Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 1997 № 565
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.05.2003 № 213, аз 1.04.2008 № 179, аз 14.01.2010 № 6)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Ҳамин Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби ҳаракатро дар роҳ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Дигар асноди меъёрии марбут ба ҳаракат дар роҳ бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ва ҳамин Қоидаҳо асос ёбанд ва набояд бо онҳо мухолифат дошта бошанд.
1.2. Дар Қоидаҳо мафҳумҳо ва истилоҳоти асосии зерин истифода мешаванд:
"Шоҳроҳ" - роҳе, ки бо аломати 5,1 ифода шудааст1;
"Велосипед" - воситаи нақлиёт (ба ғайр аз аробачаи маъюбон), ки дорои ду ё зиёда чарх буда, бо қувваи мушаки одамони дар болои он нишаста ба ҳаракат дароварда мешавад;
"Ронанда" шахсест, ки ягон намуди воситаи нақлиётро идора мекунад, ғаллабоне, ки ҳайвоноти боркаш, саворӣ ва подаро бо роҳ пеш мебарад. Омӯзонандаи ронандагӣ ба ронанда баробар дониста мешавад;
"Боздории маҷбурӣ" - қатъи ҳаракати воситаи нақлиёт бо иллатҳои техникӣ ё хатаре, ки аз бори кашондашаванда, саломатии ронанда (мусофир) ва ё монеаи дар роҳ пайдошуда ба вуҷуд меояд;
"Роҳи асосӣ" - роҳе, ки нисбат ба роҳи буридашаванда (фаръӣ) бо аломатҳои 2.1, 2.3, 3 ё 5.1 ифода карда шудааст ё роҳе, ки бо асфалт, бетон, санг ва масолеҳи монанди инхо фарш шудааст, нисбат ба роҳи хома ва ё ҳар роҳи дигар нисбат ба роҳҳои баромад (фаръӣ) аз ҳудуди хамшафат. Бевосита пеш аз чорраҳа мавҷуд будани қитъаи роҳи дуюмдараҷаи фаршшуда аҳамияти онро бо роҳи асосӣ баробар намесозад;
"Роҳ" - қисми замин ё сатҳи иншооти сунъии ободкардашуда ва мувофиқ гардондашудаест, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт истифода мешавад. Роҳ аз як ё якчанд қисмҳои мошингард, ҳамчунин роҳҳои , (хатҳои) ҳаракати трамвай, пиёдараҳа, канораҳои роҳ ва хатҳои тақсим дар сурати мавҷуд будани онҳо иборат аст;
"Фалокати роҳу нақлиёт" - ҳодисае, ки бо иштироки ҳатто як воситаи нақлиёти ҳаракаткардаистода рӯй дода, боиси ҳалокат ё заҳмӣ шудани одамон, зарар дидани воситаи нақлиёт, борҳо, иншоот ё дигар амвол гардидааст;
"Гузаргоҳи роҳи оҳан" - ҳамдигарро дар як сатҳ бурида гузаштани роҳи мошингард ва роҳҳои оҳан;
"Воситаи нақлиёти маршрутӣ" - воситаи нақлиёти истифодаи умум (автобус, тролейбус, трамвайтаксии маршрутӣ), ки бо хати сайри (маршрутӣ) муқарраршуда ҳаракат мекунад;
"Воситаи нақлиёти механикӣ" - воситаи нақлиёте (ба ғайр аз мопед), ки тавассути муҳаррик ба ҳаракат дароварда мешавад. Ин истилоҳ ҳамчунин ба ҳама гуна тракторҳо ва мошинҳои худгард тааллуқ дорад;
"Мопед" - воситаи нақлиёте, ки ду ё се чарх дошта, бо муҳаррики дорон қувваи кории на зиёдтар аз 50 смЗ ба ҳаракат дароварда шуда, суръати ниҳоии конструктивии он на бештар аз 50 км/соат аст. Велосипедҳои дорои муҳаррикҳои шинондашуда, моникҳо ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки дорои чунин тавсиф мебошанд, ба мопедҳо мансубанд;
"Мототсикл" - воситаи нақлиёти механикии дучарха бо ядаки (прицепи) пахлӯй ё бе ядак. Воситаҳои нақлиёти механикии се ва чорчарха, ки вазни муҷаҳҳази онҳо аз 400 кг зиёд нест, ба мототсиклҳо мансубанд;
"Маҳалли аҳолинишин" - ҳудуди сериморат, ки дохил шудан ба он ва хориҷ шудан аз он бо аломатҳои 5.22 - 5.25 ифода карда шудааст;
"Дидашавандагии маҳдуд" - ҳангоми туман, борон, барф ва ғайра, ҳамчуннн шом камтар аз 300 м дида шудани роҳ;
"Сабқат" - аз воситаи нақлиёти ҳаракаткардаистода пеш гузаштан, ки бо хориҷ шудан аз хатти ишғолнамуда вобаста аст;
"Корвони муташаккили нақлиёт" - гурӯҳи иборат аз се ва зиёдаи воситаҳои нақлиёти механикие, ки бевосита яке аз паси дигар дар як хатти ҳаракат бо чароғҳои фурӯзон ва бо мушоияти воситаи нақлиёти дар саргаҳи корвонбудаи бо чароғаки шӯълавари ранги кабуд ё чароғакҳои рангҳои кабуду сурх ҳаракат мекунанд;
"Гурӯҳи муташаккили пиёдагардон" - гурӯҳи одамоне, ки дар роҳ якҷоя ба як самт ҳаракат мекунанд. Гурӯҳи мазкур бо банди 4.2-и Қоидаҳо ифода шудааст;
"Бозистодан" - қатъи мақсадноки ҳаракати воситаи нақлиёт то 5 дақиқа, ҳамчунин зиёдтар аз он, дар сурате, ки ин амал барои ба воситаи нақлиёт савор кардан ё аз он фаровардани мусофирон ва ё боргирӣ ё борфарорӣ зарур бошад;
"Чорраҳа" - ҷои ҳамдигарро дар як сатҳ бурида гузаштани роҳҳо, ба ҳамдигар пайваст шудан ва ё ба самтҳо ҷудо гардидани онҳо, ки бо хатҳои пайвасткунандаи қисмҳои мошингард маҳдуд карда шудааст. Баромадгоҳҳо аз ҳудуди ҳамшафат чорраҳа ҳисобида намешаванд;
"Пиёдагард" - шахсест, ки берун аз воситаи нақлиёт, дар роҳ аст ва дар он ҷой (роҳ) кореро анҷом намедиҳад. Шахсоне, ки бо аробачаҳои маъюбии бемуҳаррик ҳаракат мекунанд, велосипед, мопед, мототсикл меронанд, чана, ароба, аробачаи бачагона ё маъюбиро мекашанд (мебаранд), ба пиёдагардон мансубанд;
"Гузаргоҳи пиёдагард" - ҳиссае аз қисми роҳи мошингард, ки бо аломатҳои 5.16.1, 5.16.2 ва (ё) бо нишонаҳои 1.14.1- 1.14.3 ифода гардида, барои аз роҳ гузаштани пиёдагардон ҷудо карда шудааст. Дар сурати набудани нишона бари гузаргоҳи пиёдагард бо масофаи байни аломатҳои 5.16.1 ва 5.16.2 муайян карда мешавад;
"Хатти ҳаракат" - ҳар кадом хатти қисми мошингарди бо нишона ифодашуда ё ифоданашудае, ки барои дар як қатор ҳаракат кардани автомобилҳо паҳнии кофиро дорад;
"Афзалият" (бартарӣ) - ҳаққи ҳаракат дар навбати аввал ба самти пешбинишуда нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат;
"Ҳудуди ҳамшафат" - ҳудуде, ки бевосита ба роҳ ҳамшафат буда, барои ҳаракати бетаваққуфи воситаҳои нақлиёт пешбинӣ нашудааст (ҳавлиҳо, маҳалли аҳолинишин, майдонҳои нигоҳдории автомобилҳо, стансияҳои таъмини сӯзишворӣ, корхонаҳо ва монанди инҳо);
"Ядак" (прицеп) - воситаи нақлиёте, ки муҳаррик надорад ва барои ҳаракат дар ҳайати воситаи нақлиёти механикӣ пешбинӣ шудааст. Истилоҳи мазкур ҳамчунин ба нимядакҳо ва аробаҳо (чана)-и чӯбкашӣ ва ғайра дахл дорад;
"Қисми мошингард" - қисм (ҷузъ)-и роҳ, ки барои ҳаракти воситаҳои нақлиёти берелс пешбинӣ шудааст;
"Хагти тақсим" - унсури аз ҷиҳати коструктивӣ ҷудокардашудаи роҳ, ки қисмҳои якҷояи мошингардро аз ҳамдигар ҷудо мекунад ва барои ҳаракат ё истодани воситаҳои нақлиёти берелс ва пиёдагардон пешбинӣ шудааст;
"Вазни ниҳоии ҷоиз" - вазни муҷаҳҳази воситаи нақлиёт бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда ҳамчун вазни ниҳоии ҷоиз муқаррар карда шудааст. Маҷмӯи вазни ниҳоии воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳамдигар пайваст шудаанд, яъне ҳамчун нақлиёти ягона ҳаракат мекунанд, маънии вазни ниҳоии ҷоизро дорад;
"Танзимгар" - корманди милитсия, бозрасии автомобилии ҳарбӣ, корманди хадамоти истифодабарии роҳ, навбатдори гузаргоҳи роҳи охан, гузаргоҳи паром, дружинник, корманди ғайриштатии милитсия, ки гувоҳнома ва либоси марбута (сару либос ё нишонаи фарқкунандабандинаи даст, ишорачӯб, доирача (диск) бо аломат, яъне ранги сурх ё нургардон, фонуси сурх ё байрақча) дорад;
"Таваққуф" - қатъи мақсадноки ҳаракати воситаи нақлиёт бо сабабҳое, ки бо савор кардан ё фаровардани мусофирон ва ё боргирӣ ба воситаи нақлиёт ё борфарорӣ аз он вобаста нест;
"Вақти торикии шабонарӯз" - фосилаи вақт аз охири шом то оғози субҳ;
"Воситаи нақлиёт" - тамоми намудҳои автомобилҳо, тракторҳо ва дигар мошинҳои худгард, тролейбусҳо, ҳамчунин мототсиклҳо ва дигар воситаҳои механикии дорои ҳаҷми кории муҳаррикашон аз 50 см3 зиёдтар (ё суръати ҳадди аксари конструктивиашон зиёда аз 40 км/ соат);
"Пиёдараҳа" - қисм (ҷузъи роҳ, ки барои ҳаракати пиёдагардон пешбинӣ гардидааст ва ҳамшафати қисми мошингард мебошад ё аз он бо қитъаи сабзадор ҷудо карда шудааст.
"Роҳ додан (монеъ нашудан)" - талаботеро мефаҳмонад, ки иштирокчии ҳаракат дар роҳ набояд ҳаракатро оғоз кунад, аз нав ба ҳаракат дарояд ё ҳаракатро идома диҳад, амалиёте (маневр)-ро анҷом диҳад, ки бо ин сабабҳо иштирокдорони дигар ҳаракати нисбат ба ӯ ҳаққи афзалиятдошта ба тағйир додани самти ҳаракат ё суръат маҷбур гарданд;
"Иштирокдорони ҳаракат дар роҳ" - шахсе, ки аз роҳҳои мошингард ё дигар ҷойҳои барои ҳаракати одамон ва борҳо таъиншуда тавассути воситаҳои нақлиёт истифода мебарад ва дар раванди ҳаракат бевосита хамчун пиёдагард, ронанда, мусофир, воситаи нақлиёт, галабон ва велосипедрон ширкат мекунад.
1.3. Иштирокдорони ҳаракат дар роҳ вазифадоранд, ки талаботи ба онҳо марбути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ", ҳамин Қоидаҳо ва дигар асноди меъёриро доир ба масьалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ донанд ва бечунучаро риоя намоянд:
1.3.1 Дар Тоҷикистон харакати воситаҳои нақлиёт аз тарафи рост муқаррар шудааст.
2. ӯҲДАДОРИҲОИ УМУМИИ РОНАНДАГОН
2.1. Ронандаи воситаи нақлиёти механикӣ ӯҳдадор аст, ки:
2.1.1. Санадҳои зеринро бо худ дошта бошад ва бо талаби кормандони милитсия, ҳамчунин дружинникҳо ва кормандони ғайриштатии милитсия барои тафтиш пешниҳод намояд;
- шаҳодатномаи ронандагӣ дар бораи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ва талони қайди қоидавайронкунӣ;
- шаҳодатномаи ронандагии ӯ бо тартиби муқарраршуда гирифта шуда бошад - талони сабти қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ;
- санадҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт;
- санаде, ки ба соҳибӣ ё истифода ё ихтиёрдории воситаи нақлиёт ҳангоми набудани соҳиби он ҳуқуқ медиҳад;
- роҳхат ва ҳуҷҷатҳои бори кашондашаванда (дар мавридҳои зарурӣ).
2.1.2. Ҳангоми ҳаракат бо воситаи нақлиёте, ки бо тасмаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз сохта шудааст, тасмаи бехатариро бандад ва мусофиронеро, ки тасмаи бехатариро набастаанд, накашонад (мутобиқи банди 22.10-и Қоидаҳо иҷозат дода мешавад, ки бачагони то 12-сола, омӯзандагони ронандагӣ - агар воситаи нақлиётро омӯзанда идора намояд ва ба ғайр аз ин дар маҳалҳои аҳолинишин - ронандагон ва мусофирони автомобилҳои хадамоти оперативӣ тасмаҳои бехатариро набанданд).1 Ҳангоми рондани мототсикл тоскулоҳ пӯшида ва тасмаи онро бандад ва мусофиронеро, ки тоскулоҳ напӯшида ва тасмаи онро набастаанд, накашонад.
2.2. Ронандаи воситаи нақлиёти механикие, ки дар роҳҳои байналхалқӣ ҳаракат мекунад, ӯҳдадор аст, ки:
- ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситан нақлиёт ва шаҳодатномаи ронандагии мутобиқ ба Конвенснян ҳаракат дар роҳро дошта бошад;
____________________
1 Номгӯи хадамоти оперативӣ ва махсусро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
- дар воситаи нақлиёт аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунандаи давлатеро, ки воситаи нақлиёт дар он ба қайд гирифта шудааст, дошта бошад.
2.3. Ронандаи воситаи нақлиёт ӯҳдадор аст, ки:
2.3.1. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ", ҳамин Қоидаҳо ва дигар асноди меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ донад ва бечунучаро риоя кунад;
- барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатарро фароҳам орад, бо амалҳо ё беамалиҳои худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зарар нарасонад;
- зарареро, ки бо гуноҳи ӯ дар натиҷаи риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳаракат дар роҳ расидааст, ҷуброн намоад;
- пеш аз ба роҳ баромадан ва дар род ҳолати дурусти техникии воситаи нақлиётро тибқи Муқаррароти асосӣ оид ба иҷозатдиҳии воситаҳои нақлиёт ба истифодабарӣ ва ӯҳдадориҳои ашхоси мансабдор доир ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ1 таъмин намояд.
Ҳангоми вайрон будани системаи тормозӣ, таҷҳизоти суккон (рул), таҷҳизоти ядакӣ (дар ҳайати автопоезд), фурӯзон нашудани (мавҷуд набу-дани) чароғҳо ва чароғакҳои габаритии ақиб дар роҳҳои бе рӯшноии сунъӣ дар вақти торикӣ ё дар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ, ҳангоми боридани борон ё барф кор накардани шишатозакунаки тарафи ронанда ҳаракат кардан манъ аст.
Ҳангоми дар ҷараёни ҳаракат пайдо шудани вайрониҳое, ки мувофиқи онҳо истифодаи воситаҳои нақлиётро замима ба Муқаррароти асосӣ манъ менамояд, ронанда онҳоро бояд бартараф созад ва агар ин кор ғайриимкон бошад, он гоҳ ӯ бояд бо риояи тадбирҳои зарурии эҳтиётӣ ба таваққуфгоҳ ё ҷои таъмир ҳаракат қунад;
2.3.2. Бо талаби кормандони милитсия аз ташхиси ҳолати мастӣ гузарад. Дар ҳолатҳои муқарраршуда аз санҷиши донистани Қоидаҳо ва малакаи ронандагӣ, ҳамчунин ташхиси тиббӣ барои тасдиқи қобилияти идораи воситаҳои нақлиётӣ гузарад;
2.3.3. Воситаи нақлиётро ба ихтиёри инҳо диҳад:
ба кормандони милитсия барои интиқоли воситаҳои нақлиёти дар натиҷаи фалокати нақлиётӣ зарардида, рафтан ба маҳалли фалокати таббӣ, ҳамчунин ба кормандони мақомоте, ки амалиёти оперативию тафтишотии бо қонунгузории ҷорӣ пешбинишударо анҷом медиҳанд;
___________________
1 Мукаррароти асосӣ.
ба кормандонн тиб, ки барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба ҳамон самт ҳаракат мекунад, ҳамчунин кормандони тиб, кормандони мақомоте, ки амалиёти бетаъхири оперативию тафтишотиро барои ба муассисаҳои табобатӣ расонидани шаҳрвандони ба кӯмаки таъҷилии тиббӣ мӯҳтоҷ анҷом медиҳанд.
Эзоҳот:
1. Ашхосе, ки воситаи нақлиётро истифода бурдаанд, бояд бо талаби ронанда тасдиқнома диҳанд ё дар роҳхат (бо нишон додани давомнокии рафтуомад, масофаи тайшуда, насаби худ, вазифа, рақами гувоҳномаи хизматӣ, номи ташкилоти худ) қайд гузоранд ва кормандони тиб бояд талони намунаи муқарраршуда диҳанд.
2. Хароҷоти вобаста бо додани воситаи нақлиёт ба ихтиёри кормандони мақомоти амалиёти бетаъхири оперативию тафтишотиро анҷомдиҳанда бо талаби ронанда аз тарафи ин мақомот бо тартиби муқарраршуда ҷуброн карда мешавад.
2.4. Ашхосе, ки ҳуқуқи тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандаи воситаи нақлиёт ё истифодаи воситаи нақлиётро доранд, вазифадоранд, ки бо талаби ронанда гувоҳномаи хизматиашонро нишон диҳанд.
2.5. Ҳангоми рӯй додани фалокати роҳу нақлиёт ронандае, ки бо он алоқадор аст, вазифадор аст, ки:
воситаи нақлиётро фавран боздорад (аз ҷой наҷунбонад), чароғаки садамавиро фурӯзон намояд ва аломати боздорни оҷил (фонуси сурхи шӯълапош)-ро мутобиқи талаботи банди 7.2-и ҳамин Қоидаҳо дар ҷои намоёни муқарраршуда гузорад, ҷои ашёи ба ҳодиса дахлдорро бетағир гузорад;
чораҳои имконпазирро оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба зарардидагон андешад, ёрии таъҷилии тиббиро даъват намояд, дар ҳолати фавқуллода зарардидагонро бо воситаи нақлиёти раҳгузар ва агар ин кор ғайриимкон бошад, бо воситаи нақлиёти худ ба муассисаи табобатии наздиктарнн расонад, насаби худ, рақами бақайдгирии воситаи нақлиёти худро бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳуҷҷати бақайдгирни воситаи нақлиёт) хабар диҳад ва ба ҷои ҳодиса баргардад;
агар ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ғайриимкон шуда бошад, қисми мошингардро озод намояд. Ҳангоми зарурати озод сохтани қисми мошингард ё бо воситаи нақлиёти худ ба муассисаи табобатӣ расонидани зарардидагон пешакӣ дар ҳузури шоҳидон ҳолати карордоштаи воситаи нақлиёт, пайҳо ва ашёи ба ҳодиса дахлдорро қайд намояд ва барои нигоҳ дошта шудани онҳо ва ташкили аз як тарафи ҷои ҳодиса гузаштани дигар воситаҳои нақлиёт ҳамаи чораҳои имконпазирро андешад;
дар бораи ҳодисаи рӯйдода ба милитсия хабар диҳад, насаб ва суроғаҳои шоҳидонро навишта гирад ва омадани кормандони милитсияро интизор шавад.
2.6. Агар дар натиҷаи фалокати роҳу нақлиёт касе зарар надида бошад, ронандагон бо ризоияти ҳамдигар метавонанд нақшаи ҳодисаро тартиб дода, имзо намоянд ва ба пости наздиктарини БДА ё мақоми милитсия барои ба расмият даровардани ҳодиса ҳозир шаванд.
2.7. Ба ронанда манъ карда мешавад:
рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва монанди инҳо), таҳти таъсири доруҳое, ки таассур ва диққатро суст мекунад, дар ҳолати беморӣ ё хастагӣ, ки ин ҳол ба бехатарии ҳаракат таҳдид мекунад;
рондани воситаи нақлиётро ба шахсоне бовар карда супоридан, ки дар ҳолати мастӣ, таҳти таъсири доруҳои сусткунандаи таассур ва диққат, беморӣ ё хастагӣ қарор доранд, ҳамчунин ба ашхосе, ки ҳамроҳи худ ба рондани воситаи нақлиёти ҳамин категория шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони қайди коидавайронкунӣ ба онро надоранд;
бурида гузаштани гурӯҳҳои муташаккил (аз ҷумла гурӯҳҳои пиёдагардон) ва ҷой гирифтан дар байни онҳо.
3. ИСТИФОДАИ СИГНАЛҲОИ МАХСУС
3.1. Ронандагони воситаҳои нақлиёти хадамоти фаврӣ ва махсус дар вақти иҷрои супориши бетаъхири хизматӣ бо фурӯзон намудани чароғаки шӯьлавари ранги кабуд метавонанд аз талаботи фаслҳои 6 (ба ғайр аз сигналҳои танзимгар), 8-18 Қоидаҳо, замимаҳои 1 ва 2 ба Қоидаҳо, ба шарти таъмини бехатарии ҳаракат, сарфи назар намоянд.
Илова ба чароғаки шӯълавари ранги кабуд чароғаки шӯълавари ранги сурхро низ фурӯзон кардан мумкин аст.
Барои таъмини афзалият нисбат ба дигар иштироқдорони ҳаракат ронандагони чунин воситаҳои нақлиёт бояд чароғаки шӯълавари ранги кабудро фурӯзон карда, сигнали махсуси овозиро низ ба кор андозанд. Онҳо аз афзалият танҳо баъди ҳосил намудани боварӣ ба ин ки ба онҳо дигарон роҳ медиҳанд, истифода бурда метавонанд.
3.2. Ҳангоми наздик омадани воситаҳои нақлиёт бо чароғаки кабудранги фурӯзон ва сигнали махсуси овозӣ ронандагон вазифадоранд ҷиҳати таъмини убури бемамониати онҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти аз ҷониби онҳо мушоиятшаванда, ки нури наздики чароғашон фурӯзон аст, роҳ диҳанд.
3.3. Ҳангоми наздик шудан ба воситаи нақлиёти чароғаки кабудрангаш фурӯзон ронанда бояд суръатро кам намояд, то ки дар ҳолати зарурат фавран бозистода тавонад.
3.4. Ронандагони воситаҳои нақлиёт бо чароғаки фурӯзони ранги норинҷӣ ё зард ҳангоми иҷрои корҳои сохтмону таъмир ва поккориҳо дар роҳ метавонанд аз талаботи аломатҳои роҳ ва хатҳои тақсим, ҳамчунин бандҳои 9.3 - 9.8 ва 16.1 Қоидаҳо, ба шарти таъмини бехатарии ҳаракат, сарфи назар намоянд. Дигар ронандагон набояд ба кори онҳо монеъ шаванд.
Чароғаки ранги норинҷӣ ва зарди фурӯзон ба ҳаракати афзалиятнок ҳуқуқ намедиҳад ва барои аз хатар огоҳ намудани дигар иштирокдорони харакат пешбинӣ шудааст.
4. ӯҲДАДОРИҲОИ ПИЁДАГАРДОН
4.1. Пиёдагардон, ки иштирокдорони ҳаракат дар роҳ мебошанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ӯҳдадоранд, ки:
- талаботи Қонуни мазкур, ҳамин Қоидаҳо ва дигар асноди меъёриро оид ба ҳаракат дар роҳ донанд ва бечунучаро риоя намоянд;
- барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатарро фароҳам оранд, бо амалҳо ё беамалиҳои худ ба дигар иштирокдорони ҳаракат дар роҳ зарар нарасонанд;
- зарареро, ки бо гуноҳи онҳо дар натиҷаи риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳаракат дар роҳ расидааст, ҷуброн намоянд;
- дастурҳои мақомоти назорати давлатиро доир ба риояи қонунгузорӣ оид ба ҳаракат дар роҳ иҷро кунанд;
- бояд бо пиёдараҳа ё пайраҳаҳои пиёдагардӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо аз канори роҳ ҳаракат намоянд. Пиёдагардоне, ки чизҳои калонҳаҷмро мекашонанд ё мебаранд, ҳамчунин ашхосе, ки дар аробачаҳои маъюбии бемуҳаррик ҳаракат мекунанд, агар ҳаракати онҳо дар пиёдараҳа ё канори роҳ барои дигар пиёдагардон монеа ба вуҷуд орад, метавонанд лаб-лаби қисми мошингарди роҳ ҳаракат намоянд.
Ҳангоми набудани пиёдараҳа, пайраҳаҳои пиёдагард ё канорн роҳ, ҳамчунин ғайриимкон будани ҳаракат бо онҳо, пиёдагардон метавонанд бо панраҳаи велосипедгард ё дар як қатор лаб-лаби қисми мошингарди роҳ (дар роҳҳои дорои хатҳои тақсим - бо канори берунии қисми мошингард) ҳаракат намоянд.
Берун аз маҳалҳои аҳолинишин, пиёдагардон ҳангоми харакат бо қисми мошингарди роҳ бояд рӯбарӯи самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт пеш раванд. Ашхосе, ки дар аробачаҳои маъюбии бемуҳаррик ҳаракат мекунанд, мототсикл, мопед, велосипед меронанд, дар ин ҳолатҳо бояд бо рафти харакати воситаҳои нақлиёт ҳаракат намоянд.
4.2. Ҳаракати гурӯҳи муташаккили пиёдагардон бо қисми мошингард танҳо бо самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо тарафи рост ва на зиёдтар аз чор нафар дар як қатор иҷозат дода мешавад. Аз тарафи чапи пеш ва ақиби гурӯҳ бояд мушоияткунандагон бо байрақчаҳои сурх, дар вақти торикӣ ва дар шароити дидашавандагии маҳдуд - бо фонусҳои фурӯзон: аз пеш - ранги сафед, аз ақиб - ранги сурх ҳаракат намоянд.
Бурдани гурӯҳҳои бачагон танҳо бо пиёдараҳа ва пайраҳаи пиёдагард ва дар сурати мавҷуд набудани чунин роҳҳо , бо канори роҳ, аммо танҳо рӯзона ва танҳо бо мушоияти калонсолон иҷозат дода мешавад.
4.3. Пиёдагардон қисми мошингардро бояд аз гузаргоҳи пиёдагард, аз ҷумла гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, ҳангоми мавҷуд набудани чунин гузаргоҳҳо - аз чорраҳа бо хатти пиёдагард ё канори роҳ убур намоянд.
Ҳангоми дар наздикӣ мавҷуд набудани гузаргоҳ ё чорраҳа, убури роҳ бо кунҷи рост нисбат ба қисми мошингард дар қитъаҳое, ки хати чудокунанда ва иҳотаҳо надоранд, аз ҷое, ки роҳ аз ҳарду тараф хуб дида мешавад, иҷозат дода мешавад.
4.4. Дар ҷойҳое, ки ҳаракат танзим карда мешавад, пиёдагардон бояд мувофиқи сигналҳои танзимгар ё ишораҳои чароғи раҳнамо (светофор) ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо - мувофиқи ишораҳои чароғаки раҳнамои нақлиётӣ амал намоянд.
4.5. Дар гузаргоҳҳои пиёдагарди танзимнашаванда пиёдагардон баъди арзёбии масофаи байни онҳо ва воситаи нақлиёти наздикшудаистода, суръати онҳо ва боварӣ ҳосил кардан ба ин ки гузариш барои онҳо бехатар аст, ба қисми мошингард дохил шуда метавонанд. Ҳангоми берун аз гузаргоҳи пиёдагард гузаштани қисми мошингард, пиёдагардон ба ғайр аз ин набояд ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал расонанд, набояд аз ақиби воситаи нақлиёти истода ё дигар монеае, ки доираи назарро маҳдуд месозад, ба набудани воситаҳои нақлиёти наздикшудаистода боварӣ ҳосил накарда, бароянд.
4.6. Вақте ки пиёдагардон ба қисми мошингард дохил мешаванд, набояд таъхир кунанд ё бозистанд, ба шарте ки агар таъхир ё бозистӣ бо таъмини бехатарии ҳаракат вобаста набошад. Пиёдагардоне, ки гузаришро тамом карда натавонистаанд, бояд дар хатти ҷудокунандаи самтҳои муқобили ҳаракати нақлиёт истанд. Гузаришро танҳо баъди он ки ба бехатарии ҳаракати минбаъда боварӣ ҳосил мешавад ва бо дарназардошти аломати чароғи раҳнамо (танзимгар) идома додан мумкин аст.
4.7. Ҳангоми наздикшавии воситаҳои нақлиёт бо чароғаки раҳнамои ранги кабуди фурӯзон ё чароғакҳои раҳнамои рангҳои кабуд ва сурхи фурӯзон ва сигнали махсуси овозии ба кор андохташуда пиёдагардон бояд аз убури қисми мошингард худдорӣ намоянд ва онҳое, ки дар қисми мошингард қарор доранд, бояд ба ин воситаҳои нақлиёт роҳ диҳанд ва бетаъхир қисми мошингардро озод намоянд.
4.8. Воситаи нақлиёти маршрутӣ ва таксиро танҳо дар майдончаҳои нисбат ба қисми мошингард баландгар сохташуда ва ҳангоми мавҷуд набудани чунин майдончаҳо - дар пиёдараҳа ё канори роҳ интизор шудан мумкин аст. Дар истгоҳҳое, ки мандончаҳои махсуси сохташуда надоранд, ба қисми мошингард баромадан барои саворшавӣ ба воситаи нақлиёт танҳо баъди бозистодани он иҷозат дода мешавад. Баъдн аз воситаи нақлиёт фаромадан таъхир накарда, қисии мошингардро холӣ кардан зарур аст.
Дар вақти ҳаракат бо қисми мошингард ба сӯи истгоҳ ё аз тарафи истгоҳ пиёдагардон бояд мувофиқи талаботи бандҳои 4.4 - 4.7 Қоидаҳо амал намоянд.
5. ӯҲДАДОРИҲОИ МУСОФИРОН
5.1. Мусофирон ӯҳдадоранд, ки:
ҳангоми сафар бо воситаи нақлиёте, ки бо тасмаҳои бехатарӣ таҷҳизонида шудааст, он тасмаҳоро банданд ва ҳангомн сафар бо мототсикл тоскулоҳ пӯшида, тасмачаашро банданд;
ба воситаи нақлиёт савор шудан ва аз он фаромаданро аз тарафи пиёдараҳа ё канори роҳ ва танҳо баъди пурра бозистодани воситаи нақлиёт анҷом диҳанд.
Агар ба воситаи нақлиёт аз тарафи пиёдараҳа ё канори роҳ савор шудан ё аз он фаромадан ғайриимкон бошад, он гоҳ ин корро аз тарафи қисми мошингард ба шарте анҷом додан мумкин аст, ки бехатар бошад ва ба дигар иштирокдорони харакат монеь нагардад.
5.2. Ба мусофирон инҳо манъ аст:
диққати ронандаро аз идораи воситаи нақлиёт хангоми ҳаракати он ба сӯи дигар кашидан;
ҳангоми сафар дар автомибили боркаши платформаи девордор рост истодан, дар болои девораҳо ё дар болои бори баландтар аз девораҳо нишастан; дарҳои воситаи нақлиётро ҳангоми ҳаракати он кушодан.
6. ИШОРАҲОИ ЧАРОҒИ РАҲНАМО ВА ТАНЗИМГАР
6.1. Дар чароҳҳои раҳнамо ишораҳои нурии рангҳои сабз, зард, сурх ва сафеди маҳтобӣ истифода мешаванд.
Вобаста аз таъинот ишораҳои чароғи раҳнамо гирд (мудаввар), ба шакли ақрабак (ақрабакҳо), суроби пиёдагард ё велосипед ва Х-шакл шуда метавонанд.
Чароғҳои раҳнамои ишораҳояш мудаввар метавонанд як ё ду ҷузъ (секция)-и иловагӣ бо ишораҳои намуди ақрабаки (ақрабакҳои) сабзе, ки бо ишораи гирди сабз дар як сатҳ ҷойгиранд, дошта бошанд.
6.2. Ишораҳои мудаввари чароғи раҳнамо маъниҳои зеринро доранд: ишораи сабз ба ҳаракат иҷозат медиҳад;
ишораи сабзи чашмакзананда ба ҳаракат иҷозат медиҳад ва хабар медиҳад, ки вақти амали он ба охир расида истодааст ва чанд лаҳза баъд ишораи манъкунанда фурӯзон мешавад (барои огоҳ сохтани ронандагон доир ба вақт бо сонияҳое, ки то хатми фурӯзоншавии ишораи сабз боқӣ мондаанд, таблоҳои рақамдор истифода шуда метавонанд);
ишораи зард, ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 6.13 Қоидаҳо пешбинишуда ҳаракатро манъ мекунад ва аз ивазшавии дарпешистодаи ишораҳо огоҳ мекунад;
ишораи зарди чашмакзананда ба ҳаракат иҷозат медиҳад ва аз мавҷудияти чорраҳаи танзимшаванда ё гузаргоҳи пиёдагард хабар медиҳад, аз хатар огоҳ месозад;
ишораи сурх, аз ҷумла ишораи сурхи чашмакзананда ҳаракатро манъ месозад.
Якҷоя фурӯзон шудани ишорахои сурх ва зард харакатро манъ месозад ва аз фурӯзоншавии дарпешистодаи ишораи сабз огоҳ мекунад.
6.3. Ишораҳои чароғи раҳнамо, ки дар шакли ақрабакҳои рангашон сурх, зард ва сабз сохта шудаанд, ҳамон маъноро доранд, ки ишораҳои мудаввари ҳамранги онҳо доранд, аммо амали онҳо ба тарафе (тарафҳое) равона карда мешавад, ки ақрабакҳо ишора мекунанд. Дар айни замон ақрабаке, ки гардиш ба тарафи чапро иҷозат медиҳад, гардиш (тоб хӯрдан)-ро низ иҷозат медиҳад, дар сурате ки ин амал бо аломати дахлдори роҳ манъ карда нашуда бошад.
Ақрабаки сабзи ҷузъи иловагӣ низ ҳамин маъниро дорад. Ишораи хомӯшшудаи ҷузъи иловагӣ ҳаракатро ба самте, ки ин ҷузъ танзим мекунад, манъ месозад.
6.4. Агар дар ишораи асосии сабзи чароғи раҳнамо ақрабаки (ақрабакҳои) сиёҳи суробӣ мавҷуд бошад, он ронандагонро аз мавҷудияти ҷузъи иловагии чароғи раҳнамо огоҳ месозад ва дигар самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракатро нишон медиҳад, ки дар ишораи ҷузъи иловагӣ мавҷуд нестанд.
6.5. Агар ишораи чароғи раҳнамо суроби пиёдагард (велосипед)-ро дошта бошад, чунин маънӣ дорад, ки амали он танҳо барои пиёдагардон (велосипедронон) таъин шудааст. Дар айни замон ишораи сабз ҳаракати пиёдагардон (велосипедронон)-ро иҷозат медиҳад ва ишораи сурх ҳаракати онҳоро манъ месозад.
Барои танзими ҳаракти велосипедронон ҳамчунин чароғи раҳнамои ишораҳояш мудавварри ҳаҷман хурдкардашуда, ки бо лавҳачаи росткунҷаи сафедранги андозааш 200x200 илова гардида, тасвири велосипеди сиёҳрангро дорад, истифода шуданаш мумкин.
6.6. Барои огоҳ кардани пиёдгардони нобино дар бораи ин ки онҳо метавонанд аз қисми мошингард убур кунанд, ба ишораҳои нурии чароғи раҳнамо ишораи овозӣ ҳам илова кардан мумкин аст.
6.7. Барои танзими харакати воситаҳои нақлиёт бо хатҳои қисми мошингард, аз ҷумла бо хатҳое, ки самти ҳаракат бо онҳо ба самти муқобил тағир ёфта метавонад, чароғҳои раҳнамои ақибгардӣ (реверсивӣ) бо ишораи сурхи Х-шакл ва ишораи сабз ба шакли тире, ки ба поён нигаронида шудааст, истифода бурда мешаванд. Ин ишораҳо харакатро ба самте, ки онҳо дар болои он самт қарор доранд, мутобиқан манъ мекунанд ё иҷозат медиҳанд.
Ба ишораҳои асосии чароғи раҳнамои ақибгард ишораи зард ба шакли тири аз рӯи диагонал ба рост ё ба чап поён кардашударо илова кардан мумкин аст, ки фурӯзон шудани он оид ба ивазшавии дарпешистодаи ишора ва зарурати ҷой гирифтан ба хатте, ки тир ба он ишорат мекунад, огоҳӣ медиҳад.
Дар вақти фурӯзон будани чароғи раҳнамои ақибгардӣ, ки дар болои хатти аз ҳар ду тараф бо нишонаи 1.9. ифодашуда ҷойгир аст, дохилшавӣ ба ин хат манъ аст.
6.8. Ишораи мудаввари сафеди маҳтобрангн чашмакзананда, ки дар гузаргоҳи роҳи оҳан ҷойгир аст, убури воситаҳои нақлиётро аз гузаргоҳ иҷозат медиҳад. Дар вақти хомӯш будани ишораҳои чашмакзанандаи сафеди маҳтобӣ ва сурх ҳаракат ба шарте иҷозат дода мешавад, ки дар масофаи дидашаванда қатора (локомотив, дрезина)-и ба гузаргоҳ, наздикшудаистода набошад.
6.9. Ишораҳои танзимгар маъниҳои зеринро доранд:
Дастҳои ба ҷонибҳо дароз кардашудава ё партофгашуда:
аз тарафи паҳлӯҳои чап ва рост ҳаракати транвай мустақиман, воситаҳои нақлиёти берелс мустақиман ва ба тарафи рост, гузаштани пиёдагардон аз қисми мошингард иҷозат дода мешавад.
аз тарафи сина ва пушт ҳаракати ҳамаи восигаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мавь аст.
Дасти рост ба пеш дароз карда шудааст:
аз тарафи паҳлӯи чап ҳаракати трамвай ба чап, воситаҳои нақлиёти берелс ба ҳамаи самтҳо иҷозат дода мешавад; аз тарафи сина ҳаракати ҳамаи воситаҳои нақлиёт танҳо ба рост иҷозат дода мешавад;
аз тарафи паҳлӯи рост ва пушт ҳаракати ҳамаи воситаҳои нақлиёт манъ аст;
ба пиёдгардоне, ки аз тарафи пушти танзимгар қарор доранд, убури қисми мошингард иҷозат дода мешавад.
Даст ба боло бардошта шудааст:
ҳаракати ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва пиёдатардон ба ҳамаи самтҳо, ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 6.13-и Қоидаҳо пешбинишуда, манъ аст.
Танзимгар метавонад бо дастҳои худ ишораҳое намояд, ки ба ронандагони ва пиёдагардон фаҳмо бошанд.
Барои беҳтар дида шудани ишораҳояш танзимгар метавонад аз ишорачӯб ё доирачаи сурхранг (нургардон) истифода намояд.
6.10. Талаби боз доштани воситаи нақлиёт ба воситаи дастгоҳи баландгӯяк ё ишораи даст, ки ба сӯи воситаи нақлиёт равона карда шудааст, дода мешавад. Ронанда бояд дар ҷои нишондодашуда бозистад.
6.11. Ишораи иловагӣ ба воситаи ҳуштак барои ҷалб намудани диққати нштироқдорони ҳаракат дода мешавад
6.12. Ҳангоми ишораи манъкунандаи чароғи раҳнамо (ба ғайр аз ишораи ақибгардӣ) ё танзимгар ронандагон бояд дар назди хатти бозистӣ (аломати 5.33) истанд ва агар чунин хат мавҷуд набошад: дар чорраҳаба пиёдагардон монеь нашуда, пеш аз қисми бурриши мошингард (бо дарназардошти банди 13.7-и Қоидаҳо);
дар назди гузаргоҳи роҳи оҳан - мутобиқи банди 15.4-и Қоидаҳо;
дар дигар ҷойҳо - ба дигар воситахри нақлиёт ва пиёдагардоне, ки ҳаракти онҳо иҷозат дода шудааст, монеъ нашуда, дар назди чароғи раҳнамо ё танзимгар бозистанд.
6.13. Ба ронандагоне, ки дар лаҳзаи фурӯзон шудани ишораи зарди чароғи раҳнамо ё боло бардошта шудани дасти танзимгар бозистода наметавонанд, якбора тормоз надода, дар ҷойҳои муайянкардаи банди
6.12-и Қоидаҳо идома додани ҳаракат иҷозат аст.
Пиёдагардоне, ки дар лаҳзаи дода шудани ишора дар қисми мошингард қарор доранд, бояд онро озод намоянд ва агар ин кор ғайриимкон бошад, - бояд дар хатти ҷудокунандаи анбӯҳи нақлиёти самтҳои муқобил бозистанд.
6.14. Ронандагон ва пиёдагардон бояд талаботи ишораҳо ва дастурҳои танзимгарро, ҳатто агар онҳо мухолифи ишораҳои чароғи раҳнамо, талаботи аломатҳои роҳ ё аломатҳои дигар бошанд ҳам, иҷро намоянд.
6.15. Дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан ҳамзамон бо ишораи чашмакзанандаи сурхи чароғи раҳнамо ҳамчунин сигнали овозӣ дода шуданаш мумкин аст, ки он пиёдагардонро дар бораи манъ будани убури гузаргоҳ огоҳ мекунад.
7. ИСТИФОДАИ СИГНАЛИЗАТСИЯИ АВАРИЯ ВА АЛОМАТИ БОЗИСТИИ ФАВҚУЛОДДА
7.1 Сигнализатсижи фавқулоддаи нурӣ дар ҳолатҳои зерин бояд ба кор андохта шавад:
дар вақти рӯй додани фалокати роҳу нақлиёт;
дар вақти боздории маҷбурӣ дар ҷойҳое, ки бозистодан манъ аст;
дар вақти аз нури чароғҳо хира шудани чашмҳои ронанда;
дар вақти кашола карда бурдаи (дар воситаи нақлиёти кашолакунанда).
Ронанда бояд дар ҳолатҳои дигар низ барои огоҳ намудани иштирокдорони ҳаракат аз хатаре, ки воситаи нақлиёт ба вуҷуд оварда метавонад, сигнализатсияи фавқулоддаи нуриро ба кор андозад.
7.2. Баъди ба кор андохтани сигнализатсияи фавқулоддаи нурӣ, ҳамчунин дар сурати вайрон будан ё мавҷуд набудани он, аломати бозистии фавқулодда (фонуси сурхи чашмакзананда) бояд дар ҳолатҳои зерин фавран гузошта шавад: дар вақти фалокати роҳу нақлиёт;
дар вақти боздории маҷбурӣ дар ҷойҳое, ки истодан манъ аст ва дар ҷое, ки бинобар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ воситаи нақлиётро дигар ронандагон сари вақт надиданашон мумкин аст.
Ин аломат (фонус) дар масофае гузошта мешавад, ки дар ҳолати мушаххас аз хатар огоҳ кардани дигар ронандагонро таъмин намояд. Вале ин масофа дар маҳалҳои аҳолинишин бояд аз воситаи нақлиёт на камтар аз 15 метр ва берун аз маҳалҳои аҳолинишин на камтар аз 30 метр бошад.
7.3. Дар сурати мавҷуд набудан ва ё вайрон будани сигнализатсияи фавқулоддаи нурӣ дар воситаи нақлиёти кашола карда бурдашаванда ба қисми ақиби он бояд аломати бозистии фавқулодда насб карда шавад.
8. ОҒОЗИ ҲАРАКАТ, МАНЁВР КАРДАН
8.1. Пеш аз оғози ҳаракат, аз як хат ба хатти дигар гузаштан, гардиш (тоб хрӯдан) ва бозистодан ронанда вазифадор аст, ки ба воситаи чароғакҳои нурии гардиш ба самти дахлдор ва агар чунин чароғакҳо мавҷуд набошанд ё вайрон бошанд, - ба воситаи даст ишора намояд.
Дар айни замон манёвр бояд бехатар бошад ва ба дигар иштирокдорони ҳаракат монеъ нашавад.
Дасти чап ё рости дарозкардашуда, дарозкардашуда ва аз оринҷ мувофиқи кунҷи рост ба боло қаткардашуда ишораи гардиш (тоб хӯрдан) ба тарафи чап аст. Дасти чап ё рости ба боло бардошташуда ишораи бозистодан аст.
8.2. Ба воситаи чароғакҳои гардиш ё даст сари вақт пеш аз оғози иҷрои маневр ишора карда мешавад ва фавран баъди хатми он анҷом меёбад (ишораро бо даст бевосита пеш аз иҷрои маневр хотима бахшидан мумкин аст). Дар ин ҳолат ишора набояд дигар иштирокдорони ҳаракатро ба ғалат андозад.
Ишора додан ба ронанда афзалияте намедиҳад ва ӯро аз андешидани тадбирҳои эҳтиётӣ озод намесозад.
8.3. Ҳангоми аз ҳудуди ҳамшафат ба роҳ баромадан (дохил шудан) ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардоне, ки бо он роҳ равонанд ва ҳангоми аз роҳ баромадан (берун шудан),,ба пиёдагардон ва велосипедрононе, ки ронандаи мазкур роҳи ҳаракати онҳоро бурида мегузарад, роҳ диҳад.
8.4. Ҳангоми аз як хат ба хати дигар гузаштан ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёте, ки бе тағири самти ҳаракат равонаанд, роҳ диҳад. Ҳангоми аз як хат ба хати дигар дар як вақт гузаштани якчанд воситаи нақлиёти ба як самт равона ронанда бояд ба воситаи нақлиёти аз тарафи рост ҷойгирифта роҳ диҳад.
8.5. Пеш аз гардиш ба рост, чап ё тоб хӯрдан, ронанда вазифадор аст сари вақт хатти дахлдори канории қисми мошингардро, ки барои ҳаракат ба самти додашуда таъин шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳое ки гардиш дар вақти дохил шудан ба чорраҳаи дорои ҳаракати давродавр анҷом дода мешавад, ишғол намояд.
Ҳангоми аз тарафи чап мавҷуд будани роҳи трамвай ҳамон самти ҳаракат, ки бо қисми мошингард дар як сатҳ ҷойгир аст, гардиш ба чап ва тоб хӯрдан бояд аз роҳи мазкур анҷом дода шавад, ба шарте ки бо аломатҳои 5.8.1 ё 5.8.2 тартиби дигари ҳаракат пешбинӣ нашуда бошад. Дар айни замон набояд ба ҳаракати трамваӣ халал расонда шавад.
8.6. Гардиш бояд тавре анҷом дода шавад, ки ҳангоми аз буришгоҳи қисмҳои мошингард баромадани воситаи нақлиёт он ба тарафи ҳаракати муқобил набарояд.
Ҳангоми ба тарафи рост гаштан воситаи нақлиёт бояд ҳаддалимкон наздиктар ба канори рости қисми мошингард ҳаракат кунад.
8.7. Агар воситаи нақлиёт бо сабаби андозаҳои худ ё бо сабабҳои дигар гардишро бо риояи талаботи банди 8.5 Қоидаҳо анҷом дода натавонад, аз он талабот, ба шарти таъмини бехатарии ҳаракат ва халал нарасонидан ба дигар воситаҳои нақлиёт, сарфи назар кардан мумкин аст.
8.8. Ҳангоми гузаштан аз тарафи чап ё тоб хӯрдан берун аз чорраҳа ронандан воситаи нақлиёти берелс вазифадор аст ба воситаҳои нақлиёти рӯбарӯ омадаистода ва трамвае, ки бо самти ҳаракати ронандаи мазкур равона аст, роҳ диҳад.
Агар ҳангоми берун аз чорраҳа тоб хӯрдан бари қисми мошингард барои иҷрои манёвр аз хатти чапи охирин кифоят накунад, иҷозат дода мешавад, ки манёвр аз хатти рости охирини қисми мошингард (аз канори рост) анҷом дода шавад. Дар айни замон ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёти ҳамон самт ва самти муқобил роҳ диҳад.
8.9. Дар ҳолате, ки траекторияҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳамдигарро бурида мегузаранд ва тартиби бо навбат гузаштани воситаҳои нақлиёт дар Қоидаҳо зикр нашуда бошад, ронандае, ки ба ӯ воситаи нақлиёт аз тарафи рост наздик мешавад, бояд роҳ диҳад.
8.10. Ҳангоми мавҷуд будани хатти тормоздиҳӣ ронандае, ки мақсади гардишро дорад, бояд сари вақт дар ин хат ҷой ишғол намояд ва суръатро танҳо дар ҳамин хат паст кунад.
Ҳангоми дар ҷои баромад ба роҳ мавҷуд будани хатти суръатгирӣ ронанда бояд бо он хат ҳаракат намояд ва ба воситаҳои нақлиёти бо ин роҳ равона роҳ дода, ба хатти ҳамшафат дохил гардад.
8.11. Дар ҷойҳои зерин тоб хӯрдан манъ аст:
дар гузаргоҳи пиёдагард;
дар туннелҳо;
дар болои пулҳо, кӯпрукҳое, ки дар роҳҳои болои ҳам сохта шудаанд (путепроводҳо), зстакадаҳо ва дар зери ҳамаи онҳо;
дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
дар ҷойҳое, ки дидашавандагии роҳ ба як самт камтар аз 100 метр аст;
дар ҷойҳое, ки майдончаҳои истгоҳ ҷойгиранд.
8.12. Ҳаракати воситаи нақлиёт ба ақиб ба шарте иҷозат дода мешавад, ки ин маневр бехатар бошад ва ба дигар иштирокчиёни ҳаракат халал нарасонад. Дар вақги зарурат ронанда бояд аз дигар ашхос кӯмак пурсад.
Ҳаракат ба ақиб дар чорраҳаҳо ва ҷойҳое, ки мувофиқи банди 8.11 -и Қоидаҳо тоб хӯрдан манъ аст, мумкин нест.
Ҳаракат бо ссепления ва передачаи хомӯшкардашуда дар нишебиҳое, ки бо аломати 1.13 "Нишебии рост" ифода шудаанд, манъ аст.
9. ҶОЙГИРШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР ҚИСМИ МОШИНГАРД
9.1. Миқдори хатҳои ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти берелс бо аломатҳои 5.8.1,5.8.2,5.8.7,5.8.8 ва агар ин аломатҳо мавҷуд набошанд, аз ҷониби худи ронандагон бо назардошти бари қисми мошингард, андозаҳои воситаҳои нақлиёт ва фосилаи зарурии байни онҳо муайян карда мешавад. Дар айни замон нисфи бари қисми мошингард, ки аз тарафи чап ҷойгир аст, тарафи барои ҳаракати самти муқобил таъингардида мебошад.
9.2. Дар роҳҳои дорои ҳаракати дутарафае, ки дар онҳо чор ё зиёда аз он хатти ҳаракат мавҷуд аст, баромадан ба он тарафи роҳ, ки барои ҳаракати муқобил пешбинӣ шудааст, манъ аст ва дар роҳҳои ҳаракати дутарафае, ки се хатти ҳаракат доранд, ба хатти миёна баромадан танҳо барои сабқат, гузаштан аз паҳлӯ, гардиш ба чап ё тоб хӯрдан мумкин аст. Ба хатти охирини чап, ки барои ҳаракати муқобил пешбинӣ шудааст, баромадан манъ аст.
9.3. Берун аз маҳалҳои аҳолинишин, ҳамчунин дар маҳалҳои аҳолинишин дар роҳҳое, ки бо аломатҳои 5.1 ё 5.3 ифода шудаанд ё дар ҷойҳое, ки ҳаракат бо суръати 80 км/соат иҷозат дода шудааст, ронандагон воситаҳои нақлиётро бояд ҳаддалимкон наздиктар ба канори рости қисми мошингард ронанд. Ишғол кардани хатти чапи ҳаракат ҳангоми холӣ будани хатҳои тарафи рост манъ аст.
Дар маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти талаботи ҳамин банд ва бандҳои 9.4, 16.1 ва 24.2-и Қоидаҳо ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд хатти ҳаракати барояшон аз ҳама мувофиқро истифода баранд. Иваз кардани хатти ҳаракат танҳо пеш аз гардиш ба чап ё рост, тоб хӯрдан, сабқат ё бозистодан мумкин аст.
Аммо дар ҳар гуна роҳҳое, ки барои ҳаракат ба самти додашуда се ё бештар аз он хатҳои ҳаракат доранд, ишғол намудани хатти чапи охирин танҳо ҳангоми ҳаракати зиёд, банд будани дигар хатҳо, ҳамчунин бо мақсади сабқат, гардиш ба чап ё тоб хӯрдан ва барои автомобилҳои боркаш бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёда аз 3.5 тонна - танҳо бо мақсади гардиш ба чап ё тоб хӯрдан иҷозат дода мешавад. Баромадан ба хатти чапи роҳи харакати яктарафа бо мақсади бозистодан ва таваққуф мутобиқи банди 12.1-и Қоидаҳо анҷом дода мешавад.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо як хат ба суръати нисбат ба хатти ҳамсоя зиёдтар сабқат ҳисобида намешавад.
9.4. Воситаҳои нақлиёте, ки суръати ҳаракати онҳо набояд аз 40 км/ соат зиёд бошад ё воситаҳои нақлиёте, ки ба сабабҳои техникӣ бо чунин суръат ҳаракат карда наметавонанд, бояд бо хатти охирини тарафи рост, ба ғайр аз ҳолатҳои аз паҳлӯ гузаштан, сабқат ё иваз кардани хати ҳаракат пеш аз гардиш ба чап ё тоб хӯрдан ҳаракат кунанд.
9.5. Ҳаракат бо роҳҳои трамвайгарди самти ҳаракат, ки аз тарафи чап бо қисми мошингард дар як самт ҷойгиранд, дар вақти банд будани ҳамаи хатҳои ин самт, ҳамчунин ҳангоми аз паҳлӯ гузаштан, сабқат ё иваз кардани хати ҳаракат пеш аз гардиш ба чап ё тоб хӯрдан бо назардошти банди 8.5-и Қоидаҳо иҷозат дода мешавад. Дар айни замон набояд ба трамвай халал расонида шавад. Ба роҳҳои трамвайгарди самти муқобил баромадан манъ аст.
9.6. Агар қисми мошингард дорои хатҳои тақсим бошад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бояд қатъан мувофиқи хатҳои муайяншуда анҷом дода шавад. Ба хати фосиладор баромадан танҳо барои ҷой гирифтан дар хатти дигар иҷозат дода мешавад.
9.7. Дар вақти гардиш дар роҳи дорои ҳаракати ақибгардӣ (реверсивӣ) ронанда бояд воситаи нақлиётро тавре ронад, ки ҳангоми аз буришгоҳи қисмҳои мошингард баромадан воситаи нақлиёт хатти охирини тарафи ростро ишғол намояд. Аз як қатор ба қатори дигар гузаштан танҳо ҳамон вақт мумкин аст, ки агар ронанда боварӣ ҳосил намояд, ки ҳаракат дар самти додашуда бо хатҳои дигар низ иҷозат дода мешавад.
9.8. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт қад-қади роҳҳо, пиёдараҳаҳо ва пайраҳаҳои пиёдагард (ба истиснои дар бандҳои 12.1, 24.2-и Қоидаҳо зикршуда) манъ аст. Ҳаракати мошинҳои хадамоти истифодабарии роҳ, хадамоти коммуналӣ, ҳамчунин бо роҳҳои наздиктарин пеш рафтани воситаҳои нақлиёте, ки ба корхонаҳои савдо ва дигар корхонаҳою иншооти бевосита дар назди роҳҳо, пиёдараҳҳо ё пайраҳаҳои пиёдагард ҷойгиршуда бор мерасонанд, дар сурати мавҷуд набудани дигар имкониятҳои наздикшавӣ, мумкин аст. Дар айни замон бояд бехатарии ҳаракат таъмин карда шавад.
9.9. Ронанда бояд аз воситаи нақлиёти пеш аз ӯ равона чунин фосилаеро нигоҳ дорад, ки аз хавфи ба ҳам бархӯрдан эмин бошад, ҳамчунин фосилаи зарурии пахлӯиеро риоя кунад, ки бехатарии ҳаракатро таъмин карда тавонад.
9.10. Дар роҳҳои берун аз маҳалҳои аҳолинишин ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки суръати онҳо набояд аз 40 км/соат зиёд бошад, вазифадоранд байни воситаи нақлиёти худ ва воситаи нақлиёти пеш аз онҳо равона фосилаеро нигоҳ доранд, ки воситаҳои нақлиёти аз паҳлӯи онҳо ба сабқат гузаранда бемамониат тавонанд дар хатти пештар ишғолкардаашон ҷой гиранд. Ин талабот дар ҳолате, ки ронанда ба иҷрои сабқат омодагӣ мегирад, ҳамчунин ҳангоми ҳаракати зиёд ва ҳаракат дар ҳайати корвони муташаккил амал намекунад.
10. СУРЪАТИ ҲАРАКАТ
10.1. Ронанда бояд воситаи нақлиётро бо суръате ронад, ки аз ҳадди муқарраршуда зиёд набошад, дар айни замон дараҷаи зиёд будани ҳаракат, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бор, шароити роҳ ва боду ҳаво, аз ҷумла дидашавандагии самти ҳаракатро ба эътибор гирад. Суръати ҳаракат бояд тавре бошад, ки ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт ҷиҳати иҷрои талаботи Қоидаҳо дошта бошад.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар барои ҳаракат, ки ронанда имкони дарки онро дорад, ӯ бояд чораҳои имконпазирро барои кам кардани суръат ва пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад.
10.2. Дар маҳалҳои аҳолинишин ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо суръати 60 км/соат иҷозат дода мешавад.
10.3. Берун аз маҳалҳои аҳолинишин чунин суръати ҳаракат иҷозат дода мешавад:
ба автомобилҳои сабукрав ва автомобилҳои боркаши вазни ниҳоии ҷоизашон на зиёдтар аз 3,5 тонна дар шоҳрохҳои автомобилгард - на зиёдтар аз 110 км/соат, дар роҳҳои дигар - на зиёдтар аз 90 км/соат;
ба автобусҳои байнишахрӣ, автобусҳои хурд ва мототсиклҳо дар ҳамаи роҳҳо - на зиёдтар аз 90 км/соат;
ба дигар автобусҳо, автомобилҳои сабукрави ядакдор, автомобилҳои боркаши вазни ниҳоии ҷоизашон зиёдтар аз 3,5 т дар шоҳроҳҳои автомобилгард - на зиёдтар аз 90 км/соат, дар роҳҳои дигар - на зиёдтар аз 70 км/соат;
ба автомобилҳои боркаше, ки дар кузовашон одамонро мекашонандна зиёдтар аз 60 км/соат;
ба воситаи нақлиёте, ки онҳоро ронандагони то 2 сол собиқаи коридошта идора мекунанд, дар ҳамаи роҳҳо - на зиёдтар аз 60 км/соат;
ба воситаҳои нақлиёте, ки воситаҳои нақлиёти механикиро кашола карда мебаранд - на зиёдтар аз 50 км/соат;
ба воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок, вазнин ва калонҳаҷмро мекашонанд, - бо суръати на зиёдтар аз он, ки ҳангоми ба мувофиқа расонидани шароити интиқол таъин карда шудааст.
10.4. Ба ронанда манъ аст:
суръати ниҳоии дар тавсифнома (характеристика)-и техникии воситаи нақлиёт муайяншударо зиёд намояд;
суръати дар аломати фарқкунандаи "Маҳдудияти суръат" зикршударо, ки дар воситаи нақлиёт насб шудааст, зиёд намояд;
бе зарурат бо суръати ниҳоят паст ҳаракат карда, ба дигар воситаҳои нақлиёт халал расонад;
якбора тормоз кунад, ба шарте ки агар ин амал барои пешгирии фалокати роҳу нақлиёт зарур набошад.
11. САБҚАТ, РАФТУОМАДИ МУҚОБИЛ
11.1. Пеш аз оғози сабқат ронанда бояд:
боварӣ ҳосил намояд, ки хатти ҳаракате, ки ӯ мақсади ба он баромадан дорад, дар масофаи барои сабқат кофӣ озод аст ва бо ин манёври худ ӯ ба воситаҳои нақлиёти самти муқобил ва босамти ҳаракати ӯ равона халал намерасонад;
воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи паҳлӯӣ ва қафо бидуни доштани иҷозат, ки бо Тартиби додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира барои ҳаракат дар роҳ (замима мегардад), пешбинӣ гардидааст ;
воситаи нақлиёти аз ақиби ӯ бо ҳамон хат ҳаракаткунанда сабқатро оғоз накардааст ва воситаи нақлиёти пеш аз ӯ равона ишораи сабқат, гардиш (ба хатти дигар гузаштан) ба чапро надодааст;
баъди анҷоми сабқат ӯ ба воситаи нақлиёте, ки аз он сабқат кардааст, халал нарасонида, ба хатти пештар ишғолкардаи худ баргашта метавонад.
11.2. Сабқати воситаи нақлиёти берелс танҳо аз тарафи чапи он иҷозат дода мешавад. Аммо сабқати воситаи нақлиёте, ки ронандаи он ишораи гардиш ба тарафи чапро дода, ба иҷрои манёвр шурӯъ кардааст, аз тарафи рости он анҷом дода мешавад.
11.3. Ба ронандаи воситаи нақлиёте, ки аз он сабқат карда мешавад, бо зиёд кардани суръат ё дигар амалҳо ба сабқат монеъ шудан манъ аст.
11.4. Баъди анҷоми сабқат (ба ғайр аз сабқати аз тарафи рост иҷозатдодашуда) ронанда вазифадор аст, ки ба хатти ҳаракати пештар ишғолкардааш баргардад. Аммо ҳангоми мавҷуд будани ду ё зиёда аз он хатти ҳаракат ба самти додашуда ронандае, ки сабқатро анҷом медиҳад, метавонад бо назардошти банди 9.3-и Қоидаҳо дар хатти чап боқӣ монад, зеро баъди баргаштан ба хатти ишғолкардааш шояд ба ӯ дарҳол сабқати дигарро анҷом додан лозим шавад ва агар ӯ ба воситаҳои нақлиёти аз ақибаш бо суръати нисбатан зиёдтар ҳаракаткунанда монеъ нагардад.
11.5. Дар ҷойҳои зерин сабқат манъ аст:
дар чорраҳаҳои танзимшаванда бо баромадан ба хатти ҳаракати муқобил ва дар чорраҳаҳои танзимнашаванда ҳангоми ҳаракат бо роҳе, ки асосӣ нест (ба истиснои сабқат дар чорраҳаҳои дорои ҳаракати давродавр, сабқати воситаҳои нақлиёти дучархаи бе ядаки паҳлӯӣ ва сабқати иҷозатдодашуда аз тарафи рост);
дар гузаргоҳҳои пиёдагард ва наздиктар аз 50 м аз онҳо;
дар гузаргоҳхри роҳи оҳан ва наздиктар аз 100 м аз онҳо;
сабқат аз воситаи нақлиёте, ки сабқат карда истодааст ё аз паҳлӯи монеае гузашта истодааст;
дар охири баландӣ ва дигар қитъаҳои роҳи дидашавандагиаш маҳдуд баромадан ба хатти ҳаракати муқобил.
11.6. Ронандаи воситаи нақлиёти сустҳаракат ва калонҳаҷм берун аз маҳалҳои аҳолинишин дар ҳолатҳое, ки сабқат аз ин гуна воситаи нақлиёт мушкил аст, бояд ҳар қадар ки имкон дорад, худро ба тарафи рост гирад ва дар ҳолати зарурат бозистад, то ки ба воситаҳои нақлиёти аз ақибиаш ҷамъшуда роҳ диҳад.
11.7. Агар харакати муқобил мушкил шуда бошад, он гоҳ ронандае, ки дар самти ҳаракати ӯ монеа мавҷуд аст, бояд роҳ диҳад. Дар нишебиҳои бо аломатҳои 1.13 ва 1.14 ифодашуда ҳангоми мавҷуд будани монеа ронандаи воситаи нақлиёте, ки ба поён равона аст, бояд роҳ диҳад.
12. БОЗИСТОДАН ВА ТАВАҚҚУФ
12.1. Бозистодан ва таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар канори рости роҳ ва дар сурати мавҷуд набудани он - дар канори қисми мошингард иҷозат дода мешавад.
Дар тарафи чапи роҳ бозистодан ва таваққуф дар маҳалҳои аҳолинишин дар роҳҳои барои ҳар як самт як хати ҳаракатдошта, ки дар байн роҳҳои трамвай надорад ва дар роҳҳои ҳаракати яктарафа иҷозат дода мешавад (ба автомобилҳои боркаши вазни ниҳоии ҷоизашон зиёдтар аз 3,5 т дар тарафи чапи роҳи ҳаракати яктарафа бозистодан танҳо барои боргирӣ ва борфарорӣ иҷозат дода мешавад).
12.2. Қарор додани (гузоштани) воситаи нақлиёт ба таври мувозӣ ба канори қисми мошингард, ба истиснои ҷойҳое, ки конфигуратсияи (васеъшавии ҷузъии қисми мошингарди) онҳо барои бо тартиби дигар гузоштани воситаҳои нақлиёт имкон медиҳад, дар як қатор иҷозат дода мешавад. Воситаҳои нақлиёти дучархае, ки ядаки паҳлӯӣ надоранд, дар ду қатор гузоштан мумкин аст.
Таваққуф дар канори пиёдараҳаи ҳамшафати қисми мошингард танҳо барои автомобилҳои сабукрав, мототсиклҳо, мопедҳо ва велосипедҳо, ба шарте ки ин амал ба ҳаракати пиёдагардон халал нарасонад, иҷозат дода мешавад.
12.3. Таваққуф бо мақсади истироҳати тӯлонӣ, шабгузаронӣ ва ғайра берун аз маҳалли аҳолинишин танҳо дар майдончаҳои бо ин мақсад пешбинишуда ё берун аз роҳ иҷозат дода мешавад.
12.4. Дар ҷойҳои зерин бозистодан манъ аст:
дар роҳҳои трамвай, ҳамчунин бевосита дар наздикии онҳо, агар ин амал ба ҳаракати трамвайҳо халал расонад;
дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дар тунелҳо, дар болои эстакадаҳо, пулҳо, кӯпрукҳои дар болои роҳҳо сохташуда (агар барои ҳаракат ба самти додашуда камтар аз се хатти ҳаракат мавҷуд бошад) ва дар зери ҳамаи онҳо;
дар ҷойҳое, ки масофаи байни нишонаи хатти бефосилаи аломат (ба ғайр аз хатти ифодакунандаи канори роҳ) ва воситаи нақлиёти бозистода аз 3 метр камтар бошад;
дар гузаргоҳҳои пиёдагард ва наздиктар аз 15 метр аз онҳо;
дар қисми мошингард дар наздикии гардишҳои хатарнок ва шикастагиҳои бардамидаи профили тӯлдори роҳ ҳангоми дидашавандагии камтар аз 100 метри роҳ аққалан ба як самт;
дар буришгоҳи қисмҳои мошингард ва наздиктар аз 5 метр аз канори қисми буридашавандаи роҳ, ба истиснои тарафи муқобили рафтуомади паҳлӯии буришгоҳҳои сетарафае (чорраҳаҳо), ки нишонаи хатти бефосилаи аломат ё хатти тақсим дорад;
наздиктар аз 15 метр аз майдончаҳои истгоҳ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо ба ҳамин масофа аз аломати истгоҳи воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ё таксӣ агар ин амал ба ҳаракати онҳо халал расонад;
дар ҷойҳое, ки воситаи нақлиёт барои дигар ронандагон дидани ишораҳои чароғи раҳнамо, аломатҳои роҳ ё ҳаракати (даромадан ё баромадан) дигар воситаҳои нақлиётро номумкин гардонад ё ба харакати пиёдагардон халал расонад.
12.5. Дар ҷойҳои зерин таваққуф манъ аст:
дар ҷойҳое, ки бозистодан манъ аст;
берун аз маҳалҳои аҳолинишин дар қисми мошингарди роҳ, ки бо аломати 2.1 ифода шудааст;
наздиктар аз 50 метр аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан.
12.6. Ҳангоми бозистодани маҷбурӣ дар ҷойҳое, ки бозистодан манъ асг, ронанда бояд ҳамаи чораҳои имконпазирро барои аз ин гуна ҷойҳо берун бурдани воситаи нақлиёт андешад.
12.7. Кушодани дарҳои воситаи нақлиёт, агар ин амал ба дигар иштирокдорони ҳаракат халал расонад, манъ аст.
12.8. Ронанда метавонад аз ҷои худ берун шавад ё воситаи нақлиётро монда равад, агар аз тарафи ӯ чораҳои зарурие, ки ҳаракати худбахуди воситаи нақлиёт ё истифодаи онро дар вақти набудани ронанда истисно мекунанд, андешида шуда бошанд.
13. УБУРИ (ГУЗАШТАНИ) ЧОРРАҲАҲО
13.1. Ҳангоми гардиш ба рост ё чап ронанда вазифадор аст ба пиёдагардоне, ки қисми мошингарди роҳро аз ҷое, ки ӯ ба он тараф мегардад, убур мекунанд, ҳамчунин ба велосипедрононе, ки қисми мошингардро аз пайраҳаи велосипедронӣ убур мекунанд, роҳ диҳад.
13.2. Ба чорраҳа дохил шудан ва аз қисмҳои мошингард убур намудан, дар сурате, ки роҳбандон (танба) ба вуҷуд омада бошад ва ин ронандаро маҷбур созад, ки бозистад ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти самти кӯндаланг монеъ гардад, манъ аст.
13.3. Чорраҳае, ки дар он навбати ҳаракат бо ишораҳои чароғи раҳнамо ё танзимгар ба тартиб андохта мешавад, чорраҳаи танзимшаванда ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми ишораи зарди чашмакзананда, дар вақти кор накардани чароғҳои раҳнамо ё набудани танзимгар чорраҳа танзимнашаванда ба ҳисоб меравад ва ронандагон вазифадоранд, ки мувофиқи қоидаҳои убури чорраҳаҳои танзимнашаванда ва аломатҳои афзалияти дар чорраҳа насбшуда амал намоянд.
Чорраҳаҳои танзимшаванда
13.4. Ҳангоми гардиш ба чап ё тоб хӯрдан, дар вақте ки ишораи сабз фурӯзон аст, ронандаи воситаи нақлиёти берелс вазифадор аст ба воситаҳои нақлиёте, ки аз самти муқобил ҳаракат карда истодааст ё ба тарафи рост мегардад, роҳ диҳад. Ронандагони трамвайҳо низ бояд дар байни худ ҳамин қоидаро риоя кунанд.
13.5. Ҳангоми ҳаракат ба самти ақрабаки фурӯзони ҷузъи иловагӣ ҳамзамон бо ишораҳои зард ё сурхи чароғи раҳнамо, ронанда вазифадор аст ба воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар самтҳо ҳаракат карда истодаанд, роҳ диҳад.
13.6. Агар ишораҳои чароғи раҳнамо ё танзимгар ҳаракати ҳамзамони трамвай ва воситаҳои нақлиёти берелсро иҷозат диҳанд, дар чунин холат трамвай, сарфи назар аз самти ҳаракаташ, ҳаққи афзалиятнок дорад. Аммо ҳангоми ҳаракат ба самти ақрабаки фурӯзони ҷузъи иловагӣ ҳамзамон бо ишораҳои зард ё сурхи чароғи раҳнамо, трамвай бояд ба воситаҳои нақлиёти аз дигар самтҳо ҳаракаткунанда роҳ дихад.
13.7. Ронандае, ки дар вақти фурӯзон будани ишораи иҷозатдиҳандаи чароғи раҳнамо ба чорраҳа дохил шудааст, бояд новобаста аз ишораҳои чароғи раҳнамо ба самте, ки равона аст, ҳаракат карда, аз чорраҳа барояд. Вале агар дар чорраҳа пеш аз чароғҳои раҳнамои дар самти ҳаракати ронанда ҷойгиршуда хатти бозистодан (аломати 5.33) мавҷуд бошад, ронанда вазифадор аст мувофиқи ишораҳои ҳар як чароғи раҳнамо амал намояд.
13.8. Дар лаҳзаи фурӯзон шудани ишораи иҷозатдиҳандаи чароғи раҳнамо ронанда вазифадор аст ба воситаҳои нақлиёте, ки аз чорраҳа гузаштанро ба охир расонида истодаанд ва пиёдагардоне, ки ханӯз аз қисми мошингарди самти додашуда гузаштанро ба охир нарасонидаанд, роҳ диҳад.
Чорраҳаҳои танзимнашаванда
13.9. Дар чорраҳаи роҳҳои аҳамияташон гуногун ронандаи воситаи нақлиёте, ки бо роҳи дуюмдараҷа равона аст, бояд ба воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи асосӣ наздик шуда истодаанд, сарфи назар аз самти ҳаракати минбаъдаи онҳо, роҳ диҳад.
13.10. Дар ҳолате, ки самти ҳаракати роҳи асосӣ дар чорраҳа тағйир меёбад, ронандагони бо роҳи асосӣ равона бояд дар байни худ қоидаҳои убури чорраҳаи роҳҳои аҳамияташон баробарро дастури амал қарор диҳанд. Ронандагони бо роҳҳои дуюмдараҷа равон низ бояд мутобиқи ҳамин қоидаҳо амал намоянд.
13.11. Дар чорраҳаи роҳҳои аҳамияташон баробар ронандаи воситаи нақлиёти берелс вазифадор аст ба воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи рост наздик шуда истодаанд, роҳ диҳад. Ронандагони трамвайҳо низ дар байни худ бояд мутобиқи ҳамин қоидаҳо амал намоянд.
Дар чунин чорраҳаҳо трамвай, новобаста аз самти ҳаракаташ, нисбат ба воситаҳои нақлиёти берелс ҳаққи афзалият дорад.
13.12. Ҳангоми гардиш ба чап ё тоб хӯрдан ронандаи воситаи нақлиёти берелс вазифадор аст ба воситаи нақлиёте, ки бо роҳи аҳамияташ баробар аз самти муқобил рӯбарӯ ё ба тарафи рост равона аст, ҳамчунин мувофики ҳолатҳои иҷозатдодашуда сабқатро анҷом дода истодааст, роҳ диҳад. Ронандагони трамвай низ дар байни худ бояд мутобиқи ҳамин қоида амал намоянд.
13.13. Агар ронанда мавҷудияти фарши роҳро муайян карда натавонад (торикӣ, лой, барф ва монанди инҳо) ва аломатҳои афзалият мавҷуд набошанд, он гоҳ ӯ бояд худро дар роҳи дуюмдараҷа ҳисобад.
14. ГУЗАРГОҲҲОИ ПИЁДАГАРД ВА ИСТГОҲҲОИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ МАРШРУТӢ
14.1. Ронандаи воситаи нақлиёт вазифадор аст ба пиёдагардоне, ки қисми мошингарди роҳро аз гузаргоҳи танзимнашавандаи пиёдагардон убур мекунанд, роҳ диҳад.
14.2. Агар пеш аз гузаргоҳи танзимнашавандаи пиёдагард воситаи нақлиёте бозистад ё ҳаракаташро суст намояд, он гоҳ ронандагони дигар воситаи нақлиёти бо хатти ҳамшафат равона танҳо баъди боварӣ ҳосил кардан ба он ки дар пеши воситаи нақлиёти мазкур пиёдагардон нестанд, ҳаракати худро идома дода метавонанд.
14.3. Дар гузаргохҳои пиёдагарди танзимшаванда ҳангоми фурӯзон шудани ишораи иҷозатдиҳандаи чароғи раҳнамо ронанда бояд имкон диҳад, ки пиёдагардон убури қисми мошингарди самти додашударо ба охир расонанд.
14.4. Агар баъди гузаргоҳи пиёдагард роҳбандон ба вуҷуд омада бошад, ки он боиси маҷбуран дар гузаргоҳи пиёдагард бозистодани ронанда гардад, он гоҳ ба гузаргоҳи мазкури пиёдагард дохил шудан манъ аст.
14.5. Дар ҳамаи ҳолатҳо, аз ҷумла берун аз гузаргоҳҳои пиёдагард низ ронанда вазифадор аст ба пиёдагардони нобино, ки бо асои сафед ишора медиҳанд, ҳамчунин кӯдаконе, ки қисми мошингардро убур мекунанд, роҳ диҳад.
14.6. Ронанда бояд ба пиёдагардоне, ки ба сӯи воситаи нақлиёти маршрутии дар истгоҳ қарордошта ё аз он (аз тарафи дарҳо) ҳаракат карда истодаанд, агар ба воситаи нақлиёт савор шудан ва аз он фаромадан аз қисми мошингарди роҳ ё аз майдончаи истгоҳи дар қисми мошингард ҷойгирифта анҷом дода шавад, роҳ диҳад.
14.7. Ҳангоми наздик шудан ба воситаи нақлиёти бозистода, ки аломати фарқкунандаи "Интиқоли кӯдакон"-ро дорад, ронанда бояд суръатро суст кунад, дар ҳолати зарурат бозистад ва ба гурӯҳи кӯдакон роҳ диҳад.
15. ҲАРАКАТ ДАР ГУЗАРГОҲҲОИ РОҲИ ОҲАН
15.1. Ронандагони воситаҳои нақлиёт танҳо баъди роҳ додан ба қатора (локомотив, дрезина) аз гузаргоҳи роҳи оҳан убур карда метавонанд.
15.2. Ҳангоми наздик шудан ба гузаргоҳи роҳи оҳан ронанда бояд мувофиқи талаботи аломатҳои роҳ, чароғҳои раҳнамо, хатти тақсим, ҳолати ғавчӯб ва дастурҳои навбатдори гузаргоҳ амал намояд ва боварӣ ҳосил кунад, ки дар наздикӣ қатора (локомотив, дрезина) мавҷуд нест.
15.3. Дар ҳолатҳои зерин дохил шудан ба гузаргоҳ манъ аст: ҳангоми баста будан ё вақти басташавии ғавчӯб (сарфи назар аз ишораи чароғи раҳнамо);
ҳангоми фурӯзон будани ишораи манъкунандаи чароғи раҳнамо (сарфи иазар аз ҳолат ва мавҷудияти ғавчӯб);
ҳангоми ишораи манъкунандаи навбатдори гузаргоҳ (навбатдор бо сина ё пушти худ ба ронанда нигаронида шуда, ишорачӯб, фонуси сурх ё байрақчаро аз сари худ болотар бардоштааст ё дастҳояш ба ду тараф дароз карда шудаанд);
агар берун аз гузаргоҳ тамба ба вуҷуд омада бошад, ки ин боиси маҷбуран дар гузаргоҳ бозистодани ронанда мегардад;
агар ба гузаргоҳ дар масофаи дидашаванда қатора (локомотив, дрезина) наздик омада истода бошад.
Ба ғайр аз ин иҷрои амалҳои зерин манъ аст:
аз паҳлӯи воситаҳои нақлиёти дар пеши гузаргоҳ қарордошта гузашта, ба хатти ҳаракати муқобил баромадан; худсарона ғавчӯбро кушодан;
дар ҳолати ғайринақлиётӣ аз гузаргоҳ интиқол додани мошину механизмҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмонӣ ва дигар мошину механизмҳо;
ҳаракати мошинҳои сустҳаракат, ки суръаташон камтар аз 8км/соат аст, ҳамчунин тракторҳои молакунанда бе иҷозати сардори шӯъбаи роҳи оҳан.
15.4. Дар ҳолатхое, ки ҳаракат аз гузаргоҳ манъ карда шудааст, ронанда бояд дар пеши хатти бозистӣ, аломати 2,5 ё чароғи ишора ва агар онҳо мавҷуд набошанд, - дар масофаи бехатар аз релси наздиктарин бозистад.
15.5. Ҳангоми бозистодани маҷбурӣ дар гузаргоҳ ронанда бояд фавран одамонро аз воситаи нақлиёт фарорад ва барои озод кардани гузаргоҳ тадбирҳо андешад. Ҳамзамон ронанда бояд:
агар имконият дошта бошад, ду нафарро қад-қади роҳ ба ду тараф ба масофаи 1000 м (агар як нафар бошад, он гоҳ ӯро ба тарафе, ки дидашавандагии роҳ бадтар аст) фиристад ва пеш аз фиристодан ба онҳо қоидаҳои ишорадиҳиро барои боздории қатораи наздикшудаистода фаҳмонад;
дар назди воситаи нақлиёт истад ва ишораи бонги хатари умумиро ба кор андозад. Ҳангоми пайдо шудани қатора ба сӯи он давида ишораи бозистодан диҳад.
Эзоҳ: Ишораи (сигнали) боздорӣ харакати доиравии даст (рӯзона бо порчаи латтаи ранги равшан ё ягон ашёи хуб дидашаванда ва шабона бо машъал ё фонус) мебошад. Ишораи бонги хатари умумӣ силсилаи иборат аз як сигнали овозии дароз ва се сигнали овозии кӯтоҳ мебошад.
16. ҲАРАКАТ ДАР ШОҲРОҲҲО
16.1. Дар шоҳроҳҳо манъ карда мешавад:
ҳаракати пиёдагардон, чорво, велосипедҳо, мопедҳо, тракторҳо ва механизмҳои худгард ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки суръати онҳо мувофиқи тавсифномаи техникӣ ё мувофиқи ҳолаташон аз 40 км/соат камтар аст;
ҳаракати автомобилҳои боркаш бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёда аз 3,5 т берунтар аз хатти дуюм;
бозистодан берун аз майдончаҳои махсус барои таваққуф пешбинишуда, ки бо аломатҳои 5.15 ё 6.11 ифода гардидаанд;
тоб хӯрдан ва даромадан ба восилаҳои технологии хатҳои тақсим;
ҳаракат ба ақиб;
таълими мошинронӣ.
16.2. Ҳангоми бозистодани маҷбурӣ дар қисми мошингард ронанда бояд мутобиқи талаботи қисми 7 Қоидаҳо амал мамояд ва барои ба хатти ба ин мақсад пешбинишуда (росттар аз хатте, ки канори қисми мошингардро ифода мекунад) баровардани воситаи нақлиёт тадбирҳо андешад.
16.3. Талаботи ҳамин қисм ҳамчунин ба роҳҳое, ки бо аломати 5.3 ифода шудаанд, дахл дорад.
17. ҲАРАКАТ ДАР МИНТАҚАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ
17.1. Дар минтақаи истиқоматӣ, яъне дар қаламраве, ки дохил шудан ба он ва хориҷ шудан аз он бо аломатҳои 5.38 ва 5.39 ифода гардидааст, ҳаракати пиёдагардон чи бо пайраҳаҳои пиёдагард ва чи бо қисми мошингард иҷозат дода мешавад. Дар минтақаи истиқоматӣ пиёдагардон хаққи афзалият доранд, аммо онҳо набояд беасос ба ҳаракати воситаи нақлиёт халал расонанд.
17.2. Дар минтақаи истиқоматӣ тезтар аз 20 км/соат ҳаракат кардан, ҳаракати бетаваққуф, таълими мошинронӣ, таваққуф дар ҳоли кор карда истодани муҳаррик, ҳамчунин таваққуфи автомобилҳои боркаш бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёда аз 3,5 т берун аз ҷойҳое, ки махсус ҷудо ва бо аломатҳо ва (ё) хат ҷудо карда шудаанд, манъ аст.
17.3. Ҳангоми аз минтақаи истиқоматӣ баромадан ронандагон бояд ба дигар иштирокдорони ҳаракат роҳ диҳанд.
17.4. Талаботи ҳамин қисм ҳамчунин ба ҳудуди ҳавлиҳо низ дахл дорад.
18. АФЗАЛИЯТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ МАРШРУТӢ
18.1. Берун аз чоррахаҳое, ки роҳҳои трамвайгард қисми мошингардро бурида мегузаранд, трамвай ба ғайр аз вақте ки аз депо мебарояд, нисбат ба воситаҳои нақлиёти берелс афзалият дорад.
18.2. Дар роҳҳои дорои хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, ки бо аломатҳои 5.9., 5.10.1-5.10.3 ифода шудаанд, дар ин хат ҳаракат кардан ва истодани дигар воситаҳои нақлиёт манъ аст.
Агар ин хат аз қисми боқимондаи мошингард бо хатти фосиладор ҷудо карда шуда бошад, он гоҳ ҳангоми гардиш воситаҳои нақлиёт бояд дар он ҷой гиранд. Ҳамчунин дар чунин ҷойҳо бо ин хат дохил шудан ҳангоми баромадан ба роҳ ва барои савор кардану фаровардани мусофирон дар қатори рости қисми мошингард ба шарте иҷозат дода мешавад, ки ин амал ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ халал нарасонад.
18.3. Дар маҳалҳои аҳолинишин ронандагон бояд ба тролейбусҳо ва автобусҳое, ки аз истгоҳҳои муайянгардида ба ҳаракат оғоз мекунанд, роҳ диҳанд. Ронандагони тролейбусҳо ва автобусҳо танҳо баъди боварӣ ҳосил кардан ба ин ки ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт ба онҳо роҳ медиҳанд, ба ҳаракат оғоз карда метавонанд.
19. ИСТИФОДАИ ТАҶҲИЗОТИ НУРИИ БЕРУНӢ ВА СИГНАЛҲОИ ОВОЗӢ
19.1. Дар вақти торикӣ ва дар шароити дидашавандагии нокифоя, сарфи назар аз равшании роҳ, ҳамчунин дар тунелҳо бояд таҷҳизоти нурии зеринн воситаи нақлиёти ҳаракаткунанда фурӯзон бошанд:
дар ҳамаи воситаҳои нақлиёти механикӣ ва мопедҳо - чароғи дурнамо ё наздикнамо, дар велосипедҳо - чароғҳо ё фонусҳо, дар аробаҳофонусҳо (агар мавҷуд бошанд);
дар ядакҳо - чароғакҳои габаритӣ.
19.2. Чароғи дурнамо дар чунин ҳолатҳо бояд бо чароғи наздикнамо иваз карда шавад:
дар маҳалҳои аҳолинишин дар ҳолате, ки роҳ равшан бошад;
ҳангоми рӯбарӯ омадан бо воситаи нақлиёт дар масофаи на камтар аз 150 м ва агар ронандаи воситаи нақлиёт нури чароғи худро такрор ба такрор иваз карда, зарурати онро тақозо намояд, дар масофаи аз он ҳам зиёдтар;
дар ҳамаи мавридҳои дигар барои роҳ надодан ба бурдани чашми ронандагони воситаҳои нақлиёти чи самти муқобил ва чи ҳамроҳ.
Ҳангоми бо нури чароғ бурдани чашм, ронанда бояд ишораи хатарро ба кор андозад ва хатти ҳаракати худро тағир надода, суръатро паст намояд ва бозистад.
19.3. Ҳангоми дар вақти торикӣ бозистодан ва таваққуф дар қитъаҳои норавшани роҳ, хамчунин дар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ бояд чароғакҳои габаритии воситаи нақлиёт фурӯзон бошанд. Дар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ ба иловаи чароғакҳои габаритӣ фурӯзон кардани чароғакҳои наздикнамо, чароғҳои зидди туман ва фонусҳои зидди тумани ақиб мумкин аст.
19.4. Чароғҳои зидди туман дар холатҳои зерин истифода шуда метавонанд:
чи ба таври алоҳида ва чи якҷоя бо чароғҳои наздикнамо ва дурнамо дар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ;
якҷоя бо чароғи наздикнамо ё дурнамо дар вақти торикӣ дар қитъаҳои норавшани роҳ;
дар шароити пешбининамудаи банди 19.5-и Қоидаҳо ба ивази чароғи наздикнамо.
19.5. Ҳангоми ҳаракат дар вақти равшанӣ бо мақсади маълум кардани воситаи нақлиёти ҳаракаткунанда чароғи наздикнамо бояд фурӯзон бошад: дар мототсиклҳо ва мопедҳо;
ҳангоми ҳаракат дар корвони муташаккили нақлиётӣ;
дар воситаҳои нақлиёти маршрутие, ки бо хатти махсус ҷудокардашуда ба муқобили анбӯҳи асосии ҳаракат равонаанд;
ҳангоми интиқоли муташаккилонаи гурӯҳҳои кӯдакон дар автобусҳо ё автомобилҳои боркаш;
ҳангоми интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин;
ҳангоми кашида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ (дар воситаи нақлиёти кашидабаранда).
19.6. Истифодаи чароғ - прожектор ва чароғи ҷӯянда танҳо берун аз маҳалҳои аҳолинишин иҷозат дода мешавад. Дар маҳалҳои аҳолинишин чароғҳои мазкурро танҳо ронандагони воситаҳои нақлиёти хадамоти оперативӣ ва махсус ҳангоми иҷрои супориши хизматӣ истифода бурда метавонанд.
19.7. Чароғҳои зидди тумани ақиб танҳо дар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ истифода шуда метавонанд. Ба чароғаки ишораи бозистӣ пайваст кардани чароғҳои зидди тумани ақиб манъ аст.
19.8. Аломати фарқкунандаи "Автопоезд" бояд ҳангоми ҳаракати автопоезд ва ба ғайр аз ин, дар вақти торикӣ, ҳангоми бозистодан ва таваққуф низ фурӯзон бошад.
19.9. Дар воситаҳои нақлиёте, ки корҳои сохтмон, таъмир ва тоза кардани роҳро анҷом медиҳанд, ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёт ҳангоми интиқоли борҳои вазнин, калонҳаҷм ва хатарнок дар ҳолатҳои пешбинишудаи қоидаҳои интиқоли ин гуна борҳо бояд чароғаки раҳнамои ранги норинҷӣ ё зард фурӯзон бошад.
19.10. Сигналҳои овозӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин истифода шуда метавонанд:
барои ба мақсади сабқат огоҳ сохтани дигар ронандагон берун аз маҳалҳои аҳолинишин;
дар ҳолатҳое, ки он барои пешгирии фалокати роҳу нақлиёт зарур аст.
19.11. Барои аз мақсади сабқат огоҳ сохтан ба ҷои сигнали овозӣ (ё якҷоя бо он) сигнали нурӣ додан мумкин аст, ки он дар вақти равшанӣ аз такроран ба муддати кӯтоҳ фурӯзон кардан ва хомӯш кардани нури чароғ ва дар вақти торикӣ бошад, аз такрор ба такрор иваз кардани чароғи наздикнамо ба дурнамо иборат аст.
20. КАШОЛА КАРДА БУРДАНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ МЕХАНИКӢ
20.1. Кашола карда бурдани воситаи нақлиёт бо ёрии таноби сахт (оҳанӣ, пӯлодӣ) ва чандир бояд танҳо дар сурати дар паси рули он нишастани ронанда, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки сохти таноби сахт ҳангоми ҳаракати ростхатта бо траекторияи воситаи нақлиёти кашанда ҳаракат кардани воситаи нақлиёти кашидашавандаро таъмин мекунад, анҷом дода шавад.
20.2. Ҳангоми бо ёрии таноби сахт ё чандир кашида бурдан интиқоли одамон дар автобус, тролейбус ва кузови автомобили боркаши кашидашаванда ва ҳангоми кашида бурдан аз тариқи қисман ба нақлиёти кашанда бор кардани воситаи нақлиёти кашидашаванда - дар кабина ва кузови он, ҳамчунин дар кузови воситаи нақлиёти кашанда бурдани одамон манъ аст.
20.3. Ҳангоми бо таноби чандир кашида бурдан бояд масофа дар байни воситаҳои нақлиёти кашанда ва кашидашаванда дар ҳудуди 4-6 м ва ҳангоми бо таноби сахт кашидан - на камтар аз 4 м таъмин карда шавад.
20.4. Кашида бурдани воситаҳои нақлиёти зерин манъ аст:
воситаҳои нақлиёте, ки идораи сукконаш (руль) кор намекунад (қис-ман бор карда, кашидани онҳо мумкин аст);
ду ё зиёда аз он воситаҳои нақлиёт;
воситаҳои нақлиёте, ки системаи тормозашон1 кор намекунад, дар сурате ки вазни воқеии онҳо аз нисфи вазни воқеии воситаи нақлиёти кашанда зиёда бошад. Дар сурати кам будани вазни воқеии чунин воситаҳои нақлиёт кашида бурдани онҳо танҳо бо ёрии таноби сахт ё ба тарзи қисман бор кардани онҳо мумкин аст;
аз тарафи мототсиклҳое, ки ядаки паҳлӯӣ надоранд, кашида бурдани чунин мототсиклҳо;
дар вақти яхбандӣ, ҳамчунин бо ёрии таноби чандир дар роҳҳои кӯҳӣ кашида бурдан.
21. ТАЪЛИМИ САВОРӢ
21.1. Таълими ибтидоии рондани воситаҳои нақлиётӣ бояд дар майдончаҳои пӯшида ё автодромҳо анҷом дода шавад.
21.2. Таълими мошинронӣ дар роҳҳо танҳо ҳамроҳи шахси омӯзонанда ва дар сурате, ки омӯзанда малакаи ибтидоии ронандагиро дошта бошад, иҷозат дода мешавад. Омӯзанда вазифадор аст, ки талаботи Қоидаҳоро донад ва иҷро намояд.
21.3. Омӯзонанда бояд бо худ ҳуҷҷатеро, ки ҳуқуқи омӯзонидани воситаи нақлиёти категорияи додашударо медиҳад ё собиқаи кори зиёда аз 3 сол, ҳамчунин шаҳодатномаи ронандагии воситаи нақлиёти категорияи додашударо дошта бошад.
21.4. Омӯзандаи автомобилронӣ аз 16 ва мототсиклронӣ аз 14-сола хурдтар набояд бошад.
21.5. Воситаи нақлиёти механикие, ки бо он мошинронӣ омӯзонида мешавад, бояд бо аломатн фарқкунандаи "Воситаи нақлиёти таълимӣ" ва оинаи ақибнамо барои омӯзонанда муҷаҳҳаз бошад.
21.6. Таълими мошинронӣ дар роҳҳое, ки номгӯи онҳо бо тартиби муқарраршуда муайян карда мешавад, манъ аст.
22. ИНТИҚОЛИ ОДАМОН
22.1 Интиқоли одамон дар кузови автомобили боркаш бояд аз тарафи ронандае анҷом дода шавад, ки шаҳодатномаи ронандагии категорияи "С" (ҳангоми интиқоли зиёда аз 8 нафар, аз ҷумла мусофири дар кабина нишаста - шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои "С" ва "Д") ва на камтар аз 3 сод собиқаи кории рондани воситаҳои нақлиёти категорияи додашударо дошта бошад.
__________________
1. Кор накардани системае дар назар дошта шудааст, ки барои ронанда имконияти боздоштани воситаи нақлиёт ё ба амал овардани манёврро ҳатто бо суръати пасттарин намедиҳад.
Эзоҳ: Иҷозат додани ронандагони ҳарбӣ ба интиқоли одамон дар автомобилҳои харбӣ бо мақсади муқарраршуда сурат мегирад.
22.2. Интиқоли одамон дар кузови автомобили платформаи бортдор ба шарте иҷозат дода мешавад, ки он мутобиқи Муқаррароти асосии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати таъмини бехатарии ҳаракат, ки бо ҳамин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, таҷҳизонида шуда бошад.
22.3. Шумораи одамони дар кузови автомобили боркаш интиқолшаванда набояд аз миқдори ҷойҳои барои нишастан таҷҳизонидашуда зиёд бошад.
22.4. Пеш аз сафар ронандаи автомобили боркаш бояд ба мусофирон тартиби савор шудан, фаромадан ва дар кузов ҷой гирифтанро фаҳмонад.
Танҳо баъди ҳосил кардани боварӣ ба ин, ки шароити интиқоли бехатари мусофирон таъмин карда шудааст, ҳаракат кардан мумкин аст.
22.5. Сафар кардан дар кузови автомобили боркаши платформаи бортдор, ки барои интиқоли одамон таҷҳизонида нашудааст, танҳо ба ашхосе мумкин аст, ки борро мушоият мекунанд ё барои гирифтани бор мераванд, ба шарте, ки онҳо бо ҷои нишасти аз сатҳи борт пасттар қарордошта таъмин шуда бошанд.
22.6. Ҳангоми интиқоли гурӯҳҳои кӯдакон дар авотбус ё автомобили боркаши дорои кузов-фургон ҳамроҳи онҳо бояд мушоияткунандаи калонсол ва дар кузови автомобили боркаши платформаи бортдор - на камтар аз ду нафар чунин одамон бошанд. Дар пеш ва ақиби чунин воситаҳои нақлиёт бояд аломати фарқкунандаи "Интиқоли кӯдакон" насб шуда бошад.
22.7. Суръати ҳаракат ҳангоми интиқоли одамон набояд аз 60 км/ соат зиёд бошад.
22.8. Интиқоли одамон дар кузов - фургонҳо танҳо дар сурате мумкин аст, кн сохтмони онҳо барои чунин интиқол мутобиқ ва бо Бозрасии давлатии автомобилӣ мувофиқа шуда бошад. Ҳангоми интиқоли зиёда аз 8 нафар дар кузови автомобил бояд чароғи наздикнамои он фурӯзон бошад.
22.9. Ронанда бояд савор кардан ва фаровардани мусофиронро танҳо баъди пурра бозистодани воситаи нақлиёт анҷом диҳад ва ҳаракатро танҳо баъди пӯшидани дарҳо оғоз намояд ва онҳоро то пурра бозистодани воситаи нақлиёт набояд кушояд.
22.10. Интиқоли одамон дар чунин ҳолатҳо манъ аст:
берун аз кабинаи автомобил (ба ғайр аз ҳолатҳои интиқоли одамон дар кузови автомобили боркаши платформаи бортдор ё дар кузов-фургон), трактрр, дигар мошинҳои худгард, дар ядаки боркаш, ядаксаро, дар кузови мототсикли боркаш ва берун аз ҷойҳои мувофиқи сохтмон барои нишастан пешбинишудаи мототсикл;
зиёда аз миқдори мувофиқи тавсифномаи техникии воситаи нақлиёт пешбинишуда ба ғайр аз кӯдакони то 12-сола. Дар айни замон вазни воқеии воситаи нақлиёт набояд аз бузургии вазни ниҳоии ҷоизе, ки аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда муқаррар шудааст, зиёд бошад.
Интиқоли кӯдакони то 12-сола дар нишастгоҳи ақиби мототсикл, ҳамчунин дар нишастгоҳи пеши автомобили сабукраве, ки бо воситаи махсуси нигоҳдорандаи кӯдакон таҷҳизонида нашудааст, манъ аст.
23. БОРКАШОНӢ (ИНТИҚОЛИ БОР)
23.1. Вазни бори интиқолшаванда ва тақсими он ба меҳварҳои воситаи нақлиёт набояд аз меъёри барои воситаи нақлиёти мазкур муқарраркардаи корхонаи истеҳсолкунанда зиёд бошад.
23.2. Пеш аз ҳаракат ва дар ҷараёни ҳаракат ронанда бояд ҷойгирӣ, мустаҳкамӣ ва ҳолати борро ба хотири пешгирии афтодан ва ба ҳаракат халал расонидани он таҳти назорат бигирад.
23.3. Интиқоли бор ба шарте мумкин аст, ки он:
соҳаи диди ронандаро маҳдуд насозад;
рондани воситаи нақлиётро мушкил ва устувории онро халалдор насозад;
таҷҳизоти нурии берунӣ ва нурбаргардонҳо, аломатҳои бақайдгирӣ ва фарқкунанда, ҳамчунин дидашавандагии ишораҳоеро, ки бо даст дода мешаванд, пинҳон накунад;
садои баланд набарорад, дар роҳ чанг набардорад ва муҳити атрофро ифлос накунад.
Агар ҳолат ва ҷойгиршавии бор ба талаботи зикршуда мувофиқ набошад, ронанда бояд барои бартараф сохтани ҳолатҳое, ки вайрон кардани қоидаҳои боркашонӣ ба ҳисоб мераванд, тадбирҳо андешад ё ҳаракати минбаъдаро қатъ намояд.
23.4. Боре, ки аз пеш ва ақиби габаритҳои воситаи нақлиёт аз 1 м зиёдтар ва аз паҳлӯ зиёдтар аз 0,4 м аз канори чароғакҳои габаритӣ берун мебарояд, бояд бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори калонхаҷм", дар вақти торикӣ ва дар шароити дидашавандагии маҳдуд, ба ғайр аз ин, аз пеш бо фонус ё нурбаргардони ранги сафед, аз ақиб бо фонус ё нурбаргардони ранги сурх маълум карда шавад.
23.5. Интиқоли борҳои вазнии ва хатарнок, борҷома ва зарфҳои тамизнашуда, ҳаракати воситаи нақлиёте, ки параметрҳои габаритии он бо бор ё бе бор аз 2,5 м васеътар, аз 4 м баландтар аз сатҳи рох,, аз 20 м дарозтар (аз ҷумла бо ядак) ё бо боре, ки аз нуқтаи ақиби габарити воситаи нақлиёт аз 2 м зиёдтар баромадааст, ҳаракати автопоездҳо бо ду ва зиёда аз он ядакҳо мутобиқи қоидаҳои махсус анҷом дода мешавад.
24. ТАЛАБОТИ ИЛОВАГӢ БА ҲАРАКАТИ ВЕЛОСИПЕДҲО, МОПЕДҲО, АРОБАҲОИ БОРКАШ, ҲАМЧУНИН РОВДАНИ ҲАЙВОНОТ
24.1. Ба рондани велосипед, аробаи боркаш (чана), ҳайвоноти боркаш ва саворӣ ё рама ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо шахсони на хурдтар аз 14-сола ва ба рондани мопед - на хурдтар аз 16-сола ҳақ доранд.
Эзоҳ: Дар шаҳрҳо - марказҳои вилоятӣ меъёри синну соли зикршуда камтар буда метавонад, аммо на зиёда аз 2 сол ва тартибе муқаррар карда мешавад, ки мувофиқи он ронандагони велосипедҳо, мопедҳо ва аробаҳои боркаш (чанаҳо) санаде доштанашон лозим аст, ки дониши онҳоро оид ба Қоидаҳо ва Муқаррароти асосӣ тасдиқ намояд.
24.2. Велосипедҳо, мопедҳо, аробаҳои боркаш (чанаҳо), ҳайвоноти боркаш ва саворӣ бояд танҳо аз канори рости роҳ дар як қатор ҳаракат кунанд. Ҳаракати онҳо, агар ба пиёдагардон халал нарасонад, бо канори роҳ низ мумкин аст.
Корвонҳои велосипедронон, аробаҳои боркаш (чанаҳо), ҳайвоноти боркаш ва саворӣ ҳангоми ҳаракат бо қисми мошингарди роҳ бояд ба гурӯҳҳо: велосипедронон, ронандагони ҳайвоноти боркаш ва саворӣ , 10 нафарӣ ва ронандагони аробаҳо (чанаҳо) , 5 нафарӣ тақсим шаванд. Барои осон шудани сабқат масофаи байни гурӯҳҳо бояд 80-100 м бошад.
24.3. Ба ронандагони велосипед ва мопед амалҳои зерин манъ аст:
сукконро (рулро) ақалан бо як даст надошта, ҳаракат кардан;
интиқоли мусофирон, ба ғайр аз тифлони то 7-сола дар нишастгоҳи иловагие, ки бо поймонакҳои устувор муҷаҳҳаз нест;
кашондани боре, ки зиёдтар аз 0,5 м ба дарози ё бар аз габаритҳо берун аст ё боре, ки ба рондан халал мерасонад;
ҳаракат кардан бо роҳ, дар сурате, ки дар канори роҳ пайраҳаи велосипедронӣ мавҷуд аст;
дар роҳҳое, ки трамвай ҳаракат мекунад ва дар роҳҳое, ки ба як самт зиёда аз як хати ҳаракат доранд, ба чап гаштан ё тоб хӯрдан;
кашида бурдани велосипедҳо ва мопедҳо, ҳамчунин ба воситаи велосипедҳо ва мопедҳо кашида бурда шудан, ба ғайр аз ядакҳое, ки барои истифодабарӣ ба велосипед ё мопед пешбинӣ шудаанд, манъ аст.
24.4. Дар бурришгоҳи танзимшавандаи пайраҳаи велосипедронӣ бо роҳе, ки берун аз чорраа воқеъ аст, ронандагони велосипедҳо ва мопедҳо бояд ба воситаи нақлиёти бо ин роҳ равона роҳ диҳанд.
Ронандаи аробаи боркаш (чана) ҳангоми аз ҳудуди ҳамшафат ё аз роҳҳои дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромадан дар ҷойҳои дидашавандагии маҳдуд ҳайвонотро аз лаҷомашон нигоҳ дошта ҳаракат намояд.
24.5. Чорво бо роҳ, чун қоида, бояд дар вақти равшанӣ ронда шавад, галабонҳо бояд чорворо ҳаддалимкон наздиктар бо канори рости роҳ ронанд.
24.6. Ҳангоми рондани чорво аз гузаргоҳи роҳи оҳан чорво бояд ба чунин миқдоре ба гурӯҳҳо ҷудо карда шавад, ки бо назардошти шумораи галабонҳо рондани бехатари ҳар як гурӯҳ таъмин карда шавад.
24.7. Ба ронандагони аробаҳои боркаш (чана), галабонҳои ҳайвоноти боркаш, саворӣ ва чорво чунин амалҳо манъ аст: дар роҳ бе назорат гузоштани ҳайвонот;
бо роҳҳои оҳан ва роҳҳои берун аз чойҳои махсус ҷудокардашуда, ҳамчунин дар вақти торикӣ ва дар шароити дидашавандагии ғайрикофӣ (ба ғайр аз гузаргоҳҳои ҳайвонот дар сатҳҳои гуногун) рондани ҳайвонот;
дар сурати мавҷуд будани дигар роҳҳо рондани ҳайвонот бо роҳҳои асфалтпӯш ва бетонпӯш.
Замимаи № 1 ба Қоидаҳои
ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 1997 № 565
тасдиқ шудааст
АЛОМАТҲОИ РОҲ (мувофиқи ГОСТ-и 10807-78 ва ГОСТ-и 23457-86)
1. Аломатҳои огоҳкунанда
Аломатҳои огоҳкунанда ронандагонро аз наздик расидан ба қитъаи хатарноки роҳ, ки барои гузаштан аз он андешидани чораҳои мутобиқи вазъро тақозо мекунад, огоҳ месозанд.
1.1. "Гузаргоҳи ғавчӯбдори роҳи оҳан"
1.2. "Гузаргоҳи беғавчӯби роҳи оҳан".
1.3.1. "Роҳи оҳани якхатта", 1.3.2. "Роҳи оҳани бисёрхатта". Аломати гузаргоҳи роҳи оҳани бо ғавчӯб муҷаҳҳазнашуда: 1.3.1. - роҳи оҳани якхатта, 1.3.2 - ду ва зиёда хатҳо.
1.4.1 - 1.4.6. "Наздикшавӣ ба гузаргоҳи роҳи оҳан". Огоҳии иловагӣ оид ба наздикшавӣ ба гузаргоҳи роҳи оҳан берун аз маҳалҳои аҳолинишин.
1.5. "Буришгоҳи хатти ҳаракати трамвай".
1.6. "Буришгоҳи роҳҳои аҳамияташон баробар".
1.7. "Буришгоҳи ҳаракати давродавр".
1.8. "Танзими ҳаракат бо чароғи раҳнамо". Чорраҳа, гузаргоҳи пиёдагард ё қитъаи роҳе, ки дар он ҳаракат бо чароғи раҳнамо танзим мегардад.
1.9. "Кӯпруки миёнҷудо". Кӯпруки (пули) миёнҷудо ё гузаргоҳи паром. Рақамгузории аломатҳои роҳ ба ГОСТ-и 10807-78 мутобиқат мекунад.
1.10. "Баромадгоҳ ба маҳалли назди соҳил". Баромадгоҳ ба маҳаллӣ назди соҳил ё ба соҳил.
1.11.1, 1.11.2. "Гардиши хатарнок". Гардиши роҳе, ки ҳудуди (радиуси) хурд ё дидашавандагии маҳдуд дорад: 1.11.1. - ба рост,
1.11.2. - ба чап.
1.12.1, 1.12.2 "Гардишҳои хатарнок". Қитъаи роҳе, ки гардишҳои хатарнок дорад: 1.12.1 - бо гардиши якум ба тарафи рост, 1.12.2 - бо гардиши якум ба тарафи чап.
1.13. "Нишебии рост".
1.14. "Баландии рост".
1.15. "Роҳи лагжонак". Қитъаи роҳе, ки қисми мошингарди он аз ҳад зиёд лагжонак аст.
1.16. "Роҳи ноҳамвор". Қитъаи роҳе, ки дар қисми мошингарди он ноҳамвориҳо, ҳамчунин ноҳамвориҳои сунъӣ (ноҳамвории мавҷмонанд, барҷастагиҳо, ҷойҳои чӯкида, пайвастагиҳои ноҳамвори роҳ ба кӯпрукҳо ва монанди инҳо), ки боиси паст шудани суръат мегарданд, мавҷуданд.
1.17. "Регпарто". Қитъаи роҳе, ки дар он имкони аз зери чархи воситаҳои нақлиёт паридани сангреза, шағал ва монанди инҳо мавҷуд аст.
1.18.1-1.18.3 "Тангшавии роҳ". Тангшавӣ аз ҳарду тараф - 1.18.1, аз рост-1.18.2, аз чап-1.18.3.
1.19. "Ҳаракати дутарафа". Саргаҳи қитъаи роҳ (қисми мошингард), ки аз он ҷо хҳаракати дутарафа оғоз мешавад.
1.20. "Гузаргоҳи пиёдагард". Гузаргоҳи пиёдагарде, ки бр аломатҳои 5.16.1, 5.16.2 ва (ё) нишонаи 1.14.1 - 1.14.3 ифода шудааст.
1.21. "Кӯдакон". Қитъаи роҳи наздик ба муассисаи бачагона, (мактабҳо, лагерҳои солимгардонӣ ва монанди инҳо), ки дар қисми мошингарди он пайдо шудани кӯдакон имкон дорад.
1.22. "Убури пайраҳаи велосипедгард".
1.23. "Корҳои роҳсозӣ".
1.24. "Рондани чорво".
1.25. "Ҳайвоноти ваҳшӣ".
1.26. "Сангрез". Қитъаи роҳе, ки дар он фурӯравии замин, ярч, резиши санг имкон дорад.
1.27. "Шамоли паҳлуӣ".
1.28. "Тайёраҳои паст парвозкунанда".
1.29. "Туннел". Туннеле, ки дар он равшании сунъӣ мавҷуд нест ё туннеле, ки дидашавандагии даромадгоҳи он маҳдуд аст.
1.30. "Хатарҳои дигар". Қитъаи роҳе, ки дар он хатарҳои бо дигар аломатҳои огоҳкунанда пешбининашуда мавҷуданд.
1.31.1,1.31.2. "Самти гардиш". Самти ҳаракат ба ҳамгашти роҳи радиусаш хурд ва дидашавандагиаш маҳдуд. Самти гузаштан аз паҳлӯҳои қитьаи таъмиршавандаи роҳ.
1.31.3. "Самти гардиш". Самти ҳаракат ба чорраҳаи "Т"- шакл ё ҷои тақсимшавии роҳ.
Аломатҳои огоҳкунандаи 1.1, 1.2. 1.5-1.30 берун аз маҳалҳои аҳолинишин дар масофаи 150-300 м ва дар маҳалҳои аҳолинишин - дар масофаи 50-100 м то саргаҳи қитъаи хатарнок гузошта мешаванд. Дар вақти зарурат аломатҳоро дар масофаи дигар низ гузоштан мумкин аст, ки дар ин ҳол масофа дар лавҳачаи 7.1.1 нишон дода мешавад.
Аломатҳои 1.13 ва 1.14 бевосита пеш аз саргаҳи нишебӣ ё баландӣ, агар нишебиҳо ва баландиҳо паи ҳам қарор дошта бошанд, бе лавҳачаи
7.1.1 гузошта мешаванд.
Аломати 1.23 ҳангоми иҷрои корҳои кӯтоҳмуддат дар қисми мошингард дар масофаи 10-15 м то ҷои корҳо (бе лавҳачаи 7.1.1) гузошта мешавад.
Аломатҳои 1.1,1.2, 1.9,1.10,1.21 ва 1.23 берун аз маҳалҳои аҳолинишин такрор мешаванд. Аломати дуюм дар масофаи на камтар аз 50 м то саргаҳи қитъаи хатарнок гузошта мешавад.
Аломатҳои 1.3.1 ва 1.3.2 бевосита пеш аз гузаргоҳи роҳи оҳан гузошта мешаванд.
2. Аломатҳои афзалият
Аломатҳои афзалият навбати аз чорраҳаҳо, ҷойҳои убури қисмҳои мошингард ё қитьаҳои танги роҳ гузаштанро муқаррар мекунанд.
2.1. "Роҳи асосӣ". Роҳе, ки ҳангоми ҳаракат бо он ҳуқуқи афзалиятноки убури чорраҳаҳои танзимнашаванда дода мешавад.
2.2. "Охири роҳи асосӣ".
2.3.1. "Убури роҳи дуюмдараҷа".
2.3.2,2.3.3 "Пайвастшавии роҳи дуюмдараҷа". Пайвастшавӣ аз рост
2.3.2, аз чап , 2.3.3.
2.4. "Роҳ диҳед". Ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи буридашаванда ва дар сурати мавҷуд будани лавҳачаи 7.13 - бо роҳи асосӣ равонаанд, роҳ диҳад.
2.5. "Ҳаракат бидуни бозистодан манъ аст". Ҳаракат бидуни бозистодан пеш аз хатти бозистӣ ва агар он мавҷуд набошад, - пеш аз канори қисми мошингарди буридашаванда манъ аст. Ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи буридашаванда ва дар сурати мавҷуд будани лавҳачаи 7.13 - бо роҳи асосӣ равонаанд, роҳ диҳад.
Аломати 2.5 ро пеш аз гузаргоҳи роҳи оҳан ё пости карантин гузоштан мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо ронанда бояд пеш аз хатти бозистӣ ва агар он мавҷуд набошад , пеш аз аломат бозистад.
2.6. "Афзалияти ҳаракати муқобил". Дохил шудан ба қитьаи танги роҳ, дар ҳоле, ки ин амал ҳаракати воситаи нақлиёти аз рӯбарӯ омадаистодаро мушкил карданаш мумкин бошад, манъ аст. Ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёти аз рӯбарӯ омадистода, қи дар қитъаи танги роҳ ё дар наздикии он қарор доранд, роҳ диҳад.
2.7. "Афзалият нисбат ба ҳаракати муқобил". Қитьаи танги роҳ, ки ҳангоми ҳаракат бо он ронанда нисбат ба воситаи нақлиёти рӯбарӯ омадаистода афзалият дорад.
3. Аломатҳои манъкунанда
Аломатҳои манъкунанда маҳдудиятҳои муайяни ҳаракатро ҷорӣ ё бекор месозанд.
3.1. "Даромадан манъ аст". Дохил шудани тамоми воситаҳои нақлиёт ба самти додашуда манъ карда мешавад.
3.2. "Ҳаракат манъ аст". Ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт ба самти додашуда манъ карда мешавад.
3.3. "Ҳаракати воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст".
3.4. "Ҳаракати автомобилҳои боркаш манъ аст". Ҳаракати автомобилҳои боркаш ва ҳайати воситаҳои нақлиёт бо вазни ниҳоии ҷоизи 3,5 т (агар дар аломат вазн зикр нашуда бошад) ё бо вазни ниҳоии ҷоизе, ки дар аломат зикр шудааст, ҳамчунин тракторҳо ва мошинҳои худгард манъ карда мешавад.
Аломати 3.4 ҳаракати автомобилҳои боркашеро, ки дар борташон хатти сафеди уреб доранд ё барои интиқоли одамон пешбинӣ шудаанд, манъ намекунад.
3.5. "Ҳаракати мототсиклҳо манъ аст".
3.6. "Ҳаракати тракторҳо манъ аст". Ҳаракати тракторҳо ва мошинҳои худгард манъ карда мешавад.
3.7. "Ҳаракат бо ядак манъ аст". Ҳаракати автомобилҳои боркаш ва тракторҳо бо ҳамаи навъҳои ядак, ҳамчунин кашида бурдани воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
3.8. "Ҳаракати аробаҳо манъ аст". Ҳаракати аробаҳои боркаш (чанаҳо), ҳайвоноти боркаш ва саворӣ, хамчунин рондани чорво манъ карда мешавад.
3.9. "Ҳаракати велосипед манъ аст". Ҳаракати велосипедҳо ва мопедҳо манъ карда мешавад,
3.10. "Ҳаракати пиёдагардон манъ аст".
3.11. "Маҳдудияти вазн". Ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ҳайати воситаҳои нақлиёте, ки вазни умумии воқеии онҳо аз вазни дар аломат зикршуда зиёд аст, манъ карда мешавад.
3.12. "Маҳдудияти бор ба мехвар". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки вазни бори воқеӣ ба ягон меҳвари онҳо аз вазни дар аломат зикршуда зиёд аст, манъ карда мешавад.
3.13. "Маҳдудияти баландӣ". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки баландии габаритии онҳо (бо бор ё бе бор) аз баландии дар аломат зикршуда зиёд аст, манъ карда мешавад.
3.14. "Маҳдудияти бар". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки паҳноии габаритии онҳо (бо бор ё бе бор) аз паҳноии дар аломат зикршуда зиёд аст, манъ карда мешавад.
3.15. "Маҳдудияти дарозӣ". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте (ҳайати воситаҳои нақлиёт), ки дарозии габаритии онҳо (бо бор ё бе бор) аз дарозии дар аломат зикршуда зиёд аст, манъ карда мешавад.
3.16. "Маҳдудияти фосилаи ҳадди ақал". Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо фосилаи байни онҳо, ки аз фосилаи дар аломат зикршуда камтар аст, манъ карда мешавад.
3.17.1. "Гумрук". Дар назди гумрук (пункти назорат) наистода гузаштан манъ карда мешавад.
3.17.2 "Хатар". Бо сабаби фалокати роҳу нақлиётӣ, садама ё дигар хатар ҳаракати тамоми воситаҳои наклиёт бидуни истисно манъ карда мешавад.
3.18.1 "Гардиш ба рост манъ аст".
3.18.2. "Гардиш ба чап манъ аст".
3.19 "Тоб хӯрдан манъ аст".
3.20. "Сабқат данъ аст". Аз тамоми воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти якка, ки бо суръати камтар аз 30 км/соат ҳаракат мекунанд, сабқат кардан манъ аст.
3.21. "Охири минтақаи манъи сабқат".
3.22. "Барои автомобилҳои боркаш сабқат манъ аст". Ба автомобилҳои боркаше, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо 3,5 т аст, ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти якка, ки бо суръати камтар аз 30 км/соат ҳаракат мекунанд, сабқат манъ аст. Ба тракторҳо сабқати ҳамаи воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз аробаҳо ва велосипедҳо, манъ аст.
3.23 "Охири минтақаи манъи сабқат барои автомобилҳои боркаш".
3.24. "Маҳдудияти суръати ниҳоӣ". Ҳаракат бо суръате, ки аз суръати дар аломат нишондодашуда зиёд мебошад, манъ аст.
3.25. "Охири минтақаи маҳдудияти суръати ниҳоӣ".
3.26. "Сигнали овозӣ додан манъ аст". Истифодаи сигналҳои овозӣ, ба ғайр аз холатҳое, ки сигнал барои пешгирии фалокати роҳу нақлиёт дода мешавад, манъ аст.
3.27. "Бозистодан манъ аст". Бозистодан ва таваққуфи воситаҳои нақлиёт манъ аст.
3.28. "Таваққуф манъ аст". Таваққуфи воситаҳои нақлиёт манъ аст.
3.29. "Таваққуф дар рӯзҳои тоқи моҳ манъ аст".
3.30. "Таваққуф дар рӯзҳои ҷуфти моҳ манъ аст". Ҳангоми истифодаи якҷояи аломатҳои 3.29 ва 3.30 вақти аз як тараф ба дигар тараф гузаронидани воситаҳои нақлиёт - аз соати 19 то 21 аст.
3.31. "Охири минтақаи ҳамаи маҳдудиятҳо". Охири минтақаи амали якҷояи якчанд аломатҳои зерин: 3. 16, 3. 20, 3.22, 3.24, 3.26
3.30-ро ифода мекунад.
3.32. "Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои хатарнок манъ аст". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори хатарнок" таҷҳизонида шудаанд, манъ аст.
3.33. "Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои тарканда ва зудоташгиранда манъ аст". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори хатарнок" таҷҳизонида шудаанд ва барои интиқоли борҳои хатарноки гурӯҳҳои 1,2.2 - 2.4,3.1,3.2,5.2 мувофиқи ГОСТ-и 19433-88 таъин шудаанд, манъ аст.
3.34. "Ҳаракати автобусҳо манъ аст". Аломатҳои 3.2 - 3.9, 3.32,
3.33 ва 3.34 ҳаракати намудҳои воситаҳои нақлиёти дахлдорро ба ҳарду самт манъ мекунанд.
3.35 "Охири минтақаи манъи ҳаракати автобусҳо".
Амали аломатҳо ба воситаҳои нақлиёти зерин дахл надоранд:
3.1 - 3.3, 3.18.1, 3.19,3.27 - ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ;
3.2 , 3.8 - ба воситаҳои нақлиёте, ки корхонаҳои дар минтақаи ифодашуда ҷойгиршударо хизмат мерасонанд, ҳамчунин шаҳрвандонро хизмат мерасонанд ё ба шаҳрвандоне тааллуқ доранд, ки дар минтақаи ифодашуда истиқомат ё кор мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо воситаҳои нақлиёт бояд аз чорраҳаи наздиктарин ба минтақаи ифодашуда дохил шаванд ва аз он берун бароянд;
3.28 - 3.30 ба таксие, ки таксометраш ба кор андохта шудааст;
3.2, 3.3, 3.28 - 3.30 ба воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи маъюбони гурӯҳҳои I ва II идора карда мешаванд ё чунин маъюбонро интиқол медиҳанд.
Амали аломатҳои 3.18.1, 3.18.2 ба буришгоҳи қисми мошингарде, ки пеш аз он аломат гузошта шудааст, дахл дорад.
Минтақаи амали аломатҳои 3.16, 3.20, 3.22, 3.24, 3.36 - 3.30 аз ҷои гузоштани аломат то чорраҳаи наздиктарини баъди он ва махалҳои аҳолинишин дар сурати мавҷуд набудани чорраҳа - то охири махали аҳолинишинро дар бар мегирад.
Амали аломатҳо дар ҷойҳои баромад аз ҳудуди ҳамшафати роҳ ё дар ҷойҳои буришгоҳ (пайвастшавӣ) бо роҳҳои саҳроӣ, ҷангалӣ ва дигар роҳи дуюмдараҷае, ки пеш аз онҳо аломатҳои дахлдор гузошта нашудаанд, қатъ намегардад.
Амали аломати 3.24, ки пеш аз маҳалли аҳолинишини бо аломати 5.22 ифодашуда гузошта шудааст, то ҳамин аломат эътибор дорад.
Минтақаи амали аломатҳо метавонанд ба тариқи зерин маҳдуд гардонда шавад: барои аломатҳои 3.16 ва 3.26 бо истифодаи лавҳачаи
7.2.1
барои аломатҳои 3.20,3.22,3.24 мутобиқан бо гузоштани аломатҳои
3.21, 3.23, 3.25 ё истифодаи лавҳачаи 7.2.1 дар хатми минтақаи амали онҳо. Минтақаи амали аломати 3.24 метавонад бо гузоштани аломати 3.24, ки суръати дигари ниҳоии ҳаракатро муайян мекунад, маҳдуд гардонидашавад;
барои аломатҳои 3.27 - 3.30 бо гузоштани аломатҳои такрории 3.27 - 3.30 ва лавҳачаи 7.2.3 ё истифодаи лавҳачаи 7.2.2. дар хатми минтақаи амали онҳо. Аломати 3.27 метавонад якҷоя бо нишонаи 1.4 ва аломати 3.28 бо нишонаи 1.10 истифода гардад, зимнан минтақаи амали аломатҳо бо дарозии хатти нишона муайян карда мешавад.
Амали аломатҳои 3.10,3.27 - 3.30 танҳо ба ҳамон тарафи роҳ, ки дар он аломатҳои мазкур гузошта шудаанд, дахл дорад.
4. Аломатҳои дастурдиҳанда
4.1.1. "Ҳаракат ба пеш".
4.1.2. "Ҳаракат ба тарафи рост".
4.1.3. "Ҳаракат ба тарафи чап".
4.1.4. "Ҳаракат ба пеш ё ба тарафи рост".
4.1.5. "Ҳаракат ба пеш ё ба тарафи чап".
4.1.6. "Ҳаракат ба тарафи рост ё тарафи чап".
Ҳаракат танҳо ба самтҳои дар аломатҳо бо ақрабакҳо нишондодашуда иҷозат дода мешавад. Аломатҳое, ки гардишро ба тарафи чап иҷозат медиҳанд, тоб хӯрданро низ иҷозат медиҳанд (аломатҳои 4.1.1 ,4.1.6 бо шакли акрабакҳое, ки ба самтҳои зарурии ҳаракат дар буришгоҳи мушаххас мутобиқанд, метавонанд гузошта шаванд).
Амали аломатҳои 4.1.1 - 4.1.6 ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ дахл надорад.
Амали аломатҳои 4.1.1 - 4.1.6 ба буришгоҳи қисмҳои мошингарде, ки пеш аз он аломат гузошта шудааст, дахл дорад.
Амали аломати 4.1.1, ки дар аввали қитьаи роҳ гузошта шудааст, то чорраҳаи наздиктарин эътибор дорад. Аломат гардишро ба рост ба сӯи ҳавлиҳо ва дигар ҳудуди ҳамшафати роҳ манъ намекунад.
4.2.1. "Гузаштани монеа аз тарафи рост".
4.2.2. "Гузаштани монеа аз тарафи чап".
Аз паҳлӯи монеа гузаштан танҳо аз тарафе, ки ақрабак нишон медиҳад, иҷозат дода мешавад.
4.2.3. "Гузаштани монеа аз тарафи рост ё чап". Аз пахлӯи монеа гузаштан аз ҳар тараф иҷозат дода мешавад.
4.3. "Ҳаракати давродавр". Ҳаракат ба самте, ки ақрабакҳо нишон медиҳанд, иҷозат дода мешавад.
4.4. "Ҳаракати автомобилҳои сабукрав". Ҳаракати автомобилҳои сабукрав, автобусҳо, воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ва автомобилҳои боркаше, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3,5 т зиёд нест, иҷозат дода мешавад.
Аломат ҳамчунин ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро, ки ба корхонаҳои дар ин минтақа ҷойгиршуда хизмат мерасонанд, инчунин шаҳрвандонро хизмат мерасонанд ё ба шаҳрвандоне тааллуқ доранд, ки дар минтақаи ифодашуда истиқомат ё кор мекунанд, иҷозат медиҳад. Дар чунин ҳолатҳо воситаҳои нақлиёт бояд ба минтақаи ифодашуда аз чорраҳаи наздиктарин ба ҷои таъиншуда дохил ва аз он берун шаванд.
4.5 "Пайраҳаи велосипедгард". Ҳаракат танҳо бо велосипедҳо ва мопедҳо иҷозат дода мешавад. Бо пайраҳаи велосипедгард пиёдагардон низ (дар ҳолати мавҷуд набудани пайраҳаи пиёдагард) ҳаракат карда метавонанд.
4.6. "Пиёдараҳа". Танҳо ҳаракати пиёдагардон иҷозат дода мешавад.
4.7. "Маҳдудияти суръати ҳадди ақал". Ҳаракат танҳо бо суръати нишондодашуда ё аз он зиёдтар иҷозат дода мешавад.
4.8. "Охири минтақаи маҳдудияти суръати ҳадди ақал".
4.9. "Самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои хатарнок". Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори хатарнок" таҷҳизонида шудаанд, танҳо ба самти дар аломати: 4.9.1 - ба чап, 4.9.2 - ба рост, 4.9.3 - ба пеш нишондодашуда иҷозат дода мешавад.
5. Аломатҳои иттилоотию ишоратӣ
Аломатҳои иттилоотию ишоратӣ низоми муайяни ҳаракатро ҷорӣ ё бекор мекунанд, ҳамчунин оид ба ҷойгиршавии маҳалҳои аҳолинишин ва дигар объектҳо иттилоъ медиҳанд.
5.1. "Шоҳроҳ". Роҳе, ки дар он талаботи Қоидаҳои муқарраркунандаи тартиби ҳаракат дар шоҳроҳҳо амал мекунанд.
5.2. "Охири шоҳроҳ".
5.3. "Роҳ барои автомобилҳо". Роҳе, ки танҳо барои харакати автомобилҳо, автобусҳо ва мототсиклҳо пешбинӣ шудааст.
5.4. "Охири роҳ барои автомобилҳо".
5.5. "Роҳи ҳаракати яктарафа". Роҳё қисми мошингарде, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо тамоми бари он ба як самт анҷом дода мешавад.
5.6. "Охири роҳи ҳаракати яктарафа".
5.7.1, 5.7.2. "Баромад ба роҳи ҳаракати яктарафа". Баромад ба роҳ ё қисми мошингарди дорои ҳаракати яктарафа.
5.8.1. "Самти ҳаракат мувофиқи хатҳо". Шумораи хатҳо ва самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракат мувофиқи ҳар кадоми онҳо.
5.8.2. "Самтҳои ҳаракат мувофиқи хат". Самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракат мувофиқи хат.
Аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2, ки гардишро ба тарафи чап аз хатти охирини чап иҷозат медиҳанд, аз ин хат тоб хӯрданро низ иҷозат медиҳанд.
Амали аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2, ки пеш аз чорраҳа гузошта шудаанд, агар дигар аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2, ки дар он гузошта шудаанд, дастурҳои дигар надиҳанд, ба тамоми чорраҳа дахл дорад.
5.8.3. "Аввали хат". Аввали хати иловагӣ ба баландӣ ё хатти тормоздиҳӣ.
Агар дар аломате, ки пеш аз хатти иловагӣ гузошта шудааст, аломати 4.7 "Маҳдудияти суръати ҳадди ақал" тасвир шуда бошад, он гоҳ ронандаи воситаи нақлиёте, ки бо хатти асосӣ бо суръати зикршуда ё зиёдтар аз он ҳаракат карда наметавонад, бояд ба хатти иловагӣ гузарад.
5.8.4. "Аввали хат". Аввали қитъаи хатти миёнаи роҳи дорои се хат, ки барои ҳаракат ба самти додашуда пешбинӣ шудааст.
5.8.5. "Охири хат". Охири хатти иловагӣ дар баландӣ ё хатти суръатгирӣ.
5.8.6. "Охири хат". Охири қитъаи хатти миёнаи роҳи дорои се хат, ки барои ҳаракат ба самти додашуда пешбинӣ шудааст.
5.8.7. 5.8.8. "Самти ҳаракат мувофиқи хатҳо".
Агар дар аломати 5.8.7 аломате тасвир шуда бошад, ки ҳаракати ягон намудаи воситаи нақлиётро манъ менамояд, он гоҳ ҳаракати ин гуна воситаҳои нақлиёт бо хатти дахлдор манъ аст.
Аломатҳои 5.8.7 ва 5.8.8. бо шумораи дахлдори акрабакҳо дар роҳҳои дорои чор ё зиёда аз он хатҳо истифода шуда метавонанд.
Бо ёрии аломатҳои 5.8.7 ва 5.8.8 бо тасвири ивазшаванда ҳаракати ақибгардӣ ташкил шуда метавонад.
5.9. "Хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ". Хатте, ки танҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти маршрутии бо анбӯҳи умумии воситаҳои нақлиёт ҳамсафар пешбинӣ шудааст.
Амали аломат ба хатте дахл дорад, ки аломати мазкур дар болои он ҷойгир аст. Амали аломате, ки аз тарафи рости роҳ гузошта шудааст, ба хатти тарафи рост дахл дорад.
5.10.1. "Роҳ бо хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ". Роҳе, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти маршрутӣ бо он мувофиқи хатти махсуси ҷудокардашуда ба муқобили анбӯҳи асосии воситаҳои наклиёт анҷом дода мешавад.
5.10.2,5.10.3. "Баромад ба роҳи дорои хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ".
5.10.4. "Охири роҳи дорои хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ".
5.11.1. "Ҷой барои тоб хӯрдан". Гардиш ба тарафи чап манъ аст.
5.11.2. "Минтақа барои тоб хӯрдан". Дарозии минтақа барои тоб хӯрдан. Гардиш ба тарафи чап манъ аст.
5.12. "Ҷои исти автобус ва (ё) тролейбус".
5.13. "Ҷои исти трамвай".
5.14. "Таваққуфгоҳи таксиҳои сабукрав".
5.15. "Таваққуфгоҳ".
5.16.1, 5.16.2. "Гузаргоҳи пиёдагард".
Ҳангоми дар гузаргоҳ мавҷуд набудани нишонаи 1.14.1 - 1.14.3 аломати 5.16.2 аз тарафи рости роҳ дар ҳудуди наздики гузаргоҳ ва аломати 5.16.1 аз тарафи чап дар ҳудуди дури гузаргоҳ гузошта мешавад.
5.17.1, 5.17.2. "Гузаргоҳи зеризаминии пиёдагард".
5.17.3. 5.17.4. "Гузаргоҳи рӯизаминии пиёдагард".
5.18. "Суръати тавсияшаванда". Суръате, ки бо он дар қитъан додашудаи роҳ ҳаракат кардан тавсия мешавад. Минтақаи амали аломат то чорраҳаи наздиктарин эътибор дорад ва ҳангоми якҷоя истифода кардани аломати 5.18 бо аломати огоҳкунанда амали он бо дарозии қитъаи хатарнок муайян карда мешавад.
5.19.1 - 5.19.3 "Бунбаст" (кӯчаи сарбаста). Роҳе, ки рафтуомади бетавақкуф надорад.
5.20.1. "Ишораи пешакии самтҳо", 5.20.2 "Ишораи пешакии самт". Самти ҳаракат ба сӯи маҳалҳои аҳолинишин ва дигар объектҳои дар аломат ифодашуда. Дар аломатҳо тасвирҳои аломати 5.29.1, ангораи шоҳроҳ, майдони ҳавоӣ, тасвирҳои спортӣ ва ғайраро акс кардан мумкин аст. Дар қисми поёни аломати 5.20.1 масофа аз ҷойҳои гузоштани аломат то чорраҳа ё аввали хатти тормоздиҳӣ нишон дода мешавад.
Аломати 5.20.1. ҳамчунин барои нишон додани убур аз паҳлӯи қитъаҳои роҳ, ки дар онҳо яке аз аломатҳои манъкунандаи 3.11 , 3.15 гузошта шудааст, истифода мегардад.
5.20.3. "Нақшаи ҳаракат". Хатти сайр ҳангоми дар чорраҳа манъ будани баъзе манёврҳо ё самтҳои додашудаи ҳаракат дар чорраҳаи мушкилгузар.
5.21.1. "Ишораи самт", 5.21.2. "Ишораи самтҳо". Самтҳои ҳаракат ба нуқтаҳои хати сайр. Дар аломатҳо метавонанд масофа то объектҳои дар он ифодашуда, ангораҳои шоҳроҳ, майдони ҳавоӣ, тасвирҳои спортӣ ва ғайра акс карда шаванд.
5.22 "Аввали маҳалли аҳолинишин". Ном ва саршавии маҳалли аҳолинишине, ки дар он талаботи Қоидаҳо, ки тартиби ҳаракатро дар маҳалҳои аҳолинишин муқаррар менамоянд, амал мекунад.
5.23. "Охири маҳалли аҳолинишин". Ҷое, ки баъди он дар роҳи додашуда талаботи Қоидаҳо, ки тартиби ҳаракатро дар маҳалҳои аҳолинишин муқаррар менамоянд, амал намекунад.
5.24. "Аввали маҳалли аҳолинишин". Ном ва саршавии маҳалли аҳолинишине, ки дар он талаботи Қоидаҳо, ки тартиби ҳаракатро дар маҳалҳои аҳолинишин муқаррар менамоянд, амал намекунад.
5.25. "Охири маҳалли аҳолинишин". Охири маҳалли аҳолинишине, ки бо аломати 5.24 ифода шудааст.
5.26. "Номи объект". Номи объекти дигаре, ки аз маҳалли аҳолинишин фарқ дорад (дарё, кӯл, ағба, ҷойҳои диданӣ ва ғайра).
5.27. "Ишораи масофаҳо". Масофа то саршавӣ ё хатми роҳ.
5.28. "Аломати километр". Масофа то маҳалҳои аҳолинишине, ки дар хатти сайр ҷойгиранд.
5.29.1, 5.29.2. "Рақами хатти сайр". 5.29.1 - рақаме, ки ба роҳ (хати сайр) дода мешавад; 5.29.2 - рақам ва самти роҳ (хатти сайр).
5.30.1 - 5.30.3. "Самти ҳаракат барои автомобилҳои боркаш". Ҳаракати тавсияшаванда барои автомобилҳои боркаш, тракторҳо ва мошинҳои худгард дар сурате, ки ҳаракати онҳо дар чорраҳа ба яке аз самтқо манъ бошад.
5.31. "Нақшаи аз пахлӯи монеа гузаштан". Хатти сайри гузаштан аз паҳлӯи қитъаи роҳи муваққатан барои ҳаракат басташуда.
5.32.1 - 5.32.3. "Самти аз паҳлӯи монеа гузаштан". Самти гузаштан аз паҳлӯи қитьаи роҳи муваққатан барои ҳаракат басташуда.
5.33. "Хати бозистодан" Ҷои бозистодани воситаҳои нақлиёт ҳангоми фурӯзон будани ишораи манъкунандаи чароғи ишора (танзимгар).
5.34.1, 5.34.2. "Ишораи пешакии ба дигар қисмҳо гузаштан". Самти гузаштан аз паҳлӯи қитьаи роҳи муваққатан барои ҳаракат басташуда дар роҳе, ки хатти тақсим дорад ё самти ҳаракат барои баргаштан ба тарафи рости қисми мошингард.
5.35. "Ҳаракати ақибгардӣ" (реверсивӣ). Саршавии қитъаи роҳе, ки дар як ё якчанд хатҳои он самти ҳаракат метавонад ба самти муқобил тағир ёбад.
5.36. "Охири ҳаракати ақибгардӣ".
5.37. "Баромад ба роҳи дорои ҳаракати ақибгардӣ".
5.38. "Минтақаи истиқоматӣ". Худуде, ки дар он талаботи Қовдаҳо, ки тартиби ҳаракатро дар минтақаи истиқоматӣ муқаррар менамоянд, амал мекунад.
5.39. "Охири минтақаи истиқомати".
5.40. "Ҷои ноҳамвории сунъӣ".
Дар аломатҳои 5.20.1, 5.20.2, 5.21.1. ва 5.21.2, ки берун аз маҳалли аҳолинишин гузошта шудаанд, ранги сабз ё кабуд чунин маънӣ дорад, ки ҳаракат ба сӯи маҳалли аҳолинишин ё объекти нишондодашуда мутобиқан бо шоҳроҳ ё дигар роҳ анҷом дода мешавад.
Дар аломатҳои 5.20.1,5.20.2,5.21.1 ва 5.21.2, ки дар маҳалли аҳолинишин гузошта шудаанд, ранги сабз ва кабуд чунин маънӣ дорад, ки ҳаракат ба сӯи маҳалли аҳолинишин ё объекти нишондодашуда баъди баромадан аз маҳалли аҳолинишини мазкур мутобиқан бо шоҳроҳ ё дигар роҳ анҷом дода мещавад; ранги сафед чунин маънӣ дорад, ки объекти нишондодашуда дар ҳамин маҳалли аҳолинишин ҷойгир аст.
6. Аломатҳои хизматрасонӣ
Аломатҳои хизматрасонӣ оид ба ҷойгиршавии объектҳои дахлдор маълумот медиҳанд.
6.1. "Нуқтаи ёрии аввалияи тиббӣ". нишонаи фарқкунандаи Салиби Сурх ба нишонаи фарқкунандаи Ҳилоли Аҳмар иваз карда шавад (карор аз
13.05.2003 № 213).
6.2. "Беморхона", нишонаи фарқкунандаи Салиби Сурх ба нишонаи фарқкунандаи Ҳилоли Аҳмар иваз карда шавад (карор аз 13.05.2003 № 213).
6.3. "Стансияи таъмин бо сӯзишворӣ".
6.4. "Хизмтрасонии техникии мошинҳо".
6.5. "Ҷои мошиншӯӣ".
6.6. "Телефон".
6.7. "Ҷои хурокхӯрӣ".
6.8. "Оби нӯшокӣ".
6.9. "Меҳмонхона ё мотел".
6.10. "Кемпинг".
6.11. "Ҷои истироҳат".
6.12. "Пости БДА".
7. Аломатҳои иттилооти иловагӣ (лавҳачаҳо)
Аломатҳои иттилооти иловагӣ (лавҳачаҳо) амали аломатҳоеро, ки якҷоя бо онҳо истифода шудаанд, аниқ ё маҳдуд мекунанд.
7.1.1. "Масофа то объект". Масофа аз аломат то саршавии қитъаи хатарнок, ҷойҳои ҷорӣ намудани маҳдудияти дахлдор ё объекти (ҷои) муайян, ки дар рафти ҳаракат пеш меоянд, нишон дода мешавад.
7.1.2. "Масофа то объект". Масофаро аз аломати 2.4. то чорраҳа дар сурате ки бевосита пеш аз чорраҳа аломати 2.5. гузошта шуда бошад, нишон медиҳад.
7.1.3,7.1.4. "Масофа то объект". Масофаро то объекти дуртар аз роҳ қарордошта нишон медиҳад.
7.2.1. "Минтақаи амал". Дарозии қитъаи хатарноки роҳро, ки бо аломатҳои манъкунанда ифода шудааст ё минтақаи амали аломатҳои манъкунанда ва иттилоотию ишоратиро нишон медиҳад.
7.2.2. - 7.2.6. "Минтақаи амал". 7.2.2. - минтақаи амали аломатҳои манъкунандаи 3.27 - 3.30 ва 7.2.3. - хатми амали аломатҳои
3.27 - 3.30-ро нишон медиҳанд; 7.2.5, 7.2.6 - самт ва минтақаи амали аломатҳои 3.27 - 3.30-ро ҳангоми манъ будани бозистӣ ё тавақкуф ба дарозии як тарафи майдон, пеши бино ва монанди инҳо нишон медиханд.
7.3.1. - 7.3.3. "Самтҳои амал". Самтҳои амали аломатҳоеро, ки пеш аз чорраҳа гузошта шудаанд ё самти ҳаракатро ба объектҳои ифодашудае, ки бевосита дар назди роҳ воқеъ мебошанд, нишон медиҳанд.
7.4.1 - 7.4.8. "Намуди воситаи нақлиёт". Намуди воситаи нақлиётро, ки амали аломат ба он дахл дорад, нишон медиҳанд.
Лавҳачаи 7.4.1. автомобилҳои боркаш, аз ҷумла бо ядак низ, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3,5 т зиёд аст, лавҳачаи 7.4.3 , автомобилҳои сабукрав, ҳамчунин автомобилҳои боркашеро, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо то 3,5 т аст, лавҳачаи 7.4.8 - воситаҳои нақлиётеро, ки бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори хатарнок" муҷаҳҳазанд, таҳти амали аломати мазкур қарор медиҳад.
7.5.1. "Рӯзҳои шанбе, якшанбе ва ид". 7.5.2. - "Рӯзҳои корӣ".
7.5.3 - "Рӯзҳои ҳафта". Он рӯзҳои ҳафтаро, ки дар давоми онҳо аломат амал мекунад, нишон медиҳанд.
7.5.4. "Вақти амал". Соатҳоеро нишон медиҳад, ки дар давоми онҳо аломат амал мекунад.
7.5.5. - 7.5.7. "Вақти амал". Рӯзҳои ҳафта ва соатҳоеро нишон медиҳанд, ки дар давоми онҳо аломат амал мекунад.
7.6.1. - 7.6.9. "Тарзи гузоштани воситаи нақлиёт барои таваққуф".
7.6.1. нишон медиҳад, ки ҳамаи воситаҳои нақлиёт бояд барои таваққуф дар қисми мошингард ба дарозии пайраҳаи пиёдагард гузошта шаванд;
7.6.2. - 7.6.9 тарзи гузоштани автомобилҳои сабукрав ва мототсиклҳоро барои таваққуф дар назди пайраҳаи пиёдагард нишон медиҳанд.
7.7. "Таваққуф бо муҳаррикҳои хомӯшкардашуда". Аломати мазкур нишон медиҳад, ки дар таваққуфгоҳи бо аломати 5.15 ифодашуда таваққуфи воситаҳои нақлиёт танҳо бо муҳаррикҳои хомӯшкардашуда иҷозат дода мешавад.
7.8. "Хизматрасонии пулакӣ". Аломати мазкур нишон медиҳад, ки хизматрасониҳо фақат бо пули накд анҷом дода мешаванд.
7.9. "Мавдудияти муддати таваққуф". Аломати мазкур муддати ниҳоии қарор доштани воситаи нақлиётро дар таваққуфгоҳи бо аломати 5.15 ифодашуда нишон медиҳад.
7.10. "Ҷой барои муоинаи автомобилҳо". Аломати мазкур нишон медиҳад, ки дар майдончаи бо аломати 5.15 ё 6.11 ифодашуда эстакада ё чуқурӣ барои муоина мавҷуд аст.
7.11. "Маҳдудияти вазни ниҳоии ҷоиз". Аломати мазкур нишон медиҳад, ки амали он танҳо ба воситаҳои нақлиёти вазни ниҳоии ҷоизашон аз вазни дар лавҳача зикршуда зиёд дахл дорад.
7.12. "Канори хатарноки роҳ". Аломати мазкур огоҳ мекунад, ки баромадан ба канори роҳ бо сабаби дар он ҷой гузаронида шудани корҳои таъмир хатарнок аст. Якҷоя бо аломати 1.23. истифода мегардад.
7.13. "Самти роҳи асосӣ". Самти роҳи асосиро дар чорраҳа нишон медиҳад.
7.14. "Хатти ҳаракат". Хатти ҳаракатеро нишон медиҳад, ки амали аломат ё чароғи раҳнамо ба он дахл дорад.
7.15. "Пиёдагардони нобино". Нишон медиҳад, ки аз гузаргоҳи пиёдагард нобиноён мегузаранд. Якҷоя бо аломатҳои 1.20, 5.16.1, 5.16.2 ва чароғҳои раҳнамо истифода мегардад.
7.16. "Роҳи тар". Нишон медиҳад, ки аломат дар вақти тар будани қисми мошингард амал мекунад.
7.17. "Маъюбон". Нишон медиҳад, ки аломати 5.15. танҳо бо мотоколяскаҳо ва автомобилҳои дорои аломатҳои фарқкунандаи "Маъюб" дахл дорад.
7.18. "Ба ғайр аз маъюбон". Нишон медиҳад, ки амали аломатҳо ба мотоколяскаҳо ва автомобилҳое, ки дар онхо аломатҳои фарқкунандаи "Маъюб" гузошта шудаанд, дахл надорад.
7.19. "Гурӯҳи бори хатарнок". Рақами гурӯҳи (гурӯҳҳои) борҳои хатарнокро мувофиқи ГОСТ-и 19433-88 нишон медиҳад.
Лавҳачаҳо бевосита дар зери аломатҳое, ки ҳамроҳи онҳо истифода мегарданд, ҷойгир мешаванд. Лавҳачаҳои 7.2.2 , 7.2.4, 7.13 ҳангоми ҷойгир будани аломатҳо дар болои қисми мошингард, канори роҳ ё пайраҳа дар паҳлӯи аломат ҷойгир карда мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки моҳияти аломатҳои муваққатии роҳ (дар сутунчаҳои сайёр) ва аломатҳои собит мухолифи ҳамдигар бошанд, ронандагон бояд мувофиқи аломатҳои муваққатӣ амал намоянд.
Замимаи №2 ба Қоидаҳои ҳаракат
дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 1997 № 565
тасдиқ шудааст
НИШОНАҲОИ РОҲ ВА ТАВСИФИ ОНҲО (мувофиқи ГОСТ-и 13508-74 ва ГОСТ-и 23457-86).
1. Нишонаи уфуқӣ
Нишонаи уфуқӣ (хатҳо, тирҳо, навиштаҷот ва дигар ишораҳои қисми мошингард) низом ва тартиботи муайяни ҳаракатро муқаррар мекунад.
Нишонаи уфукӣ, ба ғайр аз хатҳои 1.4,1.10 ва 1.17, ки зардранг мебошанд, ранги сафед дорад. Нишонаи уфуқӣ:
1.1. - анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро аз ҳам ҷудо ва худуди хатҳои ҳаракатро дар қитъаҳои хатарноки роҳ ифода мекунад; худуди қисми мошингардро, ки ба он ҷойҳо дохил шудан манъ аст, ҳудуди ҷойҳои таваққуфи воситаҳои нақлиёт ва канори қисми мошингарди роҳҳоеро, ки ба шоҳроҳҳо мансуб нестанд, ифода менамояд;
1.2. (хати паҳни яклухт),канори қисми мошингардро бо шоҳроҳҳо ифода мекунад.
1.3. - анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро дар роҳҳое, ки чор ё зиёда аз он хатти ҳаракат доранд, аз ҳам ҷудо мекунад;
_________________
1 Рақмгузории нишонаҳо бо ГОСТ-и 13508-74 мутобиқат мекунад.
1.4. - ҷойҳоеро ифода мекунад, ки бозистодан манъ аст. Ин нишона танҳо ё якҷоя бо аломати 3.27 истифода мегардад ва дар канори қисми мошингарди роҳ ё дар болои ҳошияи роҳ (бордюр) кашида мешавад;
1.5. - анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро дар роҳҳое, ки ду ё се хатти ҳаракат доранд, аз ҳам чудо мекунад; ҳудуди хатҳои ҳаракатро ҳангоми мавҷуд будани ду ё зиёда аз он хатҳое, ки барои ҳаракат бо самти додашуда пешбинӣ шудаанд, ифода мекунад.
1.6 - (хатти наздикшавӣ - хатти фосиладоре, ки дарозии хатчаҳои он нисбат ба фосилаи байни онҳо 3 баробар зиёдтар аст) - аз наздикшавӣ ба нишонаи 1.1 ё 1.11, ки анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобил ва ҳамсафарро аз ҳам ҷудо мекунад огоҳ месозад;
1.7 - (хатти фосиладор бо хатчаҳои кӯтоҳ ва фосилаҳои бо онҳо баробар) - хатҳои ҳаракатро дар ҳудуди чорраҳа ифода мекунад;
1.8 - (хатти паҳни фосиладор) - ҳудуди байни хатти суръатгирӣ ё тормоздиҳӣ ва хатти асосии қисми мошингардро (дарчорраҳаҳо, буришгоҳи роҳҳо дар сатҳҳои гуногун, дар қитъаи истгоҳи автобус ва монанди инҳо) ифода мекунад;
1.9 - ҳудуди хатти ҳаракатеро, ки дар он танзими ақибгардӣ (реверсивӣ) анҷом дода мешавад, ифода мекунад; анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро (ҳангоми хомӯш будани ишораҳои ақибгардии чароғҳои ишора) дар роҳҳое, ки ҳаракати ақибгардӣ танзим карда мешавад, аз ҳам ҷудо мекунад;
1.10 - ҷойҳоеро, ки таваққуф манъ аст, ифода мекунад. Ин нишона танхо ё якҷоя бо аломати 3.28 истифода мегардад ва дар канори қисми мошингарди роҳ ё дар болои ҳошияи роҳ (бордюр) кашида мешавад;
1.11 - анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобил ё ҳамсафарро дар он қитьаҳои роҳ ки танҳо аз хат баромада, ба хатти дигар ҷой гирифтан мумкин аст, аз ҳам ҷудо мекунад; ҷойҳоеро, ки барои гардиш, аз майдончаҳои таваққуф ва монанди инҳо баромадан ва даромадан ба онҳо таъин шудаанд ва дар ин гуна ҷойҳо ҳаракат танҳо ба як самт иҷзат дода шудааст, ифода мекунад;
1.12 (хатти бозистӣ) - ҷоеро нишон медиҳад, кӣ ронанда бояд ҳангоми мавҷуд будани аломати 2;5 ё ишораи манъкунандаи чароғи раҳнамо (танзимгар) дар он ҷой бозистад;
1.13 , ҷоеро нишон медиҳад, ки ронанда бояд дар мавриди зарурат бозистад ва ба дигар воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи буридашаванда равонаанд, роҳ диҳад;
1.14.1,1.14.2 ("гӯрхар" - хати рах-рах) - гузаргоҳи пиёдагарди танзимшавандаро ифода мекунад; тирҳои нишонаи 1.14.2 самти ҳаракати пиёдагардонро нишон медиҳанд;
1.14.3 - гузаргоҳи пиёдагардеро, ки ҳаракат бо он ба воситаи чароғи раҳнамо танзим мегардад, ифода мекунад;
1.15 - ҷоеро, ки пайраҳаи велосипедгард қисми мошингарди роҳро бурида мегузарад, ифода мекунад;
1.16.1 - 1.16.3 - қитъаҳо (ҷазираҳои хурд)-и савқдиҳандаро дар ҷойҳои аз ҳам ҷудошавӣ ё ба ҳам пайвастшавии анбӯҳҳои нақлиёт ифода мекунад;
1.17 - истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ ва таваққуфгоҳи таксиро ифода мекунад;
1.18 - самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракатро аз рӯи хатҳои ҳаракат дар чорраҳа нишои медиҳад. Ин нишона танҳо ё якҷоя бо аломатҳои 5.8.1,
5.8.2 истифода мегардад;
нишона бо тасвири бунбаст (кӯчаи сарбаста) барои нишон додани он, ки гардиш ба қисми мошингарди наздиктарин манъ аст, кашида мешавад;
Нишонае, ки гардишро аз хатти охирини чап ба тарафи чап иҷозат медиҳад, тобхӯрданро низ ичозат медихад.
1.19 - аз наздик расидан ба ҷои тангшавии қисми мошингард (ба қитъае, ки миқдори хатҳои ҳаракат ба самти додашуда кам мешавад) ё бо нишонаи 1.1 ё 1.11, ки анбӯҳи нақлиёти самтҳои муқобилро аз ҳам ҷудо мекунад, хабар медиҳад. Дар мавриди аввал нишонаи 1.19 метавонад якҷоя бо аломатҳои 1.18.1 - 1.18.3 истифода гардад;
1.20 - аз наздикшавӣ бо нишонаи 1.13 огоҳ мекунад;
1.21 - (навиштаи - "СТОП") - агар он якҷоя бо аломати 2.5 истифода гардад, аз наздикшавӣ ба нишонаи 1.12 огоҳ мекунад;
1.22 - рақами роҳ (хатти сайр)-ро нишон медиҳад;
1.23 - хатти махсусро барои воситаҳои нақлиёти маршрути ифода мекунад;
1.24 - ҷойҳои ноҳамвории сунъиро дар қиеми мошингард, ки барои кам кардани суръати ҳаракат истифода мешаванд, ифода мекунад.
Бурида гузаштани хатҳои 1.1-1.3 манъ аст.
Бурида гузаштани хатхои 1.1 ва 1.2, ки канори қисми мошингарди роҳро ифода мекунанд ва аз тарафи рости ронанда ҷойгиранд, барои дар канори роҳ бозистодани воситаи нақлиёт мумкин аст.
Бурида гузаштани хатҳои 1.5-1.8 аз ҳар тараф мумкин аст.
Бурида гузаштани хатти 1.9 ҳангоми мавҷуд набудани чароғи ишораи ақибгардӣ (реверсивӣ) ё ҳангоми хомӯш будани он, агар хатти мазкур аз тарафи рости ронанда ҷойгир бошад, мумкин аст; ҳангоми фурӯзон будани чароғи ишораи ақибгардӣ, агар хатти зикршуда хатҳоеро аз ҳам ҷудо намояд, ки ҳаракат бо онҳо ба як самт иҷозат дода шудааст, , бурида гузаштани он аз ҳар тараф мумкин аст. Ҳангоми хомӯш шудани чароғи ишораи ақибгардӣ ронанда бояд фавран аз тарафи рости нишонаи 1.9 ҷой гирад.
Бурида гузаштани хатти 1.9, ки анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро аз ҳам ҷудо мекунад, ҳангоми хомӯш будани ишораи ақибгардӣ манъ аст.
Бурида гузаштани хатти 1.11 аз тарафи фосиладор, ҳамчунин аз тарафи бефосилаи он низ, танҳо баъди хатми сабқат ё аз пахлӯи монеае гузаштан, мумкин аст.
Дар сурати ба ҳам мухолиф будани маънии хатҳои нишона ва аломатҳои муваққатии роҳ, ки дар сутунчаҳои сайёр насб шудаанд, ронандагон бояд мувофиқи аломатҳои дар сутунчаҳо насбшуда амал намоянд.
2. Нишонаи амудӣ
Нишонаи амудӣ дар шакли омезиши хатҳои сиёҳу сафед дар иншоот ва таҷҳизоти роҳ габаритҳои онҳоро нишон медиҳад ва ҳамчун воситаи хабардории босиравӣ хизмат мекунад.
Нишонаи амудӣ:
2.1 - унсурҳои (қисмҳои) иншооти роҳ (пояҳои кӯпрукҳо, кӯпрукҳое, ки аз болои роҳҳои мошингард сохта шудаанд, қисмҳои паҳлӯии иҳотаҳо ва монанди инҳо)-ро дар сурате, ки ин унсурҳо барои воситаҳои нақлиёти ҳаракаткардаистода хатар дошта бошанд, ифода мекунад;
2.2 - сатҳи поёнии равоқи туннелҳо, кӯпрукҳо ва кӯпрукҳоеро, ки аз болои роҳҳои мошингард сохта шудаанд, ифода мекунад;
2.3 - сутунҳои гирдеро, ки дар хатҳои тақсим ё қитьаҳои (ҷазираҳои хурди) бехатарӣ гузошта шудаанд, ифода мекунад;
2.4 - сутунчаҳои савқдиҳанда, пояҳо, такягоҳҳои иҳота ва ғайраро ифода мекунад;
2.5 - сатҳҳои паҳлӯии иҳотаҳоетроҳро дар гардишгоҳҳои радиусаш хурд, нишебиҳои рост ва дигар қитъаҳои хатарнок ифода мекунад;
2.6 - сатҳҳои паҳлӯии иҳотаҳои роҳро дар дигар қитъаҳо ифода мекунад;
2.7 - ҳошияҳоро (бордюр) дар қитъаҳои хатарнок ва қитъаҳои (ҷазираҳои хурди) бехатариеро, ки аз сатҳи роҳ баландтаранд, ифода мекунд.

11.1. Пеш аз оғози сабқат ронанда бояд боварӣ ҳосил намояд, ки хатти ҳаракате, ки ӯ мақсади ба он баромадан дорад, дар масофаи барои сабқат кофӣ озод аст ва бо ин манёври худ ӯ ба воситаҳои нақлиёти самти муқобил ва босамти ҳаракати ӯ равона халал намерасонад;