Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2003 № 470
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
1. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби (минбаъд муассисаи таълимии миёнаи касби) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимие мебошад, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро дар амал татбиқ мекунад.
2. Вазифаҳои асосии муассисаи таълимии миёнаи касби иборат аст аз:
- қонеъ гардонидани талаботи шахс барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касби ва тахассус дар соҳаи фаъолияти касбии интихобнамуда, рушди зеҳни, фарҳанги, ҷисмони ва ахлоқи;
- қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият ба мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касби;
- ташкил ва гузаронидани корҳои методи, илми-методи, таҷрибави-конструктори, ҳамчунин корҳои эҷоди ва тадқиқоти дар мавриди мавҷудияти таъминоти модди-техники ва кадрии зарури;
- бозомӯзи ва такмили ихтисоси мутахассисони звенои миёна ва кадрҳои коргари;
- паҳн намудани дониш дар байни аҳоли, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти умуми ва фарҳангии он, аз ҷумла бо роҳи расонидани хидмати таълимии пулаки.
3. Муассисаи таълимии миёнаи касби бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
4. Муассисаи таълимии миёнаи касби ҳангоми фаъолияти амали мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", санадҳои дигари ҳуқуқию меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Низомномаи мазкур ва Оинномаи худ фаъолият менамояд.
5. Ба муассисаҳои таълимии миёнаи касби тааллуқ доранд: коллеҷ, техникум, омӯзишгоҳ.
Коллеҷ - муассисаи таълимии мустақил (ё ҷузъи сохтории донишгоҳ, академия, донишкада) буда, барномаҳои таълимии амиқи касбии таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯи нақшаҳои индивидуалии таълимии дарозмӯҳлати тайёр намудани кадрҳо, ки барои таҳсилгирандагон дараҷаи баланди тахассусиро таъмин мекунад, амали менамояд.
Техникум - шакли асосии муассисаи таълимии миёнаи касби буда, барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро амали менамояд.
Омӯзтишгоҳ (омӯзгори, тибби, фарҳанги, ҳарби) - муассисаи таълимии мустақили таҳсилоти миёнаи касби буда, барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро амали менамояд.
6. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касби метавонанд нуқтаҳои таълими-консултативи, шӯъбаҳо, курсҳои тайёри, кабинетҳои таълими ва лабораторияҳо, устохонаҳои таълими-истеҳсоли ва хоҷаги, шӯъбаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон, коргарон ва дигар воҳидҳои сохтори дошта бошанд.
7. Фаъолияти муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби таъмин карда мешавад:
- иштироки ҳатмии ҳамаи воҳидҳои сохтории муассисаи таълимии миёнаи касби дар таълими донишҷӯён ё дар ташкили (таъмини) ҷараёни таълим;
- аз ҷониби ҳамаи воҳидҳои сохтори иҷро намудани қарори шӯро ва роҳбарияти муассисаи миёнаи касби.
Шаклҳои мушаххас ва мазмуни муносибатҳои ташкилию ҳуқуқии дохилии муассисаи таълимии миёнаи касбиро оинномаи он муайян мекунад.
2. ҚАБУЛ БА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
8. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби миқдор ва сохтори қабули донишҷӯёнро мутобиқи литсензия ва варақаи аккредитивии фаъолияти таълими муқаррар мекунад. Миқдор ва сохтори қабули донишҷӯён барои таҳсил аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои мувофиқашуда аз ҷониби муассисаи муайян карда мешаванд.
9. Қабул ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби аз рӯи аризаи шахсии шаҳрванд, ки таҳсилоти миёнаи умуми ва ё таҳсилоти ибтидоии касби дорад, дар асоси натиҷаи имтиҳоноти дохилшави амали мегардад.
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ҳуқуқ дорад барои шахсоне, ки муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи ҳамагониро бо медали тилло ва ибтидоии касбиро бо дипломи аъло хатм намудаанд, шартҳои махсуси қабул муқаррар намояд.
10. Дар аснои қабул ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби риояи ҳуқуқи шаҳрвандро барои гирифтани таҳсилот, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ошкорбаёнии кори комиссияи қабул, ҳаққонияти баҳо ва истеъдоду қобилияти дохилшаванда таъмин карда мешавад.
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби вазифадор аст, ки дохилшавандаро оид ба мавҷудияти литсензияи фаъолияти таълими, шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлати, ки мақоми муассисаи таълимиро муайян менамояд, хабардор намояд.
3. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
11. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби шакл, метод ва воситаи таълим барои аз тарафи донишҷӯён аз худ намудани барномаҳои таълимии дар он амалишаванда шароити зарури муҳайё менамояд.
Таҷрибаомӯзии истеҳсолии пешаздипломии доишҷӯёну шунавандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби дар корхона, ташкилот ва инчунин муассисаи шакли мухталифи ташкили-ҳуқуқи дар асоси шартномаи мустақим байни корхона, ташкилот, муассиса ва муассисаи таълимии миёнаи касби гузаронида мешавад.
12. Соли хониш аз 1-уми сентябр оғоз шуда, тибқи нақшаи таълими ихтисос ба анҷом мерасад.
13. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби шаклҳои зерини асосии машғулиятҳои таълими муқаррар карда мешаванд: лексия, семинар, машғулияти амали, кори лаборатори, кори санҷиши, кори мустақилона, консултатсия, таҷрибаомӯзи, кори курси, кори дипломи. Муассисаи таълимии миёнаи касби метавонад, ки дигар шакли дарсҳои таълимиро гузаронад. Барои ҳамаи намуди машғулиятҳои аудитори соати академики ба мӯҳлати 45 дақиқа муқаррар карда мешавад.
14. Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар давоми сол таҳсил ду маротиба таътил ба мӯҳлати на камтар аз 2 ҳафта дар даври зимистон, аз 8 то 11 ҳафта дар давраи тобистон муқаррар карда мешавад.
15. Сарбории машғулиятҳои ҳатмии донишҷӯён бо дарсҳои таълимии хатми дар як ҳафта бояд аз 36 соати таълими зиёд набошад. Мӯҳлати гузаронидани шакли мухталифи машғулиятҳои таълими ва таълимии истеҳсоли аз рӯи нақшаи таълими муқаррар карда мешавад.
Шакл, тартиб ва гузаронидани аттестатсияи фосилави ва назорати ҷории азхудкунии донишҷӯёнро дар асоси нақшаи таълимии таҳия шуда муассисаи таълими мустақилона интихоб менамояд.
16. Миқдори донишҷӯёни гурӯҳи таълими дар муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касби дар ҳолати маблағгузори аз ҳисоби маблағҳои буҷави дар гурӯҳи таълимии шӯъбаи рӯзона 25 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 30 нафар муқаррар карда мешавад.
17. Дар вақти гузаронидани кори лаборатори, машғулиятҳои амали ва семинари, дарси тарбияи ҷисмони, таълими фанҳои алоҳида, ки номгӯи онҳоро муассисаи таълими мустақилона муайян мекунад, ҳамчунин ҳангоми иҷрои кори курси ва таълими истеҳсоли дар устохонаҳо (дар хоҷагиҳо), гурӯҳи таълимиро дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби дар ҳолати маблағгузори аз ҳисоби маблағҳои буҷети мумкин аст ба зергурӯҳҳо (шумораашон на кам аз 8 нафар) тақсим карда шаванд.
4. СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
18. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касби фаъолияти таълимии муассисаи таълимии миёнаи касбиро ба низом медарорад.
Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касби дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касби бо назардошти равияи (самти) таҳсилоти касбии гирифташаванда амали мегардад.
19. Муассисаи таълимии миёнаи касби, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунанда дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касби бо нишон додани номи муассисаи таълими, дараҷаи таҳсилот ва тахассус, ки ба хатмкунанда дар соҳаи муайяни фаъолият дода шудааст, ҳамчунин замимае, ки дар он номгӯи фанҳои омӯхташуда бо нишон додани ҳаҷм ва баҳои азхудкуни дарҷ шудаанд, дода мешавад.
Баҳои фанҳои факултативи дар замима бо хоҳиши хатмкунанда нишон дода мешавад.
20. Дониш, маҳорат ва малакаи таълимгирандагон дар ҳуҷҷати оид ба таҳсилот бо баҳоҳои зерин муайян карда мешавад: "аъло" (5), "хуб" (4), "миёна" (3), "аз санҷиш гузашт". (гузашт).
5. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
21. Бо мақсади такмил додани сифати таълиму тарбияи таълимгирандагон, корҳои методи, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби мақоме таъсис дода мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандон (шӯроҳои омӯзгори ё методи ё комиссияҳои фанни ва сикли)-ро муттаҳид мекунад.
Вазифаи асоси ва тартиби кори чунин мақом (мақомот) аз рӯи оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ё низомномаҳои алоҳида дар бораи ин мақомотҳо, ки роҳбари муассисаи таълими онро тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.
22. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти муассисаи таълимии миёнаи касбиро директор амали менамояд.
23. Роҳбарони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби аз тарафи муассис ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби мувофиқи тартибот аз номи муассисаи таълими фаъолият намуда, онро дар ҳама ташкилотҳо муаррифи мекунад, моликияти онро истифода намуда, шартномаҳои тарафайн мебандад, ваколатнома медиҳад ва дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар маҳалҳо суратҳисоб мекушояд. Директор танзимкунандаи дахлу харҷҳо буда, дар ҳудуди ваколатҳои худ фармон медиҳад, ки иҷрои он барои ҳамаи кормандон ва таълимгирандагон ҳатмист.
Ҳудудгузории салоҳиятро байни шӯрои муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ва директор, оиннома муайян менамояд.
Тартиб ва низоми ишғол намудани вазифаи директорро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касби муайян менамояд.
Директор сармуҳосиб, роҳбарони шӯъба ва дигар кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро мутобиқи қонунтузории ҷори ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
Ба директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби дар як вақт дар ду вазифаи роҳбарикунанда кор кардан (ғайр аз роҳбарии илми ва илми-методи) дар дохил ё берун аз муассисаи таълими иҷозат дода намешавад.
6. ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
24. Ба таълимгирандагони муассисаи таълимии миёнаи касби донишҷӯён ва шунавандагон мансуб мебошанд.
Донишҷӯи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби шахсе ҳисоб мешавад, ки бо фармони директори муассисаи таълимии миёнаи касби ба мақсади аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касби қабул карда шудааст. Ба донишҷӯён муассисаи таълимии миёнаи касби гувоҳномаи дониншҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи давлатии муқаррарнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
25. Ҳуқуқ ва вазифаҳои таълимгирандагон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби, қоидаҳои тартиботи дохили муайян карда мешаванд.
26. Таълимгирандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ҳуқуқ доранд:
- тибқи стандарти давлатии миёнаи касби таълим гиранд ва донишҳои ба сатҳи ҳозиразамони тараққиёти илм, техника ва фарҳанг мувофиқаро аз худ намоянд;
- барномаҳои таълимиро дар муддати кӯтоҳ азхуд намоянд;
- аз хизмати таълимии пулаки ва хизмати иловагии таълими пулаки истифода баранд;
- дар муҳокима ва ҳалли муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби, аз ҷумла ба воситаи ташкилотҳои ҷамъияти, иштирок кунанд;
- иттилооти заруриро гирифта, озодона ақида ва андешаи худро изҳор намоянд.
Донишҷӯи шӯъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии миёнаи касбии давлати мувофиқи тартиботи мавҷуда стипендияи давлати ё стипендияи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро гирифта, бо хобгоҳ ва имтиёзҳои муассис муқаррарнамуда таъмин карда мешавад.
27. Донишҷӯи муассисаи таълимии таҳсилоти мнёнаи касби вазифадор аст, ки талаботи оинномаи онро иҷро намуда, қоидаҳои тартиботи дохилиро риоя намояд.
28. Барои муваффақиятҳои азхуд намудани барномаи таълими ва иштироки фаъолона дар кори таҷрибави конструктории донишҷӯён барои донишҷӯи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби шаклҳои мухталифи ҳавасмандии модди ва маънави муқаррар карда мешавад.
29. Барои иҷро накардани нақшаҳои таълими, вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохили, ӯҳдадориҳои дар оинномаи муассисаи таълимии миёнаи касби пешбинишуда, нисбати донишҷӯ мумкин аст чораҳои таъсиррасони, интизоми, то хориҷ кардан аз муассисаи таълимии миёнаи касби истифода шавад.
Тартиботи хориҷкуни, барқароркуни ва гузаронидан ба дигар муассисаи таълими мувофиқи оинномаи муассисаи таълимии миёнаи касби муайян карда мешавад.
7. КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ МИЁНАИ КАСБӢ
30. Ба кормандони муассисаи таълимии давлатии миёнаи касби ҳайати омӯзгорон, коркунони маъмури, хоҷаги, таълими-ёрирасон, муҳандиси-техники ва ҳайати дигар мансуб аст.
Ҳамаи вазифаҳои кормандон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи маориф, ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қарордод ишғол карда мешавад. Барои ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимии миёнаи касби мувофиқи қарори шӯрои муассисаи таълими, пеш аз ба имзо расонидаии қарордод (шартнома) бо қарори шӯрои муассисаи таълимии миёнаи касби озмун гузаронида мешавад.
31. Корманди муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ҳуқуқ дорад:
- ба таъминоти модди-техники ва таълими-методии фаъолияти касби:
- ба иштирок дар роҳбарии муассисаи таълимии миёнан касби мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи оиннома;
- ба иштирок дар муҳокима ва ҳалли муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти муассисаи таълимии миёнаи касби;
- ба ҳифзи ору номуси касби;
- ба истифодаи бонки иттилооти, хадамоти таълими, илми, иҷтимои-маиши, тибби ва дигар ҷузъҳои муассисаи таълимии миёнаи касби;
- ба иҷрои кор ва ӯҳдадориҳое, ки аз рӯи қарордоди иловаги музднок амали мегарданд.
Кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ҳамчунин ҳуқуқҳои дигаре низ доранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордод ва оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби, муайян намудааст.
32. Корманди муассисаи таълимии касби ӯҳдадор аст:
- оиннома ва қоидаи тартиботи дохилиро риоя кунад;
- меъёрҳои ахлоқи-касбиро пайрави намояд;
- ӯҳдадориҳои вазифаги ва кории он зиммаи онҳо гузошта шуда, ки дар дастурҳои вазифаги, қарордодҳо, тавсифи тахассуси ва дигар санадҳои меъёри нишон дода шудаанд, босифат иҷро намояд;
- худро аз амал ва изҳори ақидае, ки ба носолимии муҳити ахлоқию рӯҳии муассисаи таълими боис мегардад, нигоҳ дорад.
33. Барои коркунони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби барои муваффақиятҳо дар пешбурди кори таълими, методи, тарбияви ва дигар фаъолиятҳо шартҳои мухталифи ҳавасмандкунпи модди ва маънави муқаррар карда мешавад.
34. Сарбории таълимии солонаи ҳайати омӯзгоронро шӯрои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касби муқаррар менамояд.
35. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби - таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои сиёси, ҳаракатҳо ва созмонҳои дини манъ аст.
8.ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӯЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУҲАНДИСИ-ТЕХНИКӢ
36. Омӯзгорон ва коркунони муҳандиси-техникии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ихтисоси худро дар курсҳои такмили ихтисос ва бо роҳи бозомӯзи такмил медиҳанд.
37. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва кормандони муҳандиси-техникии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлати аз ҳисоби маблағҳои давлати амали мегардад.
9. ИҚТИСОДИЁТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
38. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби дар назди муассис барои таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки моликияти ба ӯҳдааш гузошташуда масъулият дорад.
39. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки дар фаъолияти ассотсиатсияҳо ва идтиҳодияҳои ҷамъияти иштирок намояд.
40. Сарчашмаҳои асосии моликият ва маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касби чунинанд:
- маблағи буҷети давлати, ки ба таъмини фаъолияти таълими ҷудо карда мешавад;
- пардохти модди ва пулии муассис;
- маблағҳое, ки аз шаклҳои мухталифи фаъолият ба даст оварда мешаванд;
- хайрот ва пардохти шахсони ҳуқуқи ва воқеи.
41. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлати мустақилона тартиби истифодаи тамоми маблағи буҷети ва ғайрибуҷетиро мувофиқи оиннома бо мақсади пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандкунии кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
42. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби метавонад илова аз барномаҳои таълими ва стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касби аз рӯи шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқи хизмати иловагии таълимии пулаки расонад.
43. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи оиннома ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкори машғул шавад.
44. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби метавонад дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар маҳалҳо суратҳисоб дошта бошад.
45. Музди меҳнат, зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касби ва масъалаҳои марбут ба музди меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори соҳа муқаррар менамояд.
10. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
46. Муассисаи таълимии миёнаи касби оид ба натиҷаҳои фаъолияти кориаш ҳисобдории бухгалтери ва ҳамарӯзаро амали намуда, мутобиқи шакли муқарраргардида ҳисоботи омори ва бухгалтери мебарад, доир ба воридшави ва сарфи маблағҳо ба муассис ҳисобот медиҳад.
47. Шахсони вазифадор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нодуруст таҳия намудани ҳисоботи давлати масъулияти модди ё ҷинояти доранд.
11. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ МИЁНАИ КАСБӢ
48. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касби ҳуқуқ дорад, ки ҳамкории байналхалқиро дар соҳаи маълумоти миёнаи касби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намояд.
49. Таълими шаҳрванди давлатҳои хориҷи дар муассисаи таълимии миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байналхалқии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзорасида, ҳамчунин мувофиқи шартномаҳои байни муассисаю ташкилотҳои маориф ва муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳидаи хориҷи анҷом дода мешавад.
50. Дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлати ва ғайридавлати таъсиси шӯьбаҳои муштарак бо мақомоти роҳбарикунандаи соҳаи таҳсилот ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқи ва воқеии давлатҳои хориҷи мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.