Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 124 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиклес"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиклес"

Мувофиқи моддаи 125 Кодекси граждании Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи Ширкати давлатии ҷумҳуриявии тиҷоратию истеҳсолии Тоҷикистон "Тоҷиклес", ки барҳам дода шудааст, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиклес" таъсис дода шавад.

2. Ба қисми IX Номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро анҷомдиҳанда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати 14 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"14. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиклес".

3. Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ:

доир ба масъалаи танзими муносибатҳои амволию ҳуқуқӣ бо маъмурияти вилояти Иркутски Федератсияи Россия, ки ба таъмини фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиклес" алоқаманданд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;

оинномаи Корхонаи воҳидии давлатии "Тоҷиклес"-ро мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 31 марти соли 2003 № 124

ш. Душанбе