ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳое, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар 21 майи соли 2005 баён шудаанд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳое, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар 21 маи соли 2005 баён шудаанд, тасдиқ карда шавад.
2. Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури иҷрои саривақти ва сифатнокии чорабиниҳои дар Нақша пешбинишударо таъмин намоянд.
3. Шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақша ҳар нимсола гузориш манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2005 № 184
ш. Душанбе
* Нақшаи чорабиниҳо замима нагардидааст