Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 399 "Дар бораи Номгӯи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 399 "Дар бораи Номгӯи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Даъватшавандагоне, ки барои тайёр намудан бо ихтисоси ронандаи воситаи нақлиёт ба муассисаҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиа ҷалб карда мешаванд, аз пардохти боҷ барои муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ва хизматрасониҳои пулакии ба ин вобастабудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ озод мебошанд."
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 129
ш. Душанбе