ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Фабрикаи пойафзоли шаҳри Кӯлоб"
Мувофиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи пойафзолбарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил кардани Корхонаи воҳиди давлатии "Фабрикаи пойафзоли шаҳри Кӯлоб" ба Номгӯи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, қабул карда шавад.
2. Ба фасли 5 Номгӯи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқшудаи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд иловаи зерин ворид карда шавад:
"78. Корхонаи воҳиди давлатии "Фабрикаи пойафзоли шаҳри Кӯлоб".
3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи баҳисобгири тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1997 № 93-ф беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2005 № 103
ш. Душанбе