қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 10 августи соли 1999, № 370 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот ва иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Банди 3 бо сархати дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

"Ассотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилии Тоҷикистони (АВВАТ) Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани бланкҳои "Рухсатнома"-ро ба боркашонҳои хориҷи дар ҳолати мавҷудияти асноди тасдиқкунандаи пардохти аз ҷониби пунктҳои қабули пардохт ва боҷу хироҷи гузаргоҳҳои наздисарҳади додашуда, мутобиқи ставкаҳои дар замимаи № 5 зикргардида, анҷом диҳад".

2. Банди 4 дар таҳрири нав баён карда шавад:

"Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ваколатдори ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки дар постҳои гумрукии наздисарҳадии дар банди 16 ҳамин қарор зикргардида оид ба қабули пардохт ва боҷ инчунин мубодилаи асъор пунктҳо таъсис диҳанд.

Пунктҳои зикргардида дар гузаргоҳҳои наздисарҳади маблағҳои аз ворид, убури нақлиёт, сафари транзити, истифодаи роҳҳои автомобилгард ва дигар боҷи ба даст овардаашонро ба буҷети ҷумҳури гузаронанд".

3. Банди 8 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"8. Аосотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилии Тоҷикистони (АВВАТ) Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои барои додани "Литсензия" ва бланкҳои "Рухсатнома" ба боркашонҳои автомобллии Тоҷикистон гирифтаашонро тибқи тартиби муқарраршуда барои ташкили "Истгоҳҳо" ва рушди боркашониҳои автомобилии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд".

4. Сархати дуюми банди 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад;

"Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумруки ҳамроҳи намудани боркашонҳои автомобилии хориҷии хориҷаи дур ва наздикро аз маҳалли убури сарҳад то "Истгоҳҳо"-и наздисарҳадии "АВВАТ", бо мақсади таҷаммӯъсози ва ҳамроҳии минбаъдаи онҳоро ба маҳалли таъинот таъмин намояд".

5. Қарор бо банди 16 дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

,16. Постҳои "Братство"-и шаҳри Турсунзода, "Фотеҳобод" ноҳияи Мастчоҳ, "Саразм" - ноҳияи Панҷакент, "Маданият" - ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Қулма" - сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ), "Патар"ноҳияи Конибодом, "Баткент" - ноҳияи Исфара ҳамчун нуқтаҳои убури боркашонҳои байналхалқии автомобили муайян карда шаванд"

6. Замимаи рақами 1 бо маршрути 14-17 дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

,Маршрути № 14 - 1081 км

Сарҳади ӯзбекистон (Узун) - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Бо роҳи мошингарди М-41 сарҳади ӯзбекистон - Душанбе - Кофарниҳон гузаргоҳ ба роҳи мошингарди А 385-Данғара - Гулистон - гузаргоҳ ба роҳи мошингарди 12Р23 - Кӯлоб - Шӯрообод (вилояти Хатлон)Қалъаи-Хумб - Хоруғ - Мурғоб (ВМКБ) - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Маршрути № 15-1110 км

Сарҳади ӯзбекистон (Гулбаҳор) - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Сарҳади ӯзбекистон - гузаргоҳ ба роҳи автомобилгарди А 384Айваҷ - Қизилқалъа - Қӯрғонтеппа - гузаргоҳ ба роҳи автомобилгарди 12Р15 - Данғара - Кӯлоб - Шӯрообод (вилояти Хатлон) - Қалъаи-ХумбХоруғ - Мурғоб (ВМКБ) - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Маршрути № 16 - 986 км

Сарҳади ӯзбекистон (Узун) - Душанбе - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Бо роҳи автомобилгарди М-41 сарҳади ӯзбекистон (Узун) - ДушанбеХоруғ - Мурғоб (ВМКБ) - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Маршрути № 17-278 км

Сарҳади Қирғизистон (Саритош) - Мурғоб - Қулма (сарҳади ҶХХ).

Бо роҳи автомобилгарди М-41 сарҳади Қирғизистон (Саритош)Мурғоб (ВМКБ) - гузаргоҳ ба роҳи автомобилгарди Мурғоб - Тухтамиш (то 56 км) - Қулма (сарҳади ҶХХ).

7. Замимаи № 3 бо банди 3 дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

+--+-------------+---Т---------+---------------+---Т-----------------ҷ
|№№|Номи постҳои | Маҳалли     |  Номи постҳои | Маҳалли             |
|  |гумрукии     | таҷамӯъ дар |  гумруки дар  | таҷамӯъ дар         |
|  |Ҷумҳурии     | Ҷумҳурии    |  ҷумҳуриҳои   | ҷумҳурии ҳамсоя     |
|  |Тоҷикистон   | Тоҷикистон  |  ҳамсоя       |                     |
|  |             |             |               |                     |
+--+-------------+-------------+---------------+---------------------+
|1 |    2        |     3       |      4        |        5            |
+--+-------------+-------------+---------------+-Т--Т----------------+
|  | ,Саразм,    |Пости        |Пости          | Ҷумҳурии            |
|  |             |гумрукии     |гумрукии       | ӯзбекистон          |
|  |             |Ноҳияи       |"Ҷартеппа"     | вилояти             |
|  |             |Панҷакент    |               | Самарканд           |
|  |             |             |               | ноҳияи Тайлоқ       |

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 10 августи соли 1999 № 370

ш.Душанбе