Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007с. № 361)
ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:
1.Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳрасти замимагардидаи касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои ибтидоии касбӣ доранд, дар муддати ду моҳ тадбирҳои татбиқи Стандарти давлатии таълимии ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Хароҷотҳои татбиқи Стандарти мазкур дар доираи ҳаҷми маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои маълумоти ибтидоии касби пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 ноябри соли 2002 № 419
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 ноябри соли 2002 № 419
тасдиқ шудаст
Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ:
1.Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ инҳоро муқаррар менамояд:
- талаботи муайянкунандаи заминавӣ ба сатҳи маълумоти хатмкунандагони муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ;
- Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ;
- тартиби ворид намудани тағйирот ба Феҳрасти касбҳою ихтисосои маълумоти ибтидоии касбӣ мақсадҳои зеринро дар бар мегирад:
- баланд бардоштани сифати омодагии касбӣ аз ҳисоби муқаррар намудани талабот ба натиҷаҳои таълим ва ба низом даровардани системаи назорати самаранокии корҳои муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳи касбию техникӣ, литсейи касбӣ);
- таъмини баробарии маълумоти ибтидоии касбӣ дар дохили кишвар ва берун аз он ҷиҳати иштироки бемамонияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори байналхалқии меҳнат.
2. Мафҳумҳое, ки дар Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ истифода мешаванд
2. Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидоии касбӣ ин маҷмӯи талаботҳо ба сатҳ, мундариҷа ва сифати маълумоти ибтидоии касбӣ мебошад.
Маълумоти ибтидоии касбӣ - маълумот дар заминаи маълумоти асосии умумӣ, умумии миёна (пурра) дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ, литсейи касбӣ) тибқи барномаҳои асосии таълими касбӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Стандарти мазкур ҷавобгӯ мебошанд, амал карда, ба воситаи аттестатсияи ҷамъбастӣ ва ба хатмкунанда супоридани ҳуҷҷати маълумоти ибтидоии касбӣ хотима меёбад.
Ба хатмкунандагоне, ки дар заминаи маълумоти асосии умумӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин варақаи замима - ҳуҷҷати маълумоти миёна (пурра) дода мешавад.
3. Барномаи асосии таълимии касбии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳуҷҷате (маҷмӯи ҳуҷҷатҳо) мебошад, ки мутобиқи ин Стандарт маълумоти ибтидоии касбиро мутобиқи касбу ихтисосҳои мушаххаси сатҳи муайян муқаррар менамояд.
4. Мӯҳлати меъёрии таълими касбии барномаҳои асосӣ ва иловагии барномаи таълими касбии маълумоти ибтидоии касбӣ ҳангоми шакли рӯзонаи таҳсил дар заминаи маълумоти асосии умумӣ ва умумии миёна (пурра) татбиқ мешавад.
5. Сохтори маълумоти ибтидоии касбӣ - маҷмӯи барномаҳои маълумоти касбии аз ҷиҳати меъёр ва мӯҳлатҳо мухталифи маълумоти ибтидоии касбӣ, ки ҷузъҳои хатмии мундариҷаи маълумоти касбиро мутобиқи касбҳою ихтисосҳои мушаххаси маълу-моти ибтидоии касбӣ ба инобат гирифта, сатҳи маълумоти ибтидоии касбиро арзёбӣ менамоянд.
6. Ҳуҷҷати маълумоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҷониби муассисаи маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ, литсейи касбӣ) дода шуда тасдиқ менамояд, ки соҳиби он барномаи асосӣ ва иловагии маълумоти касбиро бомуваффақият хатм намудааст ва ҳуқуқ дорад, ки дар дигар сатҳ таҳсилро идома диҳад ё мутобиқи тахассуси касбӣ ва ихтисоси гирифтааш фаъолияти касбиро анҷом диҳад.
7. Касб, ихтисоси маълумоти ибтидоии касбӣ-маҷмӯи донишҳо, маҳорату малакаҳои дар натиҷаи таҳсил ба даст овардашуда, ки масъалагузорӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдори касбӣ, имконияти навъҳои муайяни фаъолияти касбиро мутобиқи ихтисоси додашуда таъмин мекунад.
8. Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ, ин номгӯи танзимшудаи касбҳо, ихтисосҳои (тибқи гурӯҳҳои касбу ихтисосҳои ҳамшабеҳ дараҷабандишуда) тарбияи кадрҳо бо маълумоти ибтидоии касбӣ мебошад.
Гурӯҳи касбу ихтисосҳо дар Феҳраст бо истифода аз рақами мавқеъ, гурӯҳҳо ва Феҳрасти касбҳою ихтисосҳо рамзгузорӣ карда мешавад.
9. Тахассуси касбҳо, ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ - сатҳи таҳсил, омодагӣ ба иҷрои салоҳиятноки навъҳои муайяни фаъолият аз рӯи касбҳо ва ихтисосҳои ба даст овардашуда мебошад.
Тахассусҳои мушаххаси дар доираи касбҳо, ихтисосҳо додашавандаро ин Стандарт дар қисми талаботи давлатӣ барои ҳадди ақали нигаҳдорӣ ва сатҳи омодагии хатм муқаррар менамояд.
3. Сохтори муассисаи маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, литсейи касбӣ), ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти ибтидоии касбӣ
10. Маълумоти ибтидоии касбӣ дар сатҳҳои мазкур метавонад анҷом дода шавад: баъди маълумоти асосии умумӣ ва миёна (пурра).
11. Мӯҳлати меъёрии таҳсил дар заминаи маълумоти асосии умумӣ 3 сол, дар ихтисосҳои алоҳида - 4 сол, дар гурӯҳҳои таълимомӯзӣ бе гирифтани маълумоти миёна 1 - 2 сол ва дар заминаи маълумоти пурраи миёна аз як то ду сол мебошад.
Дар тайёрӣ ҳамчунин сатҳи зинадор иҷозат дода мешавад ва ҳар як зина бояд ба хонандагон касбомӯзӣ ва тахассусҳои таълимиро таъмин намояд ва дар худмуайянкунии касбӣ барои васеъ шудани имкониятҳо мусоидат намояд. Ба охир расидани ҳар як зинаи барномаи асосии касбии таълимгирандагон бояд дар таълими касбӣ бо мақсади амиқтар кардани дониш, таҷрибаҳои касбӣ ва азхудкунии касбҳои ҳамоҳангшуда, ихтисосҳо ё хоҳиши гирифтани ҳуҷҷати Намунаи давлатӣ бо зикр намудани касб ё ихтисосе, ки барои аз рӯи ихтисос ба кор даромадан ё ҳангоми минбъад баланд бардоштани тахассуси касбӣ давом додани таҳсил асос мебошанд, имконият диҳанд.
Барномаи мазкур тавассути аттестатсияи давлатӣ ба хатмкунанда додани тахассуси дахлдор, ки ҳуҷҷати Намунаи давлатӣ, ки онро бо зикр намудани касб, ихтисоси маълумоти ибтидоии касбӣ тасдиқ менамояд, хотима меёбад.
12. Нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии ба амал бароварандаи онҳо оиди тарбияи кадрҳо аз рӯи касбу ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ, ки ҳангоми қабули ин Стандарт амал менамоянд, бо мӯҳлатҳои таҳсили муаяншуда ба барномаи асосии маълумоти касбии мутобиқаткунанда баробар карда мешаванд.
13. Мӯҳлатҳои мушаххаси меъёрии касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ, инчунин шаклҳои ҳуҷҷатҳои Намунаи давлатӣ оид ба маълумоти ибтидоии касбиро Вазорати маориф муайян менамояд.
14. Ҳуҷҷатҳои Намунаи давлатӣ ба шахсоне, ки сатҳи муайяни маълумоти ибтидоии касбӣ ва муассисаи маълумоти ибтидоии касбиро (омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ, литсейи касбӣ), аз рӯи касбҳою ихтисосҳои ваколатдоркардашуда хатм намудаанд, дода мешаванд.
4. Талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии касбии маълумоти ибтидоии касбӣ ва шартҳои татбиқи онҳо
15. Ба Барномаҳои асосии касбии маълумоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд:
- фанҳои умумии башардустона ва ҷомеашиносӣ;
- фанҳои риёзӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ;
- фанҳои умумикасбӣ (барои гурӯҳи мазкури ихтисосҳо);
- таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ).
16. Ҳадди ақали мундариҷаи маълумоти ибтидои касбиро Стандарти давлатии таълими маълумоти ибтидои касбӣ муайян менамояд.
17. Барномаи асосии таълими касбии маълумоти ибтидоии касбӣ дар баробари фанҳои ҳатмии касбӣ бо хоҳиши хонандагон фанҳои факултативиро дарбар мегирад.
18. Агар маълумоти дуюми сатҳи мазкур дар доираи барномаҳои асосии таълими касбӣ аввалин бор гирифта шавад, он ҳамчун гирифтани маълумоти дуюми ибтидоии касбӣ ҳисобида намешавад.
19. Ба хонандагон ҳуқуқи гузаштан аз як барномаи асосии таълими касбӣ ба дигар барнома бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маълумоти ибтидоии касбӣ, ки дар соҳаи маълумоти ибтидоии касбӣ сиёсати ягонаи давлатиро муайян менамояд, дода мешавад. Ба гирифтани касбҳо, ихтисосҳои сатҳи муайян ва тахассус ба таври экстернӣ иҷозат дода мешавад.
5. Меъёрҳои умумии сарбории таълимии хонандагон дар муассисаи маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, литсейи касбӣ)
20. Ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии хонандагон, аз ҷумла ҳамаи навъҳои корҳои таълимӣ дар як ҳафта бояд аз 41 соат зиёд набошад.
21. Ҳаҷми умумии мӯҳлати таътили соли таҳсил бояд на камтар аз 11 ҳафтаро дарбар гирад, инчунин дар давраи зимистон аз ду ҳафта кам набошад.
6. Тартиби тайёр ва тасдиқ кардани талаботҳои давлатӣ нисбати ҳадди ақали мундариҷа ва сатҳи тарбияи хатмкунандагон аз рӯи касбҳо ва ихтисосҳои мушаххаси маълумоти ибтидоии касбӣ
22. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи касбу ихтисосҳои мушаххаси маълумоти ибтидоии касбӣ бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
23. Талаботҳои давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси маълумоти ибтидоии касбӣ қисми ҳамин Стандарти давлатӣ ба шумор рафта, "Стандарти давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ, талаботи давлатӣ ба ҳадди ақали мундариҷа ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон" номида мешавад. Стандарти давлатии маълумоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ҳар як касбу ихтисос алоҳида таҳия мегардад.
24. Қоидаи назорати давлатӣ оид ба Стандарти давлатии маълумоти ибтидоии касбиро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Дар сурати аз ҷониби муассисаи маълумоти ибтидоии касбӣ (омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ, литсейи касбӣ) риоя накардани талаботи Стандарти мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати он тадбирҳо андешида мешавад.
25. Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбиро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ қисми таркибии ҷудонашавандаи Стандарти мазкур мебошад.
7. Тартиби ворид намудани тағйирот ба Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ
26. Пешниҳодҳо оиди ворид намудани тағйирот ба Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд. Ба пешниҳодҳо маводҳои зерин замима карда мешаванд:
а) асосҳои аҳамияти амалии касбҳо, ихтисосҳо;
б) аломатҳои фарқкунандаи касбҳо, ихтисосҳо;
в) дурнамои рушди касбҳо, ихтисосҳо дар асоси талаботи (пешбинӣ) бозори меҳнат;
г) лоиҳаҳои талаботҳои давлатӣ бо нигоҳдории ҳадди ақал ва сатҳи омодагии хатмкунандагон.

26. Пешниҳодҳо оиди ворид намудани тағйирот ба Феҳрасти касбҳо ва ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд. Ба пешниҳодҳо маводҳои зерин замима карда мешаванд