Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсия Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
азми худро ҷиҳати таҳким ва рушди робитаҳои иқтисоди байни ҳар ду давлат ба роҳбари гирифта,
фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандони як давлатро дар давлати дигар ҳамчун соҳаи муҳими ҳамкории байни Тоҷикистон ва Россия барраси намуда,
ба принсипҳое, ки дар Созишномаи ҳамкори дар соҳаи муҳоҷирати меҳнати ва ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашони муҳоҷир, ки байни сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 апрели соли 1994 имзо шудааст, инчунин Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодии асосии инсон, ки сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 майи соли 1995 ба имзо расонидаанд такя намуда,
манфиати мутақобиларо дар танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии хориҷи ба инобат гирифта, бо дарназардошти вазъи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1.
Созишномаи мазкур масъалаи фаъолияти меҳнати ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашони муҳоҷир - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Федератсияи Россияро, ки муваққатан дар ҳудуди давлати Тарафи дигар кор мекунанд, танзим менамояд.
Моддаи 2.
Амали Созишномаи мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Федератсияи Россия, ки ба таври доими мутаносибан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Федератсияи Россия зиндаги мекунанд (минбаъд давлатҳои маҳали зисти доими номида мешаванд) ва дар асоси қонуни фаъолияти муваққати мегардад. Ашхоси номбурда (минбаъд кормандон номида мешаванд), фаъолияти меҳнатии муваққатиро мутобиқи:
а) шартномаҳо барои иҷрои корҳо ё хизматрасони (мннбаъд шартномаҳо барои иҷрои корҳо номида мешаванд), ки байни шахсони ҳуқуқи ё вокеии давлати қабулкунанда (минбаъд фармоишгар номида мешавад) ва шахсони ҳуқуқии давлати маҳали истиқомати доими, ки корманд бо онҳо муносибати меҳнати дорад, баста шудааст;
б) шартномаҳои гражданию ҳуқуқи барои иҷрои корҳо (хизматрасони), ки байни онҳо ва корфармоёни давлати (хизматҳо) қабулкунанда баста шудааст;
в) тибқи шартномаҳои иҷрои кор, ки байни кормандон ва корфармоёни давлати қабулкунанда баста шудааст, анҷом медиҳад.
Тарафҳо вобаста ба ӯҳдадориҳое, ки аз шартномаҳои дар доираи ҳамин Созишнома басташуда бармеоянд, масъулият надоранд.
Моддаи 3.
1. Мақомоти Тарафҳо, ки барои татбиқи ҳамин Созишнома масъуланд (минбаъд ваколатдор номида мешаванд) аз инҳо иборатанд:
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар Федератсияи Россия - Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Вазорати тандурусти ва рушди иҷтимоии Федератсияи Россия.
2. Мақомоти ваколатдори Тарафҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳамин Созишнома гурӯҳи кори таъсис медиҳанд.
Вобаста ба зарурат гурӯҳи кори бо навбат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷаласаҳои муштарак доир менамояд.
3. Мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳамдигарро дар бораи тағйирот дар қонунгузории миллие, ки ҷалб ва истифодаи қувваи кории хориҷаро танзим менамояд, инчунин дигар санадҳои меъёри дар соҳаи меҳнат, шуғл, эмигратсия, иммигратсия, аз ҷумла дар бораи шароити зисти кормандон, вазъи бозори меҳнати Тарафҳо, дар бораи корфармоёне, ки барои ҷалби кормандони хориҷи иҷозат гирифтаанд, инчунин ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Тарафҳо ба фаъолияти бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар хориҷа литсензия доранд, огоҳ сохта, ба рушди ҳамкориҳои минтақави дар соҳаи муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа мусоидат менамоянд.
Моддаи 4.
1. Ҷалб намудани кормандон барои фаъолияти меҳнатии муваққати ва истифодаи меҳнати онҳо мутобиқи қонунгузории давлатии қабулкунанда ва муқаррароти ҳамин Созишнома анҷом дода мешавад.
2. Кормандон фаъолияти меҳнатии муваққатиро дар давлати қабулкунанда ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷати мувофиқи, ки мутобиқи қонунгузории он ба мӯҳлати на зиёда аз як сол дода шудааст (минбаъд рухсатнома ба кор номида мешавад) анҷом медиҳанд. Тибқи дархости асосноки корфармо ё фармоишдиҳандаи кор (хизмат), ки мувофиқи тартиботи муқарраргардида барои истифодаи кормандони хориҷи иҷозат гирифтааст, ин иҷозат ба мӯҳлати на бештар аз як сол тамдид дода мешавад.
Моддаи 5.
Воридшави, хориҷ шудан ва истиқомати кормандон дар ҳудуди давлати қабулкунанда тибқи қонунгузории ин давлат ва талаботи Созишномаи мазкур анҷом дода мешавад.
Давлати Тарафе, ки ҳангоми муайян намудани теъдоди кормандони ба меҳнати муваққати ҷалбшавандаи давлати Тарафи дигар эҳтиёҷоти бозори миллии меҳнати хушро нисбати қувваи кории хориҷи, ба инобат мегирад.
Моддаи 6.
Собиқаи меҳнатии кормандон, аз ҷумла собиқа тибқи асосҳои имтиёзнок ва вобаста ба ихтисос, ки дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии муваққати дар қаламрави давлати қабулкунанда ба даст овардаанд, аз ҷониби Тарафҳо мутаносибан зътироф мегардад.
Ҳангоми аз давлати қабулкунанда пурра хориҷ гардидани корманд ба ӯ аз ҷониби корфармо ё фармоишдиҳандаи кор (хизмат), ҳуҷҷати дахлдори бо мӯҳр тасдиқгардида, ки дорои маълумот оид ба давомнокии кор ва музди меҳнати ҳармоҳа мебошад, дода мешавад.
Корманд дар мувофиқа бо қонунгузории давлати қабулкунанда ба ҳифзи иҷтимои ҳуқуқ дорад.
Моддаи 7.
Тарафҳо ба рушди ҷараёни муҳофизати меҳнати ошкоро (қонуни), фароҳамоварии шароити мусоид ва қобили қабули тарафайн ҷиҳати мухочнрати меҳнатии шаҳрвандон мусоидат хоҳанд кард.
Ҳар яке аз Тарафҳо дар доираи қонунгузории худ бо мақсади дар қаламрави кишвараш иҷозат надодани фаъолияти зайл чораҳои зарури меандешад:
а) фаъолияти ғайриқонунии шахсони ҳуқуқи ва воқеи оид ба ҷалб, интихоб ва ба ҳудуди давлати Тарафи дигар фиристодани кормандон;
б) дар матбуот чоп намудани иттилооти носаҳеҳи марбут ба таъминоти кор, шароити меҳнат ва буду бош дар ҳудуди давлатҳои Тарафайн;
в) фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони давлати Тарафи дигар.
Моддаи 8.
1. Ба кормандон ҳуқуқ ва озодиҳои барои шаҳрвандони хориҷи муқаррарнамудаи қонунгузории давлати қабулкунанда кафолат дода мешавад.
2. Кормандон вазифадоранд қонунгузориҳои давлати қабулкунанда, ва аз он ҷумла қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷи дар қаламрави он ва муқаррароти ҳамин Созшиномаро риоя намоянд.
3. Кормандони дар банди "а" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида, мутобиқи қонунгузории давлати истиқомат ба вақти истироҳат ҳуқуқ доранд.
4. Кормандони дар банди "б" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида, мутобиқи шартҳои шартнома оиди иҷрои кор (хизмат) ба вақти истироҳат ҳуқуқ доранд.
5. Кормандони дар банди "в" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида, мутобиқи қонунгузории давлати қабулкунанда ва шартномаи меҳнати ба вақти истироҳат ҳуқуқ доранд.
Кормандони зикргардида, дар асоси шартнома бо кордиҳандаи давлати қабулкунанда, дар рӯзҳои идонаи расмии давлати ҷои истиқоматашон метавонанд аз фаъолияти меҳнати озод карда шаванд. Шарти ин гуна озодгарди дар шартномаи меҳнати муқаррар карда мешавад.
6. Хизматрасонии тиббии кормандон аз ҳисоби маблағҳои корфармо ё фармоишдиҳандаи кор (хизмат) дар мувофиқа бо қонунгузории давлати қабулкунанда дар сатҳе, ки на поёнтар аз сатҳи хизматрасонии тиббии шаҳрвандонаш сурат мегирад.
7. Масъалаҳои суғуртаи иҷтимоии кормандон бо Созишномаи алоҳидаи Тарафҳо дар соҳаи суғуртаи иҷтимои танзим мегардад.
Моддаи 9.
1. Пардохт ва дигар шароити меҳнати кормандони дар банди "а" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида тибқи шартномаи меҳнатии корманд бо шахси ҳуқуқии давлати маҳали доимии зист ва муқаррароти дахлдори шартнома барои иҷрои корҳо танзим мегардад.
2. Пардохт ва дигар шароити меҳнати кормандони дар банди "б" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида, тибқи шартномаи меҳнатии корманд бо фармоишдиҳандаи кор (хизмат)-и давлати қабулкунанда танзим мегардад.
Шартномаи меҳнати - шаҳрванди нисбати иҷрои кор (хизмат) дар шакли хатти баста мешавад. Шартҳои шартномаи меҳнати бояд ба қонунгузории шаҳрвандии давлати қабулкунанда ва муқаррароти ҳамин Созишнома мувофиқат намояд ва инчунин шартҳои зарурии вобаста ба фаъолияти меҳнати ва буду боши кормандро дар давлати қабулкунанда дар бар гирад.
3. Пардохти музди меҳнат ва дигар шароитҳои меҳнатии кормандони дар банди "з" моддаи 2 ҳамин Созишномаи мазкур бо шартномаи меҳнатии корманд бо корфармои давлати қабулкунанда танзим мегардад.
Шартномаи меҳнати ба тариқи хатти баста мешавад. Шартҳои шартномаи меҳнати бояд бо қонунгузории меҳнатии давлати қабулкунанда ва муқаррароти ҳамин Созишнома мувофиқат намояд ва шартҳои зарурии вобаста ба фаъолияти меҳнати ва буду боши кормандро дар давлати қабулкунанда дар бар гирад.
4. Пардохти музди меҳнати кормандоне, ки дар банди "в" моддаи 2 Созишномаи мазкур қайд гардидаанд ва мусоиднокии шароити меҳнати онҳо, аз меъёри барои шаҳрвандони давлати қабулкунанда муқарраргардида, ки дар мансабҳои баробар бо ихтисос ва тахассуси якхела ва ҳамин гуна корро иҷро менамоянд, набояд пасттар бошад.
Моддаи 10.
Кормандон набояд аз синни 18-сола хурд буда, барои иҷрои корҳои пешниҳодшаванда вобаста ба ҳолати саломати коршоям бошанд. Ҳангоми воридшави ба қаламрави давлати қабулкунанда аз дафтари амбулатори нусха бо маълумоти ҳамагуна (прививкаҳо) (сертификати тиббии мувофиқ) дошта бошанд, ки он аз ҷониби комиссияи клиникию экспертии ҷои зист тасдиқ карда шуда, нисбати коршоямии тахассуси барои иҷрои кори пешниҳодгардида хулосаи тибби дошта бошад.
Моддаи 11.
1. Ҳангоми иҷрои корҳое, ки ихтисосманди ва тахассуси махсусро талаб менамояд, кормандон бояд дар бораи ихтисос ва тахассус ҳуҷҷатҳои мувофиқро пешниҳод намоянд.
2. Ҳар яке аз Тарафҳо (бе қонунигардони) дипломҳо, шаҳодатнома дар бораи маълумот, ҳуҷҷатҳои дахлдор дар мавриди додани унвон, дараҷаи тахассуси ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро барои иҷрои фаъолияти меҳнатии муваққати, инчунин тибқи тартиби муқаррарнамуда, ки дар қаламрави давлати ҷои зисти доими тасдиқ гардидааст ва тарҷумаи онро ба забони давлатии давлати қабулкунанда эътироф менамояд.
Моддаи 12.
1. Кормандон ба ғайр аз коре, ки барои он рухсатнома дода шудааст, наметавонанд ҳеҷ як кори дигари пардохтшавандаро иҷро намоянд.
2. Ҳангоми ошкор гардидани он, ки корманд нисбат ба кори барои фаъолияти муваққатии меҳнати иҷозатшуда кори дигари пардохтшавандаро иҷро мекунад, ё иҷро кардааст, ё корфармо, фармоишдиҳандаи кор (хизмат)-ро худсарона иваз намудааст, рухсатнома ба фаъолияти муваққатии меҳнати бекор карда мешавад.
Моддаи 13.
1. Дар сурати бо ташаббуси корфармо пеш аз мӯҳлат бекор кардани Шартномаи меҳнати бо кормандони дар банди "в" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида тибқи асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Тарафи қабулкунанда, ба кормандон аз ҷониби корфармо ҷубронпулии пешбининамудаи Шартномаи меҳнати ва қонунгузории давлати қабулкунанда барои кормандони дар ҳамин асос озодгардида, пардохта мешавад.
Дар ин ҳолат корманд ҳуқуқ дорад дар ҷараёни як моҳ аз рӯзи пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаи меҳнати барои давраи то гузашти мӯҳлати дар рухсатномаи ибтидои зикргардида бо дигар корфармои Тарафи қабулкунанда, ба шарте, ки то гузашти ин мӯҳлат на камтар аз се моҳ монда, корфармое, ки корманд бо ӯ шартномаи нави меҳнати бастааст тибқи тартиби муқарраргардида барои ҷалби қувваи кории хориҷи иҷозат гирифтааст, шарномаи нави меҳнати бандад.
2. Шартнома барои иҷрои корҳо бояд муқарраротеро, ки масъулияти тарафҳои имзонамуда оиди ҳифзи ҳуқуқи кормандон ҳангоми новобаста аз онҳо пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи мазкурро дар бар гирад.
3. Хароҷоти вобаста ба иҷрои расмиёти марбут ба вуруди кормандон ба қаламрави давлати қабулкунанда, буду бош дар ин давлат ва хурӯҷ аз он мутобиқи муқаррароти шартномаи меҳнати ё шартнома барои иҷрои корҳо пардохта мешавад.
Дар сурате, ки агар масъалаҳои пардохта хароҷот тибқи муқаррароти шартномаи меҳнати ва шартнома барои иҷрои корҳо пешбини нагардида бошад, хароҷоти вобаста ба хурӯҷи кормандон аз давлати қабулкунанда аз ҳисоби корфармо ё фармоишгар пардохта мешавад.
Моддаи 14.
Дар ҳолати дохил намудани қарори расми оиди бекор кардани иҷозатномаи кори, инчунин бо сабаби аз тарафи коргар иҷро намудани кори дигари пардохтшаванда ғайри он коре, ки дар иҷозатнома нишон дода шудаст, вай мувофиқи қонунгузори ва нишондоди Созишномаи мазкур бояд дар муддати 15 рӯз марзи давлати қабулкунандаро тарк намояд.
Моддаи 15.
1. Дар сурати фавти корманди дар банди "а" моддаи 2 Созишномаи мазкур қайд гардида, шахсони ҳуқуқии давлати ҷои зисти доими, ки бо ӯ дар муомилоти меҳнати буданд, ҷасади ӯро интиқол медиҳанд ва тамоми хароҷоти вобаста ба он, ҳамчунин хароҷоти фиристодан ва гузарондани амволи ӯро ба ӯҳда мегиранд, агар шартнома барои иҷрои кор тартиби дигареро пешбини нанамояд.
2. Дар сурати фавти корманди дар банди "б" моддаи 2 ҳамин Созишномаи зикргардида фиармоишдиҳандаи кор (хизмат)-и давлати қабулкунанда ҷасади ӯро ба давлати маҳали доимии зист интиқол медиҳад ва тамоми хароҷоти вобаста ба он, ҳамчунин хароҷоти фиристодан ва гузаронидани амволи ӯро пардохт менамояд.
3. Дар сурати фавти корманди дар банди "в" моддаи 2 ҳамин Созишнома зикргардида корфармои давлати қабулкунанда интиқоли ҷасади ӯро ба давлати маҳали доимии зисти корманд ташкил менамояд ва тамоми хароҷоти фиристодан ва гузаронидани амволи ӯро пардохт менамояд.
4. Агар фавти корманд бо гуноҳи корфармо ё фармоишдиҳандаи кор (хизмат), инчунин дар натиҷаи осеби меҳнати гирифтани корманд, корфармо ё фармоишдиҳандаи кор (хизмат) пардохти ҷубронпули ва кӯмакпулиро мутобиқи қонунгузории давлати қабулкунанда анҷом медиҳад.
Пардохти ҷубронпули ва кӯмакпули тавассути намояндагии дипломати ё муассисаи консулгарии давлати қабулкунанда дар давлати маҳали доимии зисти корманд анҷом дода мешавад.
5. Корфармо ва/ё фармоишгар дар бораи фавти корманд фавран мақомоти корҳои дохилии давлати қабулкунандаро вобаста ба маҳали бақайдгирии корманд, дигар мақомоти салоҳиятдори давлати қабулкунанда ва муассисаи консулгарии давлати маҳали истиқомати доимиро бо фароҳамоварии маводи вобаста ба далели фавт, огоҳ месозанд.
Моддаи 16.
1. Кормандон ҳуқуқ доранд, ки дар бозори асъори дохилии давлати қабулкунанда асъори хориҷи ба даст оранд, ҳамчунин онро ё маблағҳои ба даст овардаашонро бо асъори хориҷи ба давлати маҳали зисти доими тибқи қонунгузории давлати қабулкунанда интиқол намоянд ё бо худ бибаранд.
2. Андозбандии даромади кормандон мутобиқи қонунгузории давлати қабулкунанда анҷом дода мешавад.
Моддаи 17.
Ба қаламрави давлати қабулкунанда ворид намудани амволи шахси ва асбобу анҷоми кори барои фаъолияти муваққатии корманд ва баргашта бурдани он мутобиқи қонунгузории давлати қабулкунанда сурат мегирад.
Моддаи 18.
Тарафҳо метавонанд намояндагии мақомоти салоҳиятнокро мутаносибан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ифтитоҳ намоянд.
Моддаи 19.
1. Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хатти дар мавриди аз ҷониби Тарафҳо иҷро намудани расмиёти дохилидавлати, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
2. Созишномаи мазкур ба мӯҳлати панҷ сол баста шуда, агар ҳеч яке аз Тарафҳо тавассути огоҳии хатти дар мавриди нияти қатъи он дар мӯҳлати на камтар аз шаш моҳ то гузаштани давраи дахлдор Тарафи дигарро огоҳ насозад, худ аз худ ба мӯҳлати се соли минбаъда тамдид меёбад.
3. Ба Созишномаи мазкур тибқи аҳдномаи Тарафҳо метавонад тағйироту иловаҳо ворид гардад, ки онҳо тавассути протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд.
4. Ҳангоми қатъи амали ҳамин Созишнома рухсатнома ба фаъолияти меҳнати, ки дар давраи амали ҳамин Созишнома дода шудааст, то мӯҳлати барои он додашуда, этибор дорад.
Муқаррароти ҳамин Созишнома дар сурати қатъ шудани эътибори он, нисбат ба шартномаҳои барои иҷрои кор басташуда ва шартномаи меҳнати то гузаштани мӯҳлати басташуда татбиқ мегардад.
Дар шаҳри Душанбе 16 октябри соли 2004 дар ду нусха бо забони русӣ ва тоҷикӣ таҳия шудааст, ки ҳар кадом матн дорои эътибори баробар мебошанд.
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия |