ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.05с. № 131, аз 03.06.2006с. № 263)
Ҷихати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249 "Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи маркази ва нақшаи идораи он, инчунин номгӯи ташкилотҳое, ки фаъолияташонро дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи бо Вазорати мазкур басташаванда анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти кормандонн хизматрасон 116 воҳид муқаррар карда шавад
Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 9 нафар дошта бошад.
Барои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизмати 8 воҳид муқаррар карда шавад
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви амали карда шавад.
4. Муқаррар карда шавад, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии тобеи он, идораҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо системаи ягонаи идораи давлатиро, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи кишоварзи ва саноати хӯроквори масъул мебошанд, ташкил медиҳанд.
Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо фаъолияти якҷояро бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мониторинги соҳаи кишоварзи ва саноати хӯроквори, таҳияи стандартҳо, меъёрҳои техники, экологи ва ғайра, ки иҷрояшон ҳатми аст, пешбинии тамоюлҳои мавҷуда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзи ва саноати хӯроквори таъмин намоянд.
5. Корхонаи воҳиди давлатии "Хӯроквори", Корхонаи воҳиди давлатии "Мадад" Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳипарвар", Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати гӯшту шир" таъсис дода шаванд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаҳои корхонаҳои воҳиди давлатии мазкурро тасдиқ, намояд.
6. Моликият, қарз ва ӯҳдадориҳои Корпоратсияи саноати озуқа ва бору токпарварии "Хӯроквори", Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Мадад", Иттиходияи истехсолии ҷумҳуриявии "Моҳипарвар" ва Ассотсиатсияи "Саноати гӯшту шир"-и барҳамдодашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида мутобиқан ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хӯроквори", Корхонаи воҳиди давлатии "Мадад", Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳипарвар" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати гӯшту шир" вогузошта шаванд.
7. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳоеро, ки дар асоси созишномаи дуҷониба бо он фаъолият мекунанд, таъмин намояд.
8. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 36 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002 № 157 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 336 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2003 № 225 "Масъалаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 майи соли 2004 № 199
ш. Душанбе