ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2004 № 42
Бо мақсади такмили низоми кӯмакҳои иҷтимоии унвони, соддатар намудани механизми таъин ва таъмини пардохти саривақтии ҷубронпулиҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2004 № 42 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
банди 2 қарор дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати назорати доимии истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии ҷубронпулиҳоро таъмин намоянд".
дар банди 3 қарор калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "комиссияҳои ноҳиявии (шаҳрии) таъини ҷубронпулиҳо" иваз карда шаванд;
сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:
"Бо мақсади такмили системаи пардохти ҷубронпулиҳо ва беҳтар намудани шароити кории (компютеркунонии) комиссияҳои ноҳиявии (шаҳрии) таъини ҷубронпулиҳо дар соли 2005 ба истифода намудани як фоизи маблағҳои аз буҷети Ҷумҳурияви барои ҷуброни истифодаи қувваи барқу гази табий барои оилаҳои камбизоат ҷудошуда иҷозат дода шавад".
2. Ба Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпули ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табий тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд :
дар банди 3 калимаҳои "яъне оилаҳое (хоҷагиҳое), ки даромади умумиашон мувофиқи омори расми аз музди миёнаи меҳнати маҳали истиқомат (шаҳр, ноҳия) паст мебошад" бо калимаҳои "ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила аз андозаи як маоши ҳадди ақали муқараргардида паст ва ё ба он баробар мебошад" иваз карда шаванд;
дар банди 14 калимаҳои "ҳар семоҳа" ба калимаҳои "ҳар моҳ" иваз карда шаванд;
дар банди 15:
рақами "150" ба рақами "200" ва рақамҳои "20" ва "30" мутобиқан ба рақамҳои "25" ва "35" иваз карда шаванд;
баъди сархати сеюм сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҷубронпули барои истифодаи қувваи барқ барои аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам мувофиқи ҳамин меъёрҳо ва инчунин нархномаҳои амалкунандаи фурӯши қувваи барқ, ки барои муштариёни (аҳоли) Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" муқаррар карда шудааст, ҳисоб карда мешавад";
банди 16 хориҷ карда шавад;
банди 17 бо таҳрири зайл баён карда шавад:
"17. Пардохти ҷубронпули мувофиқи дархости сарвари оила ба таври нақди ё ғайринақди сурат мегирад. Тартиби пардохти нақдии ҷубронпулиҳоро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд";
ба банди 18 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"ҳангоми аз тарафи оилаҳо дар муддати 6 моҳ ба муассисаҳои фуруши барқ ва гази табий барои хароҷоти истифодаи барқ ва гази табий напардохтани ҷубронпулиҳои ба онҳо ба таври нақди додашуда";
дар банди 21:
дар сархати дуюм калимаҳои "ҳамзамон мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати ноҳия (шаҳр) аст" ба калимаҳои "раиси комиссияи ноҳияви (шаҳри) таъин мекунад" иваз карда шаванд;
дар сархати нӯҳум калимаҳои "ҳар семоҳа" ба калимаҳои "то санаи 5 моҳи минбаъда" ва калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар банди 26:
баъди калимаи "моҳи" калимаи "минбаъда" илова карда шавад;
калимаҳои "пас аз семоҳаи гузашта" хориҷ карда шаванд;
дар банди 27:
дар сархати якум калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Комиссияҳои ноҳиявии (шаҳрии) таъини ҷубронпулиҳо" иваз карда шавад;
сархати дуюм хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2005 № 104
ш. Душанбе