Низомномаи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа аз 3 сентябри соли 1998, № 356

Санаи амалкуни: 17.02.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2018 № 518 аз эътибор соқит дониста шавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 сентябри соли 1998 № 356

тасдиқ шудааст

Низомномаи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.01с. № 77)

1. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти амаликунандаи ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар соҳаи фаъолиятҳои иқтисоди хориҷи ва таъминкунандаи иштироки самараноки Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналхалқии иқтисоди ба ҳисоб меравад.

Намояндагии тиҷорати зимни фаъолиятҳои хеш қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрию ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

2. Вазифаҳои асосии Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст:

а) пешниҳоди манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари қарордошта аз рӯи тамоми масъалаҳои фаъолиятҳои иқтисоди хориҷи ва таъмини ҳифзи онҳо;

б) анҷоми сиёсати самараноки иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор;

в) мусоидат дар кори инкишофи робитаҳои иқтисоди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои муқими онҳо, такмили сохторҳои савдои хориҷи, амали намудани шаклҳои нави муносибатҳои тиҷоратию иқтисоди;

г) амали намудании назорат дар мавриди аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои давлати, кооперативи ва дигар ташкилотҳо, соҳибкорони хусуси, ки минбаъд "иштирокчиёни робитаҳои иқтисоди хориҷи" номида хоҳанд шуд, риоя гардидани манфиатҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои иқтисоди хориҷи аз тарафи онҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар кишвари, муқим.

д) дар кишвари муқим ҳифзи манфиатҳои иқтисодии "иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷи"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани ёрии ҳамаҷониба ба онҳо дар анҷоми фаъолиятҳои иқтисодии хориҷи, тараққии самт ва шаклҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисоди ва илмию техники ба мисли барқарор намудани алоқаҳои бевосита, ташкили муассисаҳои муштарак, хизматрасониҳо ширкатҳои инжиниринги, тиҷорати рекламави ва дигар фирмаҳо, иштирок дар ҷамъиятҳои омехта (саҳоми) дар тадбиқи кооператсияи истеҳсоли ва сармоягузории Тоҷикистон дар хориҷа;

е) тартиб додани пешниҳодот дар мавриди бунёди корхонаҳо (объектҳо), бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи онҳо, таъмини шароит барои фаъолияти самараноки онҳо;

ж) иштирок дар тартибдиҳи ва бастани қарордодҳои байналхалқи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои муқими намояндаги оид ба масъалаҳои робитаҳои иқтисодии хориҷи, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисоди, тиҷорати, илмию техники ва назорати иҷрои онҳо;

з) ҳифзи манфиатҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқи байналхалқи;

и) намояндагии тиҷорати масъулияти иҷрои созишномаҳои тиҷоратии иқтисодии ба имзорасида бо кишвари муқими намояндаги ва риояи ҳатмии манфиатҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.

3. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ваколатҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида метавонад вазифаҳои дар моддаи 2 зикргардидаро дар кишварҳои сеюм бо ризоияти ҳукуматҳои салоҳиятдори онҳо анҷом диҳад.

Дар кишварҳое, ки намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад, кору вазифаҳои онро мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар ҷадвали штатии Сафорати дахлдор пешбини шуда бошад, анҷом медиҳад.

4. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордодҳои байналхалқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари муқими намояндаги ба имзо расида, ташкил карда мешавад.

5. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда:

а) корҳоро оид ба тадбиқи сиёсати иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари муқими намояндаги, ташкили шароити мусоид мутобиқ бо манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми масъалаҳои фаъолиятҳои иқтисоди хориҷи анҷом медиҳад;

б) шарту шароити умумии иқтисоди, нақшаю барномаи рушди иқтисоди, ҳолати асъорию молии кишвари муқими намояндаги, рушди робитаҳои иқтисоди хориҷии он, қонунгузориҳои соҳаи фаъолиятҳои иқтисодии хориҷи, меъёрҳои экологи, вазъи бозори молҳо ва хизматрасониҳо, инчунин дигар хусусиятҳои робитаҳои иқтисодии хориҷиро бо ин кишвар меомӯзад ва аз рӯи ин масъалаҳо ба Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад;

в) ба ташкилоту муассиҳои кишвари муқими намояндаги дар бораи шароити, экологи, иқтисодиву иҷтимои ва тиҷорати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи қонунгузории ҷумҳурияви дар соҳаи фаъолиятҳои иқтисодии хориҷи хабар медиҳад;

г) ҷамъовари ва таҳлили маълумотҳоро аз иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаърлиятҳои иқтисодии хориҷии онҳо дар кишвари муқими намояидаги амали менамояд;

д) риоя гардидани талаботи экологиро ҳангоми тартиб додани шартҳои харид назорат менамояд;

е) дар кишвари муқими намояндаги аз тарафи иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя гардидани манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузориҳои ҷумҳури оид ба фаъолиятҳои иқтисодии хориҷиро бе мудохила бо амалҳои фаври ба онҳо назорат менамояд;

ж) ба иштирокчиёни робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор ва рушди шаклҳои нави ҳамкориҳои иқтисодии хориҷи, гузаронидани гуфтушнидҳо, бастану иҷрои қарордодҳои тиҷоратии хориҷи дар кишвари муқими намояндаги ёрии зарури мерасонанд;

з) дар кори комиссияи байниҳукумати ва кумитаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисоди ва илмию техники, ташкилотҳои байналхалқии иқтисоди ва мақомоти кории онҳо дар қисмати иқтисоди хориҷи иштирок менамоянд;

и) системаи дар кишвари муқими намояндаги амалкунандаи сертификатсия ва истифодабарии стандартҳои ташкилотҳои байналхалқи, масъалаҳои идораи сифатиро меомӯзад, аз ҷумла сифат ва рақобатнокии молҳо ва хизматрасониҳои Тоҷикистон аз рӯи ин масъалаҳо ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар ва маълумот медиҳад ва инчунин пешниҳодотро ба мақсади боло бурдани сатҳи техники ва рақобатнокии маҳсулот баён медорад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.01с. № 77);

к) дар баргузории намоишгоҳҳои миллию тиҷоратию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки ташкилотҳои иқтисодии хориҷи ва дигар ташкилотҳои хоҷагии тоҷик дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналхалқи дар кишвари муқими намояндаги мусоидат намуда, кори иштирокдорони Тоҷикистонро дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналхалқи дар ин кишварҳо ҳамоҳанг месозад;

л) вобаста ба ҷалб ва иштироки фирмаҳою ташкилотҳои кишвари муқими намояндаги дар намоишгоҳ ва ярмаркаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади намоиши намудҳои навтарини мошинҳо, таҷҳизот, маҳсулот ва технологияи баргузоргардида, корҳо анҷом медиҳад.

Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳоро низ мутобиқи қонунгузориҳо ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад.

6. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз номи худ ва бо супориши Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилот ва дигар амалҳои ҳуқуқи барои анҷоми вазифаҳои ба зимааш гузошташудаи заруриро амали намояд, дар мурофиаҳои суди ҳамчун даъвогар ва ё намояндаи даъвогар баромад кунад. Ба сифати ҷавобгар намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаҳои суди метавонад танҳо дар сурати ба амал омадани баҳсҳо ҳангоми муомилот ва дигар амалҳои ҳуқуқии Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари қарордошта баромад намояд, яъне танҳо ҳамон кишваре, ки нисбати онҳо Тоҷикистон дар шартномаҳои байналхалқи ё аз тариқи изҳороти якҷонибаи ба маълумоти мақомоти салоҳиятноки кишвари муқими намояндаги расонидашуда, ризоияти худро ба итоати Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қоидаҳои кишвари муқими намояндаги оид ба ин баҳсҳо дода бошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.01с.№ 77).

Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагидори иқтисоди хориҷии тоҷикистони ҷавобгар нест ва инчунин ташкилотҳои хоҷагидори иқтисодии хориҷии тоҷик низ ба ӯҳдадориҳои Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар нестанд.

7. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот бо дарназардошти ифодаи зарурати манфиатҳои иштирокдорони фаъолиятҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бозори кишварҳои муқими намояндаги фаъолона иштирок мекунанд, намояндагии тиҷорати таъсис медиҳад, сохтори онро муайян мекунад, инчунин штати онро такмил медиҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.01с. № 77).

Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари муқими намояндаги ба ҳисоб меравад.

Дар сурате ки дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда бошад, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинҳои он аз имтиёзҳо ва салоҳиятҳои дипломати истифода мекунанд.

Вазоратҳо, идораҳо, идтиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳо дар сурати зарурат намояндаҳои манфиатҳои иқтисодии хориҷии худро дар хориҷа аз тариқи ба сафари хизмати равон намудан ва ё намояндагиҳояшонро ба кор дар ҳайат ва ё назди намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби худашон таъмин менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.01с. № 77).

8. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тавсияи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифааш озод мегардад, роҳбари карда мешавад. Мӯҳлати иқомати доимии он дар кор дар хориҷа дар як кишвар тибқи қоида на бештар аз панҷ сол муқаррар мегардад. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи моддаи алоҳида бо тариқи давра муайян намудани самаранокии фаъолият ва дигар шаклҳои таъмини фаъолият, бо дарназардошти асноди меъёрию ҳуқуқии ҷумҳури, маблағгузори мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.01с.№ 77).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарури ба намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои иоваги медиҳад.

9. Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар кишвари қарордоштааш шӯъбаҳои худро дошта бошад. Ташкили онҳо дар асоси шартномаҳои басташуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари муқими намояндаги ва ё дигар мувофиқатномаҳои бо мақомоти салоҳиятноки ин кишвар ба даст омада, амали мегардад.