Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавнархгузории воситаҳои (фондҳои) асосӣ, ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)
Бо мақсади мутобиқ гардонидани арзиши балансии воситаҳои (фондҳои) асосӣ, ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда ба шароити азнавистеҳсолкунии онҳо ва нархҳои ҷорӣ, инчунин дар баланси корхонаҳо дуруст инъикос намудани онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон азнавнархгузории воситаҳои (фондҳои) асосӣ, ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашавандаро то 1 октябри соли 2002 анҷом диҳанд.
Коэффисиентҳои ягонаи зерини афзоиш барои ҳамаи гурӯҳҳои воситаҳои (фондҳои) асосӣ вобаста ба давраҳои харидорӣ то 1 октябри соли 2002 муқаррар карда шаванд:
- то соли 1998 - 3,0; то соли 1999 - 2,0; то соли 2000 - 1,5; то соли 2001 - 1,3 ва то 1 октябри соли 2002 - 1,1.
Барои ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда, ки то 1 январи соли 2002 харидорӣ шудаанд, коэффитисиенти ягонаи афзоиш ба андозаи 1,5 муқаррар карда шавад.
2. Муқаррар гардад, ки корхонаҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Заводи алюминийи Тоҷикистон баъди гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои (фондҳои) асосӣ ва ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда бо дарназардошти коэффитсиентҳои афзоиш, ки дар банди якуми қарори мазкур пешбинӣ шудааст, коэффитсиенти иловагии афзоишии азнавнархгузориро то 1 октябри соли 2002 истифода мебаранд ва ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи дахлдор пешниҳод менамояд.
3. Тартиби замимагардидаи гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои (фондҳои) асосӣ, ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳо ва ташкилотҳо ҷиҳати гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои (фондҳои) асосӣ, ашёҳои камарзиш ва зудфарсудашаванда, инъикос кардани натиҷаҳои онҳо дар ҳисоботи муҳосибавӣ ва оморӣ кӯмаки методӣ ва амалӣ расонад.
5. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани андозаи нархҳои ибтидоии объектҳои хусусигардонӣ ва пакети саҳмҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ коэффитсиенти азнавнархгузории тағйироти индекси нархро то ҳолати 1 октябри соли 2002 ба инобат гирифта, ҳуҷҷатҳои меъёрии идоравии хусусигардониро ба он мутобиқ гардонад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 августи соли 2005 № 328
ш. Душанбе