Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 № 106 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1.

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7, моддаи 517; соли 2003 №12, моддаи 689; соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 698) тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Моддаи 24 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 24. Таъмини нафақаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон

Таъмини нафақаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби мукаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" амали гардонида мешавад.".

2. Аз қисми сеюми моддаи 28 калимаҳои "унвонҳои махсус ва" хориҷ карда шаванд.

3. Дар моддаи 36:

- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 36. Кафолатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ ва иҷтимоии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон";

- қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Вакили Маҷлиси намояндагон баъди ба охир расидани ваколатҳояш бо ҷои кор таъмин карда мешавад.";

- қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Мӯҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ва инчунин даврае, ки вакили Маҷлиси намояндагон бинобар имконнопазирии бо кор таъмин намудани ӯ муваққатан кор накардааст, ба собиқаи кори умумӣ, бефосила ва махсуси меҳнатӣ ё мӯҳлати хизмат, собиқаи кор аз рӯи ихтисос ҳисоб карда мешавад.";

- қисми сеюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Маҷлиси намояндагон музди меҳнати собиқ вакилро дар давраи кор наёфтан дар давоми шаш моҳ медиҳад.";

- қисми чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Ба вакили Маҷлиси намояндагон баъди анҷоми мӯҳлати ваколатҳояш ба андозаи шаш баробари музди меҳнати моҳонааш кӯмакпули дода мешавад, ба истиснои онҳое, ки аз нав вакил интихоб шудаанд.".

Моддаи 2.

Қонуни конститутсионии мазкур аз 17 марти соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

25 июли соли 2005 № 106