ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, мод. 68, 69; № 22, мод. 306; соли 1999, № 12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149, 167; соли 2002, № 11, мод. 675, 750; соли 2003, № 8, мод. 456, 468; соли 2004, № 5, мод. 346; № 7, мод. 452, 453) қабул гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 47:
банди "л" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"л) якумра аз озоди маҳрум сохтан;";
банди "л" банди "м" ҳисобида шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 48 баъд аз калимаҳои "маҳрум сохтан аз озодӣ," калимаҳои "якумра аз озоди маҳрум сохтан," илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 58:
дар қисми 4 калимаҳои "бисту панҷ сол" ба калимаҳои "си сол" иваз карда шаванд;
дар банди "д" қисми 5 баъд аз калимаҳои "нисбати онҳо" калимаҳои "ҷазои якумра аз озоди маҳрум сохтан таъин шудааст ё" илова карда шаванд.
4. Ба Кодекс моддаи 58(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 58(1). Якумра аз озоди маҳрум сохтан
1) Якумра аз озоди маҳрум сохтан танҳо ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад.
2) Якумра аз озоди маҳрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни ҳаждаҳсолаги ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба шастусесолаги расидаанд, таъин карда намешавад".
...