Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пардохти кӯмакпулиҳо (ҷубронпулиҳо) ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2002 ба оилаҳои нисбатан камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, барои ҳар як кӯдак ба андози 6 сомонӣ дар ҳар се моҳа пардохти кӯмакпулӣ (ҷубронпулӣ) ҷорӣ карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Низомномаи тартиби пардохти кӯмакпулӣ (ҷубронпулӣ)-ро ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, таҳия ва тасдиқ намоянд;
- назорати доимии истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии кӯмакпулиҳо (ҷубронпулиҳо)-ро таъмин намоянд.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳри ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории саривақтии пардохти кӯмакпулӣ (ҷубронпулӣ)-ро барои таҳсилкунандагон тавассути мақомоти молиявии ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷетҳои маҳаллии дахлдор барои ин мақсадҳо пешбинӣ гардидаанд, таъмин намоянд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1998 № 135 "Дар бораи чораҳои баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2001 № 585
ш. Душанбе