×

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, № 1174 "Дар бораи стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Тоҷикистон"

Бо мақсади дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа ҷори ва истифода намудани технологияҳои иттилооти, техникаи компютери ва телекоммуникатсияи муосир, пурратар қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти афзояндаи шаҳрвандон ба иттилоот, ворид гардиданя Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии чаҳони фармон медиҳам:

1. Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти Стратегияи давлатии "Теҳнологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба татбиқи он маҷмӯи тадбирҳоро омода созад:

- барномаҳои давлатии давра ба давраи инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;

- масъалаҳои ташкили, молияви ва дигар масъалаҳоеро, ки Стратегияи давлати бармеоянд, ҳал намояд;

- қарорҳои худро ба талаботи ҳамин Фармон мутобиқ созад.

3. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 5 ноябри соли 2003 № 1174

ш. Душанбе

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 ноябри соли 2003 № 1174

тасдиқ шудааст

Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Тоҷикистон"

МУҚАДДИМА

Системаҳои иттилоотии глобали ҷаҳонро ба як ҷузъи ягонаи номи пайваста, ҳамаи давлатдоро аз ҷиҳати иттилооти ба ҳамдигар вобаста менамоянд ва маҷбур месозанд, ки аз як тараф, ба сифати ҳамкории иттилооти дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаёти ҷомеа диққати калон диҳанд, аз тарафи дигар - зарурияти ташаккули фазои иттилоотии давлатии хеш, рушд ва ҳифзи онро тақозо намоянд. Ин, дар навбати худ, талаб менамояд, ки ҳалли проблемаҳои ҳамкории иттилооти аз ҷиҳати вақт аз ҳар қадами навбати дар танзими ҳамкори дар ин ё он соҳа пештар сурат гирад.

Системаи иқтисодии умумиҷаҳони кайҳост, ки ба давраи ташаккулёбии ҷамъияти иттилооти дохил шуда, бо дастгоҳи идоракунандаи сифатан нави ба олоти электронии меҳнат ва технологияҳои иттилооти асос ёфта тавсиф дода мешавад. Ба сифати унсури нави ТИК воситаҳои иттилооти зоҳир мешаванд, ки онҳо бояд дар ҳаёти инсон ҳамон мавқеъро, ки телефон, телевизор, китоб дорад, ишғол намоянд, яъне унсурҳои фарҳанги умумиинсони гарданд ва ашёи зарурати ҳамарӯза бошанд.

Глобализатсия ва рушди ТИК ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти кулли меоранд. Саноати истеҳсоли технологияи баланди иттилооти, инчунин саноати хизматрасони, варзишу фароғат бо суръати зиёд меафзоянд. Дар натиҷаи ин тағйирот фаъолияти иқтисоди, ки бо дастрас кардан ва таҳияи иттилоот вобаста аст, имрӯз дар рушди мамлакат нақши ниҳоят муҳим мебозад. Дар бозори меҳнат низ мувофиқан тағйирот ба вуқуъ омадааст: аз рӯи баҳои коршиносон 60 - 70% ҷойҳои нави кор дар мамолики мутараққи ба ин ё он шакли таҳияи иттилоот вобастаги доранд. Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар азнавсозию таҷдиди сохтори ҳама шаклҳои фаъолият мавқеи муҳим пайдо карда, да маҷмӯь моҳияти давлатро ташкил медиҳанд.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бевосита ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони тааллуқ доранд, қабул карда шудаанд. Ин ба беш аз ду маротиба афзудани миқдори операторони алоқа ва истифодаи васеи ТИК дар тамоми фаъолияти ҳаёти мамлакат - рушди муайян дар янкишофи инфраструктураи иттилооти, амалигардонии лоиҳаву барномаҳои иттилоотони мусоидат намуд. Сатҳи имрӯзи инкишофи ТИК дар мамлакат имконият медиҳад, ки ба таҳияи сиёсати давлатии ба ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равонагардида, яъне замина ва маҳзанҳои маълумот, технологияи пешбурд ва истифодаи онҳо, система ва шабакаҳои иттилоотиву телекоммуникатсионие, ки дар асоси принсипҳо ва қоидаҳои ягона амал карда, равобити мутақобилаи ташкилотҳову шаҳрвандонро таъмин менамоянд, инчунин аз қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии онҳо иборат мебошад, шурӯъ кунем.

Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Стратегияи давлати) механизмҳои ташкили, иқтисоди ва молиявии баамалбарориро, ки асоси онҳоро принсипҳои муносибати барномавию мақсадноки тибқи мониторинг ва шаффофии иҷрои онҳо ташкил медиҳанд, муайян менамояд. Аҳамияти стратегии технологияҳои иттилооти барои Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок гардида, вазифаҳо муайян карда мешаванд.

Стратегияи давлати омили муҳимтарини болоравии иқтисодиёти милли, афзоиши фаъолияти корию зеҳнии ҷамъият, баландшавии обрӯю эътибори мамлакат дар ҷомеаи байналмилали мебошад.

Дар маҷмӯи чораҳо ҳалли масъалаҳои ҳалталаби афзудаистодаи "нобаробарии рақами" ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар фазои Осиёи Маркази, ИДМ бо мақсади ба таври сазовор ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳони пешбини шудаанд.

Ба амал баровардани Стратегияи давлати, ҳадафҳои асосии он бояд ба барномаҳои рушди ТИК дар соҳаҳои гуногуни фаъолият, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ташкилотҳои байналмилали ва ғайриҳукумати, сохторҳои тиҷоратии манфиатдор дар асоси принсипу муқаррароти дар ҳуҷҷати мазкур баёнёфта таҳия мешаванд, ворид карда шавад.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Ҷиҳати мақсадҳои ин Стратегияи давлати истилҳоту ихтисороти зерин истифода шудаанд:

ИИД - инфраструктураи иттилоотии давлати

Қисматҳои зайлро дарбар мегирад:

- Захираҳои иттилооти, ки маълумот, ахбор ва донишҳоро дар бар гирифта, дар ҳомилҳои дахлдори иттилооти сабт шудаанд;

- Инфраструктураи (шабакаи) иттилоотию коммуникатсионии ҳозиразамон, ки функсияи коммуникатсиониро иҷро менамояд;

- Воситаҳои таъмини коммуникатсия, ки дар ин ҷо компютерҳои шахси мавқеи махсус доранд.

Сиёсати давлатии иттилоотонӣ

Маҷмӯи тадбирҳои баҳампайвастаи сиёси, ҳуқуқи, иқтисоди, иҷтимоию фарҳанги ва ташкили, ки барои муқаррар кардани бартариятҳои давлатии рушди иттилоотони ва фароҳамоварии шароити гузариши мамлакат ба ҷомеаи итилооти нигаронида шудаанд

Таълими масофавӣ

Технологияи таълим, ки асосан бо истифодаи воситаҳои иттилоотони ва телекоммуникатсияҳо тавассути ҳамкории бавосита ва бевоситаи нопурраи таълимгиранда ва муаллим ба амал бароварда мешавад.

Ҳифзи иттилоот

Маҷмӯи усулу васоите, ки тамомият, маҳрамона ва дастрас будани иттилоотро дар шароити таъсири хатари табии ё сунъи таъмин менамоянд ва рух додани онҳо ба молик ё истифодабарандагони иттилоот метавонад зарар расонад.

Индикаторҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ

Феҳристи нишондиҳандаҳое, ки рушди ҷамъияти иттилоотиро дар табақаҳои гуногун: иттилоотию технологи, иқтисоди, иҷтимои ва ҳоказо нишон медиҳанд.

Интерактивӣ

Имконияти эътибори фаври ба муроҷиат.

Иттилоотонӣ

Ҷараёни васеъ истифода бурдани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисоди, сиёсиву фарҳангии ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодабарии иттилоот ва донишҳо барои идоракуни, қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат, фароҳам овардани заминаи гузариш ба ҷомеаи иттилооти.

Системаи иттилоотӣ

Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои (ҳуҷҷатҳои зиёд) аз ҷиҳати ташкили танзимшуда ва технологияҳои иттилооти, аз ҷумла бо истифодабарии воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро амали мегардонанд.

Ҷомеаи иттилоотӣ

Зинае дар рушди тамаддуни муосир, ки ба он афзоиши нақши иттилоот ва донишҳо дар ҳаёти мамлакати ҷудогона ё ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон (ҷомеаи глобалии иттилооти), афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони, маҳсулоти иттилооти ва хизматрасони дар маҷмӯи маҳсулоти дохили хос аст

Инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ

Маҷмӯи системаҳои давлати ва муттаҳидаи иттилоотии ба ҳудудҳо тақсимшуда, шабакаҳои алоқа, воситаҳои коммутатсия ва идораи ҷараёни иттилооти, инчунин сохторҳои ташкили, механизмҳои ҳуқуқи ва меъёрие, ки фаъолияти самараноки онҳоро таъмин менамоянд.

Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони (ТИК)

Маҷмӯи объектҳо, амалу қоидаҳои ба таҳия, коркард ва расонидани иттилоот вобастабуда, дар алоқаманди бо коммуникатсияи шахси, оммави ва истеҳсоли, инчунин кулли технологияҳо ва соҳаҳо, ки ҷараёни номбаршударо якҷоя таъмин мекунанд.

Захираҳои иттилоотӣ

Ҳуҷҷатҳо ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳо дар системаҳои иттилооти (китобхонаҳо, бойгониҳо, фондҳо, маҳзанҳои маълумот, депозитарияҳо, маҳзанҳои осорхонаҳо ва ғайраҳо).

Системаи иттилоотию телекоммуникатсионӣ

Шабакаи иттилооти, ки аз системаҳои иттилооти, воситаҳо ва шабакаҳои телекоммуникатсиони иборат аст

Технологияҳои иттилооти (ТИК)

Микроэлектроника, таҳия ва истеҳсоли компютерҳо ва таъминоти барномави, алоқа ва телефония, хиаматрасониҳои мобили, таъмини дастраси ба Интернет, таъмини захираҳои иттилоотии Интернет, инчунин соҳаҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти соҳаҳои номбурда ва қоидаҳои (ҳам расмию ҳам ғайрирасми) таъминкунандаи ин соҳаҳои фаъолият

Маълумотҳои инфиродӣ

Маълумот дар бораи ҳодисаҳо, воқеаҳо ва шароити ҳаёти шаҳрванд, ки барои ҳаммонанд (идентификатсия) кардани шахсияти ӯ имкон медиҳанд.

Телетиб

Маҷмӯи тартибу қоидаҳое, ки тавассути технологияҳои компютери (иттилооти) ва шабакаҳои баландсуръати каналҳои магистралии алоқа мубодилаи муносиби маълумоти тиббиро дар масофаи дур байни мутахассисон ба мақсади баланд бардоштани сифат ва дастрасии ташхису табобат таъмин менамоянд.

Хизматрасонии универсалӣ

Таъмини дастрасии умум ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони аз тарафи операторони давлатию хусуси бо нархҳои қобили қабул, навобаста аз мавқеи ҷуғрофии истифодабаранда.

Тиҷорати электронӣ

Тиҷорате, ки тавассути гардиши электронии ҳуҷҷатҳо дар Интернет ба амал бароварда мешавад.

Ҳукумати электрони

Соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони, ки ҳамкории байни ҳокимияти давлати ва шаҳрвандонро таъмин менамояд.

1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТӢ

Мақсади Стратегияи давлатии мазкур аз таҳияи тадбирҳое иборат аст, ки ба фароҳам овардани шароит ва ташаккули механизмҳои таъмини амалҳои зерин мусоидат менамояд:

- мусоидат ба ташаккули ҷомеаи иттилооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба рушду азнавсозии соҳаҳои гуногуни фаъолият (маориф, фарҳанг, тандурусти, нақлиёт, комплекси агросаноати, ҳаёти ҷамъияти, ҳифзи иҷтимои ва ғайра) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи истифодабарии васеи ТИК;

- бо истифода аз ТИК мусоидат ба татбиқи Ҳуҷҷати Стратегии паст кардани сатҳи камбизоати, ташкили теъдоди зиёди ҷойҳои кори нав, баланд бардоштани самаранокии меҳнат.

Барои расидан ба мақсадҳои пешбинишуда иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:

- ҳамроҳшави ба фазои иттилоотии ҷаҳони;

- бартараф намудани нобаробарии рақами (иттилооти) ҳам дар дохили кишвар, яъне пешниҳоди хизматрасонии дастраси умумбудаи ТИК дар ҳар як маҳалли зисти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бо кишварҳои дигар;

- таъсису нпгоҳдории сатҳи иқтидори иттилоотию, ки барои рушди устувори ҷомеа зарур аст;

- ташаккул ва рушди босуръати инфраструктураи давлатии иттилооти;

- баланд бардоштани самаранокии истифодабарии инфраструктураи телекоммуникатсиони ва дараҷаи ҷалби инвеститсия ба соҳа, фароҳамоварии шароит барои рақобати солим;

- баланд бардоштани самаранокии танзими давлати дар соҳаи ТИК;

- истифодаи оммави ва самараноки ТИК дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рушди тиҷорати электрони;

- такмили заминаи самараноки меъёрию ҳуқуқи дар бахши ТИК, ки аз ҷумла масъалаҳои таъмини бехатарии иттилооти ва татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат намудааст;

- тарбия ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи ТИК барои ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти иттилоотии ҷаҳони;

- ташкил ва рушди инфраструктураҳои ягонаи иттилооти ва телекомуникатсионии идоракунии равандҳои рушди ТИК;

- ташкил ва ба амал баровардани сиёсати ягонаи илмию техники ва саноати дар бахши ТИК, бо дарназардошти дараҷаи ҳозираи умумиҷаҳонии рушди ТИК;

- баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлати ва ҳокимияти худидораи маҳалли ҳам байни худ ва ҳам байни субъектҳои хоҷагидори ва шаҳрвандон дар асоси истифодабарии ТИК ҳозиразамон;

- ташаккули захираҳои давлатии иттилооти дар асоси ТИК-и ҳозиразамон ва ҷалби ташкилотҳои давлати, хусуси, ҷамъияти ва шаҳрвандони алоҳида ба ин кор;

- мақомоти ҳокимияти давлати ва худидораи маҳалли;

- соҳаҳои иҷтимои, хусусию маиши ва ҳуқуқ (илм, маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, тандурусти, ҳифзи иҷтимои, шуғли аҳоли, хадамоти манзилию коммунали, машварати ҳуқуқи ва ғайра);

- соҳаҳои иқтисоди ва инфраструктураи истеҳсоли (хоҷагии кишоварзи, саноат, энергетика, алоқа, нақлиёт, сохтмон ва райра);

- соҳаҳои инфраструктураи бозаргони (бонкҳо, фондҳо ва ғайра)

Дар баробари ин, ҳамаи масъалаҳои гузошташударо дар маҷмӯъ ҳал намудан зарур аст.

Асосноккунии аҳамияти стратегияи давлатии ТИК барои рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муайяншудае мебошанд, ки ҷиҳати ҳалли онҳо Стратегияи давлати равона карда шудааст:

- ташкили дастгирии ҷамъиятии ТИК дар ҷомеаи ҳозира;

- ташаккули диди ҷомеаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи мамлакат дар ҷомеаи глобалии иттилооти;

- муайян намудани нуқтаҳои ниҳоии таъсири ТИК ба рушди соҳаи иқтисоди ва иҷтимоии Тоҷикистон;

- ошкор сохтани проблемаҳои мавҷуда, ки рушди ТИК-ро дар ҷумҳури бозмедоранд ва таҳияи тавсияҳое, ки ба ҳалли онҳо нигаронида шудаанд;

- фароҳам овардани замина ҷиҳати барраси ва таҳияи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилали оид ба бартарафкунии нобаробарии иттилооти.

2. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ТИК

Системаноки - муносибати бонизом ба инкишоф ва истифодаи ГИК, таъмини мувофиқати мақсадҳои иттилоотони ва асосҳои инкишофи комплексии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ошкор будан - муҳокимаи кушоди ҳамаи чорабиниҳои асосии сиёсати иттилооти аз ҷониби ҷомеа ва баназаргирии афкори умум аз тарафи давлат.

Дастраси - ҳар кас вобаста ба масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва озодии асосии вай дахл дорад, инчунин барои аз онҳо гирифтани ахбори матлуб ҳуқуқи муроҷиат кардан ба намояндагони ҳокимияти давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, ба сохторҳои хусуси ва амсоли онҳоро дорад.

Роҳбари аввал - манфиатдории бевосита ва иштироки бевоситаи роҳбарони аввали мақомоти идораи давлати, худидораи маҳалли, ташкилотҳо ва муассисаҳоро дар иттилоотони.

Тамоюли иҷтимои - тадбирҳои асосии сиёсати иттилоотии давлат, ки ба таъмини манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва маблағгузории афзалиятноки барномаҳои дахлдор дар соҳаи ТИК нигаронида шудаанд.

Таъмини кофии ҳуқуқии иттилоотони, волоияти қонун, риояи ҳатмии меъёрҳои қонунгузорие, ки ба танзими соҳаи иттилоот машғул аст, баробарии ҳуқуқии ҳамаи иштироккунандагони фаъолияти иттилооти, новобаста аз мақоми сиёси, иҷтимои ва иқтисоди.

Амнияти иттилооти риояи ҳуқуқҳои конститутсиони ва озодиҳои шаҳрвандонро ҷиҳати гирифтани иттилоот ва истифода аз он ва татбиқи технологияҳои ҳозиразамони иттилооти ва ҳимояи захираҳои иттилоотиро таъмин менамояд.

3. САМТҲОИ АСОСИ ДАР СОҲАИ ТИК

Самтҳои асоси дар соҳаи ТИК бояд инҳоро фаро гиранд:

- такмили қонунгузори ва заминаи меъёрию техники (регламенти техники) дар соҳаи ТИК;

- таҳия ва татбиқи замимаҳои нави ТИК;

- инкишофи инфраструктураи иттилооти ва телекоммуникатсиони ва ба вуҷуд овардани фазои ягонаи иттилооти;

- амнияти иттилооти.

3.1. МУТОБИҚГАРДОНИИ ҚОНУНГУЗОРИ ВА ЗАМИНАИ МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКИ ДАР СОҲАИ ТИК

Такмил додани заминаи ҳуқуқие, ки барои истифодаи васеи ТИК дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимои, дар иқтисодиёт, дар муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти ҳокимияти давлати, шаҳрвандон ва ташкилотҳое,

ки фазои ягонаи иттилоотиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, бартараф кардани нобаробарии рақами ва барҳам додани монеаҳои минтақави ва идори дар мавриди интишори иттилоот зарур аст.

Соҳаи мутобиқгардонии қонунгузори бояд масъалаҳои ҳамкории иттилооти, хизматрасонии телекоммуникатсиони ва иттилооти, ҳифзи моликияти зеҳни, ҳимояи иттилоот ва инкишофи тиҷорати электрониро дар бар гирад.

3.2. ҲАМКОРИИ ИТТИЛООТӢ

Вазифаи асосии танзими ҳамкории иттилооти фароҳам овардани шароит барои табодули иттилоотии мутақобила ва ташаккули системаи кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи дар ин соҳа мебошад. Муҳайё кардани системаи кафолатҳои ҳуқуқи барои дастраси ба иттилоот аҳамияти махсус дорад. Бояд принсипи масъулиятшиносии мақомоти ваколатдор барои боэътимод, ошкоро, пурра ва муҳим будани иттилооти пешниҳодшаванда муқаррар карда шавад.

Масъалаи ҳимояи маълумотҳои инфиродии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад. Таҳияи усули кор бо маълумотҳои инфироди, гирдовари, нигоҳдори ва ҳимояи онҳо зарур аст. Дар сурати вайрон кардани тартиби муқарраршудаи муносибат бо маълумотҳои инфироди ё ошкор кардани онҳо бояд чораҳои ҷавобгарии мақомот ва ташкилотҳои давлати муқаррар карда шаванд.

3.3. ХАДАМОТИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Фазои телекоммуникатсионии барои интиқоли иттилоот, аз ҷумла овоз ва тасвирҳо хизмат мекунад. Вай бояд ба талабот мувофиқ буда, ба ташкили оқилонаи кор мусоидат намояд, идоракунии самараноки ҷараёни иттилоотии хусусияти ҳам дохилиҷумҳурияви ва ҳам байнидавлати доштаро таъмин кунад. Вусъатдиҳии шабакаҳои мавҷуда ва сохтани шабакаҳои нави телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконияти фаъолияти онҳоро дар доираи фазои ягонаи иттилооти таъмин намояд. Бо ин мақсад риояи принсипҳои зерин зарур аст:

1. Шабакаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қисми таркибии шабакаҳои ҷаҳонии телекоммуникатсия, бояд мутобиқи стандартҳои байналмилали ва талаботҳои милли рушд ва такмил ёбад.

2. Инфраструктураи телекоммуникатсиони бояд бо роҳи такмилу инкишофи имкониятҳои мавҷудаи захираҳои телекоммуникатсионии ҷумҳури рушд ёбад.

3. Амнияти фазои телекоммуникатсиони бояд дар асоси маҷмӯи тадбирҳо ва воситаҳои алгоритми ва ташкилию техники таъмин карда шавад.

Фаъолият дар соҳаи телекоммуникатсия бояд дар асоси зерин амаи гардад:

- баробарии ҳуқуқҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои фаъолият дар соҳаи алоқа ва истифодаи натиҷаҳои он;

- мутобиқати манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои алоҳида, инчунин сохторҳое, ки хизмати алоқаро ба ҷо меоранд;

- риояи манфиатҳои ҳамаи истифодабарандагони системаҳои телекоммуникатсиони;

- инкишофи фаъолияти соҳибкори ва маҳдуд кардани инҳисор дар шароити мавҷуд будани шаклҳои гуногуни моликият ба табақа ва воситаҳои алоқа;

- дар амал ҷори кардани дастовардҳои ҷаҳони дар соҳаи алоқа ҷалб ва истифодаи захираҳои модди ва молияви, техникаи пешқадам ва таҷрибаи идоракунии хориҷи;

- мусоидат ба вусъати ҳамкориҳои байналмилали ва инкишофи робитаҳои умумиҷаҳони.

Самти афзалиятноки ин соҳа таҳия ва қабули созишномаҳои байналмилали бо мамлакатҳои ИДМ ва хориҷаи дур, ки принсипҳои умумии танзими ҳуқуқии муносибатҳоро дар иртибот бо истифодаи шабакаҳои глобалии иттилооти ва захираҳои шабакавии иттилооти муайян менамоянд, мебошад.

Масъалаи таъмини сифати хизматрасоние, ки пешниҳод карда мешавад, бисёр муҳим аст. Дар айни замон сифати хизматрасонии иттилоотии коммуникатсионии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ба талаботи байналмилалии мақбули умумро, пеш аз ҳама аз ҳисоби истифода аз таҷҳизоти кӯҳна, қонеъ намесозад. Барои таҷдиди заминаи техники фароҳам овардани шароите лозим аст, ки ба ташаккули заминаи молияви барои инвеститсияҳои дарозмуддат мусоидат карда тавонад.

3.4. МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

Барои бартараф кардани ихтилофҳо бо шахсони ба объектҳои шаклан ҳамгун ҳуқуқдошта, бояд системаи танзими намудҳои гуногуни объектҳои дорои ҳуқуқҳои истиснои аз нав барраси гардад. Барои ин дар меъёрҳои қонунгузори як силсила масъалаҳои бештар муҳим, аз ҷумла, масъалаи таносуби ҳуқуқҳо ба нишони мол, номи фирмави бо ҳуқуқ ба номи домениро ба расмият даровардан зарур аст.

Инкишофи қонунгузори дар соҳаи моликияти зеҳни бояд ба мутобиқгардони бо муносибатҳои умумиҷаҳони ба танзими муносибатҳои ҷамъияти дар ин соҳа нигаронида шавад. Барои ҳамгироии бозори объектҳои моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бозори умумиҷаҳони расмиёти саҳеҳу қатъии ба расмиятдарории гумруки ва назорати содироту воридоти таъмини барномави ва дигар объектҳои моликияти зеҳни, инчунин таъмини хизматрасонии иттилооти ба воситаи шабакаҳои телекоммуникатсиониро ташкил намудан зарур аст.

3.5. АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ҲИМОЯИ ИТТИЛООТ

Амнияти иттилооти маънои ҳолати ҳимоятнокии иттилооти дар системаҳои иттилооти гардишкунандаро аз таҳдиди дохили ё беруни дорад.

Зарур аст, ки системаи чораҳои ҳуқуқи ва ташкилие, ки барои паст кардани сатҳи маҳдудиятҳои ҳуқуқи дар соҳаи амнияти иттилооти ва ҳимояи иттилоот бо нигаҳдории сатҳи зарурии эътимоднокии фаъолият дар ин соҳа ва воситаҳои истифодашавандаи ҳимояи иттилоот таҳия карда шаванд. Дар айни замон, вобаста ба муҳимияти соҳаи дахлдори муносибатҳои ҷамъияти дар қонунгузори мустақиман ба роҳ мондани принсипи тафриқагузории танзими ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ҳимояи иттилоот аҳамияти махсус дорад.

3.6. СИСТЕМАҲОИ БОНКӢ

Вазъияти мавҷудаи ҳисобу китоб дар дохили ҷумҳури ва берун аз он ба вуҷуд овардани системаи ҳозиразамони компютерии бонкиро чун масъалаи асоси ба миён мегузорад. Чунин система ба тезонидани таҳвили пул барои истифодаи босамари захираҳои кредити, гирифтани маълумоти фаври дар бораи вазъияти молиявии соҳаҳо, иҷрои хазинавии буҷети давлати, доштани иттилоот дар бораи воридшавии маблағҳо ба фондҳо имконият медиҳад. Система барои дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷори кардани кортҳои кредити, самаранок истифода бурдани пули нақд, баромадан ба бозори байналмилалии бонки, ба вуҷуд овардани шароити зарури гуаштан ба системаи ҳисобу китоби милли имконият медиҳад. Ҳамзамон имконияти гузариш ба хизматрасонии шабонарӯзи ба мупгтариён ба вуҷуд меояд.

Барои равнақ додани системаи ҳисобу китоб бо истифода аз шабакаҳои компютери қонунгузориро дар бораи пардохтҳои ғайринақди ва доир ба кортҳои бонки такмил додан лозим аст. Меъёрҳои санадҳои мазкур бояд барои нишон додани механизми ба амал баровардани пардохтҳо бо истифода аз шабакаҳои комиютери, муайян кардани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо, усулҳои ба қайд гирифтани иттилооти барои хариду фурӯш муҳим мусоидат намоянд. Инчунин бояд механизмҳои ҳуқуқии тақсимбандии хатарҳое, ки бо истифодаи усулҳои нави пардохтҳо ва татбиқи технологияҳои ҳозиразамони иттилооти дар системаҳои бонки алоқаманданд, ба вуҷуд оварда шаванд.

3.7. ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Ҳалли масъалаи ҳимояи ҳуқуқии харидуфурӯшҳое, ки бо ёрии воситаҳои электрони баста мешаванд, созмон додани механизми самараноки ҳуқуқии истифода аз воситаҳои электронии гардиши ҳуҷҷатҳо ва имзои электронию рақамиро тақозо менамояд.

Сиёсати давлат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон бояд ба баланд бардоштани самаранокии ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо равона карда шавад. Вазифаи асоси бояд ҷуброни самараноки зарарҳое бошад, ки бо амали маҳдуд сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии истеъмолкунандагон расонида шудааст.

Истифодаи механизмҳои худтанзимкуни бояд усулу тарзи эътирофшудаи ҳалли масъалаҳо дар соҳаи тиҷорати электрони гардад.

Доир ба мутобиқгардонии танзими милли дар соҳаи тиҷорати электрони ва муносибатҳои байналмилали дар ҳалли масъалаҳои ба ҳам монанд чораҳо андешидан зарур аст.

4. ТАҲИЯ ВА ТАТБИҚИ ЗАМИМАҲОИ НАВИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ

Дар доираи самти мазкур ҳамкориҳои зерин дар соҳаи замимаҳои нави ТИК пешбини гардидаанд:

- ҳукумати электрони;

- таълими масофави ва илм;

- телетиб;

- инкишофи системаи тиҷорати электрони;

- ташкил ва инкишофи системаи марказҳои иттилоотию маркетинги;

- рӯйхати шахсони воқеп ва ҳуқуқи.

4.1. ТАКМИЛИ ИДОРАИ ДАВЛАТИ ДАР ЗАМИНАИ ТИК (ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНИ)

Дар тамоми дунё барои баланд бардоштани самараноки ва сифати хизматрасонии худ, маҳсулнокии натиҷаи фаъолияти худ мақомоти ҳокимияти давлати аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони мунтазам истифода мебаранд. Ташаббусҳои дахлдор дар ин самт номи "ҳукумати электрони"-ро гирифтаанд, ки зиёд шудани ҳаҷми электроникунонии меҳнати шахсони роҳбарикунандаро таъкид менамояд. Самтҳои асосии ҳамкори дар ин соҳа аз инҳо иборатанд:

- инкишофи системаи гардиши ҳуҷҷатҳои электрони ва шабакаҳои маҳаллии иттилооти;

- таъмини мутобиқати стандартҳои нигаҳдории иттилоот, коргузори ва гардиши ҳуҷҷатҳо дар сатҳи милли ва байнидавлати;

- дар заминаи истифода аз ТИК таъмини возеҳият дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва ба ҳамагон дастрас будани захираҳои кушодаи давлатии иттилооти;

- ба вуҷуд овардани шароит барои ҳамкории самараноки мақомоти идораи давлати бо шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷаги, ҳам дар сатҳи милли ва ҳам дар сатҳи байнидавлати.

4.2. МАОРИФ ВА ИЛМ

Истифодаи ТИК имкониятҳои фаъолияти таълимию илмиро васеъ карда, имкони гузаришро ба сатҳи комилан дигари сифатии донишдиҳи ва амиқии тадқиқотҳо фароҳам меорад.

Самтҳои асосии фаъолият дар ин соҳа аз инҳо иборатанд:

- иттилоотонии маълумот ва менеҷменти дониш; таъмини саводнокии умумии компютери, таҳия ва ба роҳ мондани стандартҳои таълимии омӯзиши информатика дар муассисаҳои таълимии тамоми сатҳҳо, ба роҳ мондани

техногияҳои компютерикунонидашудаи таълим, таъмини 100% мактабҳо бо компютерҳо, сохтани нуқтаҳои ҷамъиятии дастрасии бепул ба Интернет барои табақаи аз ҷиҳати иҷтимои беҳимояи аҳоли;

- инкишофи захираҳои инсони, иқтидори кадрҳои бахши ТИК, вусъати маълумоти бисёрзинаи касби дар соҳаи ТИК бо дарназардошти бозори меҳнат, рушди саноати маҳсулоти иттилооти ва тиҷорати электрони, фароҳам овардани шароити мусоид барои болоравии устувори иқтисоди, ба иқтисодиёти глобалии иттилооти пайвастани Тоҷикистон;

- тағйироти тамоми маҷмӯи таъминоти меъёрию ҳуқуқи ҳангоми гузариш ба сохторҳои нави таълими;

- ҷори намудани системаи таълими озод тавассути истифодабарии технологияҳои таълими масофави дар тамоми сатҳҳои он; таҳияи маҳзанҳои нави дониш дар асоси комплексҳои электронии таълимию методи, китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электрони, гузаронидани конференсияҳои виртуали, тадқиқотҳои илми.

Ҳангоми гузариш ба сохторҳои виртуалии таълими бояд маҷмӯи тағйирот дар дараҷаҳои гуногуни мансаби анҷом дода шуда, дар ҳудуди фазои ягонаи иттилоотии таълими ва муассисаҳои илми системаҳои идории интегратсиони, автоматикуноидашудаи иттилооти ташкил ва ба амал баровардан лозим аст:

- тадқиқи бозорҳои таълими масофави ва маркетинг;

- инкишофи инфраструктураи иттилоотию коммуникатсиони дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ва муассисаҳои маълумоти миёна, олии касби ва илм;

- инкпшофи системаи тарбияи мутахассисон ва омӯзгорони ТИК ва истифодабарандагони соҳибихтисос.

4.3. ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИ ДАР ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ТАНДУРУСТӢ

Бо мақсади такмили истифодабари аз захираҳо, хизматрасонии хушсифат ба беморон, нигоҳубини фарди ба беморон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи тандурусти технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони бояд ба таври оммави дар тандурусти татбиқ карда шаванд.

Самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи телетиб аз инҳо иборатанд:

- истифода аз ТИК барои таъмини баробарҳуқуқии дастраси ба хизматрасонии тандурусти, инчунин ба шаҳрвандон фароҳам овардани имкониятҳои нисбатан васеътари ҳифзи саломати;

- таҳияи хулосаҳои навоварона ва вариантҳои хизматрасонии тандурусти дар ноҳияҳои пурра бо ин хизмат таъмин карда нашуда ва душворгузар;

- созмон додани системаи умумии иттилооти бо мақсади пешгирии бемориҳо, табобати онҳо, мониторинг ва назорати зидди паҳншавии бемориҳои хавфнок ва сирояткунанда:

- ба вуҷуд овардани табақаи расонидани ёрии тибби ҳангоми садамаҳои гуманитари ва ҳолатҳои фавқулодда дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони;

- фароҳам овардани шароити зарури барои фаъолияти мӯътадили системаи ба ҳам алоқаманди маркази маълумоти тандурусти;

- ташкили маркази маълумоти компютери, ки дорои иттилооти муфассал доир ба дорувориҳо ва маснуоти таъиноти тибби, таъмини дастраси ба иттилооти тибби барои истпфодабарандагони касби ва истеъмолкунандагони қатории молу хизматрасониҳои дахлдор мебошанд;

- ташкили нуқтаҳои "Машварат тавассути "Интернет" барои сокинон ва барои ҳамаи муассисаҳои тандурусти, инчунин системаи номнависии аҳоли ба қабули мутахассисон тавассути почтаи электрони дар заминаи пажӯҳишгоҳҳо, клиникаҳо ва марказҳои ташхиси.

4.4. РУШДИ СИСТЕМАИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Истифодаи ТИК дар тиҷорати электрони метавонад либерализатсияи тиҷорат, афзоиши маҳсулнокии меҳнат, боло бардоштани сатҳи даромадҳо ва афзоиши миқдори ҷои кор дар иқтисодиёти милли мусоидат намояд.

Самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи тиҷорати электрони аз инҳо иборатанд:

- рушди тиҷорати иттилооти, тиҷорати электрони ва маркетинг дар асоси Интернет;

- фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқии зарури ва инфраструктурае, ки боиси инкишофи тиҷорати электрони шуда метавонад;

- васеъгардонии доираи таъминкунандагони воқеии мол, хизматрасони барои тиҷорати электрони, сарфи назар аз маҳалли ҷойгиргалвии онҳо;

- таҳияи замимаҳои ҳифзшуда ва боэътимоди тиҷорати электрони, аз ҷумла воситаҳои пардохти электроние, ки ба амал баровардани харидуфурӯшро бо тартиби он-лайни таъмии менамоянд;

- ташкили марказҳои миллии тиҷорати электрони, ки аз стандартҳои байналмилали истифода мебаранд.

4.5. ТАШКИЛ ВА РУШДИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ МАРКАЗҲОИ ИТТИЛООТИЮ МАРКЕТИНГӢ

Ташкили системаи марказҳои иттилоотию маркетинги дар доираи Барномаи байнидавлатии ташкили шабакаи марказҳои иттилоотию маркетинги барои интиқоли молҳо ва хизматрасони дар бозорҳои миллии кишварҳои аъзои ИДМ ба амал бароварда мешавад.

Барнома ҳаллу фасли қатъи ва маҷмӯм чорабиниҳоро оид ба таъсис ва ташкили шабакаи муттаҳидаи марказҳои иттилоотию маркетинги ИДМ, инчунин механизмҳои асосии ташкили, ҳуқуқи, иқтисоди ва усулҳои дигари созмон додани шабакаро муайян менамояд.

4.6. БА РОҲ МОНДАНИ ФЕҲРИСТИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Дар соҳаи ба роҳ мондани феҳристи шахсони воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷори намудани технологияҳои аллакай дар давлатҳои ИДМ истифодагардида мувофиқи мақсад аст.

Таҳти мафҳуми "шахсони ҳуқуқи" шакли ташкили шахсони воқеи, ки дар худ мақомоти ҳокимияти расми (Парламент, Ҳукумат, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳалли ва ғайра), корхона ва ташкилотҳои ҷамъиятии дорои ҳама гуна дараҷаҳо ва шаклҳои моликият, ҳизбҳои сиёси, инчунин шахсони алоҳидаи воқеие, ки дар асоси литсензия ё патент (соҳибони патент, нотариусҳо, адвокатҳо ва ғайра) фаъолият доранд, фаҳмида мешавад.

Дар ин самт мубодилаи иттилоотро дар бораи шахсони воқеи, корхонаҳо ташкилотҳои кишварҳои Идтиҳод аз феҳристҳои дорои иттилоти мазкур дар доирае, ки меъёрҳои қонунгузории ҷори муқаррар кардаанд, ба назар гирифтаи мувофиқи мақсад аст.

5. РУШДИ ИНФРАСТРУКТУРАМ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ ВА БА ВУҶУД ОВАРДАНИ ФАЗОИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ

Вазифаҳои асосиро дар самти мазкур инкишофи инфраструктураи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит тибқи нархи аз ҷиҳати универсали, ҳамаҷониба ва қобили қабули дастраси ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони ташкил медиҳанд. Маҳз ба ҳалли ҳамин вазифаҳо саъю кӯшишҳои субъектҳоро, ки дар фароҳам овардани фазои ягонаи иттилооти ҳамкори ва иштирок мекунанд, равона намудан зарур аст.

Стратегияи ҳамкориро дар ин самт аз байн бардоштани нобаробарии рақамии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи инфраструктураи иттилоотию коммуникатсиони, ба вуҷуд овардани шабакаи васеи нуқтаҳои коллективонаи дастраси ба шабакаи Интернет дар сатҳи маҳалли, ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои аҳолии ноҳияҳои дур, камаҳоли ва душворгузар мусоидат менамояд, ташкил медиҳад.

Самтҳои асосии фаъолият дар ин соҳа аз инҳо нборатанд:

- таъмини мубодилаи байнидавлатии иттилооти;

- аз байн бардоштани монеаҳои мавҷудаи дастраси ба ТИК;

- дастрасии универсалию васеъ ба ТИК ва ба шабакаҳои иттилооти;

- нуқтаҳои коллективии дастраси ба шабакаҳои иттилооти;

- имкониятҳои камхарҷи пайвастан ба табақаҳои иттилооти;

- конвергенсияи технологияҳои иттилоотие, ки телекоммуникатсиони;

- стандартҳои озод ва таъмини барномави бо рамзҳои ошкор:

- баланд бардоштани мувозинатнокии ҷараёни иттилоотие, ки бо убури сарҳад сурат мегирад;

- ҷустуҷӯи самараноки иттилооте, ки дар шабакаҳои иттилооти ҷойгир карда шудааст

- фароҳам овардани шароит барои ҳамкории системаҳои иттилооти ва таъмини дастраси ба захираҳои иттилооти.

6. АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

Ҳадафи муттаҳидсозии системаҳо ва захираҳои иттилоотии инфироди, муттаҳида, соҳави ва давлати ба фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини сатҳи зарурии амнияти иттилооти барои ҳар як субъекте, ки барои ворид шудан ба ин фазо қарор намудааст, маҳсуб меёбад.

Барои татбиқи пурраи афзалиятҳои ТИК шабакаҳои системаҳои иттилооти бояд ба таври кофи устувор шуда, барои пешгирии ҳодисаҳои вайрон кардани амният, ошкор намудан ва мутаносибан эътибор додан ба онҳо қобилият дошта бошанд.

Стратегия дар соҳаи амнияти иттилооти бояд ба таҳлили хавфи мавҷуда ва эҳтимолии амнияти иттилоот, шабакаҳо ва системаҳои иттилооти ва коммуникатсиони такя намуда, ҳалли масъалаҳои зеринро дар бар гирад:

- ҳифзи системаҳои давлатии иттилооти аз дастрасии беиҷозат:

- ҳифзи маҳзанҳои маълумот;

- амнияти маълумоти инфироди;

- амнияти табақа ва системаҳои иттилооти, ва телекоммуникатсиони;

- муборизаи зидди ҷиноятҳои кибернетики;

- эътинои фаври ба ҳодисаҳои вайрон кардани амнияти иттилооти бо роҳи мубодилаи иттилоот ва воситаҳои техникии мубориза бо вайронкуниҳои қоидаҳои муқарраршуда;

- ҳамкории байналмилали дар соҳаи таъмини амнияти шабакаю системаҳои иттилооти ва коммуникатсиони.

Таъмини самараноки амнияти системаи иттилооти танҳо аз масъалаи амалҳои мақомоти идораи давлати ва тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ё чораҳои технологи иборат нест. Ба вуҷуд овардани фарҳанги глобалии амнияти иттилооти зарур аст (Резолютсияи 57/295 Ассамблеяи Генерали Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2002).

7. ТИК ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ, БА РОҲ МОНДАНИ МУНОСИБАТҲОИ ШАРИКИ ДАР БАЙНИ БАХШҲОИ ГУНОГУН

Барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимои, суръат бахшида равандҳои демократикунони дар кишвар, шарҳу тасвири саривақти объективонаи ҳодисаҳо бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамони итилоот, баланд бардоштани мақоми унсурҳои зерини ҷомеаи шаҳрванди зарур аст:

- истифодаи самарадиҳии ТИК ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои шариконаи байни бахшҳои гуногун дар татбиқи барномаҳои иҷтимои ва бунёди ҷомеаи иттилооти;

- истифодаи ТИК дар баланд бардоштани маърифат ва ҳимояи манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳоли;

- рушди шабакаи марказҳои иттилоотию захирави барои унсурҳои ҷомени шаҳрванди ва аҳоли;

- ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ҳодисаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёси,

иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангии кишвар;

- ҷалби унсурҳои ҷомеаи шаҳрванди ба фаъолияте, ки барои дастгирии табақаҳои камбизоати аҳоли нигаронида шудааст.

8. МЕХАНИЗМҲОИ ТАШКИЛӢ, ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ ТАТБИҚ ВА МОНИТОРИНГИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТӢ

8.1. Методологияи татбиқи Стратегияи давлати

Ноилшави ба мақсадҳои стратегия талаб мекунад:

- таъсиси механизмҳои самараноки ташкили, иқтисоди ва молиявии ба инкишофп ТИК мусоидаткунанда;

- таъсиси инфраструктураи иттилооти ва саноати иттилооти:

- таъсиси муҳити мусоиди инвеститсиони барои татбиқи стратегия ва муносибгардонии истифодаи захираҳои молиявие, ки барои инкишофи ТИК, мониторинги мунтазам ва арзёбии ҳолати ҷории татбиқи Стратегияи давлати ҷудо карда мешаванд, шуда метавонанд.

Барои арзёбии ҳолати ҷории рушди ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз методикае, ки аз рӯи лоиҳаи БРСММ дар асоси дастури "Омодаги ба олами шабакави" барои мамлакатҳои рӯ ба инкишоф Маркази байналмилалии тараққиёти Донишгоҳи Гарвард таҳия кардааст, истифода бурдан зарур аст. Методикаи мазкур ба арзёбии сатҳи инкишофи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира ва ба нақша гирифтани инкишофи он дар солҳои наздик бо таваҷҷӯҳ ба нишондиҳандаҳои ноилшави ба мақсадҳои ниҳои имконият фароҳам меоварад. Бо назардошти талаботи арзёби ва мониторинги инкишофи ТИК дар ҷумҳурии ченакҳои асосии зеринро махсус қайд кардан лозим аст:

- дастраси ба шабака (имконияти дастраси ба шабака; арзиш ва сифати шабакаҳо; хизматрасони ва таҷҳизоти ТИК);

- идоракунии давлати дар асоси истифодаи ТИК (Ҳукумати электрони);

- омӯзиши технологияҳои иттилооти (интегратсияи ТИК дар раванди таълим, мавҷудияти тренинг - барномаҳо барои тарбияи мутахассисон дар соҳаи ТИК);

- ҷомеаи иттилооти (ҷомеа барои эҳтиёҷоти худ аз ТИК чи гуна истифода мебарад, дастраси ба иттилоот барои шаҳрвандон);

- инкишофи иқтисоди шабакави (чи тавр тиҷорат аз ТИК истифода мебарад, шарики байни тиҷорат, Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрванди);

- сиёсат дар соҳаи ТИК (муҳайё кардани муҳити мусоид барои инкишофи ҷомеаи иттилооти).

Вобаста ба ҳар кадом аз ин ченакҳо системаи индикаторҳоеро, ки барои муайян кардани дараҷаи тайёрии ҷомеа ба Олами (пабакави имконият медиҳад, таҳия намудан лозим аст.

Стратегияи давлати соҳаҳоеро, ки дар онҳо таҳияи барномаи тадбирҳо ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои Стратегияи давлати зарур аст, муайян менамояд. Дар ҳар як соҳа лоиҳаҳои махсус пешниҳод карда мешаванд, ки бояд дар барномаҳои тадбирҳои ҳарсола ба таври муфассал мавриди такмил қарор гиранд. Мақсади ҳар як барнома бояд аз ҳавасмандгардонии рушди ҷомеаи иттилооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани монеаҳо ва проблемаҳои мавҷудае, ки инкишоф ва истифодаи ТИК-ро маҳдуд мекунанд, иборат бошад.

8.2. Тадбирҳои ташкили оид ба амалигардонии Стратегияи давлати

Тадбирҳои ташкили дастгирии самтҳои зеринро дар назар доранд:

- таблиғи фаъолонаи Стратегияи давлати;

- ҳамоҳангсозии корҳо доир ба иттилоотонии мақомоти идораи давати, барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни рушди ТИК;

- ҷори намудани механизми интихоби барномаҳову лоиҳаҳои мақсадноки рушди иттилоотони ва иҷрокунандаи онҳо, бо роҳи гузаронидани озмун дар асоси экспертизаи мустақил;

- мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳолати амалигардонии Стратегияи давлати.

Барои идораи умуми Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудан зарур аст, ки вазифаҳояш аз инҳо иборат хоҳад буд:

- идора ва баррасии мавод оид ба рафти амалигардонии Стратегияи давлати;

- санҷиши иҷрои барномаву лоиҳаҳо, истифодаи мақсадноку самарабахши воситаҳо;

- ташкили гурӯҳи коршиносон ва баррасии таклифҳо оид маблағгузории соҳаҳо, инчунин тавсияҳои буҷет барои соли банақшагирифташаванда барои тараққиёти ТИК ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Корҳои ҷориро мақомоти махсуси иҷроияе, ки минбаъд дар бахшҳои инкишофи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, иҷро менамоянд.

Лоиҳаву барномаҳои амалигардонии Стратегияи давлати ва манбаи маблағгузории онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карда мешаванд.

8.3. Тадбирҳои иқтисоди ва молиявии амалигардонии Стратегияи давлати

Амалигардонии Стратегияи давлати, мақсадҳои асосии он бояд дар Барномаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони таҷассум ёфта, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳуряи Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Барои амалигардонии Стратегияи давлати инҳо заруранд:

- ба вуҷуд овардани механизми таъсирбахши ҷалби инвеститстаяҳо, ғункуни, ҳамоҳангсози ва тақсимоти захираҳо;

- мониторинг ва назорати самараноки истифодаи захираҳои мазкур;

- таъмини мутобиқати маблағгузори бо стратегияи инкишофи фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати инкишофи ТИК дар ҷумҳури кори таҳлили гузаронда, ҳисоботи ҷамъбастиро доир ба хароҷот барои инкишофи иттилоотони дар соли ҳисоботи тартиб медиҳад. Натиҷаҳои иҷрои буҷет ба Ҳукумат, Вазорати молия ва Шӯро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

8.4. Ташкили системаи мониторинг ва арзёбии ҳолати ҷории амалигардонии Стратегияи давлати

Мониторинг ва арзёбии ҳолати инкишофи ТИК-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлатии иттилооти бардоштан зарур аст.

Бо ин мақсад таҳия ва қабули барномаи тараққиёти ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбини намудан зарур аст, ки дар он бояд дар ҳамаи мақомоти идораи давлати ва худидораи маҳалли ворид намудани вазифаи корманди масъул оид ба ТИК пешбини карда шавад.

9. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИӢВА АЗ ҶОНИБИ ДОНОРҲО ДАСТГИРИ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТӢ

Ҳангоми ба инфраструктураи глобали дохил кардани шабакаҳо ва захираҳои иттилоотиву телекоммуникатсиони, ҷалб кардани инвеститсияҳо ва кӯмакҳои донорҳо, таъмини амнияти захираҳои миллии иттилооти ва инфраструктураи иттилоотию телекоммуникатсиони ба назар гирифтани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи байналмилалии иттилооти зарур аст.

Донорҳо дар дастгирии кофии ташаббусҳоро оид ба инкишофи бахши ТИК дар Тоҷикистон таъмин менамоянд. Кӯмаки донорҳо дар ду самт амали мегардад: дар дастгирии бевоситаи иикишофи иқтидори бахши ТИК ва дар дастгирии бавоситаи бахш тавассути истифодаи технологияҳои иттилооти дар барнома ва лоиҳаҳои донорҳо. Аз нуқтаи назари дастгирии бевоситаи бахш фаъолияти БРСММ, Бонки умумиҷаҳони ва БЕТР-ро оид ба беҳдошти кори самараноки системаҳои телекоммуникатсиони қайд кардан зарур аст. Барномаи илмии НАТО инкишофи шабакаҳои миллии академики, тадқиқоти ва таълимиро дастгири мекунад. БРСММ ба инкишофи бахши ТИК дар идораи давлати, дар инкишофи захираҳои инсони ва дар инкишофи бахши хусуси ва шаҳрванди аҳамияти махсус медиҳад. Барои расонидани кӯмаки донорҳо оид ба истифодаи ТИК дар бахшҳои гуногун ҷалб намудани ЮСАИД мувофиқи мақсад мебуд.

Барномаҳои байнидавлатии мамлакатҳои ҳамшарик ба инкишофи иқтидорҳои бахшп ТИК ва истифодаи технологияҳои иттилооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири самарабахш расонида метавонистанд.

Барои инкишофи ТИК дар Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, ки ташкилотҳои байналмилали ва мамлакатҳои донорҳо дастгирии стратегии бахши ТИК-ро давом диҳанд ва он яке аз барномаҳои афзалиятноки кӯмаки донорҳо дар амалигардонии Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" мегардид.