ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1993, №15-16, мод. 350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48; с. 1997, №9, мод.117; с.1998, №10, мод. 119, №22, мод.318; с. 1999, №5, мод.61, №9, мод. 236, №12, мод. 351; с.2002, №4, қисми 1, мод.158) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 4(2) хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 16:
дар қисми чорум калимаи "тибқи" ба калимаҳои "мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми" иваз карда шавад;
ба модда қисмҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70 ва 86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад.
Ба хизматчиёни давлатӣ - барои мардҳо дар сурати доштани собиқаи кории умумии 25 сол ва аз он на камтар аз 10 солаш дар хизмати давлатӣ ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи кории умумии 20 сол ва аз он на камтар аз 10 солаш дар хизмати давлатӣ ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди миёнаи меҳнаташон (моддаҳои 70 ва 86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли зиёда аз 10 соли собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи як фоизи музди миёнаи меҳнати онҳо зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди миёнаи меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад".
3. Қисми шашум қисми ҳаштум ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
25 июли соли 2005 № 104