Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1997, № 83 "Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон a3 29 декабри соли 1996 № 632 "Дар вораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 10.02.1997

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон aз 29 декабри соли 1996 № 632 "Дар вораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

 

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 625, аз 28.02.2025 № 130)

Оид ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 632 "Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки ҳамаи идораҳои нотариалии давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 1997 фаъолияти нотариалиро бояд дар қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда амали гардонанд. Фаъолиятҳои нотариалие, ки дар дигар намуди бланкҳо амали мегарданд, беқурб ҳисобида мешаванд.

2. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 130).

3. Маблағи коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда ҳангоми иҷрои амалиёти нотариалӣ ситонида шавад.

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби нигоҳдорӣ, фурӯш ва пешниҳоди ҳисобот оид ба коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршударо таҳия ва тасдиқ намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 625)

5. хориҷ карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 625).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 10 феврали соли 1997 № 83

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон a3 29 декабри соли 1996 № 632 "Дар вораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

 

Оид ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 632 "Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки ҳамаи идораҳои нотариалии давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 1997 фаъолияти нотариалиро бояд дар қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда амали гардонанд. Фаъолиятҳои нотариалие, ки дар дигар намуди бланкҳо амали мегарданд, беқурб ҳисобида мешаванд.

2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

оид ба тайёр намудани қоғазҳои дорои нишони дараҷаи ҳифзашон муқарраршуда бо шароити конссигнацияи маҳсулот шартнома бандад;

якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи пардохтро барои фурӯши қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда муайян намояд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда хароҷоти тайёр намудани қоғазҳои дорои нишони давлатиро бо дарназардошти шартҳои конссигнация бо тайёркунандагон талофи намояд;

Дастурамалро оид ба ҳисобот, нигоҳдори ва фурӯши қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда, инчунин Низомномаи ,Оид ба бастани шартномаҳои меҳнати бо нотариусҳои давлати дар асоси қарордод,-ро таҳия ва тасдиқ намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо техникаи компьютери ва нусхабардор таъмин намудани идораҳои нотариалии давлати 150 ҳазор доллари ШМА ҷудо намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки ашхоси ҳуқуқи сарфи назар аз шакли моликият, инчунин ашхоси воқеи ҳангоми қайди давлатии ҳуҷҷатҳои таъсис бояд аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи ҳуқуқи гиранд.

5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи Низомномаи "Дар бораи тартиби гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсис ва пардохти он"-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 10 феврали соли 1997 № 83

ш. Душанбе