Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
I. Ба Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардонӣ дар музояда ва тендер" тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1.Ба банди 19 баъд аз калимаи "муқаррар мекунад" калимаҳои "на камтар аз арзиши фонди Оинномавии объекти фурӯш дар рӯзи гузаронидани савдо" илова карда шавад;
2.Банди 21 дар таҳрири зайл ифода гардад:
"Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда ё тендер барои ҳамаи лифофаҳо (лотҳо) ба миқдори баробар муқаррар мегардад ва наметавонад аз андозаи зерин кам бошад:
- баробари 500 (панҷсад) доллари ШМА дар сурати фурӯши саҳмияҳо ва комплекси амвол;
- баробари 50 (панҷоҳ) доллари ШМА дар сурати фурӯши мошин, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти ягона, ки арзиши балансии онҳо маблағи камтар аз 500 (панҷсад) доллари ШМА-ро ташкил медиҳад;
3. Банди 26 дар таҳрири зайл ифода гардад:
"Ахбори иттилоотӣ дар бораи гузаронидани музояда ё тендер бояд на камтар аз ду маротиба, зимнан маротибаи аввал на камтар аз сӣ рӯзи тақвимӣ то рӯзи гузаронидани музояда ё тендер, маротибаи дуюм бошад, дар фосилаи байни рӯзҳои бистум ва чордаҳуми санаи муқарраргардидаи гузаронидани музояда ё тендер ба забонҳои давлатӣ ва русӣ дар рузномаҳои умумиҷумҳуриявӣ, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ паҳн мегарданд, оид ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва дар нашрияҳои маҳаллӣ бошад, оид ба объектҳои моликияти коммуналӣ интишор ебанд, инчунин иттилооти иловагӣ метавонад дар воситаҳои электронии ахбори омма дарҷ гардад;
4. Дар банди 41 калимаҳои "на камтар аз панҷ рӯзи бонкӣ" ба калимахои "на камтар аз даҳ рӯзи бонкӣ" иваз карда шавад.
II. Дар ном ва банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 7 сентябри соли 2001 № 419 "Дар бораи Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "Регламенти" ба калимаи "Дастури", иваз карда шавад.
III.Ба Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 №419 "Дар бораи Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни санад калимаи "Регламенти" ба калимаи "Дастури", калимаи "Регламент" ба калимаи "Дастур" иваз карда шаванд.
2. Ба банди 10 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз аз рӯзи воридшавии онҳо хулосаи расмии хаттӣ пешниҳод намояд.".
3. Ба банди 25 тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Дар маҷлисҳои Ҳукумат Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони идораҳо, дигар шахсони мансабдор, ки маърӯзачии масъалаи ба баррасии маҷлиси Ҳукумат пешниҳодшуда ба ҳисоб мераванд, даъват карда мешаванд";
- сархати сеюм сархати чорум ҳисобида шуда, он дар таҳрири зайл ифода карда шавад.
"Дар асоси пешниҳоди воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлисҳои Ҳукумат мумкин аст шахсоии дигари мансабдор вобаста ба баррасии масъалаҳои муҳим ҳангоми гузаронидани маҷлис дар ҳайати васеъ ё дар ҳолате, ки дар марҳилаи таҳия ва мувофиқаи масъалаҳои вобаста ба онҳо ихтилофи назар ба миён омадааст, даъват карда шаванд".
IV. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001 № 455 "Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ ва тасдиқи Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомие, ки мутобиқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд" чунин тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд;
1. Сархатҳои панҷум ва шашум дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
- "Муовини Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- "Муовини Мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";
2. Сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
V. Банди 6 Замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 607 ва банди I қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2002 № 247 хориҷ карда шаванд.
VI. Ба Нақшаи идораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7. Нашрияи "Айём" ("Саноати Тоҷикистон")".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2002 № 513
ш. Душанбе