Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 358

Санаи амалкуни: 02.11.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2002 № 358

тасдиқ шудааст

Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261, аз 02.11.2018 № 536)

1. Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Системаи ягона) барои таъмини ҳаракати бехатарӣ, сарфакорона, мунтазами ҳавоӣ ва дигар фаъолиятҳо доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) дар қаламраве, ки мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ масъулияти ташкили ҳаракати ҳавоӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, таъин гардидааст.

2. Системаи ягона аз мақомоти дахлдори ҳарбию ғайринизомии ташкилнамудаи дар асоси заминаи ягонаи меъёрию ҳуқуқӣ ва тақсимоти аниқи масъулияти ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ амалкунанда иборат аст.

Масъулияти фаъолияти мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона Мутобиқан ба зиммаи Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

3. Қарори мақомоти Системаи ягона дар доираи ҳуқуқҳои онҳо барои иҷрои он аз тарафи мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҳатмӣ мебошад.

4. Системаи ягона барои бехатарии давлат аҳамияти стратегӣ дошта, фаъолияти он мутобиқи қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё қатъ намешавад.

5. Ҳуқуқ ва муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти Системаи ягона, аз он ҷумла бо мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти хизматрасонии фазои ҳавоӣ (идоракунии парвоз) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, бо Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва Низомномаи мақомоти таъҷилии Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

6. Фаъолияти мақомоти Системаи ягона ва қоидаҳои ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ дар давраи махсус бо низомномаи махсус муайян карда мешавад.

II. Сохтори Системаи ягона

7. Системаи ягона аз мақомоти мутобиқсоз, роҳбарикунанда ва таъҷилӣ иборат аст.

8. Мақомоти мутобиқсози Системаи ягона бо мақсади мувофиқа намудани фаъолияти мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ доир ба масъалаҳои ташкили истифидабарии фазои ҳавоӣ, фаъолияткунӣ, маблағгузорӣ, навсозӣ ва инкишофи Системаи ягона таъсис дода мешавад.

9. Мақомоти мутобиқсози Системаи ягона Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

10. Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Мақомоти роҳбарикунандаи Системаи ягона аз тарафи Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани вазифаҳои иҷрокунӣ, рухсатдиҳӣ ва назоратӣ дар соҳаи ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ (дар доираи ҳуқуқҳои худ), ҳамчунин таъмини роҳбарии фаъолияти мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

Низомномаи мақомоти роҳбарикунандаи номбурдаро мутобиқан Вазири мудофиа ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

12. Мақомоти таъҷилии Системаи ягона аз тарафи Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сохторҳои муқарраршудаи фазои ҳавоӣ, тартиби иҷозатдиҳӣ, банақшагирӣ ва мутобиқсозии истифодабарии он, ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ҳамчунин назорати риояи Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

13. Ба мақомоти таъҷилии Системаи ягона тааллуқ доранд:

Маркази асосии Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МА СЯ ТҲҲ), ки аз секторҳои низомӣ ва гражданӣ иборатанд;

марказҳои минтақавии Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ СЯ ТҲҲ), ки аз секторҳои низомӣ ва (ё) гражданӣ иборатанд;

минтақаҳои ёрирасони марказҳои Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МЁМ СЯ ТҲҲ), ки аз секторҳои низомӣ (бо қарори Вазири мудофиа ҳангоми зарурат) иборатанд;

мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии фурудгоҳҳои гражданӣ, аз он ҷумла аҳамияти ҷумҳуриявидоштае, ки бо марказҳои минтақавии (минтақаҳои ёрирасонӣ) Системаи ягона ҳамҳудуданд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

Супоришҳои секторҳои ҳарбии мақомоти таъҷилӣ доир ба масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ барои секторҳои ғайринизомии мақомоти таъҷилӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҳатмӣ мебошанд.

Низомнома дар бораи мақомоти таъҷилии Системаи ягона бо фармони муштараки Вазири мудофиа ва директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

14. Ташкили бевоситаи истифодабарии фазои ҳавоӣ аз тарафи мақомоти Системаи ягона, ҳамчунин мақомоти истифодабарандагони фазои ҳавоӣ - мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) дар қитъаҳо ва Минтақаҳои барои онҳо муқарраршуда сурат мегирад.

III. Таъмини фаъолият ва инкишофи Системаи ягона

15. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои кулл ва созишномаҳо (шартномаҳо) мебанданд, ки дар онҳо тартиби ташкили корҳо ва ҳамкории байни мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона дар масъалаҳои зайл муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536):

нигаҳдошт, таъмини моддию техникӣ ва ҷойгиршавии мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона;

технологияи ягонаи корҳо ва мафҳумҳои мубодилаи радиоии ҳайати танзимкунанда;

таъмини сиёсати ягонаи техникӣ дар ҳамаи давраҳои таҳия, ташкил (ё харид) ва татбиқи воситаҳои нави техникӣ;

таҷҳизоти техникӣ ва нигаҳдошти омодагии истифодабарӣ.

Назорати амалӣ гардидани созишномаҳо (шартномаҳо) ба зиммаи комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

16. Таъминоти фаъолияту инкишофи Системаи ягона ба тариқи марказонидаи дар сатҳи давлатӣ амалӣ мегардад. Ҳуҷҷатҳои асосие, ки инкишофи Системаи ягонаро муайян мекунанд, барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

17. Маблағгузорӣ ва инкишофи Системаи ягона чунин сурат мегирад:

мақомоти ҳарбӣ - аз ҳисоби сметаи хароҷоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти ғайринизомӣ - аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои ҳавопаймоии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

18. Мутахассисони ҳарбӣ ва ғайринизомии мақомоти оперативии Системаи ягона мувофиқи стандартҳо ва барномаҳои ягонаи мувофиқашуда бояд тайёрии умумии касбӣ дошта бошанд.

Таҷрибаомӯзии мутахассисони ҳарбӣ ва ғайринизомии мақомоти таъҷилии Системаи ягона мувофиқи созишномаҳои дахлдори байни Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

19. Истифодаи воситаҳои алоқа ва таъминоти радиотехникии секторҳои ҳарбию ғайринизомии марказҳои Системаи ягона тибқи созишномаҳо (шартномаҳо) дар бораи тартиби истифодабарии воситаҳои номбурда байни қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои (корхонаҳои авиатсионии) Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

20. Таъминоти обуҳавосанҷӣ ва орнитологии мақомоти таъҷилии Системаи ягонаро инҳо амалӣ менамоянд:

дар секторҳои ҳарбии марказҳо - ҷузъу томҳои хадамоти обуҳавосанҷии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар секторҳои гражданӣ - ҷузъу томҳои хадамоти обуҳавосанҷии таъминоти парвозҳо.

21. Таъминоти маълумотҳои аэронавигатсионии мақомоти Системаи ягонаро мутобиқан Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261, аз 02.11.2018 № 536)

22. Секторҳои ҳарбию ғайринизомии мақомоти таъҷилии Системаи ягона дар ҷараёни ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ мубодилаи байниҳамдигарии маълумотҳоро (обуҳавосанҷӣ, орнитологӣ, аэронавигатсионӣ ва ғайраро) ба тариқи ройгон амалӣ месозанд.

23. Объектҳои Системаи ягона ва шахсоне, ки дар хизматрасонии ҳаракати ҳавоии авиатсияи гражданӣ иштирок мекунанд, ҳамчунин воситаҳои техникии ба ҳамин мақсад қабулшуда бояд шаҳодатнома дошта бошанд. Фаъолияти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии авиатсияи гражданӣ бояд иҷозатномаи (литсензияи) Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2002 № 358

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261, аз 02.11.2018 № 536)

1. Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи байниидоравӣ) мақомоте мебошад, ки фаъолияти мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳоро доир ба масъалаҳои ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ, фаъолияткунӣ, маблағгузорӣ, замонавӣ кардан ва инкишофи Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Системаи ягона) мутобиқ месозад.

2. Комиссияи байниидоравӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, фармонҳо ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536).

3. Ба зиммаи Комиссияи байниидоравӣ гузошта мешавад:

а) мутобиқсозии фаъолият дар доираи истифодабарии фазои ҳавоӣ аз тарафи мақомоти идоракунандаи давлатӣ, вазоратҳою идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар доираи ҳамин мақомот фаъолият мекунанд, ҳамчунин ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ;

б) мутобиқгардонӣ ва назорати фаъолияти мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ доир ба таъминоту истифодабарии Системаи ягона;

в) ташкили чорабиниҳо доир ба тақсимоти оқилонаи фазои ҳавоӣ ба манфиати иқтисодиёт, мудофиа ва амнияти давлат, таъмини хизматрасонии муттасили ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо);

г) назорати фаъолияти мақомоти Системаи ягона;

д) назорати ҳолати техникии таҷдиди аслиҳа, замонавӣ кардану инкишоф додани Системаи ягона;

е) тайёр намудани таклифҳо дар бораи тартиби гузаштани Системаи ягона аз замони осоишта ба ҳолати ҷангӣ.

4. Комиссияи байниидоравӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:

а) дар доираи ҳуқуқҳои худ қарорҳое қабул мекунад, ки барои мутобиқ сохтани фаъолияти мақомоти идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо дар доираи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва фаъолияти Системаи ягона заруранд;

б) таклифҳоро доир ба бартарияти самти инкишофи мақомоти Системаи ягона баррасӣ менамояд;

в) таклифҳоро доир ба такмили сохтори фазои ҳавоӣ, қоидаҳои истифодабарии он баррасӣ намуда, онҳоро ба тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

г) таклифҳоро доир ба такмили шакл ва усулҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунин парвозҳо) баррасӣ менамояд;

д) консепсияи инкишоф, барномаҳо ва нақшаҳои таҷҳизонидани мақомоти Системаи ягонаро бо воситаҳои техникии алоқа ва автоматикӣ, воситаҳои радиотехникӣ баррасӣ менамояд;

е) тадқиқотҳои илмиро доир ба масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ, замонавӣ кардану инкишофи Системаи ягона мутобиқ месозад;

ж) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаҳое, ки ба идоракунии Комиссияи байниидоравӣ мансубанд, таҳлил ва дар амал татбиқ намуда, оиди мукаммалгардонии он таклифҳо таҳия карда, пешниҳод менамояд;

з) нақшаҳои ҳамкории мақомоти Системаи ягонаро бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо баррасӣ ва саҳеҳ мегардонад.

5. Комиссияи байниидоравӣ барои ҳалли масъалаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

а) барои иштирок дар корҳо, аз ҷумла барои гузаронидани машваратҳо ва ташхисҳо намояндагони мақомоти идоракунандаи давлатӣ, мутахасисони соҳибихтисосро ҷалб намояд;

б) ба мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, ба корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳо дар бораи гузаронидани маҷмӯи тадқиқотҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ, ҳамчунин дар бораи қатъ намудани коркард, истеҳсол ё хариди воситаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо), ки ба талаботи ягонаи сиёсати техникӣ ҷавобгӯй нестанд, таклифҳо фиристонад;

в) аз рӯи иҷроиши қарорҳои Комиссияи байниидоравӣ аз тарафи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ назорат кунад ва аз онҳо ҳуҷҷатҳою маводҳои заруриро доир ба масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) дархост намояд;

г) таклифҳоро дар бораи ҷалби мақомоти идории хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва истифодаи воситаҳои радиотехникию дигар воситаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) барои ташкили истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, қарор қабул намояд;

д) бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳое, ки ҳаллӣ онро талаб мекунанд, таклифҳо пешниҳод намояд.

6. Комиссияи байниидоравиро Раисии Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 261).

7. Маҷлисҳои Комиссияи байниидоравӣ мувофиқи зарурият, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар давраи байни маҷлисҳо вазифаи ӯро Раёсат иҷро мекунад. Низомномаи Раёсат ва ҳайати онро Раиси Комиссияи байниидоравӣ тасдиқ мекунад.

8. Маҷлисҳои Комиссияи байниидоравӣ ва Раёсати он ҳангоми иштирок доштани аз нисф зиёди аъзоёни онҳо салоҳиятдор ҳисобида мешаванд.

9. Дар сурати бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани яке аз аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) ақидаи ӯро доир ба масъалаи баррасишаванда намояндае, ки бояд ваколати хаттии тасдиқшудаи худро дошта бошад, баён менамояд.

10. Дар ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои мақомоти идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилотҳо дахл доранд, иштироки намояндагони онҳо ҳатмист.

11. Қарорҳои дар ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) қабулшаванда бо протоколҳое, ки аз ҷониби раисикунанда имзо мешаванд, тартиб дода мешаванд.

12. Комиссияи байниндоравӣ (Раёсат) қарорҳоро бо роҳи овоздиҳии ошкоро қабул менамояд. Қарор ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар онро аъзоёни Комиссияи байниидоравии (Раёсати) дар ҷаласа ҳозирбуда бо аксарияти овозҳо дастгирӣ намоянд.

13. Қарори Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) доир ба масъалаҳои ҳуқуқҳои он барои ҳамаи мақомоти ба он пешниҳодшуда, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳое, ки дар доираи идоракунии ин мақомот амал мекунанд, ҳамчунин ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Қарори Комиссияи байниидоравӣ дар шакли қарор бароварда мешавад. Протоколҳои Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) ва протоколҳои ҷаласаҳо ба аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ фиристода мешаванд, то ки қарори қабулшуда ба истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои ба онҳо тааллуқдошта) расонида шавад.

14. Таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияи байниидоравиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи мукотиба бо мақомоти идоракунандаи давлатӣ дар масъалаҳои ба ҳуқуқҳои Комиссияи байниидоравӣ тааллуқдоштаро дорад, амалӣ месозад.

15. Комиссияи байниидоравӣ дорои варақаҳо ва мӯҳри намунаи муқарраршуда мебошад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2013, №261

тасдиқ шудааст

ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ДОИР БА ИСТИФОДАБАРИИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536)

Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси комиссия);

директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (назораткунандаи авиатсияи гражданӣ) (муовини раиси комиссия)(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536);

муовини якуми Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарситод (муовини раиси комиссия);

муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(узви комиссия)(қарори Ҳукумати ҶТ  аз 02.11.2018 № 536);

Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" (узви комиссия);

муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия);

сардори Раёсати алоқа ва технологияи иттилоотии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (узви комиссия).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2002 № 358

тасдиқ шудааст

Низомномаи системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Системаи ягона) барои таъмини ҳаракати бехатарӣ, сарфакорона, мунтазами ҳавоӣ ва дигар фаъолиятҳо доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) дар қаламраве, ки мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ масъулияти ташкили ҳаракати ҳавоӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, таъин гардидааст.

2. Системаи ягона аз мақомоти дахлдори ҳарбию ғайринизомии ташкилнамудаи дар асоси заминаи ягонаи меъёрию ҳуқуқӣ ва тақсимоти аниқи масъулияти ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ амалкунанда иборат аст.

Масъулияти фаъолияти мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона Мутобиқан ба зиммаи Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

3. Қарори мақомоти Системаи ягона дар доираи ҳуқуқҳои онҳо барои иҷрои он аз тарафи мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҳатмӣ мебошад.

4. Системаи ягона барои бехатарии давлат аҳамияти стратегӣ дошта, фаъолияти он мутобиқи қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё қатъ намешавад.

5. Ҳуқуқ ва муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти Системаи ягона, аз он ҷумла бо мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти хизматрасонии фазои ҳавоӣ (идоракунии парвоз) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, бо Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома ва Низомномаи мақомоти таъҷилии Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

6. Фаъолияти мақомоти Системаи ягона ва қоидаҳои ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ дар давраи махсус бо низомномаи махсус муайян карда мешавад.

II. Сохтори Системаи ягона

7. Системаи ягона аз мақомоти мутобиқсоз, роҳбарикунанда ва таъҷилӣ иборат аст.

8. Мақомоти мутобиқсози Системаи ягона бо мақсади мувофиқа намудани фаъолияти мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвоз) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ доир ба масъалаҳои ташкили истифидабарии фазои ҳавоӣ, фаъолияткунӣ, маблағгузорӣ, навсозӣ ва инкишофи Системаи ягона таъсис дода мешавад.

9. Мақомоти мутобиқсози Системаи ягона Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

10. Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Мақомоти роҳбарикунандаи Системаи ягона аз тарафи Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани вазифаҳои иҷрокунӣ, рухсатдиҳӣ ва назоратӣ дар соҳаи ташкили истифодаи фазои ҳавоӣ (дар доираи ҳуқуқҳои худ), ҳамчунин таъмини роҳбарии фаъолияти мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона таъсис дода мешавад.

Низомномаи мақомоти роҳбарикунандаи номбурдаро мутобиқан Вазири мудофиа ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.

12. Мақомоти таъҷилии Системаи ягона аз тарафи Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сохторҳои муқарраршудаи фазои ҳавоӣ, тартиби иҷозатдиҳӣ, банақшагирӣ ва мутобиқсозии истифодабарии он, ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ҳамчунин назорати риояи Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

13. Ба мақомоти таъҷилии Системаи ягона тааллуқ доранд:

Маркази асосии Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МА СЯ ТҲҲ), ки аз секторҳои низомӣ ва гражданӣ иборатанд;

марказҳои минтақавии Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ СЯ ТҲҲ), ки аз секторҳои низомӣ ва (ё) гражданӣ иборатанд;

минтақаҳои ёрирасони марказҳои Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МЁМ СЯ ТҲҲ), ки аз секторҳои низомӣ (бо қарори Вазири мудофиа ҳангоми зарурат) иборатанд;

мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии аэропортҳои авиатсияи гражданӣ, аз он ҷумла аҳамияти ҷумҳуриявидоштае, ки бо марказҳои минтақавии (минтақаҳои ёрирасонӣ) Системаи ягона ҳамҳудуданд.

Супоришҳои секторҳои ҳарбии мақомоти таъҷилӣ доир ба масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ барои секторҳои ғайринизомии мақомоти таъҷилӣ, мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ҳатмӣ мебошанд.

Низомнома дар бораи мақомоти таъҷилии Системаи ягона бо фармони муштараки Вазири мудофиа ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

14. Ташкили бевоситаи истифодабарии фазои ҳавоӣ аз тарафи мақомоти Системаи ягона, ҳамчунин мақомоти истифодабарандагони фазои ҳавоӣ - мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) дар қитъаҳо ва Минтақаҳои барои онҳо муқарраршуда сурат мегирад.

III. Таъмини фаъолият ва инкишофи Системаи ягона

15. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои кулл ва созишномаҳо (шартномаҳо) мебанданд, ки дар онҳо тартиби ташкили корҳо ва ҳамкории байни мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона дар масъалаҳои зайл муайян карда мешаванд:

нигаҳдошт, таъмини моддию техникӣ ва ҷойгиршавии мақомоти ҳарбию ғайринизомии Системаи ягона;

технологияи ягонаи корҳо ва мафҳумҳои мубодилаи радиоии ҳайати танзимкунанда;

таъмини сиёсати ягонаи техникӣ дар ҳамаи давраҳои таҳия, ташкил (ё харид) ва татбиқи воситаҳои нави техникӣ;

таҷҳизоти техникӣ ва нигаҳдошти омодагии истифодабарӣ.

Назорати амалӣ гардидани созишномаҳо (шартномаҳо) ба зиммаи комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

16. Таъминоти фаъолияту инкишофи Системаи ягона ба тариқи марказонидаи дар сатҳи давлатӣ амалӣ мегардад. Ҳуҷҷатҳои асосие, ки инкишофи Системаи ягонаро муайян мекунанд, барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

17. Маблағгузорӣ ва инкишофи Системаи ягона чунин сурат мегирад:

мақомоти ҳарбӣ - аз ҳисоби сметаи хароҷоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти ғайринизомӣ - аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои ҳавопаймоии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

18. Мутахассисони ҳарбӣ ва ғайринизомии мақомоти оперативии Системаи ягона мувофиқи стандартҳо ва барномаҳои ягонаи мувофиқашуда бояд тайёрии умумии касбӣ дошта бошанд.

Таҷрибаомӯзии мутахассисони ҳарбӣ ва ғайринизомии мақомоти таъҷилии Системаи ягона мувофиқи созишномаҳои дахлдори байни Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

19. Истифодаи воситаҳои алоқа ва таъминоти радиотехникии секторҳои ҳарбию ғайринизомии марказҳои Системаи ягона тибқи созишномаҳо (шартномаҳо) дар бораи тартиби истифодабарии воситаҳои номбурда байни қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои (корхонаҳои авиатсионии) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

20. Таъминоти обуҳавосанҷӣ ва орнитологии мақомоти таъҷилии Системаи ягонаро инҳо амалӣ менамоянд:

дар секторҳои ҳарбии марказҳо - ҷузъу томҳои хадамоти обуҳавосанҷии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар секторҳои гражданӣ - ҷузъу томҳои хадамоти обуҳавосанҷии таъминоти парвозҳо.

21. Таъминоти маълумотҳои аэронавигатсионии мақомоти Системаи ягонаро мутобиқан Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти (Департаменти авиатсияи ғайринизомии) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.

22. Секторҳои ҳарбию ғайринизомии мақомоти таъҷилии Системаи ягона дар ҷараёни ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ мубодилаи байниҳамдигарии маълумотҳоро (обуҳавосанҷӣ, орнитологӣ, аэронавигатсионӣ ва ғайраро) ба тариқи ройгон амалӣ месозанд.

23. Объектҳои Системаи ягона ва шахсоне, ки дар хизматрасонии ҳаракати ҳавоии авиатсияи гражданӣ иштирок мекунанд, ҳамчунин воситаҳои техникии ба ҳамин мақсад қабулшуда бояд шаҳодатнома дошта бошанд. Фаъолияти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии авиатсияи гражданӣ бояд иҷозатномаи (литсензияи) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2002 № 358

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи байниидоравӣ) мақомоте мебошад, ки фаъолияти мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳоро доир ба масъалаҳои ташкили истифодабарии фазои ҳавоӣ, фаъолияткунӣ, маблағгузорӣ, замонавӣ кардан ва инкишофи Системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Системаи ягона) мутобиқ месозад.

2. Комиссияи байниидоравӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, фармонҳо ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Ба зиммаи Комиссияи байниидоравӣ гузошта мешавад:

а) мутобиқсозии фаъолият дар доираи истифодабарии фазои ҳавоӣ аз тарафи мақомоти идоракунандаи давлатӣ, вазоратҳою идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар доираи ҳамин мақомот фаъолият мекунанд, ҳамчунин ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ;

б) мутобиқгардонӣ ва назорати фаъолияти мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ доир ба таъминоту истифодабарии Системаи ягона;

в) ташкили чорабиниҳо доир ба тақсимоти оқилонаи фазои ҳавоӣ ба манфиати иқтисодиёт, мудофиа ва амнияти давлат, таъмини хизматрасонии муттасили ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо);

г) назорати фаъолияти мақомоти Системаи ягона;

д) назорати ҳолати техникии таҷдиди аслиҳа, замонавӣ кардану инкишоф додани Системаи ягона;

е) тайёр намудани таклифҳо дар бораи тартиби гузаштани Системаи ягона аз замони осоишта ба ҳолати ҷангӣ.

4. Комиссияи байниидоравӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:

а) дар доираи ҳуқуқҳои худ қарорҳое қабул мекунад, ки барои мутобиқ сохтани фаъолияти мақомоти идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо дар доираи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва фаъолияти Системаи ягона заруранд;

б) таклифҳоро доир ба бартарияти самти инкишофи мақомоти Системаи ягона баррасӣ менамояд;

в) таклифҳоро доир ба такмили сохтори фазои ҳавоӣ, қоидаҳои истифодабарии он баррасӣ намуда, онҳоро ба тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

г) таклифҳоро доир ба такмили шакл ва усулҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунин парвозҳо) баррасӣ менамояд;

д) консепсияи инкишоф, барномаҳо ва нақшаҳои таҷҳизонидани мақомоти Системаи ягонаро бо воситаҳои техникии алоқа ва автоматикӣ, воситаҳои радиотехникӣ баррасӣ менамояд;

е) тадқиқотҳои илмиро доир ба масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ, замонавӣ кардану инкишофи Системаи ягона мутобиқ месозад;

ж) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаҳое, ки ба идоракунии Комиссияи байниидоравӣ мансубанд, таҳлил ва дар амал татбиқ намуда, оиди мукаммалгардонии он таклифҳо таҳия карда, пешниҳод менамояд;

з) нақшаҳои ҳамкории мақомоти Системаи ягонаро бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо баррасӣ ва саҳеҳ мегардонад.

5. Комиссияи байниидоравӣ барои ҳалли масъалаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

а) барои иштирок дар корҳо, аз ҷумла барои гузаронидани машваратҳо ва ташхисҳо намояндагони мақомоти идоракунандаи давлатӣ, мутахасисони соҳибихтисосро ҷалб намояд;

б) ба мақомоти дахлдори идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, ба корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳо дар бораи гузаронидани маҷмӯи тадқиқотҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ, ҳамчунин дар бораи қатъ намудани коркард, истеҳсол ё хариди воситаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо), ки ба талаботи ягонаи сиёсати техникӣ ҷавобгӯй нестанд, таклифҳо фиристонад;

в) аз рӯи иҷроиши қарорҳои Комиссияи байниидоравӣ аз тарафи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ назорат кунад ва аз онҳо ҳуҷҷатҳою маводҳои заруриро доир ба масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) дархост намояд;

г) таклифҳоро дар бораи ҷалби мақомоти идории хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) ва истифодаи воситаҳои радиотехникию дигар воситаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо) барои ташкили истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, қарор қабул намояд;

д) бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳое, ки ҳаллӣ онро талаб мекунанд, таклифҳо пешниҳод намояд.

6. Комиссияи байниидоравиро Раисии Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.

7. Маҷлисҳои Комиссияи байниидоравӣ мувофиқи зарурият, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар давраи байни маҷлисҳо вазифаи ӯро Раёсат иҷро мекунад. Низомномаи Раёсат ва ҳайати онро Раиси Комиссияи байниидоравӣ тасдиқ мекунад.

8. Маҷлисҳои Комиссияи байниидоравӣ ва Раёсати он ҳангоми иштирок доштани аз нисф зиёди аъзоёни онҳо салоҳиятдор ҳисобида мешаванд.

9. Дар сурати бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани яке аз аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) ақидаи ӯро доир ба масъалаи баррасишаванда намояндае, ки бояд ваколати хаттии тасдиқшудаи худро дошта бошад, баён менамояд.

10. Дар ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои мақомоти идоракунандаи давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилотҳо дахл доранд, иштироки намояндагони онҳо ҳатмист.

11. Қарорҳои дар ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) қабулшаванда бо протоколҳое, ки аз ҷониби раисикунанда имзо мешаванд, тартиб дода мешаванд.

12. Комиссияи байниндоравӣ (Раёсат) қарорҳоро бо роҳи овоздиҳии ошкоро қабул менамояд. Қарор ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар онро аъзоёни Комиссияи байниидоравии (Раёсати) дар ҷаласа ҳозирбуда бо аксарияти овозҳо дастгирӣ намоянд.

13. Қарори Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) доир ба масъалаҳои ҳуқуқҳои он барои ҳамаи мақомоти ба он пешниҳодшуда, вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳое, ки дар доираи идоракунии ин мақомот амал мекунанд, ҳамчунин ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Қарори Комиссияи байниидоравӣ дар шакли қарор бароварда мешавад. Протоколҳои Комиссияи байниидоравӣ (Раёсат) ва протоколҳои ҷаласаҳо ба аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ фиристода мешаванд, то ки қарори қабулшуда ба истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои ба онҳо тааллуқдошта) расонида шавад.

14. Таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияи байниидоравиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи мукотиба бо мақомоти идоракунандаи давлатӣ дар масъалаҳои ба ҳуқуқҳои Комиссияи байниидоравӣ тааллуқдоштаро дорад, амалӣ месозад.

15. Комиссияи байниидоравӣ дорои варақаҳо ва мӯҳри намунаи муқарраршуда мебошад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2002 № 358

тасдиқ шудааст

Ҳайати Комиссияи байниидоравӣ доир ба истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Комиссия)

Сардори Департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Комиссия)

Сардори ситоди Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Комиссия)

Сардори шӯъбаи ташкилии ҳаракати ҳавоии Департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёт (муовини раиси Комиссия)

Сардори ситоди Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Комиссия)

Сардори кулли Ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон" (муовини раиси Комиссия)

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзои Комиссия)

Муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзои Комиссия)

Муовиви Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзои Комиссия)

Муовини сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзои Комиссия)

Сардори Раёсати алоқаи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзои Комиссия)

Сардори хадамоти ҳаракати Ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон" (аъзои Комиссия)

Сардори пойгоҳи истифодабарии таҷҳизоти радиотехникӣ ва алоқаи Ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон" (аъзои Комиссия)

Сардори Саридораи бодуҳавосанҷии Тоҷикистон (аъзои Комиссия).