Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 № 469 "Дар бораи консепсияи рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурии тоҷикистон дар давраи то соли 2015"

Санаи амалкуни: 01.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 380)

Ба мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлати дар соҳаи соҳибкори, ташкили асосҳои илмию назариявии соҳибкори дар мамлакат, рушд ва инкишофи мунтазами соҳибкории хурд ва миёна, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 барномаҳои мушаххаси миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат таҳия намуда, барои татбиқи амалии онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Консепсияи мазкурро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори ҷамъбастӣ пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 380).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 3 декабри соли 2004 № 469

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2015

Ба мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлати дар соҳаи соҳибкори, ташкили асосҳои илмию назариявии соҳибкори дар мамлакат, рушд ва инкишофи мунтазами соҳибкории хурд ва миёна, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополи ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва инчунин ташкилотҳое, ки дар бахши хусуси фаъолият доранд, ба мақсади амали намудани Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 то моҳи сентябри соли 2005 Стратегияи рушди соҳибкориро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 барномаҳои мушаххаси миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат таҳия намуда, барои татбиқи амалии онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.

4. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополи ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри Консепсияи рушди соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва ба сохторҳои марбута дастрас гардонидани онро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 3 декабри соли 2004 № 469

ш. Душанбе