ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ"
Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо мақсади беҳбуди бахшидан ва танзими истеҳсоли тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзи ва беҳтар таъмин намудани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳури бо тухмии зироатҳои кишоварзи минтақа ва хоҷагиҳои махсус, ки ба истеҳсоли тухмии зироатҳои кишоварзи машғуланд, муайян карда шаванд. (замимаҳои 1 ва 2)
Ҳамоҳангсозии корҳои хоҷагиҳои тухмипарвари оид ба масъалаҳои истеҳсол ва ба фурӯш баровардани тухмии зироатҳои кишоварзи, тартиби бастани шартномаҳо байни истеҳсолкунандагон ва харидорон ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Муқаррар карда шавад, ки хоҷагиҳои тухмипарвар муносибатҳои мутақобилаи худро бо субъектҳои дигари хоҷагидори дар асосҳои тиҷорати анҷом медиҳанд.
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тартиби ташкил ва истифодаи фондҳои давлатии тухмиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ Низомнома оид ба истеҳсол, захира, коркард, нигоҳдори, фурӯш, ҳамлунақл ва истифодаи тухмии зироатҳои кишоварзиро таҳия ва тасдиқ намояд;
- ҳаҷми ҳарсолаи истеҳсол ва фурӯши тухмиҳои (асли, элита ва репродуксиони) серҳосили навъҳои зироатҳои кишоварзиро (номгӯи зироат, намуд) дар хоҷагиҳои тухмипарвари, Идтиҳодияи илмию истеҳсолии "Зироаткор"-и ба номи академик Махсумов А.Н., Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди навъҳои тухмии зироатҳои кишоварзии Тоҷикистон муайян намояд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:
- дараҷаи ташкили соҳаи тухмипарвариро баланд бардошта, ба кишти бисёрнавъии зироатҳои кишоварзи дар хоҷагиҳои тухмипарвари роҳ надиҳанд ва ҷиҳати сари вақт барқарор, интихоб ва ноҳиябанди намудани навъҳои серҳосил, тезпаз ва ба касалиҳою зараррасонҳо тобовар тадбирҳо андешанд;
- якҷоя бо сармоягузорон масъалаи истеҳсоли чигити тухмии баландсифати пахтаро дар асоси шартномаи иҷора (ба иҷора гирифтани замин) байни хоҷагиҳо ва корхонаҳои пахтатозакуни барраси намоянд.
4. Беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2000 № 235 "Дар бораи тадбирҳои танзими истеҳсоли тухмии баландсифати кишоварзӣ";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2002 № 236 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2000 № 235".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 10 майи соли 2005 № 169
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 майи с. 2005 № 169
Минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ
Вилояти Суғд
шаҳри Конибодом
ҶС ба номи Э. Бойматова - пахтаи типи (хели)V
Хоҷагии деҳқонии ба номи М.Назаров - пахтаи типи II
Ноҳияи Ҷ. Расулов
ҶС Ленинград - пахтаи типи V
Ноҳияи Спитамен
КАС "Гулистон" - пахтаи типи V, гандум, ҷав, нахӯд
Ноҳияи Б. Ғафуров
ҶС ба номи Ҷ. Расулов - пахт и типи IV, ҷуворимакка
ҶС ба номи С. Урунхоҷаев - пахтаи типи V
ҶС ба номи А. Ҷумаев - пахтаи типи V, гандум, ҷуворимакка
Ноҳияи Ашт
Хоҷагии "Иттифоқ" - пахтаи типи V, гандум, ҷуворимакка
Ноҳияи Ғончи
Хоҷагии ба номи Ҷ. Расулов - гандум
Шаҳри Исфара
Хоҷагии деҳқонии "Чилгази" - гандум, ҷуворимакка, помидор
Шаҳри Истаравшан
Хоҷагии "Чорбоғ" - гандум
Хоҷагии "Роҳи Ленин" - помидор
ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ноҳияи Қумсангир
АХД "Суғдиён" - пахтаи типи II
Хоҷагии деҳқонии ба номи Эммаҳмадов Қаландар - пахтаи типи II
Ноҳияи Вахш
Хоҷагии "Кӯлоб" - пахтаи типи II, гандум, ҷуворимакка
Хоҷагии деҳқонии "Мусо" - пахтаи типи II
Хоҷагии деҳқонии "Файз" - пахтаи типи II
Хоҷагии деҳқонии "Фидокор" - ҳамаи намуди сабзавот ва полези
Ноҳияи Данғара
Хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон" - пахтаи типи V
Хоҷагии деҳқонии "Муҳсинҷон" - пахтаи типи V
Хоҷагии деҳқонии "Шарифи -Ширин" - пахтаи типи V
Ноҳияи Ҷиликӯл
Хоҷагии деҳқонии ба номи Э. Сатторов - пахтаи типи IV
Хоҷагии деҳқонии ба номи Э. Султонов - пахтаи типи IV
Ноҳияи Восеъ
Хоҷагии деҳқонии "Искандар" - пахтаи типи V
Хоҷагии деҳқонии "Ҳулбук" - пахтали типи V
Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадони
Хоҷагии ба номи Ф. Саидов - ҷуворимакка
Ноҳияи Мӯъминобод
Хоҷагии "Тебалай" - юнучқа
Ноҳияи Фархор
Хоҷагии ба номи Ленин - пахтаи типи IV
Ноҳияи Ёвон
Хоҷагии "Ёвон - 4" - пахтаи типи IV
Шаҳри Кӯлоб
Хоҷагии ба номи С. А. Ҳамадони - пахтаи типи V, гандум,
ҷуворимакка, пиёз, лаблабу, нахӯд, сабзи
Хоҷагии "Хатлон" - пахтаи типи IV
Ноҳияи Қубодиён
Хоҷагии "Авесто" - пахтаи типи II, гандум, ҷуворимакка, лӯбиёи
чини
Ноҳияи Колхозобод
Хоҷагии ба номи С. Ҷумаев - пахтаи типи IV
Ноҳияи Панҷ
Хоҷагии ба номи Э. Раҳмонов - пахтаи типи IV
Ноҳияи Бохтар
Хоҷагии ба номи Ф. Саидов - пахтаи типи II, ҷуворимакка, рапс,
перко, мунҷ
Ноҳияи Носири Хусрав
Хоҷагии деҳқонии "Истиқлол" - пахтаи типи V
Ноҳияи Темурмалик
Хоҷагии "Ҷорубқул" - гандум, ҷав, нахӯд
Хоҷагии "Кангурт" - юнучқа
Ноҳияи Ховалинг
Хоҷагии деҳқонии ба номи А. Усмонов - картошка
Ноҳияи Хуросон
Агрофирмаи "Табиат" - гандум, ҷуворимакка, лӯбиёи чини
Кооперативи истеҳсолии "Пахтакор" - пахтаи типи V
НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Шаҳри Турсунзода
Хоҷагии деҳқонии "Дӯсти" - пахтаи типи V, гандум
Ноҳияи Ҳисор
Хоҷагии "Ватан" - пахтаи типи V
Хоҷагии ба номи Л. Муродов - гандум
Хоҷагии "50 солагии Октябр" - пиёз, помидор, карам, бодиринг,
сабзи
Ноҳияи Рӯдаки
Хоҷагии деҳқонии "ӯлҷабой" - пахтаи типи V, гандум, ҷуворимакка
Хоҷагии "Конзавод" - юнучқа
Хоҷагии деҳқонии "Хуршед" - пахтаи типи V
Ноҳияи Шаҳринав
Хоҷагии деҳқонии ба номи И. Меликмуродов - пахтаи типи V, гандум,
ҷав, нахӯд, зағир
Хоҷагии деҳқонии "Пушти миёна" - пахтаи типи V, гандум, ҷав
Ноҳияи Файзобод
Хоҷагии ба номи А. Рӯдаки - гандум, ҷав, юнучқа, лаблабу, помидор
Хоҷагии ба номи К. Назиров - юнучқа, картошка, гандум
Хоҷагии деҳқонии "Дошманди" - гандум, ҷав, помидор
Ноҳияи Тавилдара
Хоҷагии "Чилдара" - картошка
Ноҳияи Рашт
Хоҷагии ба номи М. Шогадоев - картошка
Хоҷагии "Рашт" - гандум
Хоҷагии ба номи М. Шомаҳмадов - картошка
Ноҳияи Тоҷикобод
Хоҷагии деҳқонии "Ҳаёти нав" - гандум, картошка
Хоҷагии деҳқонии ба номи М. Турсунзода - картошка, гандум
Ноҳияи Ҷиргатол
Хоҷагии "Қизилсу" - картошка
Ноҳияи Нуробод
Хоҷагии "Самсолиқ" - картошка
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 майи с.2005 № 169
Номгӯи хоҷагиҳое, ки дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии "Зироаткор"-и ба номи Академик Махсумов А.Н., ва "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳидии навъҳои тухмии зироатҳои кишоварзии Тоҷикистон ба истеҳсол ва фурӯши навъҳои тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ (аслӣ, элита, репродуксионӣ) машғуланд
Идтиҳодияи илмию истеҳсолии "Зироаткор"
(истеҳсол ва фурӯши тухмии хушсифат (аслӣ, элита, репродуксионӣ)
пахта, гандум, ҷав, сули, нахӯд, наск, лӯбиёи чини, ҷуворимакка, шоли,
мош, юнучқа, берсим, шабдар, маъсар).
Стансияи минтақавии таҷрибавии "Кӯлоб"-и ноҳияи Данғара
Хоҷагии таҷрибавии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Ҳисор
Хоҷагии таҷрибавии истеҳсолии ИИИ "Зироаткор"
Филиали дар Суғд будаи ИИИ "Зироаткор"
Филиали дар Вахш будаи ИИИ "Зироаткор" ба номи Красичков
Пункти такягоҳи "Қушқургон"-и ноҳияи Шаҳристон
Пункти такягоҳи Панҷакент
Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар"
(истеҳсол ва фурӯши тухмии хушсифат (асли, элита, репродуксиони)
пиёз, сабзи, карам, бодиринг, помидор, лаблабӯи хӯрока, шалғамча,
шалғам, турб, боимҷон, саримсоқ, каду, харбуза, тарбуз, картошка,
қаламфур
Пункти такягоҳи Ҷиргатол
Филиали дар Суғд будаи иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар"-и
ба номи Мичурин
Хоҷагии тухмипарварии "Қалъаи нав"-и шаҳри Роғун
Хоҷагии таҷрибавии "Сумбула"-и ноҳияи Ҳисор
Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикии "Вахш"-и ноҳияи
Колхозобод
Корхонаи воҳиди навъҳои тухмии зироатҳои кишоварзии Тоҷикистон

помидор, карам, пиёз, бодиринг, сабзи, лаблабӯи хӯрока, шалғамча,
шалғам, боимҷон, саримсоқ, каду, харбуза, тарбуз, қаламфур, полезиҳо,
картошка, хӯроки чорво, юнучқа)
Хоҷагии ба номи Мукаррамови шаҳри Исфара
Хоҷагии деҳқонии "Иттифоқ"-и шаҳри Исфара
Хоҷагии ба номи Сомонии шаҳри Турсунзода
Хоҷагии "Саидқурғон"-и ноҳияи Спитамен