Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 524 "Дар бораи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва табобат карданн бемории сил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010 тасдиқ ва Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ, ошкор ва табобат кардани бемории сил таъсис, низомнома ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда маблағгузории Барномаи мазкурро анҷом диҳад.

3.Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи бомуваффақияти мақсад ва вазифаҳои дар Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010 пешбинигардида тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.

4.Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкурро ба маълумоти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ расонида, иҷрои онро назорат намояд.

5.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 1996 № 271 "Дар бораи Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1996-2000" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 31 декабри соли 2002 № 524

ш. Душанбе