Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002, № 318 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015

Бо мақсади муайян намудани рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2003-2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи замимашудаи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015-ро дастури амал қарор диҳад.

то якуми январи соли 2004 мутобиқи Консепсияи мазкур барномаҳои панҷсолаи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикиро таҳия намояд.

3. Бо мақсади дастгирии давлатии саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳррезии лоиҳаи дурнамои пешбурди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории ин соҳаро ба эътибор гиранд.

4. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалб намудани инвестисияҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 3 августи соли 2002 № 318

ш. Душанбе