Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 № 13 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" (Ахбори Мағлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, моддаи 115; с.2003, №4, моддаи 149) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар дебоча калимаи "ташкилотҳои" ба ибораи "ташкилотҳою иттиҳодияҳои" иваз карда шавад.

2. Дар матни Қонун калимаҳои "дорусозӣ", "зиён", "ёрии тиббӣ", "СПИД", "байналхалқӣ", "касали", "муолиҷа" ва "ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ" мувофиқан ба калимаҳои "фармасевтӣ", "зарар", "кӯмаки тиббию санитарӣ", "Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ)", "байналмилалӣ", "бемориҳо", "табобат" ва "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 2 ибораҳои "ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоғикистон кафолат додааст" ба ибораҳои "мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоғикистон" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми якуми моддаи 3:

дар сархати якум ибораҳои "ва таъмин кардани кафолатҳои давлатӣ вобаста ба ҳамин ҳуқуқ" ба ибораҳои "мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

дар сархати дуюм ва ҳафтум баъди калимаи "корхонаҳо" ибораи "муассиса ва ташкилотҳо" илова карда шавад;

дар сархати шашум ибораи "инкишоф додани тарбияи оммавии ҷисмонӣ ва варзиш" хориҷ карда шавад;

сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоғикистон";

дар сархати даҳум ибораи "(давлатӣ ва хусусии)" ба ибораи "(давлатӣ ва ғайридавлатӣ)" иваз карда шавад;

дар сархати сенздаҳум калимаи "меҳнаткашон" ба калимаи "шаҳрвандон" иваз карда шавад;

сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- андешидани тадбирҳо барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм".

5. Дар қисми дуюми моддаи 4:

сархати якум ва панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- муқаррар ва таъмин намудан, гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, инчунин дастгирии давлатии рушди соҳа";

"- андешидани тадбирҳо барои солимгардонии муҳити зист, аз ҷумла барои таъмин намудани бехатарии экологӣ ва радиатсионӣ, муҳофизати табиат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон";

дар сархати нӯҳум калимаи "сабт" ба калимаи "бақайдгирӣ" иваз карда шавад;

дар сархати сенздаҳум ибораи "таҳия ва тасдиқи" ба ибораи "таҳия, тасдиқ ва татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ кӯмаки тиббию санитарии ройгон, инчунин" иваз карда шуда, баъди калимаи "намунаҳои" калимаи "(стандартҳои)" навишта шавад;

дар сархати чордаҳум калимаҳои "мутобиқ гардонидани", "давлатӣ ва хусусӣ", "мутобиқ намудани" мутобиқан ба калимаҳои "ҳамоҳангсозии" ва "давлатӣ ва ғайридавлатии" иваз карда шаванд;

дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои "мутобиқ намудани татқиқоти" ба калимаҳои "ҳамоҳангсозии татқиқотҳои" иваз карда шаванд.

6. Ном ва қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Моддаи 5. Идоракунии мақомоти ҳифзи саломатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолиро мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунанд".

7. Дар моддаи 6:

дар сархати чорум баъд аз ибораи "фаъолияти онҳо" ибораи "мутобиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ" илова карда шавад;

дар сархатҳои панҷум ва нӯҳум калимаи "иҷтимоӣ" ба калимаи "санитарӣ" иваз карда шавад;

сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- муҳайё сохтани шароит барои инкишофи фаъолияти хусусии тиббӣ";

дар сархати ҳафтум ибораи "беҳдошти санитарию эпидемиологӣ" ба ибораи "амнияти санитарию эпидемиологӣ" иваз карда шавад;

дар сархати нӯҳум калимаи "хусусӣ" ба калимаи "ғайридавлатӣ" иваз карда шавад;

дар сархати даҳум ибораи "муҳофизати муҳити табиӣ" ба ибораи "ҳифзи муҳити атроф" иваз карда шавад.

8. Дар моддаи 7 ибораи "мақомоти давлатии ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия" ба ибораи "мақомоти ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шавад.

9. Дар ном ва қисми якуми моддаи 8 калимаи "соҳибкорон" ба калимаи "корфармоён" ва дар сатри якуми қисми якум калимаи "беҳдошти" ба калимаи "амнияти" иваз карда шаванд.

10. Дар ном ва матни моддаи 10 баъд аз калимаи "ҷамъиятӣ" ибораи "ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ" илова карда шавад.

11. Дар моддаи 11:

сархати дуюми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи беморӣ, солимии репродуктивӣ ва табобатию барқарорсозӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, илмию тадқиқотӣ ва таълимии тиббӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои фармасевтӣ экспертизаи судию тиббӣ, техникаи тиббӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ, дигар корхона ва муассисаҳои таъминоти моддию техникӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳо барои нигаҳдории тандурустӣ, ки моликияти давлатӣ буда, ба мақомоти идораи системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ тобеъ мебошанд";

қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"инкишофи хадамоту шабакаҳои муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ дар асоси сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ сурат мегирад".

12. Дар моддаи 13:

дар қисми дуюм ибораи "(иҷозатномаи махсуси)" хориҷ карда шуда, ибораҳои "касбии баъди донишкадаи олӣ ё маълумоти иловагӣ (баланд бардоштани ихтисос, махсусгардони) ё" ба ибораи "тиббӣ, фармасевтӣ ва" иваз карда шаванд;

қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тартиб ва талаботи додани сертификати мутахассис ва иҷозатнома, тартиби гирифтани таҳсилоти касбии баъдаздипломӣ барои мутахассисони тиббию фармасевтӣ, инчунин тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтиро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд";

дар қисми чорум ибораи "тайёрии тиббӣ ё дорусозӣ дошта дар донишкадаҳои дахлдори" ба ибораи "таҳсилоти тиббӣ ё фармасевтӣ дошта, дар" иваз карда шуда, ибораи "мамлакатҳои Иттиҳод ва" хориҷ карда шавад.

13. Дар моддаи 14:

дар қисми якум калимаи "муассисаҳои" ба калимаи "ташкилотҳои", навишта шавад, калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои хусуси, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони воқеӣ барпо ва маблағгузорӣ мекунанд" ба калимаҳои "бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъсис дода мешаванд" иваз карда шаванд;

Қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Фаъолияти хусусии тиббӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоғикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" амалӣ мегардад;

қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд.

14. Дар қисми якум ва дуюми моддаи 16 ибораи "донишкадаи олии" ба ибораи "муассисаи таълимии" иваз карда шавад.

15. Дар моддаи 17:

аз қисми дуюми ибораи "барқ ва" хориҷ карда шавад;

дар сатри чоруми қисми панҷум калимаи "ба" ба калимаи "дар" иваз карда шавад;

дар қисми даҳум баъди калимаҳои "шакли моликияташон" калимаи "инчунин" илова карда шавад.

16. Моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 19. Такмил додани дониши касбии кормандони тиб ва фармасевтӣ

Кормандони тиб ва фармасевтӣ вазифадоранд, ки дониши касбии худро мунтазам такмил диҳанд.

Ба зиммаи мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ таҳия ва гузаронидани тадбирҳо оид ба тайёрии баъдаздипломии кормандони тиб ва фармасевтӣ гузошта мешавад.

Тартиби таълими муттасили баъдаздипломии кормандони тиб ва фармасевтиро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд".

17. Дар моддаи 22:

номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 22. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва гум кардани қобилияти корӣ";

қисми якуми модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ доранд. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ кӯмаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кӯмаки тиббию санитарӣ дар корхонаҳо ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ расонида мешавад";

дар қисми сеюм баъд аз калимаи "моликият" ибораи "мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад;

қисми шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимои ҳуқуқ доранд".

18. Ном ва қисми якуми моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 23. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба беҳбудии экологӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии экологӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ ҳуқуқ доранд".

19. Дар ном ва матни моддаи 24 калимаҳои "ёрии доругӣ, ортопедӣ ва узвҳои сунъӣ" ба калимаҳои "доруворӣ, кӯмаки ортопедӣ ва протезӣ" иваз карда шаванд.

20. Дар қисми сеюми моддаи 26 калимаи "маслиҳати" ба калимаи "мувофиқаи" иваз карда шавад.

21. Дар қисми сеюми моддаи 27 ибораи "сарфи назар аз шакли моликият" хориҷ карда шуда, ба сатри панҷум баъди ибораи "шахсони ҳуқуқӣ" илова карда шавад.

22. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаҳои "шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

23. Дар ном ва матни моддаи 29 ибораи "ортопедию узвҳои сунъӣ (ориятӣ)" ба ибораи "ортопедию протезӣ" иваз карда шавад.

24. Дар ном ва матни моддаи 30 калимаи "саркаши" ба калимаи "даст кашидан" иваз карда шавад.

25. Дар моддаи 33:

дар қисми якум баъд аз калимаи "ҳимояи" калимаи "махсуси" илова карда шавад;

аз сархати якуми қисми дуюм калимаи "махсуси" хориҷ карда шавад;

дар сархати сеюми қисми дуюм калимаи "хосиятҳои" ба калимаи "хусусиятҳои" иваз карда шаванд;

аз сархати ҳафтуми қисми дуюм калимаи "мададу" хориҷ карда шавад;

дар қисми сеюм калимаҳои "ёрии махсуси тиббӣ" ба калимаҳои "кӯмаки тиббӣ" иваз карда шаванд;

дар қисми панҷум ва ёздаҳум калимаи "маслиҳати" ба калимаи "мувофиқаи" иваз карда шавад;

ба модда қисми понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Масъалаҳои вобаста ба солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоғикистон "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" танзим карда мешавад".

26. Дар моддаи 34:

аз қисми дуюм калимаи "махсуси" хориҷ карда шавад;

дар ҷумлаи сеюми қисми сеюм ибораи "Вақту тартиби" ба ибораи "Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ, мушоҳидаи доимии диспансерӣ ва вақти" иваз карда шавад;

дар қисмҳои панҷум ва ҳафтум калимаи "Ҳукумати" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад;

дар ҷумлаи дуюми қисми чорум ибораи "Рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббии иҷтимоӣ ва мухолифаро" ба ибораи "Рӯйхати нишондиҳандаҳо ва зиддинишондиҳандаҳои тиббию иҷтимоиро" иваз карда шавад.

27. Дар моддаи 38:

ном ва қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпоралӣ) ва кӯчонидани ҷанин

Занро бо розигии ҳамсарони баникоҳ сунъи ҳомиладор кардан, ҷанинро ба бачадонаш кӯчонидан мумкин аст";

дар қисми чорум калимаи "оилаи" ба калимаи "оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шавад;

дар матни модда калимаҳои "бордоркунии" ва "нишондани" ба калимаҳои "ҳомиладоркунии" ва "кӯчонидани" иваз карда шавад.

28. Дар қисми якуми моддаи 40 калимаи "сироятнопазирӣ" ба калимаи "эмкунӣ" ва дар қисми сеюм ибораи "амбулаториявию поликлиника" ба ибораи "шароити амбулаториявӣ" иваз карда шавад.

29. Қисми дуюми моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Занони ҳомила вазифадоранд, ки сари вақт дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ё маслиҳатхонаҳои занона дар қайди тиббӣ истода, тавсияҳои мутахассисони тибро оид ба ташхису табобат ва таваллуди бехатар риоя намоянд".

30. Дар ном ва матни моддаи 42 калимаҳои "махав" ва "венерикӣ" ба калимаҳои "ҷузом (лепра)" ва "таносули" иваз карда шаванд.

31. Дар моддаи 44:

дар сархати якуми қисми якум калимаи "идораҳое" ба калимаи "сатҳҳое" иваз карда шавад;

дар сархати ҳафтум калимаи "хайрия" ба калимаи "эҳсонкорӣ" ва калимаи "бахшишҳои" ба калимаи "хайрияҳои" иваз карда шавад.

32. Дар ном ва матни моддаи 49 ибораи "санитарию эпидемиологӣ ва бехатарии радиатсионӣ" ба ибораи "амнияти санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ" иваз карда шавад.

3З. Қисми дуюми моддаи 50 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳоли ба воситаи корхона ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ, инчунин ба воситаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони воқеии машғули амалияи хусусии тиббӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номгӯи онҳоро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, расонида мешавад".

34. Дар моддаи 51:

дар сархати якуми қисми якум баъд аз калимаи "худро" ибораи "мутобиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ" илова карда шуда, ибораи "дар сурати гузаштан ба ҳисоби мустақили хоҷагӣ - ташкили пардохти музди меҳнатро мустақилона муайян кунанд" хориҷ карда шавад;

сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

" - шаҳрвандонро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоғикистон бо кӯмаки тиббию санитарии ройгон таъмин намоянд;

- метавонанд ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббию санитарии пулакиро ташкил намоянд, инчунин бо дигар фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, машғул шаванд".

35. Дар моддаи 52:

сархатҳои якум ва дуюми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- дастрасии кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи меъёрҳои ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустӣ".

36. Дар ном ва матни моддаи 54 калимаи "хунгузаронӣ" ба ибораи "гузаронидани хун ва ҷузъҳои он" иваз карда шавад.

37. Дар ном ва матни моддаи 56 калимаи "Арзёбии" ба калимаи "Баҳодиҳии" иваз карда шавад.

38. Дар қисми дуюми моддаи 60 ибораи "назорати санитарӣ" ба ибораи "назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ" иваз карда шавад.

39. Дар қисми дуюми моддаи 61 калимаи "тамоми" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаи "ҳомиладорӣ" ибораи "тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоғикистон" илова карда шуда, калимаи "баплангирӣ" ба калимаи "танзими" иваз карда шавад.

40. Дар моддаи 62:

"Моддаи 62. Таъмини кӯдакон ва наврасон бо кӯмаки тиббию санитарӣ"

Қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Кӯмаки тиббию санитарӣ ба кӯдакон ва наврасон тавассути муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва хадамоти бистарикунонӣ, дигар муассисаҳои дахлдори нигаҳдории тандурустӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Тартиби назорати диспансерии кӯдакон ва наврасонро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".

41. Дар моддаи 63 калимаи "Таъмини" ба калимаи "Таълими" ва ибораи "назорати санитарӣ" ба ибораи "назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ" иваз карда шаванд.

42. Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи "ваксингузорӣ (масъунгардонӣ)" ба калимаи "эмкунӣ" иваз карда шавад.

43. Дар моддаи 65:

"Моддаи 65. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи саломатии рӯҳию ҷисмонии шаҳрвандон";

дар сатри сеюм калимаи "синфхонаҳо" ба калимаи "толорҳо" иваз карда шавад.

44. Дар қисми сеюми моддаи 66 калимаҳои "Вазорати корҳои дохилӣ" ба калимаҳои "Вазорати адлия" иваз карда шаванд.

45. Дар ном ва матни моддаи 71 калимаи "заҳрпарастӣ" ба калимаи "заҳрмандӣ" иваз карда шавад.

46. Дар қисми якум ва дуюми моддаи 74 калимаи "маслиҳати" ба калимаи "мувофиқаи" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

28 феврали соли 2004 №13