суғуртави кифоя бошад;

- риоя намудани қоидаҳои бурдани ҳуҷҷатҳои молияви ва ҳисоботи муҳосиби;

- ба бинои фаъолияти иҷозатномадиҳи роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло.

БОБИ 41. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти туристи.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

- ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани филиалҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шахси ҳуқуқиро дар минтақаҳои алоҳида, ки ба воситаи онҳо фаъолияти туристи татбиқ мегардад, тасдиқ менамоянд, агар чунин филиалҳо, намояндагиҳо ва иншоот мавҷуд бошанд (нусхаи низомномаҳо, фармонҳо оид ба таъини роҳбарон, ваколатнома ба роҳбар, суроға, суратҳисоб дар бонк);

- барои шахсони ҳуқуқи ва воқеии хориҷи ҳуҷҷати бо тарғиби нотариали тасдиқнамудаи давлати хориҷи ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристи, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқи ва воқеи шаҳодат медиҳад ва дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба расмият дароварда шудааст.

4. Дар мавзеъҳои наздисарҳади фаъолияти туристи бо дарназардошти маҳдудиятҳои дар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба роҳмонда мешавад.

5. Шахсони воқеи ва ҳуқуқи пас аз гирифтани иҷозатнома ҳангоми ташкили ба хориҷа рафтани шаҳрвандони Чҳумхурии Тоҷикистон сайёҳонро бо роҳхатҳои намунаи умуми таъмин менамоянд. Роҳхат ҳуҷҷати ҳатмие мебошад, ки бастани шартномаро байни ташкилотҳои туристи ва сайёҳон тасдиқ мекунад.

БОБИ 42. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти кормандони масъули патентӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти кормандони масъули патенти.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти оли;

- қарори комиссияи аттестатсиони.

- доштани таҳсилоти оли дар соҳаи ҳуқуқ, илмҳои техники ё табиатшиноси;

- собиқаи кории на камтар аз яксола дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноати;

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми "корманди масъули патенти" дар ин боб "намояндаи паренти" фаҳмида мешавад.

БОБИ 43. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти тайёр кардан, коркард ва фурӯши металлҳои ранга ва сиёҳ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- тайёр кардан, коркард ва фурӯши металлҳои ранга;

- тайёр кардан, коркард ва фурӯши металлҳои сиёҳ.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Дар ҳолати амали намудани фаъолият аз ҷониби иҷозатномадор дар якчанд ҳудуди мавзеъҳои ҷудогона, иҷозатномаи алоҳида дода намешавад. Маълумот дар бораи чунин мавзеъҳо (суроға, телефон ва ғайра) бояд дар варақаи иҷозатнома нишон дода шаванд.

4. Талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

- мавҷуд будани хулосаи эксперти оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда;

- маълумот дар бораи таъмини техники ва технологии намуди дархостшудаи фаъолият.

БОБИ 44. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Аз рӯи зарурият Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад оид ба гузаронидани экспертизаи мустақили ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида қарор қабул намояд. Дар ин сурат қарори додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани хулосаи эксперти, вале на дертар аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарури қабул карда мешавад.

4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чҳумхурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад салоҳияти худро ба зиммаи мақоми ваколатдор, ки ба масъалаҳои муҳоҷират машғул аст, вогузор намояд.

5. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- нусхаи бо тартиби нотариали тасдиқшудаи созишнома (шартнома) бо корфармои хориҷи ва ё ташкилоти миёнарави хориҷи дар бораи бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;

- нусхаи иҷозатномаи корфармои хориҷи доир ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷи ба кор, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин давлат дода шудааст (агар дар ин давлат ин фаъолият иҷозатнома кунонида шавад);

- шахсони ҳуқуқи ва воқеии хориҷи ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза, нусхаи расмии феҳристи тиҷоратии давлати ҷойи истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақоми ҳуқуқиро мутобиқи қонунгузории давлати ҷойи истиқомат дар лаҳзаи таъсиси шахси ҳуқуқи бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои мазкур бо забони тоҷики (руси) пешниҳод менамоянд.

6. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба таври расми воридшави ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (доштани раводид ё қайд дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- намунаи шартномаи меҳнатии байни шаҳрванди хориҷи ва субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда, ки бо имзои роҳбар ва мӯҳри ташкилот тасдиқ шудааст.

7. Шарту талаботҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҷадвали штатии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани на кам аз як воҳиди кории мутахассиси дорои таҳсилоти оли ва ё миёнаи ҳуқуқшиноси;

- мавҷуд будани бино, таҷҳизот, маҳзани маълумоти таъминкунандаи алоқаи мунтазам бо биржаи меҳнати;

- вазъи молиявии қаноатбахш.

8. Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолият ҷиҳати бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз талабот ва шартҳои дар банди 7 ин боб нишондодашуда, шарту талаботи иловагаи зерин пешниҳод карда мешаванд:

- анкетаҳои ташкили манбаи маълумотии номзадҳо барои таъмини кор дар хориҷаро ройгон ба қайд гиранд ва ба шаҳрвандон пешниҳод намояд;

- муҳоҷирони меҳнатиро бо тартиби амалкунандаи давлати хориҷи ҷиҳати бо кор таъминкунии шаҳрвандони хориҷи дар ин давлатҳо ва муқаррароти қонунгузории муҳоҷират шинос намояд;

- бастани шартномаи меҳнатиро байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷи таъмин намояд ё бо супориши онҳо шартномаҳои меҳнатиро аз номи худ ба имзо расонда ба ҳар як нафар муҳоҷири меҳнати пеш аз сафар супорад;

- мутобиқи тартиби муқарраршуда барасмиятдарории шиносномаи хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои кор ба хориҷа мераванд, таъмин намояд;

- ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хоҳиши дар хориҷа иҷро намудани кори музднокро дорад бо шартҳои ҳамин Низомнома шинос намуда, суроға ва рақами телефонҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯ дастрас намояд;

- нусхаҳои шартномаҳои меҳнатии бо иштироки ӯ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷи басташуда ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаро маҳфуз дорад;

- ҳар семоҳа тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи харитаи баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнати ҳисобот пешниҳод намояд;

- то бастани шартномаи меҳнати байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷи, ғайр аз ҳаққи хизматрасонии бо кор таъминкуни пешпардохт нарӯёнад;

- ҳатман дар давоми як сол пас аз гирифтани иҷозатнома фаъолияти, бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали намояд;

- шартҳои созишномаи меҳнатии бо муҳоҷири меҳнати басташударо риоя намояд;

- дар мӯҳлати як моҳ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои меҳнатии дар асоси иҷозатнома бо кормандони хориҷи басташударо ба қайд гузорад;

- дар мӯҳлати 3 шабонарӯз дар мақомоти корҳои дохили ба қайд гузоштани шаҳрвандони хориҷии дар асоси шартнома барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда;

- ҳар семоҳа тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнати ҳисобот пешниҳод намояд.

9. Дар иҷозатнома ҳатман номи давлате, ки дар он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд, нишон дода мешавад.

10. Бо дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи шартномаҳои байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармоёни хориҷи басташударо намояндагии аккредитатсияшудаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷа гузаронида метавонад.

11. Дар иҷозатномаи фаъолият оид ба ҷалб кардани қувваи кории хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ихтисоси кормандон ва давлати истиқомати доимии онҳо дарҷ карда мешавад.

12. Боздоштани амали иҷозатнома, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи бо муҳоҷири меҳнати басташударо қатъ намесозад.

БОБИ 45. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти оид ба парвариши ҳайвоноти хушзот, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти чорвои хушзот

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба парвариши ҳайвоноти хушзот, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти чорвои хушзот (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди ба ҷо оварда шавад).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- маълумот дар бораи ихтисоси довталаби иҷозатнома;

- хулосаи хадамоти давлатии байтори дар бораи вазъи эпизооти.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномави (барои субъектҳои зотпарварии амалкунанда):

- мавҷуд будани сертификат ё шаҳодатномаи зоти;

- хулоса оид ба пайдоиши генетики.

БОБИ 46. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти истеҳсоли тухмии элита ва репродуктивӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти истеҳсоли тухмии элита ва репродуктиви.

3. Иҷозатнома бо риояи муқаррароти қисми умумии ин Низомнома дода мешавад.

БОБИ 47. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байторӣ

1. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии байтори.

2. Фаъолияти хусусии байтори корҳои зеринро дар бар мегирад:

- фаъолияти хусусии табобати-пешгирикуни, оид ба ҷарроҳи, акушери-гинекологи;

- истеҳсол ва фурӯши маводи биологии байтори, воситаҳои дорувории таъиноти байтори, хӯроквори ва иловаҳои хӯроки чорво.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

- хулосаи хадамоти санитарию эпидемиологи оид ба мутобиқати биноҳо (истеҳсоли, анборҳо, идорави), иншоот, таҷҳизоти раванди технологи истеҳсоли ба меъёру қоидаҳои санитари;

- хулосаи мақомоти оташнишони дар бораи ҷавобгӯ будани биноҳо (истеҳсоли, анбори, идорави ва ғ.) ва таҷҳизот ба талаботи пешбарии ин намуди фаъолият;

- маълумот дар бораи базаи истеҳсоли- техники;

- хулосаи мақомоти дахлдори корҳои дохили ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати техникии биноҳо барои нигоҳдории маводҳои таъсирашон сахт ва таҷҳизонидани онҳо бо воситаи сигналдиҳи;

- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии дорувории соҳаи байтори, ки аз тарафи Маркази давлатии экспертиза, сертификатсияи маҳсулоти фармасевти, техникаи тибби, таҷҳизоти таъиноти тибби ва санитарию гигиени, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактики, иловагиҳои ғизои ва маводи косметикии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

- ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани таҳсилоти миёна ё оли дар соҳаи байториро тасдиқ мекунад.

БОБИ 48. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти тамоку

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истеҳсоли маҳсулоти тамоку.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани иҷозатнома заруранд:

- шиносномаи корхона;

- хулосаи мақомоти назорати санитарию эпидемологи;

- хулосаи мақомоти оташнишони;

- сертификати мутобиқат аз рӯи нишондодҳои бехатари ба маҳсулот, ки мақомоти сертификатсия ва метрология бо тартиби муқарраргардида додаанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

- риояи технологияи истеҳсолот;

- риояи қоидаҳои тамғакунони ва фурӯш.

- дар моликияти довталаби иҷозатнома ё бо дигар асоси қонуни мавҷуд будани фондҳои асоси (воситаҳо), иморатҳо, иншоотҳо, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои амали намудани фаъолияти мазкур;

- ба талаботи истеҳсоли маҳсулоти тамоку мувофиқ будани таҷҳизоти технологи.

БОБИ 49. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқии пулакӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: расонидани ёрии ҳуқуқии пулаки.

2. Фаъолияти соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқии пулаки корҳои зеринро дар бар мегирад:

- расонидани ёрии ҳуқуқии пулаки ба воситаи амали намудани фаъолияти адвокати (адвокати ваколатдор);

- расонидани дигар ёрии ҳуқуқии пулаки, ба истиснои намояндаги аз манфиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1) Барои шахсони воқеи:

- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олии ҳуқуқшиноси;

- нусхаи бо тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи дафтарчаи меҳнати, ки доштани собиқаи кории на камтар аз як солро аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиноси тасдиқ мекунад;

2) Барои шахсони ҳуқуқи:

- варақаи шахсии роҳбар ва кормандон-ҳуқуқшиносони шахси ҳуқуқи;

- нусхаи варақаи тасдиқгардидаи гузаштани аттестатсия ё имтиҳони тахассусии кормандон;

- дар штати шахси ҳуқуқи мавҷуд будани на камтар аз се ҳуқуқшиноси дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиноси.

БОБИ 50. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи маориф

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи маориф; (ташкилоту муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таҳсилии ҳама дараҷаҳои таҳсилоти миёна, оли, касбии баъди мактаби оли ва таҳсилоти дахлдори иловаги, аз он ҷумла таҳсилоти миёнаи пурраи иловаги ва ҳамчунин муассисаҳои томактаби ва тарбиявии бачагонаро амали мегардонанд).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимии литсейҳои мустақил, гимназияҳо, мактаб-интернатҳо, коллеҷҳо, мактабҳое, ки аҳамияти ҷумҳурияви доранд, мактабҳои оли ва миёнаи касби, аспирантура (ординатура), докторантура, донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии кадрҳо, литсейҳои техники, омӯзишгоҳҳои касбию техники, ташкилоту муассисаҳои таълимии илми, ташкилоту муассисаҳои таълимии муштараки байналмилали ва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи таъсисёфта аз тарафи мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои иштирокчии Шартнома дар бораи Идтиҳоди гумруки ва фазои ягонаи иқтисоди бо тартиби қонунгузории давлати мактаби олии муассис бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

5. Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатии томактаби, марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактаби, мактаб-интернатҳо, литсею гамназияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд (ба истиснои ташкилоту муассисаҳои дар банди 3 ҳамин боб нишон додашуда), мувофиқан аз тарафи идора ё шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳия амали карда мешавад.

6. Иҷозатнома ҳуқуқи амали гардонидани корҳои таълимиро фақат ба он равия, ихтисос, дараҷа, мӯҳлат, шакли таълим, миқдори ниҳоии муҳассилин ва дигар нишондодҳо медиҳад, ки дар замимаи он зикр гардидаанд.

7. Ба намудҳои зерини корҳо иҷозатнома дода намешавад:

- фаъолияти таълими дар шакли лексияҳои яквақта, коромӯзи, семинарҳо ва дигар намудҳои омӯзиш, ки дар онҳо аттестатсияи ҷамъбасти ва додани ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот ва дараҷаи тахассуси сурат намегирад;

- фаъолияти меҳнатии инфиродаи омӯзгорон, аз ҷумла дар соҳаи тайёрии касби.

8. Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии ташкилоту муассисаҳои таълимии дини (машғул ба таълими рӯҳони) ва аз ҷониби ташкилоти (иттиҳодияҳои) дини таъсисёфта аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи дахлдор, вобаста ба дараҷаи амали намудани барномаи таълими, ба амал бароварда мешавад.

9. Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълими замима дорад, ки дар он нишон дода мешавад:

- номгӯи барномаҳои таълими, самт ва ихтисосҳои тайёркуни, ки аз рӯи онҳо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълими, дараҷа ва мӯҳлати меъёрии азхудкуни дода мешавад;

- дараҷаи тахассуси, ки баъди ба охир расидани барномаи таълими ба хатмкардагони ташкилоти таълими дода мешавад;

- меъёрҳои назорати ва шумораи ниҳоии хонандагон, тарбиятгирандагон, ки ба меъёрҳои таълими рӯзона мувофиқ гардонида шудааст.

10. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

- ариза бо нишон додани номгӯи барномаҳои таълими, самт ва ихтисосҳои тайёр кардашаванда;

- ташкилоту муассисаҳои таълимии таҳсилоти касби нусхаи қарори шӯрои илми (педагоги), дар бораи имконияти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи барномаи асоси ва иловагии таълими, ки барои иҷозатномагири пешниҳод намудааст; ташкилоту муассисаҳои касбии таълимии дини (машғул ба таълими рӯҳони) ва муассисаҳои таълимии ташкилоти (иттиҳодияҳои) дини таъсисёфта дархости роҳбарияти равияҳои диниро пешниҳод менамояд;

- ташкилоту муассисаҳое, ки дар таркиби худ сохторҳои (гурӯҳҳои) таълими дорад ва ба тайёр намудани мутахассисони касби машғул аст, бо тартиби муқарраршуда ба тарзи илова нусхаи низомномаи тасдиқкардашудаи ин сохторҳоро (гурӯҳҳоро) пешниҳод менамояд;

- маълумот дар бораи сохтори ташкилоту муассисаи иҷозатномагиранда, пурра будани ҷадвали штати, шумораи тахминии хонандагон ва тарбиятгирандагон;

- маълумот дар бораи биноҳо, иншоотҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш, тайёрии ибтидоии ҳарби, хобгоҳ, дар бораи таъмин будани хонандагон, тарбиятгирандагон ва кормандон бо хӯрок ва хизматрасонии тибби бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқии соҳиби намудан, истифода бурдан ё ихтиёрдори намудани бино дар давраи мӯҳлати амали иҷозатнома;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологи ва оташнишони дар бораи мувофиқ будани бинои истифодашаванда барои татбиқи раванди таълим;

- маълумот дар бораи таъминот бо адабиёти таълими ва таҷҳизоти моддию техники;

- маълумот дар бораи таъминоти кадрии раванди таълим, дараҷаи омӯзгории кормандони педагоги ва шароитҳои ба фаъолияти меҳнати ҷалб кардани онҳо (барои довталабони иҷозатнома, ки мақсади тайёр намудани кадрҳоро баъди таҳсилоти олии касби доранд, маълумот дар бораи роҳбарони илми);

- созишнома ва қарори мақоми идоракунии давлатии маорифи давлати таъсисдиҳандаи мактаби оли ва давлате, ки дар он филиали ин мактаби оли ташкил карда шудааст (барои филиалҳои мактабҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил);

- нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаи таълимии касби татбиқ карда мешавад;

- хулосаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилоту муассисаҳои касбии дини (машғул ба таълими рӯҳони) ва аз ҷониби ташкилоти (иттиҳодияҳои) дини таъсисёфта.

11. Барои гирифтани иҷозатнома ташкилоту муассисаҳои таълимии миёна, оли, таҳсилоти иловагии касби, ки технологияи таҳсилоти фосилавиро истифода мебаранд, иловатан ба номгӯи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои зайлро пешниҳод менамоянд:

- маълумоти умуми дар бораи ташкилоту муассисаи таълими, филиал ва намояндагиҳои он;

- нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаҳои таҳсилоти касбии таълими фосилави ба амал бароварда мешавад;

- маълумот дар бораи таъмин будан бо технологияи ахборотии замонави;

- маълумот дар бораи таъмин будан бо лабораторияҳои махсус, аудитория, кабинетҳо, заминаи чопкуни.

12. Комиссияи иҷозатномадиҳи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашударо таҳлил намуда, дар ҷояш ташхиси заминаҳои модди, техники, кадри, илми, илми-методи, имкониятҳои молияви, таъминот бо адабиёт, барномаҳои таълимии касби, тайёрии муассисаи таълимиро оид ба қабули хонандагону донишҷӯён мегузаронад.

13. Комиссияи иҷозатномадиҳи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоту муассисаҳои таълимии довталаби иҷозатномаро таҳлил намуда, мувофиқати онро ба меъёрҳои мавҷуда муайян мекунад ва дар асоси он ба мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба идораҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия хулоса (мусби ё манфи) пешниҳод менамояд.

14. Қарор дар бораи додан ва надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда дар асоси хулосаи комиссияи иҷозатномадиҳи ва қарори Шӯрои мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия қабул карда мешавад. Пас аз ин ҳуҷҷати дахлдор таҳия карда мешавад.

15. Қарори мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи фармон дар бораи додани иҷозатнома ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи (шӯъбаи) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия мутаносибан ба сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шӯро ва имзо гардидани фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идора ва мудири шӯъбаи маориф ба ташкилоту муассисаи таълими иҷозатнома бо замимаи он дода мешавад.

16. Иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилоту муассисаи таълими аз рӯи барномаҳои нави таълими, новобаста аз иҷозатномаи қаблан додашуда барои пешбурди фаъолияти таълими аз рӯи барномаҳои таълимии дигар гузаронида мешавад. Дар ин сурат иҷозатномагир ариза ва ҳуҷҷатҳоро аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 боби мазкур пешбинишуда, ки номгӯи онҳоро мақоми иҷозатномадиҳанда муайян мекунад, пешниҳод менамояд.

Номгӯи барномаҳои нави таълими ба замимаи иҷозатномаи амалкунанда ҳамроҳ карда мешавад.

17. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро оид ба татбиқи фаъолияти таълими, ки дар замимаи иҷозатнома нишон дода шудааст, пурра ва ё қисман аз рӯи барномаҳои алоҳида боз дорад.

БОБИ 51. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чакана, гузаронидани амалиёти бонки бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда:

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чакана;

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста гузаронидани амалиёти бонки бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо.

3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

1) Барои шахсони ҳуқуқи:

- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодаи бино, ки дар он анҷомдиҳии фаъолият пешбини шудааст;

- маълумотнома аз мақомоти корҳои дохили дар бораи таъмини бехатарии бинои кори ва санҷиши коргарон ба системаи иҷозатдиҳи;

- мавҷудияти тарозуи махсус барои баркашидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маълумотнома дар бораи дурустии тарозу;

- мавҷудияти таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои кор зарури;

- барои коркарди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо: печҳои муфели, шкафҳои ҳавокаш, сейфҳо ва дигар асбобҳои лозими;

- барои рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо: микроскоп, печҳои муфели, шкафҳои хушккуни, дастгоҳҳои арракуни ва дигар асбобҳои лозими;

- барои хариду фурӯши яклухт ва чакана: сейфҳо, мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали;

- барои аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо: сейф, дастаи сӯзанҳои маҳаки, реактивҳои маҳаки, рефрактометрҳо, заррабин ва дигар асбобҳои лозими;

- маълумот дар бораи тахассуси касбии кормандони довталаби иҷозатнома.

2) Барои соҳибкорони инфироди:

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи истифодабарии бинои кори, ки дар он анҷом додани фаъолият дарназар дошта шудааст;

- барои аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастпораҳои онҳо мавҷуд будани асбобҳо ва таҷҳизотҳои зарури, ки дар сархати чоруми зербанди 1 банди 3 ин боб нишон дода шудаанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи барои муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

- доштани тамғаи давлатии маҳак дар маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ё сертификати мутобиқат (барои хариду фурӯши яклухт ва чакана);

- мавҷудияти бинои мувофиқ ва шароити нигоҳдори ва фурӯш.

5. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи барои гузаронидани амалиёти бонки бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

- мавҷудияти ҳуҷраҳо (хазинаҳо), ки бе осеб нигоҳ дошта шудани дороиҳо ва шароити зарурии кор бо онҳоро таъмин менамоянд;

- таҷҳизоти техникии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки (мавҷуд будани асбобҳои вазнсанҷи ва таҷҳизоти дигар);

- вазъи устувори молиявии бонк (ташкилоти молиявии ғайрибонки).

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми додани иҷозатнома вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо; аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо ҳуқуқ дорад:

- бо мақсади дар ҷояш гузаронидани санҷишҳо оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда, экспертизаҳо анҷом диҳад;

- ҳайат ва дастури кори экспертҳоро оид ба иҷозатномадиҳи муайян намуда, экспертҳоро ҷиҳати гузаронидани экспертизаҳо дар ҷояш сафарбар созад.

БОБИ 52. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали.

2. Фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали корҳои зеринро дарбар мегирад:

- истеҳсол намудани барномаҳои телевизион ва радио;

- пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио;

- истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали (истеҳсоли маҳсулоти овози (фанограмма): визуалию аудиовизуали).

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кумитаи телевизион ва радио метавонад ваколати иҷозатномадиҳиро ба сохторҳои тобеи дахлдор вогузор намояд.

5. Тартиби мазкур ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти радиотелевизион бо истифодаи мавҷ, кабел, ноқил, радиф, бисёршабакаи рақами (мултимеди) бо дарназардошти Интернет ва дигар шабакаҳои электронии ахбори омма, инчунин ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти овози (фанограмма), визуали, аудиовизуали дар ҳар гуна нямудхою врейтаҳои сабту навор бо пурраги истифода бурда мешавад.

6. Тартиби мазкур ба истиснои фаъолияти ташкилотҳои радиотелевизионие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, инчунин системаи радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсоли, технологи, таълими, илми ва хизмати) ба ғайр аз системаҳои махсус дар, меҳмонхонаҳо, комплексҳои меҳмонхонави, хонаҳои истироҳат, дигар хонаҳову истироҳатгоҳҳо, ки барои қабули умумии пулаки ташкил карда шудаанд, ҳама намудҳо ва зернамудҳои фаъолияти соҳаи телерадиоро фаро мегирад.

7. Ташкилкунандагони системаҳои радиотелевизионии шакли пӯшида, (истеҳсоли, технологи, таълими, илми, хизмати ва ғайра), ки бе иҷозатнома фаъолият менамоянд, вазифадоранд оид ба системаи ташкил намудаашон на дертар аз си рӯз ба мақоми иҷозатномадиҳанда дар шакли хатти бо нишон додани маълумотҳои зерин огоҳинома ирсол намоянд:

- шахси масъули амалигардонандаи чунин фаъолият;

- минтақаи хизматрасонии шабака бо нишон додани ҳадди аксари истеъмолкунандагон;

- мавзӯи намунави ва тахассуси шабака.

8. Додани иҷозатнома дар сурати маҳдуд будани басомади радиои дар минтақаи талабкардашаванда бо таври озмун тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

9. Барои гирифтани иҷозатнома аризаи шакли махсус пешниҳод мешавад, ки дар он бояд маълумотҳои зерин нишон дода шуда бошанд:

- номи ташкилоти радиотелевизион, реквизитҳо, маълумот дар бораи рамзҳо (сараҳбор, нишон, ороиш);

- забони (забонҳои) пахши барномаҳо;

- намуди фаъолият (телевизиони, радиои, истеҳсоли маҳсулоти овози, визуали, аудиовизуали ва дигар);

- даврияти пахш (шабонарӯзи, ҳаррӯза ва ғайра дар соат ва дар шабонарӯз);

- мақсадҳо ва вазифаҳои барномавии пахш, мавзӯи намунави ва тахассуси барномаи телевизиони ё радиои, ҷадвали пахш, намуди маҳсулоти овози, аудиовизуали);

- аудитория (ҳудуди фарогирии пахш, (шаҳр, ноҳия ва ғайра) категорияи бинандагон ва шунавандагон, ки пахш ё истифодаи маҳсулоти аудиовизуали ба онҳо нигаронда шудааст);

- усули пахш (мавҷи, кабели, мултимеди, ноқили ва ғайра).

10. Ба ариза ҳуҷҷатҳои иловагии зерин замима карда мешаванд:

- номгӯи воситаҳои технологии истифодашаванда бо мақсадҳои радиотелевизиони, истеҳсоли маҳсулоти овози, аудиовизуали;

- маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои асосии техникии воситаҳои таҳияи барномаҳои телевизиони ва радиои, маҳсулоти аудиовизуали;

- маълумот дар бораи манбаи таъминоти молияви;

- маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатномаи пештаргирифташудаи аризадиҳанда барои фаъолият дар соҳаи радиотелевизион ва дар бораи таъсиси воситаҳои ахбори умум аз ҷониби онҳо, инчунин номгӯи воситаҳои ахбори умум (ташкилотҳо), ки аризадиҳанда ҳаммуассис ё дорандаи пакети саҳмияҳо мебошад;

- сертификати мутобиқати нишондиҳандаҳои (имконияти) истифодаи дастгоҳҳо бо талаботҳои меъёри;

- маълумот дар бораи пахш намудани ахбороти иловаги ва дуюмбора, ки дар таркиби сигнали барномаҳо пахш мегарданд;

11. Иҷозатнома дар сурати мавҷуд набудани басомади озоди пахш дар минтақаи аризадиҳанда дода намешавад.

12. Пахш намудани (пахш ва пахши интиқоли) барномаҳои ташкилотҳои радиотелевизиони хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи мақоми иҷозатномадиҳанда ва дар асоси созишномаҳои байнидавлати дар бораи ҳамкори дар соҳаи телевизиону радио ва мутобиқи қарордоди байни ташкилотҳои радиотелевизионии ватани ва хориҷи сурат мегирад.

13. Ташкилотҳои радиотелевизионе, ки воситаҳои пахшкунандаи худро доранд ва иҷозатнома гирифтаанд, бояд барои гирифтани иҷозатномаи дахлдор ҷиҳати истифодаи басомади радиои ба Вазорати алоқа муроҷиат намоянд.

14. Ба ғайр аз талаботи муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пахши радиотелевизиони ва дигар воситаҳои ахбори умум, иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио шартҳои зерин дорад:

- дорандаи иҷозатнома (ташкилоти радиотелевизиони) дар ҷараёни фаъолияти худ бе розигии мақоми иҷозатномадиҳанда набояд тахассуси худ ва ҳаҷми пахшро тағйир диҳад;

- дорандаи иҷозатнома ҳуқуқи иваз кардани шабакаи пахш (басомади пахш), иқтидори дастгоҳи пахшкунанда ва дар ҳудуди бештар аз нишондоди иҷозатнома пахш намудани барномаҳои радиотелевизионро надорад;

- маводу маҳсулоти радиотелевизиони ё аудиовизуалии паҳншавандаи дорандаи иҷозатнома бояд бо риояи талаботи технологи истеҳсол шавад;

- воситаҳои техникии дорандаи иҷозатнома набояд барои бинандагон ва шунавандагон мамоният, таҳриф ва дигар нобоби ба миён орад;

- дорандаи иҷозатнома барномаро набояд бо забони дар иҷозатнома нишон дода нашуда пахш намояд;

- дорандаи иҷозатнома ҳақ надорад дар таркиби сигнали барномаҳо хабари иловаги ва дуюмбораро пахш намояд, агар он дар иҷозатнома дарҷ нашуда бошад, ғайр аз хабари ба мазмуни барномаи асоси вобаста буда;

- ба дигар шахс гузашт кардани иҷозатнома, ҳамчунин ба фурӯши иҷозатнома дар соҳаи радиотелевизион роҳ дода намешавад.

15. Шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванд ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи телевизион ҳақ надоранд. Ташкилотҳои радиотелевизионии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванд назоратшаванда низ соҳиби иҷозатнома шуда наметавонанд. Дар ин ҷо дар зери мафҳуми назорат таъсири ҳалкунанда доштан дар қабули қарорҳо фаҳмида мешавад.

БОБИ 53. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба намоиши омавии кино ва филмҳои видеоӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: намоиши омавии кино ва филмҳои видеои.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Иҷозатнома бо риояи талаботи қисми умумии ин Низомнома дода мешавад.

БОБИ 54. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти дар соҳаи алоқаи почта

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи почта.

2. Фаъолият дар соҳаи алоқаи почта корҳои зеринро дар бар мегирад:

- қабул, коркард ва ирсоли муросилоти дохилиҷумҳурияви ва мактубҳои байналмилали (одди, фармоиши, баҳодор);

- қабул, коркард ва ирсоли баргаҳои (карточкаҳои) почта (одди, фармоиши);

- қабул, коркард ва ирсоли бастаҳо (бандеролҳо) (одди, фармоиши, баҳодор);

- қабул, коркард ва ирсоли равонакҳо (посылкаҳо) (маъмули, баҳояш эълоншуда);

- қабул ва ирсоли ҳаволапулиҳо (тавассути почта, тавассути телеграф);

- қабул ва ирсоли нашрияҳои даври (рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва ғайра);

- хизмати почтаи тезгард (курери).

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Иҷозатнома бо риояи талаботи қисми умумии ин Низомнома дода мешавад.

ФАСЛИ III. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амали карданашон иҷозатнома зарур аст

БОБИ 55. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои кредитӣ (аз ҷумла ташкилотҳои ғайрибонкӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ташкилотҳои кредити (аз ҷумла ташкилотҳои ғайрибонки).

2. Фаъолияти ташкилотҳои кредити корҳои зеринро дар бар мегирад:

- фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки;

- фаъолияти ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд.

3. Дар иҷозатнома амалиёти бонки ва навъҳои фаъолияти дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" ва моддаҳои 20, 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" пешбинишуда, ки бонк, ташкилоти молиявии ғайрибонки, ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд барои анҷом додани онҳо ҳуқуқ доранд, инчунин асъоре, ки ин амалиёт ва навъҳои фаъолият бо он анҷом дода мешаванд, нишон дода мешаванд.

4. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

5. Шарту талаботи иловагии додани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият ба сифати бонк, ташкилоти молиявии ғайрибонки, ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд:

- мутобиқати кормандони роҳбарикунанда ба талаботи тахассуси (ба истиснои ташкилотҳои қарзии хурд);

- вазъи қаноатбахши молияви ва дар назди буҷет қарздор набудани бонк (ба истиснои ташкилотҳои қарзии хурд);

- ташаккули пурраи ҳадди ақали сармояи оинномави, ки барои чунин навъи ташкилот қонун муқаррар кардааст;

- мутобиқати бино (иморат), хазина, таҷҳизоти техникии истифодашаванда ба талаботи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Мутобиқати кормандони роҳбарикунандаи бонк, ташкилоти молиявии ғайрибонки, ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд ба талаботи тахассуси аз ҷониби комиссияи тахассусие, ки бо тартиби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил ёфта, амал мекунад, муқаррар карда мешавад.

6. Барои тасдиқи мувофиқати талабот ва шартҳои дар боло номбаршуда довталабони иҷозатнома илова ба ҳуҷҷатҳое, ки дар боби 7 Низомномаи мазкур нишон дода шудаанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро вобаста ба банди 5 боби мазкур пешниҳод мекунанд. Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати анҷом додани фаъолият ба сифати бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки довталабони иҷозатнома ба мақоми иҷозатномадеҳ нақшаи тиҷорати пешниҳод мекунанд.

7. Барои анҷом додани фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ташкилотҳои амонатии кредитии хурд бо асъори хориҷи гирифтани замимаи иловаги ба иҷозатнома ва мувофиқати онҳо ба талаботи зерин зарур аст:

- анҷом додани фаъолият дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як сол;

- мавҷудияти мутахассисони (коршиносони) дахлдор ва таҷҳизоти коммуникатсияи ҳозиразамон;

- фаъолияти безиён ва иҷрои талаботи меъёрҳои иқтисодие, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

8. Гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти пешбиникардаи боби мазкур аз тарафи шахсони ҳуқуқи бо иштироки сармояи хориҷи ё шӯъбаҳои шахсони ҳуқуқии хориҷи, ба ғайр аз риояи талаботҳои дар ин боб пешбинишуда, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки" амали карда мешавад.

9. Ариза барои додани иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома аз тарафи Идораи назорати бонки ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон барраси гардида, дар асоси хулосаҳои он Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома ё рад кардани додани иҷозатнома қарор қабул менамояд.

10. Барои додани иҷозатнома ба андозаи биступанҷ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ гирифта мешавад.

БОБИ 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти вобаста ба ҳифзи сирри давлати.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон.

3. Иҷозатнома ба ин намудаи фаъолият дар асоси натиҷаҳои экспертизаи махсус дар мақомоти ҳокимияти давлати ва ташкилотҳо новобаста ба шакли моликият ва аттестатсияи роҳбарони онҳо, инчунин экспертизаи воситаҳои техники, барномави ва дигар воситаҳои ҳифзи иттилоот ва воситаҳои назорати самаранокии ҳифзи иттилоот, ҳуҷҷатгузории техники ва истифодбарандашавандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки дорои сирри давлати мебошанд, дода мешавад.

Экспертизаи махсусро Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии вай бо роҳи санҷиши талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва ҳуҷҷатҳои методи оид ба реҷаи махфи, инчунин риояи дигар шартҳое, ки барои иҷозатномаи дахлдор заруранд, мегузаронад.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

- фаъолият метавонад танҳо дар объектҳои аттестатсиякардашуда, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот мутобиқанд, амали карда шавад;

- асбобҳо, таҷҳизотҳои техники ва электрони бояд барои мутобиқат сертификатсия карда шаванд, асбобҳо ҳамчунин бояд дар мақомоти стандартизатсия ва метрология санҷида шаванд;

- ҳайати кормандон бояд аттестатсия карда шаванд ва ба маълумоти дорои сирри давлати иҷозат дошта бошанд;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологиро дошта бошанд;

- ҳуҷҷати меъёрии (акти экспертизаи) Бозрасии давлатии алоқаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои афканишоти электромагнитии иловагии шахси дошта бошад;

- нақшаи шабакаҳои муҳандиси (қувваи барқ, алоқа, обистифодабари, обрасони, богармитаъминкуни, сигнализатсияи зиддисӯхтори ва посбони, шабакаи маҳаллии радиои) мавҷуд бошад.

5. Иҷозатномадор нақшаи кории худро бо Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд ва дар бораи корҳои анҷом додашуда ҳар моҳ ба вай ҳисобот пешниҳод менамояд.

6. Фаъолияти вобаста ба ҳифзи сирри давлати барои эҳтиёҷоти худии ташкилотҳои ҳама гуна шакли моликият иҷозатнома кунонида намешавад.

7. Иҷозатномадор ҳангоми дар объектҳои фаъолияташ ошкор намудани вайронкуниҳои меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот ба Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

8. Ба сирри давлати рухсат додани шахсони мансабдор, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

9. Барои додани иҷозатнома ба андозаи дувоздаҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

БОБИ 57. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор.

2. Фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор корҳои зеринро дарбар мегирад:

- истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши яклухти спирти этили;

- истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши яклухти машрубот;

- фурӯши чаканаи машрубот (инчунин дар шакли рехта);

- истеҳсол, содироту воридоти пива;

- истеҳсол ва фурӯши яклухти маҳсулоти спиртдор.

4. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

1) барои истеҳсолкунандагон:

- шиносномаи завод;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемологи;

- хулосаи мақомоти оташнишони;

- сертификати мутобиқат оид ба нишондиҳандаҳои бехатари, ки бо тартиби муқарраргардидаи мақомоти сертификатсия ва метрология дода шудааст;

2) барои фурӯши чакана:

- қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати оид ба муайян намудани ҷои фурӯши чаканаи машрубот.

5. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

1) барои истеҳсолкунандагон:

- риояи технологияи истеҳсолот;

- ҳисоботи дақиқ оид ба истеҳсол, бақияи спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

- риояи қоидаҳои тамғакуни ва фурӯш.

- дар моликият ва ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани фондҳои асоси (воситаҳо), биноҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои анҷомдиҳии фаъолияти дахлдор;

- таҷҳизоти технологи бояд ба талаботи истеҳсоли пива, шампан, арақ, коняк, спирти этили ва дигар маҳсулоти спиртдор мувофиқ бошад;

- мавҷуд будани ченкунакҳо дар хатҳои технологи, ки миқдори истеҳсолотро муайян месозад ва барои андозбанди мусоидат мекунад;

- риоя намудани стандартҳои давлати ва шартҳои меъёрҳои техники;

- мақсаднок истифода бурдани спирти этили;

- амалигардонии фаъолияти иҷозатномави дар муддати на камтар як сол пас аз гирифтани иҷозатнома.

2) барои фурӯши чаканаи машрубот:

- мавҷуд будани сертификати мутобиқат барои фурӯши машрубот;

- мавҷуд будани тамғаҳои аксизи ба машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

- дар моликият ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани иморатҳо, магазинҳо, дӯконҳо, анборҳо, нуқтаҳо ё ошхонаҳои хӯроки умуми;

- шароити мувофиқи биноҳои савдое, ки бехатарии муҳити зист, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин кафолати сифати машруботро таъмин менамояд;

- мавҷуд будани счет-фактура;

- фурӯхтани машрубот бо тамғаҳои аксизи.

6. Андозаи ҳақи иҷозатномадиҳи барои ташкилотҳое, ки фаъолияти истеҳсол ва фурӯши яклухти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ба андозаи ҳафтоду шаш ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад. Барои ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди, ки фурӯши чаканаи машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, барои додани иҷозатнома ба андозаи дувоздаҳ ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар соли амали иҷозатнома ҳақ муқаррар мешавад.

БОБИ 58. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти дар соҳаи алоқаи барқӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи.

2. Иҷозатнома барои амали намудани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи умуми ва инфироди мешаванд.

1) Иҷозатномаи намувави дарбар мегирад:

- хизматҳои алоқаи радифии глобалии шахси (персонали);

- хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳри тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳои алоқаи телефонии байналмилали тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳои алоқаи транки (бо ҷудонамои аз рӯи ҳар як стандарт);

- хизматҳои хадамоти телематики (ба истиснои IР-телефония), тибқи тавсияи Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқи ҷиҳати хадамоти телематики (ИБАБ-Т), тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфи ва IР- телефония) тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳо, ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо дастгоҳҳои алоқаи барқи, радиоалоқа, радиошунавони ва телевизион;

- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии Стансияҳои автоматикии телефонии хурд (мини АТС-ҳо);

- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектрони (радиостансияҳо, телефонҳои радифи ва радиои, стансияҳои рӯизамини, радиомодемҳо ва ғайра).

2) Иҷозатномаи инфироди дарбар мегирад:

- банақшагири, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо шоҳроҳҳои алоқа);

- хизматҳои алоқаи телефонии маҳалли;

- хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳри;

- хизматҳои алоқаи телефонии байналмилали;

- хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфи ва IР-телефония);

- хизматҳои алоқаи кандуии мутаҳаррики истифодаи умум, бо ҷудонамои аз рӯи ҳар як стандарт;

- хизматҳои радиодаъвати шахси (персонали);

- хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио.

3. Мақоми иҷозатдиҳанда: Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дар варақаи иҷозатнома илова бар маълумотҳои дар банди 1 боби 3 ин Низомнома мавҷудбуда нишон дода мешаванд:

- категорияи иҷозатнома (намунави ё инфироди);

- рақами телефонҳо, факс, Е-mail;

- ҳудуди амали иҷозатнома;

5. Иҷозатномаи намунави талаботҳои иловаги ва шартҳои зерин дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои дар доираи иҷозатнома амали намудани он иҷозат дода мешавад;

- ҳудуде, ки дар он амали намудани фаъолияти иҷозатномашаванда иҷозат дода мешавад:

- мӯҳлати амали иҷозатнома;

- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот аз рӯи шаклҳои аз ҷониби мақоми иҷозатномадиҳанда муқарраргардида оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохти маблағи иҷозатномави барои додани иҷозатнома;

- таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;

- ба маълумоти истифодабарандагон расонидани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти иттилооти, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри гуфтугӯи телефони, иттилооти телеграфи ва дигар ахбороти тавассути шабакаҳои алоқа додашаванда, амнияти иттилооти, аз ҷумла амният ва ҳифзи объект ва иншооти алоқа;

- пешниҳод намудани иттилооти дархосташаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор.

6. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст хизматрасониро на дертар аз се моҳи пас аз гирифтани иҷозатнома шурӯъ намояд.

7. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар ҳар як семоҳа на дертар аз рӯзи 10 моҳи авали семоҳаи баъдина ба мақоми ваколатдор ҳисоботи молиявию омори аз рӯи шаклҳои муқарраргардида пешниҳод намояд.

8. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст сирри махфии ахбороти тавассути шабакааш додашаванда, инчунин дигар ахбори ба он дахлдоштаро, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфуз дорад.

9. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасони ба истифодабарандагон мавҷуд будани нусхаи иҷозатномаҳоро таъмин намояд.

10. Иҷозатномадор бо дархости мақоми иҷозатномадиҳанда бояд дар бораи ҳолат ва андозаи хизматгузориҳои пешниҳодшаванда дар мӯҳлати муқарраркардаи мақоми иҷозатдиҳанда ахборот пешниҳод намояд.

11. Иҷозатномаи инфироди шартҳои зайл дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки ба амал баровардани он дар доираи иҷозатнома роҳ дода мешавад;

- ҳудуде, ки дар он фаъолияти иҷозатномашуда татбиқ карда мешавад;

- тавсифоти техникии таҷҳизот (меъёру стандартҳо), воситаҳои алоқа, ки ҷиҳати бунъёди шабака ва иншоот истифода мешаванд;

- номинал ё минтақаи радиобасомади (рақами каналҳои телевизион, номи стандартҳои радиои алоқаи мутаҳаррик ва дастрасии бесим ва ғайра) ҷудокардашуда;

- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот тибқи шаклҳои муқарраргардидаи мақоми иҷозатномадиҳанда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохтани маблағҳои ҳақи иҷозатнома барои додани иҷозатнома;

- нақшаи ташкил ва дурнамои рушди шабака (азхудкунии масоҳати фарогири, тавсияи иқтидори фиристанда, теъдоди муштариён ва ғайра);

- таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини меъёрҳои муқарраргардидаи сифати хизматрасониҳо;

- тартиби васли шабакаи иҷозатномадор ба шабакаи истифодаи умум;

- тартиби гузаронидани графики телефонии байнишаҳри ва байналмилали, истифодабарии рамзҳои (коди) телефон, рақамҳо;

- талаботи таъмини кори воситаҳои алоқа ба манфиати амният ва мудофиаи давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои махсусан муҳими ҷамъиятию сиёси, аз ҷумла таъминоти техникии системаи чораҳои фаврию (оперативию) ҷустуҷӯи;

- тартиби истифодаи номиналҳои таъиншуда ё қитъаи радиобасомад;

- ба истифодабарандагон хабар додани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти истеъмоли, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори умум;

- таъмини сирри (маҳрамияти) гуфтугӯи телефони, телеграфи ва ғайра ахбороти тавассути шабакаи алоқа додашаванда, амнияти иттилоот, аз ҷумла амният ва ҳифзи объектҳо ва иншоотҳои алоқа;

- омодасози ва тахмини кори шабакаҳои алоқа ҳангоми вазъияти фавқулодда;

- тарҳрези ва сохтмони шабакаҳо, иншоот ва объектҳои алоқа;

- таъмини ҳамоҳанги бо системаи идораи фаврию (оперативию) техники;

- пешниҳоди иттилооти дархостшаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- мавҷуд будани хулосаи техникии мақоми ваколатдор барои истифодабарии шабака, густариши он ва ба истифода додани таҷҳизоти нав;

- дастраси доштан ба шабакаи истифодабарии умум дар асоси одилона ва бидуни поймолкунии ҳуқуқ.

12. Ба иҷозатномадор ҷойгир намудани воситаҳои техники дар ҷойҳои зарури, ҷойгир ва истифода намудани хатҳои кабелию радиорелеии ва таҷҳизоти иловаги барои насб намудани стансияҳои асоси бо таҷҳизоти коммутатории шабака ва нуқтаҳои пайвастшави бо ҳар як шабакаи дигари алоқа бо мувофиқаи тарафҳои ҳавасманд иҷозат дода мешавад.

13. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст на дертар аз рӯзи 10 моҳи аввали семоҳаи баъдина ба мақоми ваколатдор аз рӯи шаклҳои муқарраргардида ҳисоботи молиявию омори пешниҳод намояд.

14. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мутобиқи барномаи рушди шабака хизматрасонии алоқаро таъмин намояд.

15. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст сирри махфии (маҳрамонаи) ахбороти тавассути шабакааш додашавандаро, инчунин дигар ахбори ба он дахлдоштаро, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфуз дорад.

16. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасони ба муштариён мавҷуд будани нусхаи иҷозатномаҳоро таъмин намояд.

17. Дар мавриди ба истифода додани таҷҳизоти нав ва тавсеаи шабакаҳо, иҷозатномадор бояд аз мақоми ваколатдор иҷозати дахлдор ва хулосаи техники гирад.

18. Иҷозатномадор бо дархости мақоми иҷозатномадиҳанда бояд дар бораи ҳолат ва андозаи хизматгузориҳои пешниҳодшаванда дар мӯҳлати муқарраркардаи мақоми иҷозатномадиҳанда ахборот пешниҳод намояд.

19. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст таҷҳизоти ба стандартҳои байналмилали ҷавобгӯ ва сертификати мутобиқат доштаро, ки мақомоти ваколатдори сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додаанд, истифода барад.

20. Иҷозатномадор бояд хизмати хушсифати алоқаи кандуии на бештар аз 5% радия доштаро пешниҳод намояд. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст ба иҷозатномадеҳ ҳар моҳ дар бораи теъдоди раддияҳо ахборот диҳад.

21. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст на дертар аз се моҳи баъди гирифтани иҷозатнома ба хизматрасони сар кунад.

22. Мақоми иҷозатномадиҳанда ба шартҳои иҷозатнома вобаста ба ҷори кардани сгандартҳо, меъёру қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои алоқаи барқи тағйирот ворид менамояд.

23. Мақоми иҷозатномадиҳанда оид ба мӯҳлатҳои дар амал ҷори намудани ин гуна тағйирот ва иҷрои шартҳои нав бояд иҷозатномадорро пешаки огоҳ намояд.

24. Бо аризаи довталаби иҷозатнома иҷозатномаи инфироди ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол ва иҷозатномаи умуми ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол дода мешавад.

25. Дар мавридҳои зайл ба гирифтани иҷозатнома зарурат нест:

- агар, фаъолият бо бартарафкунии оқибатҳои табий, эпидемияҳо, садамаҳои калон, ки ба ҳаёту саломатии аҳоли таҳдид карда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳию барқароркунии оқибатҳои садамаро талаб намояд;

- дар мавридҳое, ки сохтан ва амал кардани шабакаҳо дар соҳаи алоқа танҳо барои мақсадҳои идораи давлати, амният ва ҳифзи тартибот истифода бурда мешаванд;

- дар мавриди ташкили шабакаҳои алоқаи дохилиидорави.

26. Фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои амали гардонидани он иҷозатнома дода шудааст, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, агар дар аризаи довталаби иҷозатнома чизи дигар пешбини нашуда бошад, инчунин дар сурати мавҷуд будани радиобасомадҳо ва захираи рақамҳо ва имконоти техникии пайваст бо шабакоти мавҷуда.

27. Барои гирифтани иҷозатномаи инфироди довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зайлро пешниҳод менамояд:

- феҳристи воситаҳои техникии алоқа бо нишондоди тавсифоти онҳо, диапазон ва номиналҳои радиобасомад (агар онҳо истифода шаванд);

- барномаи ташкили шабакаи алоқа ва дурнамои рушди шабака бо нишон додани теъдоди муштариён (абонент), ҳаҷми ҷараёни пайвастҳои гузаронандаи истгоҳҳои (стансияҳои) байнишаҳри, байналмилали, система ва шабакаҳои интиқоли маълумот, минтақаи хизматрасони, инчунин тавсифоти техникии шабакаҳои мушаххас ё иншоотҳои алоқа;

- ҳуҷҷатҳое, ки имконияти иҷро намудани шартҳои иҷозатномавиро аз тарафи довталаб тасдиқ мекунанд;

- асосноккунии техникию иқтисодии ба амал баровардани фаъолият дар соҳаи алоқа;

- тавзеҳномаи инъикоскунандаи чунин масъалаҳои техники, мисли принсипҳои асоси ва нақшаи ташкили алоқа, хусусияти таҷҳизоти истифодашаванда ва хизматрасониҳо, инчунин нишондиҳандаҳои техникию иқтисоди (даромад, хароҷот, фоидаи корхона, вақти ҷуброн);

- хулосаи мақомоти дахлдор оид ба истифодабари ва назорат аз болои радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи истифодабарии басомадҳои таъиншуда ва иҷозати истифодабарии воситаҳои радиоэлектрони;

- дар сурати пешбинии истифодабарии таҷҳизоти каси дигар, тасдиқи иҷораи (ҳуқуқи истифодабарии) ин таҷҳизот пешниҳод мешавад. Тасдиқнома мумкин аст ба намуди шартнома ё нусхаи он, ки ба тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шавад.

28. Барои гирифтани иҷозатномаи умуми довталаби иҷозатнома ба мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳоро мутобиқи банди 1 боби 7 қисми умумии Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд.

29. Иҷозатнома дар ҳолатҳое, ки анҷом додани намуди муайяни фаъолият бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна категорияи субъектҳо ё системаи алоқа ва хизматрасони манъ шудааст, ҳангоми мавҷуд будани маҳдудияти техники ва маҳдуд будани радиобасомадҳо ва кам будани захираи рақам, инчунин агар ариза барои анҷом додани хизматрасоние пешниҳод шуда бошад, ки он муваққатан бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, дода намешавад.

30. Иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқи метавонад дар асоси озмун тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

31. Барои додани иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқи дар ҳар семоҳа ба андозаи 1% аз даромади иҷозатномадор ҳақ пардохта мешавад, ки он ба буҷети давлати пардохта шуда, барои нигоҳдории мақоми иҷозатномадиҳанда ва таҷҳизонидан бо техникаи ҳозиразамони ченкуни, асбобҳо истифода мегардад.

БОБИ 59. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти дар соҳаи биржа

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи биржа.

3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти биржави:

- қоидаҳои савдои биржави;

- ҳуҷҷате, ки ба сармояи оинномавии биржа пардохт намудани на камтар аз 30% маблағи эълоншударо тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодабарии ҷойҳои дахлдорро барои гузаронидани фурӯш тасдиқ менамояд.

- риоя намудани қоидаҳои савдои биржави;

- мавҷуд будани биноҳои дахлдор барои гузаронидани савдои биржави.

5. Иҷозатномадор ҳар семоҳа дар хусуси натиҷаи фаъолияти худ ба мақоми иҷозатномадиҳанда маълумот пешниҳод менамояд.

6. Барои додани иҷозатнома ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

БОБИ 60. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртаи хусусӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти суғуртаи хусуси.

2. Фаолияти суғуртави намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

1) суғуртаи ҳаёт - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави, бо назардошти нархномаҳое, ки бо ёрии методҳои актуари ва истифодаи рӯйхати муриш ва меъёрҳои даромаднокии инвеститсиякунии маблағҳои озод аз захираи суғуртаи ҳаёт, аз он ҷумла ҷуброни маблағҳои суғуртавиро дар мавридҳои зерин дар бар мегирад:

- марги суғуртакардашуда;

- дар қайди ҳаёт будани суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта ё синну соле, ки дар шартномаи суғурта баён гардидиааст;

- пардохти даромади нафақа ба суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта ё синну соле, ки дар шартномаи суғурта баён гардидиааст, аз он ҷумла дар вақти амали пардохтҳои ҷори дар мавриди амали шартномаи суғурта;

2) суғуртаи ҳолатҳои нохуш ва бемори - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави, барои дарёфти маблағи муайяни пули, ё ин ки қисман ё пурра барқарор намудани харҷҳои иловаги (ё ҷамъи харду) аз хатари маҷрӯҳ шудани шахс, аз ҷумла шахсе, ки ба фоидаи он шартномаи суғурта баста шудааст:

- аз маҷрӯҳ шудан ҳангоми ҳолати нохуш, ё ин ки ҳолати нохуши намуди махсус;

- аз даст додани қобилияти кор, дар мавриди бемори ё ҳолати нохуши, ҳамчунин ҳолати нохуши намуди махсус (ғайр аз шарномаҳое, ки ба суғуртаи саломати тааллуқ доранд), аз ҷумла маҷрӯҳии кори ва бемории касби;

- марги суғуртакардашуда ба сабаби ҳолати нохуш;

3) суғуртаи ихтиёрии тибби - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавие, ки пардохти маблағи ҷуброни суғуртаро дар бар мегирад, дар ҳаҷми пурра ё қисман пардохти харҷҳои суғурташуда барои табобати зиёда аз нақша, бо назардошти суғуртаи ҳатмии тибби;

4) суғуртаи тиббии сайёҳон - суғуртаи харҷи тиббии шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ё ин ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳат мекунанд, дар мавриди ҳолати нохуш ё бемории нобаҳангом;

5) дар ҳолати суғуртаи молу ашё, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

- суғуртаи молҳои нақлиёти замини - суғуртаи зидди зарар ё зиёни молҳои дар замин ҳаракаткунанда;

- суғуртаи молҳои нақлиёти ҳавои - суғуртаи тайёраҳо, аз ҷумла моторҳо, ашёҳои дохили, мебелҳо, лавозимоти тайёраҳо ва ғайра;

- суғуртаи молҳои нақлиёти оби - суғуртаи киштиҳое, ки дар баҳрҳо ва обҳои дохили истифода мешаванд, аз ҷумла моторҳо, такелаж, ашёҳои дохили, мебелҳо, лавозимоти киштиҳо ва ғайра;

- суғуртаи боркашони - суғуртаи зидди гум шудан ё зарар дидани молу ашёҳои интиқолшаванда, новобаста ба намуди нақлиёт;

- суғуртаи молу ашё аз сӯхтор ва дигар хатарҳо - суғурта аз зарар ё зиёни моликият, ғайр аз он моликияте, ки дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми ҳамин банд нишон дода шудаанд, бо сабаби сӯхтор, обхези, таркиш, кӯчидани замин, аз таъсири энергияи атом ва дигар офатҳо;

- суғуртаи хатарҳои тиҷорати ва молияви - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии намудҳои зерин:

эхтимоли хатари шахсони суғурташуда, дар ҳолати муфлисшавии қарздорон ё ғайриқобилии (ба ғайр аз ғайриқобилии пардохт) пардохти маблағи қарз дар мӯҳлати муайяншудаи тарафҳо аз ҷониби қарздорон;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба мушкилотҳое, ки ҳангоми фаолияти онҳо рух медиҳад ё кам шудани ҳаҷми фаъолияти кори онҳо;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба пайдоиши харҷҳои пешбининашуда;

эҳтимоли хатаре, ки ба сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди мазкур вобастаги надоранд ва чунин нестанд, аз ин рӯ бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии онҳоро дигар намудҳои фаолияти суғуртави дар бар мегиранд;

- суғуртаи хатари хароҷотҳои ҳуқуқи, аз ҷумла хароҷоти суди;

- дигар намудҳои суғуртаи молу ашё, ғайр аз намудҳои дар зербандҳои банди мазкур нишондодашуда;

6) дар мавриди суғуртаи ҷавобгари, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти автомобили - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави зидди гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёт дар хушки рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёт бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн кардани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти ҳавои - бастан ва иҷрои шартномаҳои суғуртави алайҳи гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёти ҳавои ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёт, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳои - суғурта зидди гум шудан ё зарар дидан, ки бо сабаби ва ё дар натиҷаи истифодаи киштиҳо рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳри, бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн каридани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии касби - бастан ва иҷро намудани шартномаҳо барои суғуртаи манфиатҳои амволии шахсони ҳуқуқи, вобаста ба ӯҳдадориҳои суғурташуда, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм, дар мавриди ба амал баровардани фаолияти касбии зерини суғурташуда расонида шудааст:

нотариали;

тибби;

дигар намудҳои фаолияти касби;

- суғуртаи ҷавобгарии корхонаҳо - сарчашмаҳои эҳтимоли зиёди хатар - суғуртаи манфиатҳои амволии шахс, ки ба фоидаи ӯ шартномаи суғурта баста шуда буд ва вобаста ба ӯҳдадориҳои он шахс ҷуброни зарар, ки ба муҳити атроф ва шахси сеюм расонида шудааст, бо назардошти қонунгузории граждани;

- суғуртаи дигар намудҳои ҷавобгари - суғурта аз хатари шахсоне, ки аз бавуҷудоии ҷавобгари дар назди шахсони сеюм ва дигар хатарҳо, ки дар банди мазкур омадаанд, суғурта карда шудаанд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- асосноккунии техники-иқтисодии фаъолияти ташкилоти суғуртави, ки дар он роҳҳои расидан ба мақсади дар ҳуҷҷатҳои таъсиси пешбинишуда, муайян карда шудаанд;

- шарт ва қоидаҳои суғурта;

- маълумот дар бораи тарифҳои суғуртави;

- маълумот дар бораи иштирокчиёни ташкилоти суғуртави, ки 10 ё зиёда фоизи ҳиссаи ташкилоти суғуртаро доро мебошанд;

- рӯйхати аъзои мақоми идоракуни, аз он ҷумла ном, насаб, номи падар, суроға, инчунин, маълумот дар бораи мувофиқати онҳо ба талаботҳои квалификатсионии муқарраргардида.

5. Ташкилоти суғуртави, ки ба инвеститсияҳои хориҷи асос ёфтааст, барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

1) ташкилоти суғуртавии хориҷи:

қарори мақоми дахлдори ташкилоти, суғуртаи хориҷи дар бораи иштироки он дар ташкили ташкилоти суғуртави дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тасдиқи хаттии мақоми ваколатдори давлати хориҷи дар бораи он, ки ташкилоти суғуртавии хориҷи дорандаи иҷозатномаи барои амалигардонии фаъолияти суғуртави мебошад, бо нишон додани намудҳои фаъолияти суғуртави;

расман интишор намудани баланси се соли охир;

2) шаҳрвандони хориҷи:

- маълумотномаи бонки ё дигар ҳуҷҷати расмие, ки вазъи мусоиди молиявии соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд.

6. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномави:

- анҷомдиҳии намудҳои фаъолияти суғуртави, ки дар иҷозатнома пешбини шудаанд;

- риояи қоидаҳое, ки бо ташкилёби ва истифодаи захираҳои суғуртави ва фонди оинномави алоқаманд мебошанд;

- бемувофиқа паст накардан ё баланд набардоштани тарифҳои суғуртави;

- иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда дар назди суғурташаванда;

- дар мӯҳлати муайян, пешниҳод намудани маълумот дар бораи тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсиси ворид шудаанд;

7. Барои додани иҷозатнома ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

БОБИ 61. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок.

3. Роҳбарон ва мутахассисон соҳибкорони инфироди бояд ба талаботҳои тахассусии зерин ҷавобгу бошанд:

1) мавҷудияти таҳсилоти оли - барои роҳбарони шахси ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди;

2) мавҷудияти таҳсилоти оли ё миёнаи махсус - барои мутахассисон.

- ҳуҷҷатҳое, ки кофи будани сармояи худиро тасдиқ мекунанд. Ҳангоми бе воситаҳои пули ташаккул додани сармояи худи хулосаи баҳодиҳандагони (нархгузорони) мустақил пешниҳод карда мешавад;

- маълумот дар бораи мутахассисон, ки шаҳодатномаи тахассуси доранд.

5. Дар ҳолате, ки ба сифати довталаб фонди инвеститсиони баромад мекунад, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 4 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- нусхаи шартномаи депозитари;

- нусхаи шартнома бо мақоми иҷроияи фонди саҳомии инвеститсиони дар бораи идоракунии фонди саҳомии инвеститсиони:

- дар ҳолати мавҷуд будани мақомоти берунаи иҷроия - бо ширкати идоракунанда;

- дар ҳолати мақомоти иҷроияи дохили, дар ҳолати бастани шартнома, - бо аъзои раёсат ё директори генерали.

6. Довталабе, ки фаъолияти депозитариро ба амал мебарорад, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 4 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

- маълумот дар бораи базаи моддию техникии довталаби иҷозатнома;

- маълумот дар бораи тартиби муқоиса кардани дорандаи қоғазҳои қиматноки муштари бо бақайдгирандаи махсус ва ё депозитарияи маркази;

- маълумот дар бораи шартҳои ҳимояи саҳмияҳо ва ё сертификати саҳмияҳо;

- маълумот дар бораи таъмин намудани системаи бехатари, яъне гузоштани воситаҳои сигналдиҳи, кодҳо, ҳимояи воситаҳои компютери;

- маълумот дар бораи таъмин намудани системаи алоқа байни шӯъбаҳои депозитария, депозитария ва дигар иштирокчиёни бозор;

- маълумот дар бораи шартҳои ҳимоя ва нигоҳ доштани маълумоти компютери;

- маълумот дар бораи системаи нигоҳ доштани маълумот, аз ҷумла дар бораи усулҳои нигоҳ доштани навиштаҷоти депозитарие, ки аз ҷониби депозитарии барои иҷро намудани фаъолияти депозитари истифода бурда мешаванд;

- маълумот дар бораи таъмин ё кафолати ҷуброн, барои ҷуброни талафи активҳои муштари.

7. Дар ҳолати аз ҷониби довталаб анҷом додани фаъолият доир ба пешбурди феҳристи дорандагони қоғазҳои қиматнок, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 4 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- маълумот дар бораи системаҳои нигоҳ доштани иттилоот, ки аз ҷониби бақайдгирандаи махсус барои пешбурди феҳрист истифода мешаванд, инчунин системаҳои такроркардашуда, ки бақайдгирандаи махсус дар ихтиёри худ дорад;

- агар бурдани феҳрист автомати карда шуда бошад, тасвири тамғаҳо ва моделҳои компютерҳои истифодашаванда, номгӯй ва тасвири барномаҳои истифодашаванда;

8. Барои ташкил намудани фаъолияти миёнарави дар бозори қоғазҳои қиматнок, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 4 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- қоидаисавдои қоғазҳои қиматнок;

- тартиби нигоҳ доштан ва ҳимояи ахборот;

- қоидаи листинг ва делистинг;

- тартиби кушодани иттилоот;

9. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

- тибқи қоидаҳои муқарраргардида анҷом додани фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок;

- пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолият дар бозори қоғазҳои қиматнок ба мақоми иҷозатномадиҳанда;

- дар давоми на камтар аз як соли пас аз гирифтани иҷозатнома амали намудани Аҳдҳо бо қоғазҳои қимматнок;

- бастани Аҳдҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

10. Барои додани иҷозатнома ба андозаи бисту панҷ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

БОБИ 62. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти дар соҳаи мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалии автомобилӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: мусофиркашони ва боркашонии байналмилалии автомобили.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Ҳуҷҷатҳои ронанда:

- шиносномаи хориҷи;

- шаҳодатномаи ронандагии мувофиқ бо намунаҳои байналмилали;

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии воситаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

- доштани дафтарчаи МДП (ТИР-КАРНЕТ) дар асоси Конвенсияи гумруки оид ба боркашонии байналмилалии автомобили бо истифодабарии китобчаи МДП (минбаъд - Конвенсияи МДП), дар ҳолате, ки боркашони дар асоси системаи ТИР-КАРНЕТ анҷом дода мешавад.

2) Ҳуҷҷатҳои вобаста ба бор ҳангоми анҷомдиҳии боркашонии байналмилалии автомобили:

- маълумот оид ба роҳ додани воситаи нақлиётии автомобили ба боркашонии байналмилалии автомобили бо мӯҳр ва тамғаи гумруки, тибқи талаботи Конвенцияи МДП;

- борхати молию бори (CMҚ), дар ҳолате, ки боркашони тибқи системаи ТИР-КАРНЕТ анҷом дода мешавад.

- мувофиқати интиқолдиҳанда ба талаботҳои муқарраргардидаи фаъолияти ҳамлу нақли байналмилали;

- мувофиқати воситаҳои нақлиёти автомобили ба стандартҳои байналмилали;

- риоя намудани шартҳои ҳамлу нақли байналмилали, қоидаҳои ҳаракати роҳ ва меъёрҳои экологии давлатҳои хориҷи;

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки ба бор дахл доранд.

5. Барои додани иҷозатнома ба андозаи бисту панч ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

БОБИ 63. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии соҳаи истифодаи захираҳои басомади мадорӣ ва басомади радио барои пахши барномаҳои телевизион ва радио

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи захираҳои басомади мадори ва басомади радио барои пахши барномаҳои телевизион ва радио (аз ҷумла пахши ахбори иловаги).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Барои додани иҷозатнома ба андозаҳои зерин ҳақ пардохта мешавад:

1) Барои фиристандаҳои радио:

- барои қувваташ то 30 Вт ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда аз 30 Вт то 100 Вт ба андозаи си ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда аз 100 Вт то 1000 Вт ба андозаи ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда аз 1000 Вт то 5000 Вт ба андозаи дусад ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда-аз 5000 Вт ба андозаи чорсад ҳадди ақали музди меҳнат;

2) Барои фиристандаҳои телевизион:

- барои қувваташ то 100 Вт ба андозаи шаст ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда аз 100 Вт то 1000 Вт ба андозаи дусад ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда аз 1000 Вт то 5000 Вт ба андозаи панҷсад ҳадди ақали музди меҳнат;

- барои қувваташ зиёда аз 5000, Вт ба андозаи хазор ҳадди ақали музди меҳнат.

БОБИ 64. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи истифодаи сарватҳои табий, аз ҷумла сарвати зери замин, фонди хоҷагии ҷангал, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи сарватҳои табий, аз ҷумла сарвати зери замин, фонди хоҷагии ҷангал, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот.

2. Фаъолияти соҳаи истифодаи сарватҳои зери замин корҳои зеринро дар бар мегирад:

- омӯзиши геологи, аз ҷумла ҷустуҷӯ, арзёби ва иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар тадқиқотҳои геологи;

- истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- истифодаи партовҳои истеҳсолии истихроҷи маъданҳои кӯҳи ва коркарди он;

- истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул;

- ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи ва ҷинсҳои кӯҳи.

Эзоҳ: Фаъолияти истихроҷи обҳои зеризамини дар асоси иҷозат барои истифодабарии махсуси об амали карда мешавад.

3. Истифодабарии фонди ҷангал, олами набототу ҳайвонот намудҳои зеринро дар бар мегирад:

- ҷамъовари ва тайёр намудани шилму шарбат ва растаниҳои дорувори;

- истифодаи объектҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда - Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" вобаста ба корҳои ҷустуҷӯи, арзёби ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи, ва ҷинсҳои кӯҳи; Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангишт; Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъдани ва ғайримаъдани, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъданҳои кӯҳи ва коркарди он);

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул;

Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи фонди ҷангал, объектҳои олами ҳайвонот ва наботот.

5. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома вобаста ба истифодабарии сарватҳои зери замин:

- розигии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати;

- маълумотнома оид ба имкониятҳои молияви, техники, технологи ва ҳайати кадрҳо, ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр;

- маълумотнома оид ба нишондодҳои техникию иқтисодии фаъолият дар 5 соли охир, ба ғайр аз маротибаи аввал ба истифодаи қаъри замин гирифтани иҷозатнома ва заршӯёни худфаъол ва худбиёр;

- маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;

- нақшаи тиҷорати оид ба истифодабарии қаъри замини иҷозатномашаванда, ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр;

- шартнома бо мақоми махсуси ваколатдор барои пурра кардани фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оид ба таҳвили ашёи минералии истихроҷкардашуда ё маҳсулоти моли, дар сурати истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологи.

6. Барои гузаронидани корҳои геологию геофизики, аксбардории геологи, ҷустуҷӯи ва иктишофи, ки аз ҳисоби давлат маблағгузори мешаванд, ҷустуҷӯҳои инженерию геологи, илмию тадқиқоти, палеонтологи ва корҳои дигари ба омӯзиши қаъри замин равонашуда, корҳои геологии оид ба пешгӯии заминҷунби, таъсис ва пешбурди мониторинги муҳити зист, ҳамчунин дигар корҳое, ки бутунии қаъри заминро ба таври ҷидди халалдор намесозанд, гирифтани иҷозатнома зарур нест. Корҳои мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Фонди давлатии иттилооти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" ба қайд гирифта мешаванд.

Барои омӯзиши геологии қаъри замин - ҳуқуқи бурдани аксбардории геологи, ҷустуҷӯи, иктишоф ва арзёбии конҳои канданиҳои фоиданок истифода карда мешаванд.

Дар ҳолате, ки кони канданиҳои фоиданоки дар ҷараёни ҷустуҷӯ ошкоршуда ва арзёбигардида аз ҳудуди қитъаи геологии тибқи иҷозатнома додашуда берун барояд, он гоҳ бо дархости иҷозатномадор қитъаи ба ӯ додашуда ба андозае, ки тамоми конро дарбар гирифта тавонад, васеъ карда мешавад.

Баъди аз экспертизаи давлати гузаронидани иттилооти геологи оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатномаи омӯзиши геологии қаъри замин амал мекунад, соҳиби ин иҷозатнома, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатномаи истихроҷи кандании фоиданокро дорад. Ин ҳуқуқ, агар дар давоми ду соли баъди тасдиқи захираҳои ашёи хоми маъдании кони иктишофшуда истифода нагардад, эътибори худро гум мекунад.

Барои истихроҷи кони канданиҳои фоиданок, ҳамзамон ҳуқуқи бурдани иктишофи вайро (дар ҳудуди қитаъи кӯҳкори), ҳамчунин коркарди партовҳои корхонаҳои истихроҷи маъдан ва коркарди вобаста ба онро медиҳад.

Иҷозатнома барои истихроҷи тамоми кони кандании фоиданок ё як қисми алоҳидаи он метавонад дода шавад. Истихроҷи як кони канданиҳои фоиданок аз тарафи истифодабарандагони гуногуни қаъри замин бояд мувофиқи нақшаи технологии мувофиқашудае, ки ба истихроҷи ғайриоқилонаи қаъри замин роҳ намедиҳад, гузаронида шавад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти истифодабарандагони қаъри замин бо қарори онҳо ба зиммаи яке аз ташкилотҳое, ки ба он дигар ташкилотҳо иҷрои вазифаи ҳамоҳангсозро бовар мекунанд, гузошта мешавад. Шарти мазкур дар иҷозатномаи истихроҷи ин кон сабт мегардад.

Чун қоида, иҷозатнома танҳо барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар мавридҳои истиснои, иҷозатнома барои истифодаи гурӯҳи конҳои хурде, ки дар шароити якхелаи кӯҳи-геологи мавҷуданд, барои коркарди комплекси муттаҳид карда шудаанд, агар коркардашон аз ҷониби як истифодабарандаи қаъри замин аз назари иқтисоди самаранок бошад, дода мешавад.

7. Иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳанда дода мешавад. Нисбати канданиҳои фоиданоки маъмул қарор дар бораи иҷозатномадиҳи аз тарафи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, иҷозатнома аз ҷониби ин мақом дода мешавад.

8. Пешниҳод оид ба додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо вазорату идораҳои зерин бояд мувофиқа карда шаванд:

- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯи, арзёби ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи ва ҷинсҳои кӯҳи бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангипгг, истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъдани ва ғайримаъдани, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳи ва коркарди он бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик".

9. Мутобиқи иҷозатнома қаъри замин ба шакли қитъаҳои иборат аз блокҳои геометрии қаъри замин, ки бо қитъаи кӯҳкори ё геологи муайян карда мешавад, пешниҳод мегардад.

10. Додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин баъд аз гирифтани иҷозатнома ва қитъаи кӯҳкори ё геологи бо тартиби муқаррарнамуда амали карда мешавад.

11. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи заршӯи, гирифтани қитъаҳои кӯҳкори ва замин лозим нест ва танҳо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати гирифта мешавад.

12. Андозаи пардохтҳои махсус дар қарордод оид ба истифодаи қаъри замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.

13. Мӯҳлати амали иҷозатномаро бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" мақоми иҷозатномадиҳанда муқаррар менамояд ва он мувофиқи боби 6 ҳамин Низомнома дароз карда мешавад. Ҳангоми дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома сифат ва самаранокии кори иҷрошуда ва тадбирҳо дар бобати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист, пардохтҳои саривақтии истифодаи қаъри замин ва ғайра ба эътибор гирифта мешавад.

14. Иҷозатнома аз ду қисм иборат аст: Варақаи унвони ва мазмунии (шартҳои) иҷозатнома (замимаи 2). Ба иҷозатнома қитъаи кӯҳкори ё қитъаи геологи замима мегардад, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.

15. Додани иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин бо роҳи музокироти мустақим, ҳамчунин доир намудани озмун (тендер) тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

16. Бо роҳи озмун (тендер) додани иҷозатнома дар сурате амали карда мешавад, ки агар барои як объект якчанд дархост пешниҳод гардида бошад.

17. Баъди қабули дархост ба истифодабарандаи қаъри замин барои таҳияи нақшаи тиҷорати ё ҳисобҳои техники-иқтисодии корҳо, маҷмӯи кӯтоҳи иттилооти геологи оид ба қитъаи қаъри замин пешниҳод мегардад.

18. Иҷозатномаи ба истифодабарандаи қаъри замин додашуда дар мӯҳлати як моҳ дар Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди давлатии иттилооти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад ва бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо ба иҷозатномадор барои нигоҳдори супорида мешавад.

19. Баъд аз додани иҷозатнома соҳиби вай ҳуқуқ дорад, ки бо пардохти маблағ ҳаҷми зарурии иттилооти геологиро оид ба қитъаи қаъри замини додашуда, гирад. Дар ҳолати мавҷуд набудани нусхаи озоди ҳисобот, нусхаи аз ҳисоби маблағи иҷозатномадор аксбардоришудаи маводҳо (ҳисоботҳо) дода мешавад.

20. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳи барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарвати зери замин пардохти яккаратаи муқаррари буда, дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад:

- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯи, арзёби ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи ва чинсҳои кӯҳи бист ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истихроҷи нафту газ сад ҳадди ақали музда меҳнат;

- вобаста ба истихроҷи ангишт ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъдани сад ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи сарватҳои зери заминии ғайримаъдани ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳи ва коркарди он шаст ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул чил ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули заршӯии худфаъол ва худбиёр шаст ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

Эзоҳ: Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияте, ки якчанд намуди корро дар бар мегирад, танҳо маблағи ҳадди баландтар ситонида мешавад.

21. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати то 1 сол аз рӯзи бақайдгирии иҷозатнома фаъолияти худро оғоз намояд.

22. Иҷозатномадиҳи вобаста ба истифодаи фонди хоҷагии ҷангал, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ба тарзи зайл дода мешавад:

- барои ҷамъовари ва тайёр намудани шилму шарбат ва растаниҳои дорувори мутобиқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;

- барои истифода аз объектҳои олами набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда ва мувофиқи тартиби муқарранамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23. Мӯҳлат ва тарзҳои ба даст овардани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мувофиқи мақсадҳои истифодабарии онҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба афзоиши табиии ин объектҳо зарар расонанд.

24. Воситаву усулҳои ба даст овардани ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида бояд мақсади интихоби доштани амалиётро таъмин намоянд, расонидани ҷароҳати ҷисмони ба ҳайвоноти дигар ва халалдор кардани оромии онҳоро то ҳадди имкон кам гардонанд.

25. Барои додани иҷозатномаи истифодаи фонди хоҷагии ҷангал, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

БОБИ 65. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият, кор ва хизмати соҳаи истифодаи энергияи атом

1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият, кор ва хизмати соҳаи истифодаи энергияи атом.

2. Фаъолият, кор ва хизмати соҳаи истифодаи энергияи атом корҳои зеринро дар бар мегирад:

- истеҳсоли энергияи атом;

- фурӯши энергияи атом;

- ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атом.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Маълумоти ҳатми оид ба истеҳсол, истеъмол, ба фурӯш баровардан ва ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атоми иловатан дар варақаи бланкаи иҷозатнома сабт карда мешавад.

5. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологи дар бораи коршоямии иморат ва системаҳои коммуникатсиони ва воситаҳои махсуси нақлиёти ҷиҳати амали кардани намудҳои номбаршудаи фаъолият, мавҷудияти воситаҳои ҳифз ва болопӯш;

- нусхаи сертификати мутобиқат, ки аз тарафи мақомоти сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсолшуда, тайёркардашуда, истифодашаванда ва ба фурӯш баровардашаванда ва ҳамлу нақли он дода шудааст;

- барои шаҳрвандони хориҷи - ҳуҷҷате, ки нострификатсия шудани ҳуҷҷатҳои таҳсилотии довталаби иҷозатномаро бо тартиби муқарраршуда тасдиқ менамояд;

- нусхаи сертификати аттестатсионнии Агентии амнияти ядрои ва бехатарии радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи хулосаи муассисаи тибби оид ба солимии рӯҳии роҳбар ва иҷрокунандагони чунин намудҳои кор.

6. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассуси, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;

- мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову қоидаҳои санитарию гигиени ва сохтмони, ки барои амали гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;

- мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Талаботҳои махсус ба объектҳо мутобиқи дастурҳои махсуси техникии амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

8. Барои додани иҷозатнома ба маблағи бисту панҷ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

Замимаи 1

ба банди 8-и боби 38

Низомнома дар бораи

иҷозатномадиҳи ба баъзе

намудҳои фаъолият

Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолияти роҳдорӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдори ҳангоми додани иҷозатнома, вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда, муқаррар карда мешавад.

2. Меъёрҳои баҳодиҳи чунинанд.

- мавҷудияти кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дорои сертификати ихтисос буда;

- мавҷудияти техника ва таҷҳизоти зарури;

- мавҷудаяти таҷриба ва собиқаи кори;

- ташкили назорати сифат;

- азхудкунии технологияи ҳозиразамон;

- таъминоти иттилооти;

- мавҷудияти гурӯҳҳои озмоишии аттестатсияшуда;

- сертификати мувофиқат барои маҳсулот;

- сертификатҳои системаи сифат;

- сифати корҳои иҷрошаванда;

3. Иҷозатномадор ҳуқуқи татбиқи он корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулиятнокиашон дар иҷозатнома нишон дода шудааст. Иҷрои корҳои сатҳи масъулнокиашон баландтар манъ аст ва иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокиашон пастар манъ карда намешавад.

Ташкилотҳои навтаъсис танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулнокиаш IV иҷозатнома дода мешавад.

Барои иҷро намудани корҳои сатҳи масъулнокиашон I, II ва III дар ҷадвали штати мавҷуд будани ҳайати доимии муҳандиси-техникии дорои сертификати ихтисос ва коргарони ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор, инчунин техникаҳо, таҷҳизотҳо ва механизмҳои худро доштан зарур аст.

Сатҳи масъулиятнокии намуди фаъолиятҳо ҳангоми амали иҷозатнома дар ҳолати вайрон кардани шартҳои иҷозатнома паст карда мешавад ва дар асоси аризаи иҷозатномадор ва хулосаи экспертиза баланд карда мешавад.

II. Сатҳи масъулиятнокии иншоотҳои роҳ ва намуди коҳо

Корҳои сохтмонию роҳсози:

1. Сатҳи масъулиятнокии I:

- кӯпрукҳои дарозиашон зиёда аз 60 метр: нақбҳо ва долонҳо;

- тасмаи аэродромҳои байналмилали;

2. Сатҳи масъулиятнокии II:

- сохтмони роҳҳои оҳан;

- тасмаи аэродромҳои маҳалли;

- роҳҳои автомобилгарди категорияи I, II, III, IV ва V (роҳҳои автомобилгард дар кӯҳсор), роҳҳои (кӯчаҳои) магистрали;

- кӯпрукҳо, қубурҳои роҳ ва эстакадаҳои дарозиашон 0-118 то 60 метр;

- иҷрои корҳо дар масканҳои сейсмологии зиёда аз 9 балл, дар шароитҳои вазнини муҳандиси-геологи (фуруравии намуди II, нуқтаҳои заминҷунби, ботлоқҳо, хокҳои суст, ҷойҳои фурураванда ва ғ.)

3. Сатҳи масъулиятнокии III: корҳои роҳсозии сохтмони ба истиснои корҳое, ки дар масъулиятнокии дараҷаи I, II ва IV дохил мешаванд.

4. Масъулиятнокии дараҷаи IV: гузаргоҳҳои дохиликвартали, роҳҳои автомобилгарди дохилихоҷаги, роҳҳои фаръии автомобилгард ба масофаи то 1 км: қубурҳои обгузар дар роҳҳои автомобили бо гузариши оби аз сел эмин то 5 куб. м/сония ва ба тартиб даровардани гирду атрофи роҳ ва иншоотҳои он.

Ташхиси сатҳи техникии конструксия ва иншоотҳо.

5. Сатҳи масъулиятнокии I: ташхиси умумии объектҳои масулиятнок ва конструксияҳо бо назардошти баҳодиҳии қобилияти мустаҳками дар вақти заминҷунби, озмоиши конструксияҳо, деталҳо, ҷузъҳо ва корҳои озмоиши, коркарди қарорҳои техники оид ба мустаҳкамии онҳо, барқароркуни ва таҷдид.

6. Сатҳи масъулиятнокии II: ташхиси омодагии конструксия ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии вазъи физикии онҳо ва додани хулосаю пешниҳодҳо оид ба таҷдид ва мустаҳкамии конструксияҳо.

7. Сатҳи масъулиятнокии III: ташхиси таъҷилии конструкция ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии ҳолати амалии онҳо, додани хулоса оид ба қобилияти истифодабарии дарозмуддат ва қобилияти таҷдиди конструксияи вайроннашаванда.

8. Сатҳи масъулиятнокии IV: ташхиси визуалии конструксия ва иншоотҳо бо гузаронидани корҳо ва тартиб додани санади нуқсон барои иҷрои таъмири ҷори ва асоси (капитали).

Замимаи 2

ба банди 14-и боби 65

Низомнома дар бораи хусусиятҳои

 иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият

Шакли иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар дар Ҷумҳури Тоҷикистон

ГЕРБ

ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҚАЪРИ ЗАМИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба____________________________________________________________дода шуд

            (номи истифодабарандаи қаъри замин)

Объект________________________________________________________________

                    (номи объект, кандании фоиданок)

бо мақсади____________________________________________________________

                           (намуди иҷозатнома)

Мӯҳлати амали иҷозатнома:

Оғоз "______"__________________________________

Анҷом "______"_________________________________

Силсилаи ____________________________________№__________________

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон _________________________________

                                                (вазифа)

______________________________________________________________________

                 (фамилия, ном, номи падар, имзо)

ЧяҶ.М.

Замима ба иҷозатномаи силсилаи__________________№_____________________

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин иҷозатномаи

силсилаи______________________№___________________ҳуқуқи истифодабарии

қаъри заминро ба______________________________________________________

                    (номи истифодабарандаи қаъри замин)

_______________________________________________________________медиҳад

            (намуди объект ва кандании фоиданок)

Ҷ.М.

МАЗМУНИ ИҶОЗАТНОМА

(шартҳои иҷозатнома)

1.____________________________________________________________________

            (маълумот дар бораи истифодабарандаи қаъри замин)

2.____________________________________________________________________

    (таъиноти мақсадноки корҳои бо намуди иҷозатномаи вобаста буда)

3.____________________________________________________________________

                      (ҳудудҳои арзии қитъаи кӯҳкори)

4.____________________________________________________________________

                   (ҳудудҳои арзии қитъаи қаъри замин)

5.____________________________________________________________________

                      (муддати амали иҷозатнома)

6.____________________________________________________________________

       (пардохтҳои марбут ба истифодаи қаъри замин, қитъаи замин)

7.____________________________________________________________________

                 (ҳаҷмҳои истихроҷи ашёи минерали)

8.____________________________________________________________________

               (тақсимоти саҳмии маҳсулоти бадастоянда)

9.____________________________________________________________________

(ҳуқуқ ба иттилооте, ки дар ҷараёни истифодаи қаъри замин ба даст меояд)

10.___________________________________________________________________

     (ӯҳдадориҳо дар бобати истифодаи оқилона, ҳифзи қаъри замин

           ва муҳити зист, бехатарии пешбурди корҳо)

11.___________________________________________________________________

                      (тартиби бурдани назорат)

12.___________________________________________________________________

          (шартҳои дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома)

13.___________________________________________________________________

(ҳаҷм ва намудҳои партовҳои истеҳсоли ва обҳои гандидаи саноатии

ба қаъри замин партофташаванда экспертизаи экологи)

14.___________________________________________________________________

                         (шартҳои дигар)

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон___________________________________________________

                                                         (вазифа)

__________________________________________________________________ Ҷ.М