ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара
Дар асоси моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 августи соли 2005 дар заминаи мактаб-интернати № 1 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар доираи шумораи қабули донишҷӯён ва маблағгузории муассисаҳои олии таълимии ҷумҳури филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки ҳамаи масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки ба таъсис додани муассисаи олии таълимии мазкур вобастаанд, ҳал намуда, онро бо мутахассисони илми-педагоги ва дастурҳои илми-методи таъмин намоянд.
3. Маблағгузории муассисаи олии таълимии мазкур 50 фоиз аз ҳисоби Буҷети давлати тибқи банди 1 қарори мазкур ва 50 фоиз аз ҳисоби маблағҳои шартномави таъмин карда шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005 манбаи маблағгузории муассисаи олии таълимии мазкурро муайян намуда, барои таъмини заминаи моддию техникии он 200 000 (дусад ҳазор) сомони ҷудо намояд.
5. Раиси ноҳияи Данғара муассисаи олии таълимии номбурдаро бо биноҳои таълими, хобгоҳ, таҷҳизот, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар воситаҳои таълимию техникии зарури таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2005 № 284
ш. Душанбе