Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2005, № 13 "Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерсӣ-форвардӣ сузишвории дизелӣ, нӯриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерсӣ-форвардӣ сузишвории дизелӣ, нӯриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд

(қарор аз 26.01.2008с. № 47)

Бо мақсади саривақт гузаронидани кишту кори баҳорӣ дар ҷумҳурӣ ва мутобиқи моддаи 378 Кодекси гумруки Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерсӣ-форвардӣ сузишвории дизелӣ, нӯриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд, мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо аз 1 январ то 1 майи соли 2005, ба мӯҳлати 6 моҳ тибқи руйхати ҳамин субъектҳо дар ҳаҷми намуди маҳсулот мувофиқи замима ба таъхир гузорад;

- батаъхиргузорӣ ба шарти ба мақомоти гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани пардохтҳои гумрукӣ тибқи тартиби пешбинишудаи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад (қарор аз 26.01.2008с. № 47).

2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарор аз 26.01.2008с. № 47):

- тадбирҳои заруриро ҷиҳати бебаҳс ситонидани маблағи ба таъхир гузошта баъди хатми мӯҳлати батаъхиргузорӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешад;

- назорати истифодабарии мақсадноки молҳои воридшударо таъмин намояд.

3. Ҳамин қарор аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 12 январи соли 2005 № 13

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚAPOP

Дар бораи ба таъхир гузоштани мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерсӣ-форвардӣ сузишвории дизелӣ, нӯриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд

Бо мақсади саривақт гузаронидани кишту кори баҳори дар ҷумҳури ва мутобиқи моддаи 378 Кодекси гумруки Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои фючерси-форварди сӯзишвории дизели, нуриҳои минерали ва заҳрхимикатҳо ворид менамоянд, мӯҳлати пардохти боҷи гумруки ва андоз аз арзиши иловашударо аз 1 январ то 1 майи соли 2005, ба мӯҳлати 6 моҳ тибқи рӯйхати ҳамин субъектҳо дар ҳаҷми намуди маҳсулот мувофиқи замима ба таъхир гузорад;

- батаъхиргузори ба шарти ба мақомоти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои таъмин намудани пардохтҳои гумруки тибқи тартиби пешбинишудаи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистои ба амал бароварда шавад.

2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тадбирҳои заруриро ҷиҳати бебаҳс ситонидани маблағи ба таъхир гузошта баъди хатми мӯҳлати батаъхиргузори тибқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешад;

- назорати истифодабарии мақсадноки молҳои воридшударо таъмин намояд.

3. Ҳамин қарор аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 12 январи соли 2005 № 13

ш. Душанбе