ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ АВВАЛИНДАРАҶАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ МУРҒОБИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2014 № 303)
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зисти аҳоли ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон, бо дарназардошти шароити иқлимию ҷуғрофии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Чорабиниҳои замимагардида оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2005-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет барои солҳои оянда ҷудо кардани маблағҳои мақсаднокро барои таъмири мактабҳои таҳсилоти умуми, муассисаҳои тандурусти, харидории миқдори зарурии ангиштсанг барои ташкилотҳои буҷетии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбини намоянд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Тоҷикистон "Тоҷикматлубот" мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати ду моҳ оид ба ташкили савдои наздисарҳади дар ағбаи Қулма, муайян намудани номгӯи ва миқдори молҳои ниёзи аввалиндараҷа, тартиби харид ва таъмини аҳолии ноҳияи Мурғоб бо ин молҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур намоянд.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба ҳамасола ҷудо намудани квота барои дохил шудани хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Мурғоб ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба таъмини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Мурғоб бо ҷойи нишаст, китобҳои дарси ва дигар маводи хониш бо забони қирғизи чораҳо андешанд.
6. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополи ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгири ва ривоҷ додани соҳибкори дар соҳаҳои моҳидори, қутоспарвари, ташкили корхонаҳои хурди коркарди пӯсту пашм ва нуқтаҳои хизматрасони ба аҳоли дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои зарури андешанд.
Ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" оид ба ҷудо намудани қарзҳои кӯтоҳмуддати мақсаднок бо тартиби муқарраргардида барои рушд ва дастгирии соҳаҳои номбурда тавсия дода шавад.
7. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқиро дар дарёҳои Оқсу ва Модиён омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
8. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" ҷиҳати ҷалб намудани сармоягузории хориҷи барои мавриди истифода қарор додани конҳои тиллои Рангкӯл ва нуқраи Оқҷилга чораҷӯи намоянд;
9. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби даромадҳое, ки аз шикори байналмилали ба даст меорад, барои нигоҳ доштани хӯроки асосии чорво (терескен), ҳифз ва зиёд намудани саршумори ҳайвонҳои нодир ҷудо намудани маблағҳои заруриро ба назар гирад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
aз 2 апрели соли 2005 № 127
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон, бо дарназардошти шароити иқлимию ҷуғрофии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Чорабиниҳои замимагардида оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2005-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 1 июли соли 2005 ҳисобкунии коэффитсиентҳои ноҳияви ва барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ ба музди меҳнати кормандон бемаҳдудият муайян карда шаванд.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастурамали тартиби ҳисоби коэффитсиентҳо тағйироту иловаҳои дахлдор ворид намоянд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет барои солҳои оянда ҷудо кардани маблағҳои мақсаднокро барои таъмири мактабҳои таҳсилоти умуми, муассисаҳои тандурусти, харидории миқдори зарурии ангиштсанг барои ташкилотҳои буҷетии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбини намоянд.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Тоҷикистон "Тоҷикматлубот" мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати ду моҳ оид ба ташкили савдои наздисарҳади дар ағбаи Қулма, муайян намудани номгӯи ва миқдори молҳои ниёзи аввалиндараҷа, тартиби харид ва таъмини аҳолии ноҳияи Мурғоб бо ин молҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф манзур намоянд.
5. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба ҳамасола ҷудо намудани квота барои дохил шудани хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Мурғоб ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.
6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба таъмини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Мурғоб бо ҷойи нишаст, китобҳои дарси ва дигар маводи хониш бо забони қирғизи чораҳо андешанд.
7. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополи ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгири ва ривоҷ додани соҳибкори дар соҳаҳои моҳидори, қутоспарвари, ташкили корхонаҳои хурди коркарди пӯсту пашм ва нуқтаҳои хизматрасони ба аҳоли дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои зарури андешанд.
Ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" оид ба ҷудо намудани қарзҳои кӯтоҳмуддати мақсаднок бо тартиби муқарраргардида барои рушд ва дастгирии соҳаҳои номбурда тавсия дода шавад.
8. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқиро дар дарёҳои Оқсу ва Модиён омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
9. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" ҷиҳати ҷалб намудани сармоягузории хориҷи барои мавриди истифода қарор додани конҳои тиллои Рангкӯл ва нуқраи Оқҷилга чораҷӯи намоянд;
10. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби даромадҳое, ки аз шикори байналмилали ба даст меорад, барои нигоҳ доштани хӯроки асосии чорво (терескен), ҳифз ва зиёд намудани саршумори ҳайвонҳои нодир ҷудо намудани маблағҳои заруриро ба назар гирад.
11. Бандҳои 2 ва 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 № 302 "Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳияви, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ" нисбат ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
aз 2 апрели соли 2005 № 127
ш. Душанбе