ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси базаҳои технологӣ ва сертификатсияи сифати техникаи автомобилӣ дар нақлиёти автомобилӣ
(Қарор Ҳукумати ҶТ аз 7.11.2003с. № 486)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт", бо мақсади назорат ва танзими фаъолияти нақлиети автомобили сарфи назар аз шакли моликият, ташкил додани сертификатҳои сифати техникии воситаҳои нақлиёт, таъсиси базаҳои технологӣ ва илмию техникӣ оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси базаҳои технологии зерин аз рчи принсипи минтақави маъқул дониста шавад:
-минтақаи Душанбе - Ҷамъиятҳои саҳомии "Муассисаи нақлиёти автомобилии-6", "Дизел", "Автоколоннаи -2927", "Муассисаи нақлиёти автомобилии-28" ва муассисаи иҷоравии "Автобус";
-минтақаи Қчрғонтеппа-Ҷамъиятҳои саҳомии "Хатлонтранс", "Муассисаи нақлиёти автомобилии-19";
-минтақаи Евон - Ҷамъияти саҳомии "Муассисаи нақлиёти автомобилии-25";
-минтақаи Кулоб - Ҷамъияти саҳомии "Муассисаи нақлиёти автомобилии -12", Муассисаи махсусгардонидашудаи автомобилии № 52;
-минтақаи Ғарм - Ҷамъияти саҳомии "Муассисаи нақлиети автомобилии -9";
-минтақаи Ленинобод - Ҷамъияти саҳомии "Муассисаи нақлиёти автомобилии-32,, "Ҳаракат", "Муассисаи нақлиёти автомобилии -35", "Даврон", "Муассисаи нақлиёти автомобилии -39", "Муассисаи нақлиёти автомобилии -36".
2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-фаъолияти базаҳои технологиро барои таҳияи санадҳои меъёрие, ки кори самараноки нақлиёти автомобили ва гузаронидани корҳои санҷишию озмоиши ва таҷрибавию тадқиқотиро таъмин мекунанд, равона намояд;
-якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор лоиҳаи Низомномаи тартиби додани сертификатҳои сифати техникаи автомобилиро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Сархати 3 бекор карда шуд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 9 ноябри соли 2000 № 457
ш. Душанбе