Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва ба мақсади танзими масоили муҳоҷирати дохилӣ дар ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомномаи замимашуда дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 2002 № 30
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2002 № 30
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2007с. № 102)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Асоси муҳоҷир кардани аҳолӣ аз мавзеъҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ва ноҳияҳои зиччии аҳолиашон зиёд ва камзамин, ҳимоя кардани ҳуқуқи инсон барои озодона дигар кардани ҷой, интихоби ҷойи истиқомат, обод намудани ҷойҳои холӣ дар ноҳияҳои замини зиёддошта, таъмин сохтани эҳтиёҷоти изофагӣ бо захираҳои меҳнатӣ ва мусоидат намудан барои ба кор даромадани онҳо дар ин ноҳияҳо, мебошад.
2. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират (минбаъд-Хадамоти давлатии муҳоҷират) дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҷадвали муҳоҷирони ихтиёриро тартиб дода ва онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. Ба оилаҳои муҳоҷиршаванда тамоми имтиёзҳои пешбинишуда ки дар Тартибе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 № 467 тасдиқ кардааст, дода шавад.
Ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи муҳоҷирро барои гирифтани имтиёзҳо, бартариҳои муайян тасдиқ менамояд, Билети муҳоҷир мебошад, ки онро Хадамоти давлатии муҳоҷират медиҳад (замимаи № 2).
4. Ташкил ва назорати иҷрои корҳои марбут ба муҳоҷирати дохилӣ аз тарафи мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо мувофиқи талабномаи оилаҳо барои муҳоҷират ба амал бароварда мешавад, хадамот интихобро анҷом дода, лоиҳаҳои тақсимоти онҳоро тибқи супоришҳои кварталӣ барои муҳоҷир кардан таҳия месозанд ва рӯйхати оилаҳоро дақиқ намуда онҳоро бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва хоҷагиҳои ҷойгиркунии онҳо мувофиқа мекунад.
5. Хадамоти давлатии муҳоҷират мунтазам кори хадамоти дуруст ба расмият дароварда шудани ҳуҷҷатҳоро дар ҷойҳо, шароити манзилии онҳо ва ба кор таъмин кардани онҳоро дар ҷои нави истиқомат таҳти назорат мегирад.
6. Хадамоти давлатии муҳоҷирати ноҳияҳои баромади муҳоҷирон, оилаи муҳоҷиронро фақат ҳамон вақт мефиристонад, ки аз шӯъбаҳои минтақавии дахлдори Хадамоти давлатии муҳоҷират ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо иттилоъ-кафолатнома дар бораи он, ки ҳамаи аъзои қобили меҳнати оилаҳои муҳоҷиршаванда қабул карда ба ҷои зисти доимӣ ва оби нӯшокӣ ва ҷои кор таъмин мегарданд ва ҳамчунин замонати ҳолати санитарии муносиб дода мешавад, гирифта шавад.
II. Тартиби интихоб ва ба расмият даровардани оилаҳо барои муҳоҷират
7. Мутобиқи ҷадвали тасдиқшудаи муҳоҷирати ихтиёрии оилаҳо, Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти он дар маҳалҳо корҳои интихоб, ба расмият даровардан ва фиристодани оилаи муҳоҷиронро ба ҷойҳои нави истиқомат анҷом медиҳанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҷойҳои баромади муҳоҷирон ва ҷойҳои нав дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳо ба оилаҳои муҳоҷирон тамоми ёрии имконпазирро мерасонанд.
8. Бо мақсади шинос намудани аҳолӣ ба шароити муҳоҷират ва имтиёзҳое, ки ба муҳоҷирон дода мешаванд, мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират чи дар ҷои баромади муҳоҷирон ва чи дар ҷойи ҷойгиршавии онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо кори оммавӣ-фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ташкил карда, ҳамзамон бо истифодаи васеъ аз матбуоти маҳаллӣ, аз ҷумла нашрҳои махсуси рӯзномаҳо, телевизион ва радио, баёни хусусияти иқтисодию ҷуғрофии ноҳияҳо ва муроҷиатнома-ӯҳдадориҳои хоҷагиҳои ҷои ҷойгиркунӣ ва дигар манбаъҳои иттилооту маводи роҳнамо, ки барои корҳои оммавию фаҳмондадиҳӣ заруранд, мегузаронанд.
Барои баргузор намудани корҳои оммавӣ - фаҳмондадиҳӣ ташкилоту хоҷагиҳои ҷои ҷойгиркунӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар ҷамоатҳо, клубҳо, чойхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии минтақаҳое, ки оилаҳо дар он ҷойгир карда мешаванд, нуқтаҳои пурсишу посух, витрина ва лавҳаҳо дар масъалаи муҳоҷирати дохилӣ ташкил карда мешавад.
9. Шарти асосии муҳоҷир кардани оилаҳо, ба расмият даровардани онҳо, мавҷуд будани на камтар аз ду узви қобили кор дар оила, ки синну солашон: мардон - аз 15 то 63 сола ва занон - аз 15 то 58 сола мебошад, ки аз тарафи комиссияи тиббӣ шоистаи иҷрои корҳои ҷисмонӣ бевосита дар истеҳсолоти кишоварзӣ эътироф карда шудаанд ва танҳо дар ҳолате, ки тамоми қишлоқ (нуқтаи аҳолинишин) муҳоҷир карда мешавад, ба тариқи истисно муҳоҷир кардани оилаҳое, ки дар ҳайаташон камтар аз ду узви қобили меҳнат доранд, ҷоиз аст.
Ба аъзои оилаи муҳоҷиршаванда шавҳар (зан), фарзандон ва падару модарон, ки дар таъмини сардори оила буда, ҳамроҳи онҳо истиқомат мекунанд, дохил мешаванд.
Қарор дар бораи ба ҳайати оилаи муҳоҷиршаванда дохил кардани бародарон, хоҳарони сардори оила ва зан (шавҳар)-и онҳо аз тарафи Хадамоти давлатии муҳоҷират дар ҳар мавриди мушаххас қабул карда мешавад. Муҳоҷир кардани хизматчиёни ҳарбии ба эҳтиёт ҷавобшуда ё ба истеъфобаромада, ки оила надоранд, иҷозат дода мешавад. Ба расмият даровардани оилаҳое, ки дар ҳайаташон як шахси қобили меҳнат доранд, мумкин аст ба тариқи истисно бо иҷозати Хадамоти давлатии муҳоҷират анҷом дода шавад.
10. Ба расмият даровардани оилаҳои зерин барои муҳоҷират ҷоиз нест:
а) онҳое, ки пештар муҳоҷир шуда ва бе сабабҳои узрнок аз хоҷагиҳои ҷои муҳоҷиршавӣ хориҷ шудаанд;
б) онҳое, ки барои мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнатӣ аз кор озод карда шудаанд;
в) онҳое, ки дар ҷойҳои баромад қайди доимӣ надоранд.
11. Сардори оила, ки хоҳиши кӯчиданро изҳор кардааст, анкета-аризаи шаклаш муқарраргардидаро (замимаи №1) дар ду нусха пур карда ба мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷирати ҷои истиқомат ё дар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо месупорад.
12. Мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират дар маҳалҳо баъди гирифтани анкета-ариза ба оила барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан, ки муассисаҳои тиббӣ мегузаронанд, роҳхат медиҳанд.
Натиҷаҳои муоинаи тиббии оилаи муҳоҷиршаванда дар варақаи муоинаи тиббӣ (замимаи № 3) дохил карда мешаванд, ки дар ду нусха барои сардори оила ва ҳар кадом узви қобили меҳнатӣ оила алоҳида таҳия мегардад. Маълумот дар бораи ҳолати саломатии аъзои ғайри қобили меҳнати оила дар саҳифаи дуюми варақаи сардори оила навишта мешавад.
Варақаи муоинаи тиббиро табибони узви комиссия имзо намуда, бо мӯҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ мекунанд.
13. Хадамоти минтақавӣ баъди гирифтани анкета-ариза дар хусуси хоҳиши муҳоҷират доштан ва варақаи муоинаи тиббӣ, вазъият ва имкониятҳои оилаи мавриди назарро барои шароити муҳоҷират, дуруст пур карда шудани анкетағариза, мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои санчида бо имзои худ мувофиқат кардани оиларо ба шароити муҳоҷират тасдиқ мекунад.
Корманди Хадамоти давлатии муҳоҷират дар кори худ ҳар кадом оилаи муҳоҷиршавандаро бо имтиёзҳои амалкунандаи муҳоҷират шинос карда, инчунин ба онҳо вазифаву масъулиятҳоеро, ки дар ҳолати бе сабабҳои узрнок баромадан аз хоҷагӣ то гузаштани панҷ сол аз рӯзи муҳоҷиршавӣ доранд, фаҳмонда медиҳанд.
14. Анкета-аризаҳои оилаҳое, ки ба шароити муҳоҷират мувофиқанд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти давлатии муҳоҷират фиристода мешаванд.
15. Хадамоти давлатии муҳоҷират тибқи шакли муқарраргардида ва мувофиқи талаботи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маводи воридшударо ба манзури муқаррар сохтани мувофиқати оилаҳо бо шартҳои интихоб, мукаммал ва дурустии пур кардани ҳуҷҷатҳои шаклашон муқарраргардида санҷида, онҳоро ба маьлумоти баҳисобгирии оилаҳои пештар муҳоҷиршуда бо мақсади роҳ надодан ба муҳоҷирати такрорӣ муқоиса намуда, билетҳои муҳоҷирро навишта барои имзо ба роҳбарияти Хадамоти давлатии муҳоҷират пешниҳод мекунанд.
Сардори оила, ки ба номаш билети муҳоҷир навишта мешавад, метавонад танҳо шахсе бошад, ки қобили меҳнат эътироф шудааст.
16. Билетҳои муҳоҷир бо рӯйхат ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои ҷои истиқомат ва ҷои ояндаи муҳоҷиршавӣ равона карда мешаванд. Ҳамзамон бо билетҳои муҳоҷир ведомостҳои тақсимотӣ барои пардохти қарзи имтиёзнок ва ёрдампулии якдафъаинагӣ мутобиқи банди 3 ҳамин Низомнома фиристода мешаванд.
17. Оилаҳое, ки бо даъвати хоҷагиҳои ҷои муҳоҷиршавӣ меоянд ва барояшон нақшаи қабули муҳоҷирон бо мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират мувофиқа карда шудааст, аз тариқи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҷои муҳоҷиршавиашон тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда мешаванд, барои онҳо низ имтиёзҳои муҳоҷират, (банди 3 ҳамин Низомнома) қобили татбиқ мебошад.
III. Муҳоҷирати байнивилоятӣ
18. Муҳоҷир кардани оилаҳо аз як вилоят ба вилояти дигар дар хоҷагиҳое ба амал бароварда мешавад, ки дар онҳо эҳтиёҷ ба қувваи кории иловагӣ мавҷуд буда, шароити истеҳсолӣ ва манзилию истиқоматиро дар ҷойҳои муҳоҷиркунӣ доранд.
19. Хадамоти давлатии муҳоҷират ҳуҷҷатҳои интихоби оилаҳоро, ки аз мақомоти вилоятии Хадамоти давлатии муҳоҷират гирифтааст, дақиқан баррасӣ намуда, мувофиқа кардани онҳоро бо шартҳои муҳоҷират санҷида, дар давоми муддати даҳрӯза рӯйхатҳоро тасдиқ карда, билетҳои муҳоҷирро ба расмият дароварда, онҳоро ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои баромади муҳоҷирон барои ба сардорони оилаҳо таҳти имзо дар ведомостҳои додани билети муҳоҷир (замимаи № 4) супоридан мефиристонад.
20. Ҳангоми муҳоҷирати байнивилоятӣ бо хоҳиши сардори оила ва иҷозати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ҷои баромади муҳоҷирон, бо сардори оила рафтани аъзои қобили меҳнати оила ҷиҳати иштирок дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои наздиҳавлигӣ ва низ дар ҷои нави истиқомат то омадани аъзои боқимондаи оила ба сомон овардани хоҷагии худ имконият дода мешавад.
21. Ба сардорони оила, ки ба ҷои муҳоҷиршавӣ мераванд, билети муҳоҷир дода мешавад, ки дар он мақсади сафар сабт карда мешавад (замимаи №2).
IV. Муҳоҷирати дохиливилоятӣ ва дохилиноҳиявӣ
22. Муҳоҷир кардан дар ҳудуди вилоят ва ноҳия дар хоҷагиҳои ба қувваи кории иловагӣ эҳтиёҷдошта аз ҳисоби захираҳои меҳнатии изофагии ноҳияҳои камзамин, кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ мутобиқи чорабиниҳои муҳоҷиркунӣ ва дар мавриди мавҷуд будани шароитҳои истеҳсолӣ, истиқоматӣ ва маданию маишӣ дар ҷойҳои муҳоҷиркунӣ сурат мегирад.
Барои муҳоҷир кардан оилаҳое интихоб карда мешаванд, ки ба истеҳсолоти кишоварӣ шиносанд.
Мақомоти маҳаллии Хадамоти давлатии муҳоҷират ҳайати оилаҳои муҳоҷиршавандаро муайян намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро барои тасдиқи ҳукуматҳои маҳаллӣ (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ) омода месозанд ва баъди ба тарзи лозим ба расмият даровардан ва бо Хадамоти давлатии муҳоҷирати ҷумҳуриявӣ мувофиқа кунонидан муҳоҷиркуниро анҷом медиҳанд.
Агар оила ба хоҷагии ноҳияи дигар муҳоҷир карда шавад, он гоҳ нусхаҳои дуюми анкета-ариза ва варақаи муоинаи тиббӣ ба мақомоти ноҳиявии Хадамоти давлатии муҳоҷирати ҷои муҳоҷиршавии оила фиристода мешаванд.
23. Баъди ба хоҷагӣ қабул карда шудани аъзои қобили меҳнати оила, анкета-ариза аз тарафи роҳбари хоҷагии ҷои муҳоҷиршавӣ имзо шуда, бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад ва ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои дигар барои тасдиқ ба Хадамоти давлатии муҳоҷират равона карда мешавад.
24. Даъвати оилаҳо барои муҳоҷират аз тарафи роҳбарони хоҷагиҳои ҷои муҳоҷиршавӣ бо мувофиқати мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои муҳоҷиркунӣ ба ҷойҳои нави истиқомат ба амал бароварда мешавад. Оилаҳое, ки бо даъвати хоҷагиҳо омадаанд, ба расмият дароварданро дар ҷойҳои муҳоҷиршавӣ аз тариқи хадамоти ноҳиявии муҳоҷират бо тартиби барои муҳоҷирати дохиливилоятӣ ва дохилиноҳиявӣ муқарраргардида мегузаранд.
V. Тартиби ба муҳоҷирон додани ёрдами моддии якдафъаинагӣ ва қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок барои сохтмони манзил
25. Барои додани ёрдами моддии якдафъаина ва қарзи имтиёзнок ба оилаҳои муҳоҷир, Хадамоти давлатии муҳоҷират ведомостҳои тақсимотиро барои гирифтани онҳо дар чор нусха (замимаи №5) бо нишон додани маълумоти шиносномаи сардори оилаи муҳоҷир, насаб, ном ва номи падар, рақамҳои билетҳои муҳоҷир, ҳайати оила ва маблағи додашавандаи ёрдами моддии яқдафъаина тартиб медиҳад.
26. Ба муҳоҷиршавандагоне, ки билети муҳоҷир гирифтаанд, дар ҷои нави истиқомат ёрдами моддии якдафъаина ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (замимаи №5а), дода мешавад.
27. Барои гирифтани маблағҳои додашавандаи қарзи имтиёзнок ва ёрдами якдафъаина ба муҳоҷирон, нусхаи аввали ведомости тақсимотӣ бо имзои муҳоҷирон, ки гирифтани маблағҳои дар ведомост нишондодашударо тасдиқ мекунад, бо мӯҳр тасдиқ гардида аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва инчунин роҳбарон ва сармуҳосиби муассисаи бонки давлатии "Амонатбонк"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, ба Хадамоти давлатии муҳоҷирати ҷумҳуриявӣ фиристода мешавад.
Нусхаи дуюми ведомост бо аломатҳои марбут ба дода шудани маблағҳо ба муҳоҷирон, мутобиқи Низомнома дар худи муассисаи бонки давлатии "Амонатбонк"-и Ҷумҳурии Тоҷикистои мемонад.
Дар ҳолати вафоти сардори оила тамоми масъалаҳои пулӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба яке аз аъзои боқимондаи оилаи муҳоҷиршаванда, ки дар билети муҳоҷир дохил карда шудааст, мегузаранд.
VI. Тайёр кардан ва интиқол додани оилаҳои муҳоҷирон
28. Оилаҳои тайёри барои муҳоҷирати ихтиёрӣ иҷозат гирифта, бояд сари вақт ҳуҷҷатҳои заруриро ба даст варда, чораҳои ба фурӯш расонидани ҳайвонотеро, ки шароити карантин манъ кардааст, ба амал бароранд.
29. Корхонаю ташкилотҳо, колхозҳо ва хоҷагиҳои деҳконӣ (фермерӣ), ки дар он ҷо муҳоҷиршавандагон кор кардаанд, бояд барои бемамониат муҳоҷират кардани онҳо тамоми ҳисобҳояшонро, ки ба пардохти музди кор алоқаманд аст, анҷом диҳанд. Дар дафтарчаҳои меҳнатии муҳоҷиршавандагон тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди зарурӣ гузошта мешавад. Дар ин маврид барои коргарон, колхозчиён, хизматчиён ва дигар муҳоҷирон давомдории собиқаи меҳнатӣ барои тамоми давраи интиқол ва дар ҷои нави истиқомат ҷобаҷошавӣ, ки набояд аз шаш моҳ аз рӯзи баромадан бештар бошад, нигоҳдошта мешавад.
30. Мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират дар маҳалҳо пеш аз фиристодани муҳоҷирон ба ноҳияҳои нави муҳоҷират:
а) назорати саривақт анҷом дода шудани ҳисобу китоби колхозҳо, хоҷагиҳои-деҳқонӣ (фермерӣ), корхонаву ташкилотҳоро бо муҳоҷирон ба амал мебарорад;
б) миқдори молу ашёеро, ки муҳоҷирон бо худ мебаранд, ҷиҳати пешниҳоди талабнома барои додани миқдори зарурии автомашина ё техникаи дигар барои интиқол додани молу ашё муайян мекунанд.
Кормандони мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират ҳамроҳи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳрҳо, ноҳияҳои ҷои баромад ва ҷойгиршавии муҳоҷирон вазифадоранд, ки мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зеринро дар дасти онҳо тафтиш намоянд: билетҳои муҳоҷирӣ, шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки замону макони таваллуди онҳоро тасдиқ мекунанд ва ҳангоми муҳоҷират ба минтақаи низоми махсуси рухсатдиҳӣ бо ҳуқуқи дохил шудан ба ин минтақа; дафтарчаи меҳнатӣ бо қайд дар бораи озод шудан аз ҷойи кори охирин; билети ҳарбӣ бо қайди аз ҳисоби ҳарбӣ баровардан; шаҳодатномаи стансияи давлатии назорати байторӣ дар бораи муоина ва коркарди байтории чорвои ҳамлу накдшаванда ва чорахои дигари зарурӣ барои ташкили мӯътадили кӯчидан ба маҳалли нави истиқомат.
31. Интиқоли оилаҳои муҳоҷиршаванда ва ҳамчунин амволи онҳо тариқи нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ интиқоли оилаҳои муҳоҷиршаванда аз маҳалҳои баландкӯҳ ва душворгузар бо дархости Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои муҳоҷиркунӣ тавассути чархболҳо анҷом дода мешавад.
32. Арзиши сафар аз маҳалли баромад то маҳалли муҳоҷиркунӣ ва ҳамчунин арзиши интиқоли амвол ва чорво ба билети муҳоҷират дохил карда мешавад ва аз ҳисоби маблағҳое, ки барои сиёсати муҳоҷират дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, анҷом дода мешавад.
VII. Ташкили қабули муҳоҷирон ва назорати сохтори хоҷагидории онҳо дар маҳалҳои муҳоҷиркунӣ
33. Мақомоти хадамоти муҳоҷирати маҳалли муҳоҷиркунӣ вохӯрии муҳоҷиронро бо намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои ҷои нав, роҳбарони корхонаҳои кишоварзии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ташкил мекунад.
Мақомоти хадамоти муҳоҷирати маҳалли муҳоҷиркунӣ ӯҳдадораст, ки муҳоҷиронро мутобиқи рӯйхате, ки муҳоҷирати онҳоро тасдиқ мекунад, кабул намояд ва баробари омада расидан ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои баромадашон ва мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират маълумот диҳад.
Қабули муҳоҷирони омадарасидаро намояндаи хадамоти муҳоҷирати маҳаллӣ бо санад (замимаи № 6) анҷом медиҳад.
Қарор дар бораи интиқоли оилаҳои муҳоҷир аз як вилояти муҳоҷират ба дигар танҳо бо иҷозати махсуси роҳбарияти Хадамоти давлатии муҳоҷират ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо бо аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷират ва хабар додан дар ин бора ба мақомоти молиявӣ ва омории дахлдор ва муассисаҳои бонки давлатии "Амонатбонк" анҷом дода мешавад.
34. Мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои муҳоҷиркунӣ аз рӯи амалҳои зерин назорати доимиро анҷом медиҳанд:
- аз ҷараёни омодагии хоҷагиҳои ҷои нав ба қабул, ҷойгиркунии хоҷагии муҳоҷирон, иҷрои шароитҳо барои расонидани кӯмак ва мусоидат дар сохтмони хонаҳо ва биноҳои рӯиҳавлигӣ;
- аз қабули муносиби муҳоҷирон, ҷобаҷокунии хоҷагӣ ва бо кор ва заруриятҳои хоҷагии аввалиндараҷа таъмин намудани онҳо;
- аз пешниҳоди кӯмаки яквақтаинаи моддии, муқаррарнамудаи давлат ва қарзи имтиёзнок ба ҳамаи муҳоҷирон;
- аз ҷудо намудани қитьаҳои наздиҳавлигии андозан муқарраргардида ба муҳочирон ва таъмини шароитҳо барои парвариши чорво, парранда ва ғайраҳо мутобиқи пешниҳоди мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо;
- мутобиқи имконият дар маҳалҳо таъмин намудани муҳоҷирон бо кӯмаки иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ;
- аз ташкили таҳсил ва омӯзонидани муҳоҷирони қобили меҳнат бо касби дигар дар маҳалли муҳоҷиркунӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани дараҷаи дониши онҳо ва гирифтани ихтисос;
- ташкили муассисаҳои маданию равшаннамоӣ, китобхонаҳо, клубҳо, майдонҳои варзишӣ ва дуконҳои фурӯши китобу рӯзномаҳо.
VIII. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии оилаҳои муҳоҷиршуда
35. Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти он дар маҳалҳо бо шакли муқаррарнамудаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгириҳои зеринро анҷом медиҳанд:
а) аризаҳои воридшуда аз оилаҳо ва шахсоне, ки мехоҳанд муҳоҷир шаванд;
б) интихоби оилаҳо барои муҳоҷират;
в) баҳисобгирии шахсии оидаҳои фиристодашуда ва оилаҳои ба маҳалли муҳоҷиркунӣ омада,
36. Мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии хадамоти муҳоҷират ҳар моҳ рӯйхати баҳисобгирии шахсии оилаҳои муҳоҷиршуда ва ҳайати онҳоро чи дар ҷойи баромадашон ва чи дар маҳалли чойгиршавиашон тартиб медиханд ва ба Хадамоти давлатии муҳоҷират пешниҳод мекунанд.
37. Ҳисоботҳо дар бораи рафти интихоб, фиристодан, қабул, ҷобаҷокунии хочагиҳо ва баромада рафтани оилаҳои муҳоҷирон як бор дар нимсола (замимаи №7) тартиб дода мешаванд. Дар ҷамъбасти сол мақомоти хадамоти муҳоҷирати вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳисоботро ба Хадамоти давлатии муҳоҷират пешниҳод мекунанд.
38. Хадамоти давлатии муҳоҷират дар нимсола як бор ва дар ҷамъбасти сол дар хусуси муҳоҷирати дохилӣ ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаи №7) ҳисобот пешниҳод мекунад.
* Замимаҳо дар матни русӣ оварда шудаанд.