Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010с. № 712)
Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тасдиқ карда шаванд:
Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварӣ ва истифодаи ин маблағҳо (Замимаи 1);
Тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Замимаи 2).
2. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи солп 1991 № 122 "Дар бораи ба шароитҳои нави иқтисодии корӣ оид ба хизматрасонии иловагии пулакии аҳолӣ гузаронидани идораҳои давлатии сабти асноди (нотариуси) ҷумҳурият" аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои идоравии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 июли соли 2005 № 218
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2005 № 218
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварӣ ва истифодаи ин маблағҳо
1. Қоидаҳои мазкур тартиби хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок (минбаъд хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварӣ ва воридшавии ин маблағҳоро муқаррар мекунад.
Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Нотариуси давлатӣ ҳақ надорад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба истифодабарии ин хизматрасонӣ маҷбур созад.
2. Хизматрасонӣ танҳо аз тарафи идораҳои нотариалии давлатӣ амали карда мешавад.
3. Маблағҳои аз расонидани хизмат ба дастомада дар ҳисоби ягонаи хазинадорӣ, дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешаванд.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро бо тартиби муқарраргардида анҷом медиҳанд. Барои дурустии ҳисобот аз рӯи хизматрасонӣ сарнотариусони давлатӣ ва нотариусони калони идораҳои нотариалии давлатӣ масьул буда, онҳо мутобиқан бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳисобот медиҳанд.
5. Маблағҳои аз хизматрасонӣ ба даст омада барои ҳавасмандгардонии кормандон, барои инкишофи базаи моддию техникии муассисаҳои адлия истифода бурда мешавад.
Маблағҳои ба дастомада мумкин аст барои дигар хароҷоте, ки маблағгузории он дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда нашудаанд равона карда шаванд.
Истифодабарии ин маблағҳо бо тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
6. Барои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок маблағ мувофиқи Тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ситонида мешавад.
7. Нотариусони давлатӣ метавонанд шаҳрвандонро аз супоридани маблағ ба хизматрасонӣ, аз ҷумла муроҷиат оид ба масъалаҳои таъини нафақапулиҳо, кӯмакпулиҳо, васигӣ ва парасторӣ озод намоянд.
* Замимаи 2 дар матни русӣ оварда шудааст.