ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати нав, бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Номгӯи корхонаҳои тобеи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дуҷониба анҷом медиҳанд, мувофиқи замимаи № 3 тасдиқ карда шавад".
2. Ба замимаи №1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" банди 15 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"15. Идораи амнияти дохили".
Раиси
Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
aз 2 апрели соли 2005 № 134
ш. Душанбе
Замимаи № 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 феврали соли 2002 № 48
Номгӯи корхонаҳои тобеи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дуҷониба анҷом медиҳанд
1. Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Матбааи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"