Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002-2004 хусусӣ гардонида мешаванд
Мутобиқи Барномаи дигаргунсозии сохтори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бо мақсади суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ ва вусъати бештари ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи замимагардидаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002- 2004 хусусӣ гардонида мешаванд, тасдиқ карда шавад.
2. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои лозими объектҳои дар номгӯи корхонаҳои давлатии тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусигардонидашаванда воридшударо ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2002 № 82
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2002 № 82
тасдиқ шудааст
Нақшаи стратегии хусусигардонӣ корхонаҳои давлатие, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002-2004 хусусӣ гардонида мешаванд
Нақшаи стратегии хусусигардонӣ барои корхонаҳое, ки бояд мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида шаванд, қисми ҷудонопазири Нақшаи сесолаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2002-2004 буда, дар асоси талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи тадбирҳои Барномаи ислоҳоти сохторӣ, инчунин бо назардошти дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ҷараёни ислоҳоти иқтисодии ҷумҳуриро танзим менамоянд, таҳия шудааст.
Мақсади асосии Нақша тезонидан ва амиқ гардонидани ҷараёни хусусигардонӣ, мусоидат намудан ба ташаккули доираи сармоягузорони стратегӣ, тавсеаи иштироки сармояи хориҷӣ, ба вуҷуд овардани иқтисодиёти самараноки аз ҷиҳати молиявӣ устувор ва ба ҳам пайвастани сиёсати давлатии сохторӣ бо ташкили ҷараёни сармоягузорӣ, ташаккули бозори сармоя ва инфраструктураи зарурӣ барои ин корҳо мебошад. Дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти сохторӣ Нақшаи стратегӣ амалӣ гардонидани хусусигардонии корхонаҳои калонро, мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ пешбинӣ менамояд.
Хусусигардонии объектҳо мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ, баррасии дақиқи омӯзиши ҳамаи паҳлуҳои ин ҷараён ва ҷалби сармоягузорони стратегиро тақозо менамояд. Хусусигардонии объектҳо дар асоси пешниҳод намудани маҷмӯи назоратии саҳмияҳои корхонаҳо барои ба соҳибмулки хусусӣ додани назорати корхона бо бартарият додан ба сармоягузорони стратегие, ки таҷрибаи корӣ доранд, ба амал бароварда мешавад. Усулҳои гуногуни гузаронидани музоядаву тендерҳо барои фурӯхтани объектҳои моликияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ин имкон фароҳам меорад, ки ба корхонаҳои хусусигардонидашуда сармояҳои нав ҷалб гардида ва ноу-хау татбиқ карда шавад, барои ташаккули сохторҳои фондҳои бозорӣ шароити мусоид муҳайё гардад, рақобат инкишоф ёбад. Ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ барои муайян намуданн арзиш ширкатҳои мустақили консалтингӣ ҷалб карда мешаванд, ки дорои нуфузи эътибори устувори байналмилалӣ мебошанд.
Хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ боиси анҷом додани тадбирҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, афзун гардондани шуғл барои аҳолии қобили меҳнат, хеле камтар кардани бори буҷети давлатӣ дар қисмати маблағгузории бахши давлатии истеҳсолот мегардад.
Ҳангоми таҳияи ин Нақша хусусиятҳои хоси минтақаҳо, соҳаҳои истеҳсолот, шароити фаъолияти корхона ва ташкилотҳо ба назар гирифта шудаанд.
Вазифаҳо ва марҳалаҳои нақшаи стратегӣ
Нақшаи стратегӣ бояд барои ба амал баровардани масъалаҳои зерин хизмат кунад:
1. Такмилу навсозии механизми хусусигардонӣ бо мақсади ҳарчи бештар вусъат бахшидан ва кушоду ошкор гузаронидани равандҳои хусусигардонӣ ва демократисозии методҳои он.
2. Амиқ гардонидан ва тавсеа додан ба ҷараёни хусусигардонӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бо роҳи барҳам додани монеаҳои маъмурию ҳуқуқӣ.
3. Ташаккул додани шароити ҳарчи мусоидтар барои ҷалб сохтани сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ.
4. Таъмин кардани ҳифзи манфиатҳои давлат дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт.
Дар марҳалаи аввали хусусигардонӣ мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ, бояд корхонаҳои саноати хурокворӣ ва коркард, корхонаҳое, ки молҳои истеъмолии аҳолӣ истеҳсол менамоянд ва ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, хусусӣ гардонида шаванд. Ин корхонаҳо амалан дар тамоми масоҳати ҷумҳурӣ воқеъ гардида ва хусусигардонии онҳо ба куллан беҳтар намудани кори ташкили истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ, фароҳам сохтани шароит барои бо молҳои сермасриф пур кардани бозор, равона карда мешавад. Бинобар сердаромад будану босуръат гардиш кардани сармояи соҳаҳои номбурдаи саноат, онҳо барои сармоягузорони хориҷӣ аз ҳама ҷолибтар мебошанд.
Дар марҳалаи дуюми хусусигардонӣ мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ, баррасӣ ва хусусигардонии корхонаҳои ҷудогонаи саноатӣ, сохтмон, инчунин корхонаҳои ширкати давлатии сохтмони иншооти энергетикии "Нурафзо", ба нақша гирифта шудааст.
Аз корхонаҳои маҷмӯи сузишворию энергетикӣ, ки бояд хусусӣ гардонида шаванд, дар ин марҳала, воҳидҳои хусусияти ёрирасон дошта аз қабили воҳидҳои сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмиргарӣ, инчунин воҳидҳои ба истеҳсолоти асосӣ хизматрасон, ба тендер гузошта мешаваяд. Идоракунии истеҳсолоти асосии маҷмӯи сузишворию энергетикӣ бояд то дараҷае марказонида шавад, ки талаботи қатънашавандагии ҷараёни технологӣ тақозо мекунад.
Дар корхонаҳое, ки ба комплекси химиявӣ дохил мешаванд, бо назардоштп мураккабии технология ва тақсимнопазирии ҷараёни технологӣ зарур аст, ки дар ин марҳала моликияти давлатӣ нигоҳ дошта шавад ва омӯзиши дақиқи ҳолати техникию молиявии ин корхонаҳо анҷом дода шавад.
Дар марҳалаи сеюм дар соли 2004 омӯзиш ва омода сохтани пешниҳод оид ба хусусигардонии объектҳои соҳаи нақлиёт ба нақша гирифта мешавад, ки дар навбати аввал хусусигардонии корхонаҳои ба кашонидани мусофирон ва борҳо машғул буда, инчунин муассисаҳои ба ин соҳа хизматрасонро пешбинӣ менамояд. Амалӣ сохтани тадбирҳо оид ба реструктуризатсияи Ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон" ва Роҳи оҳани Тоҷикистон дар назар гирифта мешавад. Ғайр аз ин, дар ин марҳала омӯзиш ва тадқиқи корхонаҳои энергетикӣ бо мақсади минбаъд аз соли 2004 сар карда, хусусӣ гардонидани онҳо мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Дар соҳаи саноати вазнин, бинобар хусусияти бунёдӣ ва аҳамияти стратегӣ доштани онҳо, инчунин зарурати назорати давлатӣ ба истеҳсоли маҳсулот ва коркарди захираҳо, зарур аст, ки таҷрибаи таъсисдиҳӣ ва фаъолияти шаклҳои ғайридавлатии моликият дар ин соха омӯхта ва ҷамъбаст гардад ва минбаъд дар миқёси васеъ ба хусусигардонӣ шурӯъ карда шавад.
Бо мақсади амалӣ гардондани ин Нақша ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пешбинӣ мегардад, зеро хусусигардонии муассисаҳои мазкур корҳои зиёдро дарбар мегирад, ки он ҷалби шарикони стратегии нуфузу эътибори нек доштаро тақозо менамояд;
Бо мақсади вусъатбахшии ҷараёни муттасили хусусигардонӣ зарур аст, ки кадом корхонаҳои саноатӣ ё эҳтимол корхонаҳои тамоми соҳа, бояд хусусӣ карда шаванд, ба консессияи дарозмуддат дода шаванд ё дар ихтиёри давлат монанд, муайян карда шавад.
Номгӯи корхонаҳое, ки набояд хусусӣ гардонида шаванд ё бо қарори Ҳукумат бояд хусусӣ гардонида шаванд, бо мақсади муайян кардани он, ки кадоме ба амволи давлатӣ мансуб дониста мешаванд, яъне онҳое, ки танҳо баъди барҳамдиҳӣ хусусӣ гардондан мумкин мешавад ва кадоме ба ҷумлаи корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ки баъди таҷдиди сохтор (ба ҷамъияти саҳомӣ табдил додан) ё бо сабаби муфлисшавӣ хусусӣ гардонида мешаванд, ҷиҳати мутобиқ сохтан ба Кодекси гражданӣ, аз нав мавриди баррасӣ қарор мегирад. Барои таъмини фаъолияти корхонаҳои давлатие, ки дигаргун карда мешаванд. Қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ, инчунин оинномаҳои намунавии корхонаҳои давлатӣ ва воҳиди давлатӣ, таҳия мегардад. Мустақилияти иқтисодии корхонаҳои давлатӣ ҳамкориро бо тарафи шартнома аз бахши хусусӣ, ки имкониятҳои калони амалиётиро доро мебошанд, таъмин мекунад, ки ин барои инкишофи соҳибкорӣ таконе мегардад.
Омили муҳими дигаре, ки мамониат эҷод менамояд, дар асосҳои қонунгузорӣ мавҷуд набудани имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷист, ки ба вусъати ҷараёни хусусигардонӣ низ таъсир мерасонад. Сармоягузорон дар ҳоле итминои ҳосил мекунанд, ки ба имкониятҳои молиявии онҳо давлат манфиатдор бошад, барои фаъолияти сармоягузорӣ заминаи мусоиди қонунгузорӣ фароҳам бошад, тендерҳои сармоягузорӣ ҳарчи бештар кушоду ошкор сурат бигиранд. Дар асосҳои қонунгузорӣ пешбинӣ кардани низоми имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ дар назар дошта мешавад.
Яке аз қонунҳои бунёдӣ, ки ба тамоми ҷараёни хусусигардонӣ таъсир мерасонад Қонун дар бораи муфлисшавӣ мебошад, ки ҳарчи зудтар қабул карда шудани он талаб карда мешавад. Пешниҳод мегардад, ки дар он расмиятҳои муфлисшавии корхонаҳои давлатӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳою ташкилотҳои молиявӣ, инчунин соҳибкорони хусусӣ пешбинӣ карда шавад, дастури марбут ба расмиятҳои муфлисшавӣ то ва баъди қабул гардидани қарори суд оид ба эътирофи муфлисшавӣ, таҳия гардад.
Марҳалаҳои Нақшаи стратегӣ
Дар назар аст, ки Нақшаи стратегӣ дар се марҳала амалӣ гардонида шавад ва ҳар сол як марҳаларо дарбар гирад:
+---Т----+----------+------------------------------------------------ҷ
|Марҳалаи| соли |1. Нав кардани асосхои меъёрию хукуки |
| I | 2002 |2. Тадкику омузиши корхонахои моликияти давлати,|
| | |ки бояд дар музояда ва тендерхо мутобики лоиха- |
| | |хои инфироди хусуси гардонида шаванд. |
| | |3. Барпо намудани корхонахои вохиди давлати ва |
| | |давлати |
| | |4. Тадкику омузиши корхонахои моликияти давлати,|
| | |ки мутобики лоихахои инфироди хусуси гардонда |
| | |мешаванд. |
| | |5. Гузаронидани озмунхои байналмилалии сармоягу-|
| | |зори |
+---Т----+----------+------------------------------------------------+

| II | 2003 |2. Тадкику омузиши корхонахои моликияти давлати,|

| | |3. Гузаронидани озмунхои байналмилалии сармоягу-|

| | |ки имкон дорад ба консессия дода шаванд. |
| | | |

|Марҳалаи| соли |1. Барпо намудани сохторхои марбут ба хисобгирии|
| III | 2004 |амвол |
| | |2. Гузаронидани озмунхои байналмилалии сармоягу-|

| | |зори чихати ба консессия додани корхонахои моли-|
| | |кияти давлати |
| | |4. Барпо намудани биржахои фонди ва бозори ко- |
| | |газхои киматнок |
+--------+----------+------------------------------------------------+
Баъди хатми ҳар як марҳала Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷамъбасти иҷрои Нақша ҳисоботи муфассал пешниҳод мекунад ва дар сурати зарурат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ислоҳ менамояд.
Марҳалаи 1 Нав кардани асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ
Бо назардошти он, ки корхонаҳои давлатӣ бояд фаъолияти худро ба амал бароранд, барои қабули қонуни ҳамаҷониба фарогир дар бораи корхонаҳои давлатӣ ташаббус зоҳир намудан лозим аст, ки дар он бояд вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ муфассал тавсиф карда шавад. Бояд оинномаҳои намунавии корхонаҳои давлатӣ ва воҳиди давлатӣ таҳия карда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд. Шартномаи намунавии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатӣ доир ба ҳуқуқи идоракунии хоҷагии ба ихтиёри он додашавандаи амволи давлатӣ, таҳия карда шавад.
Бинобар он, ки дар айни замон дар қонунгузории ҷорӣ имтиёзҳо барои сармоягузарон мавчуд нест, ба асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ дохил намудани муқаррароте, ки низоми имтиёзноки андозӣ ва гумрукиро танзим мекунад, бояд дар назар дошта шавад. Аз ҷониби сармоягузори хориҷӣ харидани маҷмӯи саҳмияҳои корхона ё маҷмӯи амвол, сармоягузорӣ эътироф карда шавад, ба сармоягузории хориҷӣ имтиёзҳои андозӣ дода, ба сармоягузории фақат ба соҳаи истеҳсолот равонагардида фароҳам овардани имтиёзҳои андозӣ маҳдуд карда нашавад.
Қонун "Дар бораи муфлисшавӣ", ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва бинобар ин пешниҳод мегардад, ки Қонун дар бораи муфлисшавиро дар таҳрири нав таҳия намуда, дар он расмиятҳои муфлисшавии соҳибкори хусусӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ, инчунин корхонаҳои давлатӣ, пешбинӣ карда шавад. Таҳия кардани санади меъёрии амалӣ гардонидани тартибу қоидаи муфлисшавӣ баъди содир шудани қарори суд дар назар гирифта шавад.
Асосҳои меъёрии амалкунанда оид ба хусусигардонӣ ба талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардонда мешаванд. Асосҳои меъёрии навкардашуда оид ба хусусгардонӣ расмиятҳои ҳамоҳангсозиро ҳангоми хусусигардонии корхонаҳои моликияти давлатӣ, осон менамояд.
Тадкиқу омӯзиши корхонахои моликияти давлатие, ки бояд дар музояда ва тендерҳо хусусӣ гардонида шаванд
Дар корхонаҳои моликияти давлатӣ тадқиқу омӯзиш бо мақсади баҳо додан ба вазъи молиявӣ ва ҳолати моддии корхонаҳои миёна ва бузург муайян кардани сохтори ташкилии ин корхонаҳо, баҳодиҳии арзиши бозории дороии онҳо, таркиби истеҳсолот, муқаррар намудани молфиристандагон ва харидорони маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҳамчунин ошкор сохтани проблемаҳои асосие, ки корхона ба онҳо дучор мешавад, анҷом дода шавад. Ин корҳоро Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳое, ки амволи корхонаҳо дар тобеияти идоравии онҳо қарор дорад, анҷом медиҳад.
Барпо намудани корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва давлатӣ
Дар асоси талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст номгӯи корхонаҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ё бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ карда мешаванд аз нав таҳия карда шавад. Ин кор барои он зарур аст, ки муайян карда шавад, ки кадоме аз онҳо ба категорияи давлатӣ мансуб дониста мешавад. кадоме танҳо баъди барҳамдиҳӣ мумкин аст хусусӣ гардонида шавад ва кадоме ба категорияи корхонаҳои воҳиди давлатӣ бояд мансуб дониста шавад, кадоме аз онҳо мумкин аст, ки пас аз табдил додан ба ҷамъияти саҳомӣ ё муфлисшавӣ хусусӣ гардонда шавад. Қарори ташкили корхонаи воҳиди давлатӣ ё давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.
Тадкику омӯзиши корхопахои моликияти давлатие, ки бояд мутобнки лоихахои инфиродй хусусн гардонда шаванд
Тадқиқу омӯзиши корхонаҳои моликияти давлатие, ки мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонда мешаванд, анҷом дода шавад. Ворид кардани тағироту иловаҳо ба номгӯи корхонаҳое, ки бояд мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ карда шаванд, тавре сурат гирад, ки ба сармоягузарони эҳтимолӣ корхонаҳое пешниҳод карда шаванд, ки сармоягузорӣ дар онҳо барои давлат фоида оварад. Барои фароҳам овардани шароите, ки сармоягузорони хориҷӣ ба корхонаҳои мазкур таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, баргузории аудити онҳо бо роҳи ҷалб кардани ширкатҳои хориҷии аудиторӣ ва консалтингӣ анҷом дода шавад. Барои гузаронидани чунин чорабиниҳо имконияти ҷалби маблағҳои беруниро дар асоси шартҳое бояд дар назар дошт, ки минбаъд маблағҳои ҳосилшаванда аз хусусигардонии ин корхонаҳо, барои ҷуброни қарзҳои берунӣ сарф карда шаванд.
Гузаронидани озмунҳои байналмилалии сармоягузорӣ
Озмуни байналмилалии сармоягузорӣ барои хусусигардонии корхонаҳои моликияти давлатӣ мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ, гузаронида шавад. Дар ин ҳол усули хусусигардонӣ (тендери тиҷоратӣ ё озмуни сармоягузорӣ) бо назардошти манфиатҳои давлатии соҳаи истеҳсолоте, ки корхонаи хусусигардонидашаванда дар доираи он фаъолият менамояд, муайян карда мешавад.
Марҳалаи II Нав кардани асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ
Бо мақсади ҳарчи бештар вусъат бахшидан ба ҷараёни хусусигардонӣ бо назардошти душвориҳои ҷиддии молиявии қисмати зиёди сармоягузарони дохилӣ ҳангоми харидории моликият, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фондҳои сармоягузорӣ", ки дар он фароҳам овардани тартибу шароити ҳар чи бештар мусоид барои сармоягузарони институтсионалӣ пешбинӣ шуда бошад, таҳия ва қабул карда шавад. Баъди қабул гардидани Кодекси гражданӣ, амали баъзе қонунҳо аз ҷумла амали қонунҳое, ки фаъолияти соҳибкориро танзим мекарданд, катъ карда шуданд. Дар иртибот бо ин, пешниҳод мегардад, ки таҳияи қонунҳое, ки фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ширкатҳои хоҷагиро танзим менамоянд, оғоз карда шавад.
Тадқиқи корхонаҳои моликияти давлатие, ки бояд мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонда шаванд
Тадқиқи ҳамаи корхонаҳои моликияти давлатие, ки мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонда мешаванд, ба анҷом расонда шавад.

Озмунҳои байналмилалии сармоягузорӣ доир ба хусусигардонии корхонаҳои давлатие, ки мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонда мешаванд, аз рӯи зарурат гузаронида шаванд.
Тадқиқи корхонаҳои моликияти давлатӣ, ки мумкин аст ба консессия дода шаванд
Тадқиқи корхонаҳои моликияти давлатӣ дар соҳаҳои муҳимтарини стратегӣ, ки дар айни замон хусусӣ гардонидани онҳо ба сиёсати давлат дар бобати монополияҳои табиӣ мувофиқат намекунад, анҷом дода шавад. Номгӯи корхонаҳое, ки бо консессия ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод намудани онҳо чун қадами аввал пеш аз хусусигардонии минбаъдаи онҳо ба ҳисоб меравад, тартиб дода шавад.
Мархалаи III. Барпо намудани сохтори баҳисобгирии амволи ғайриманқул
Ба сабаби он, ки маълумот дар бораи амволи ғайриманқул пароканда аст, дар назар аст, ки корхонаи воҳиди давлатие таъсис карда шавад, ки хазинаи маълумотро дар бораи амволи ғайриманқули ҳар кадом шаклҳои моликият фароҳам оварда ва амволи ғайриманқули ба гарав гузошташударо ба ҳисоб мегирад.

Озмунҳои байналмилалии сармоягузорӣ доир ба хусусигардонии корхонаҳои моликияти давлатие, ки мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, бо мақсади фароҳам овардани рақобат, бо ҳар чи бештар ҷалб кардани сармоягузорони эҳтимолӣ, гузаронида шаванд.
Гузаронидани озмунҳои байналмилалии сармоягузорӣ барои ба консессия додани корхонаҳои моликияти давлатӣ
Бо мақсади ба соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт ҷалб кардани сармоягузорони хориҷи, озмунҳои байналмилалии сармоягузорӣ барои ба консессия додани корхонаҳои моликияти давлатӣ, гузаронида шавад.
Барпо намудани биржаҳои фондӣ ва бозори коғазҳои қиматнок
Баъди ба анҷом расидани ҷараёни саҳомигардонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи коғазҳои қиматнок"-ро дар таҳрири нав қабул намудан зарур аст, илова бар он, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар боран биржаи фондӣ"-ро дар ҳуҷҷати алоҳидаи ҳуқуқӣ ҷудо кардан зарур аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи коғазҳои қиматнок" дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис додани идораи махсускунонидашудаи сабткунанда, бунёди асосҳои меъёрии идоракунии ваколатноки коғазҳои қиматнок, бояд дар назар дошта шаванд. Ғайр аз ин, шартномаҳои қолабӣ барои пеш бурдани феҳристи саҳмдорон ва идоракунии ваколатноки хазинаи коғазҳои қиматнок таҳия карда шаванд. Имконияти таъсис додани Комиссияи давлатӣ оид ба қоғазҳои қиматнок, ки нархгузории қоғазҳои қиматнокро ба амал бароварда, сиёсати эмиссионии эмитентҳоро танзим мекунад, баррасӣ карда шавад.