ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Дар бораи тибби халқӣ"
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 269 аз 31.12.2008 № 475)
БОБИ I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи тибби халқӣ муайян намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро ҳангоми амалӣ намудани ин фаъолият танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби халқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби халқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
тибби халқӣ - бахши соҳаи тандурустӣ, ки усулҳои солимгардонии аҳолӣ, пешгирии касалиҳо, ташхис ва табобати аз дониш, малака ва таҷрибаи давраҳои қадим ба даст омада ва бо анъанаҳои халқӣ муқарраргардидаро истифода мебарад;
табиби халқӣ - шахсе, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ дошта, солимгардонии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобатро бо усулҳо ва маводҳои дорувории тибби халқӣ амалӣ мегардонад ;
маводҳои дорувории тибби халқӣ - маводи аз наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва дигар маводи барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва солимгардонӣ истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
шаҳодатномаи табиби халқӣ - ҳуҷҷат оид ба сатҳи таҳсилот, тахассусгирӣ ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти касби, дода мешавад .
БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНЕ, КИ БА ТИББИ ХАЛҚӢ МАШҒУЛАНД
Моддаи 4. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд
Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ёрии тибби халқӣ расонанд;
- усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода баранд;
- ба табобати беморон баъди бо усулҳои тибби муосир, ки тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ шудаанд, маълум гаштани натиҷаи ташхис, машғул шаванд;
- барои амалӣ кардани фаъолияти тибби халқӣ аз ҳамаи муассиса ва ташкилотҳои тибби халқӣ ва шахсони дигаре, ки бо амалияи тибби халқӣ машғуланд, иттилоот гиранд;
- бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи тибби халқӣ машғуланд, барои расонидани ёрии тибби халқӣ якҷоя фаъолият кунанд;
- бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ маводҳои дорувории тибби халқиро тайёр ва истифода кунанд.
Моддаи 5. ӯҳдадории шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд
Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, ӯҳдадоранд:
- хориҷ карда шуд
- барои амалӣ гардонидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд;
- ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии ба ӯ расонидашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияташон аз ҷониби мақомоти ваколатдори нигаҳдории тандурустӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;
- усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва дорувориҳои тибби халқиро, ки бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;
- ба марказҳои назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳодисаҳои ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом (лепра), заъфати пӯст (микроспория), шукуфаи мӯчин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва аломати норасоии масунияти бадан (СПИД), бемориҳои саратон, нашъамандӣ ва равониро, бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар диҳанд;
- барои таъмини фаъолияти касбӣ-табибӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, кормандонро ҷалб намоянд ;
- дар мӯҳлати ҳар 5 соли фаъолият дониши касбии худро такмил диҳанд.
Ҳангоми фаъолияти тибби халқӣ амалҳои зерин манъ аст:
- истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин дорувориҳои тибби халқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст;
- дар фаъолияти худ воситаҳои нашъадорро ба беморон таъин намоянд ва истифодаи онҳоро тавсия кунанд;
- гузаронидани сеансҳои табобатии оммавӣ аз ҷониби табибони халқӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма.
Моддаи 6. Иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятии табибони халқӣ
Табибони халқӣ метавонанд мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
Иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ дар таъсис ва ташкили фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби халқӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии табибони халқӣ, метавонанд саҳмгузор бошанд.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 7. Ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ
Барои дар соҳаи тибби халқӣ фаъолият кардан шахсоне ҳуқуқ доранд, ки таҳсилоти махсуси касбиро гузаштаанд, шаҳодатномаи табиби халқӣ ва иҷозатнома (литсензия) доранд .
Тартиби гирифтани шаҳодатномаи мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, анҷом дода мешавад.
Моддаи 8. Ташкил кардан ва барҳам додани муассиса ва ташкилоти тибби халқӣ
Муассиса ва ташкилоти тибби халқӣ, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ, аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.
Ба таъсис ва фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби халқӣ, дар асоси меъёрҳои муқарраршуда, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани муассиса ва ташкилоти тибби халқӣ, инчунин дастгирии давлатии онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегирад.
Моддаи 9. Ташкили фаъолияти муассиса ва ташкилотҳои тибби халқӣ
Тартиби ташкили фаъолияти касбии муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби халқиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Фаъолияти соҳибкории табиби халқӣ
Фаъолияти соҳибкории табиби халқӣ мувофиқи муқаррароти "Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ2, "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
БОБИ IV. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 11. Такмили дониши касбии табибони халқӣ
Табибони халқӣ вазифадоранд, ки дониши касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва метавонанд таҷрибаи худро дар муассисаҳои давлатии тиббӣ, таҳти назорати духтурон бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал намоянд .
Табиби халқӣ, ки аз рӯи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардааст, ба фаъолияти тибби халқӣ танҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ, бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.
Моддаи 12. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тибби халқӣ
Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тибби халқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар соҳаи тибби халқӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ V. ИТТИЛООТ ВА РЕКЛАМА ДАР СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 13. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ
Табибони халқӣ вазифадоранд, ки бо хоҳиши беморон ба онҳо оид ба сифат, судмандӣ, бехатарӣ ва таъсири аксуламали маводи дорувории тибби халқӣ ва усулҳои табобат иттилоот диҳанд.
Маълумоте, ки метавонад ба бемор зиён расонад, аз ӯ махфӣ дошта мешавад.
Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ бояд ҳаққонӣ, саҳеҳ, мукаммал, саривақтӣ, дақиқ, касбӣ ва тахассусӣ бошад.
Моддаи 14. Рекламаи фаъолият ва маводи дорувории тибби халқӣ
Рекламаи фаъолияти тибби халқӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
БОБИ VI. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАБИБОНИ ХАЛҚӢ
Моддаи 15. Назорати давлатии фаъолияти табибони халқӣ
Фаъолияти табибони халқӣ аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда ва санҷида мешавад.
Назорати давлатии сифат, судмандӣ ва бехатарии маводи дорувории тибби халқӣ, ки табиби халқӣ дастрас, тайёр ва истифода мекунад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Озмоиши клиникӣ ва бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқӣ
Тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Баъди бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқӣ номгӯи он ба Феҳристи маводҳои дорувории тибби халқӣ, ки тартиби пешбурди онро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ворид карда мешавад .
Моддаи 17. Талабот нисбати маводи дорувории тибби халқӣ
Маводи доруворие, ки дар тибби халқӣ ба кор бурда мешавад, бояд хушсифат, судманд ва бехатар бошад.
Истифодаи маводи дорувории тибби халқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, манъ аст.
Маводи дорувории тибби халқӣ бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникие, ки барои онҳо тасдиқ карда шудаанд, мувофиқ бошад.
Ҷамъоварӣ, коркард ва тайёр кардани маводи дорувории тибби халқӣ, бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти тибби халқӣ дар асоси санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
9 декабри соли 2004 № 73
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тибби халқӣ
Боби I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи тибби халқӣ муайян намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро ҳангоми амалӣ намудани ин фаъолият танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби халқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби халқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
тибби халқӣ - бахши соҳаи тандурустӣ, ки усулҳои солимгардонии аҳолӣ, пешгирии касалиҳо, ташхис ва табобати аз дониш, малака ва таҷрибаи давраҳои қадим ба даст омада ва бо анъанаҳои халқӣ муқарраргардидаро истифода мебарад;
табиби халқӣ - шахсе, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ дошта, солимгардонии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобатро бо усулҳо ва маводҳои дорувории тибби халқӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) амалӣ мегардонад;
маводҳои дорувории тибби халқӣ - маводи аз наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва дигар маводи барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва солимгардонӣ истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
шаҳодатномаи табиби халқӣ - ҳуҷҷат оид ба сатҳи таҳсилот, тахассусгирӣ ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти касбии барои фаъолияти таҳсилотӣ иҷозатнома (литсензия) дошта, дода мешавад.
БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНЕ, КИ БА ТИББИ ХАЛҚӢ МАШҒУЛАНД
Моддаи 4. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд
Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ёрии тибби халқӣ расонанд;
- усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода баранд;
- ба табобати беморон баъди бо усулҳои тибби муосир, ки тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ шудаанд, маълум гаштани натиҷаи ташхис, машғул шаванд;
- барои амалӣ кардани фаъолияти тибби халқӣ аз ҳамаи муассиса ва ташкилотҳои тибби халқӣ ва шахсони дигаре, ки бо амалияи тибби халқӣ машғуланд, иттилоот гиранд;
- бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи тибби халқӣ машғуланд, барои расонидани ёрии тибби халқӣ якҷоя фаъолият кунанд;
- бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ маводҳои дорувории тибби халқиро тайёр ва истифода кунанд.
Моддаи 5. ӯҳдадории шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд
Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби халқӣ машғуланд, ӯҳдадоранд:
- танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома (литсензия) дода шудааст, амалӣ кунанд;
- барои амалӣ гардонидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд;
- ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии ба ӯ расонидашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияташон аз ҷониби мақомоти ваколатдори нигаҳдории тандурустӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;
- усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ, табобат ва дорувориҳои тибби халқиро, ки бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;
- ба марказҳои назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳодисаҳои ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом (лепра), заъфати пӯст (микроспория), шукуфаи мӯчин (трихофития), хоришак (чесотка), сил, вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва аломати норасоии масунияти бадан (СПИД), бемориҳои саратон, нашъамандӣ ва равониро, бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар диҳанд;
- барои таъмини фаъолияти касбӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, кормандонро ҷалб намоянд;
- дар мӯҳлати ҳар 5 соли фаъолият дониши касбии худро такмил диҳанд.
Ҳангоми фаъолияти тибби халқӣ амалҳои зерин манъ аст:
- истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин дорувориҳои тибби халқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст;
- дар фаъолияти худ воситаҳои нашъадорро ба беморон таъин намоянд ва истифодаи онҳоро тавсия кунанд;
- гузаронидани сеансҳои табобатии оммавӣ аз ҷониби табибони халқӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма.
Моддаи 6. Иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятии табибони халқӣ
Табибони халқӣ метавонанд мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
Иттиҳодияҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ дар таъсис ва ташкили фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби халқӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии табибони халқӣ, метавонанд саҳмгузор бошанд.
БОБИ III. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 7. Ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ
Барои дар соҳаи тибби халқӣ фаъолият кардан шахсоне ҳуқуқ доранд, ки таҳсилоти касбиро гузаштаанд, шаҳодатномаи табиби халқӣ ва иҷозатнома (литсензия) доранд.
Тартиби гирифтани шаҳодатномаи мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, анҷом дода мешавад.
Моддаи 8. Ташкил кардан ва барҳам додани муассиса ва ташкилоти тибби халқӣ
Муассиса ва ташкилоти тибби халқӣ, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ, аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.
Ба таъсис ва фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби халқӣ, дар асоси меъёрҳои муқарраршуда, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани муассиса ва ташкилоти тибби халқӣ, инчунин дастгирии давлатии онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегирад.
Моддаи 9. Ташкили фаъолияти муассиса ва ташкилотҳои тибби халқӣ
Тартиби ташкили фаъолияти касбии муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби халқиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Фаъолияти соҳибкории табиби халқӣ
Фаъолияти соҳибкории табиби халқӣ мувофиқи муқаррароти "Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ2, "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
БОБИ IV. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 11. Такмили дониши касбии табибони халқӣ
Табибони халқӣ вазифадоранд, ки дониши касбии худро мунтазам такмил диҳанд.
Табиби халқӣ, ки аз рӯи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардааст, ба фаъолияти тибби халқӣ танҳо баъди таҷрибаомӯзӣ ва тасдиқ намудани ихтисоси худ, бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.
Моддаи 12. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тибби халқӣ
Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тибби халқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар соҳаи тибби халқӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ V. ИТТИЛООТ ВА РЕКЛАМА ДАР СОҲАИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Моддаи 13. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ
Табибони халқӣ вазифадоранд, ки бо хоҳиши беморон ба онҳо оид ба сифат, судмандӣ, бехатарӣ ва таъсири аксуламали маводи дорувории тибби халқӣ ва усулҳои табобат иттилоот диҳанд.
Маълумоте, ки метавонад ба бемор зиён расонад, аз ӯ махфӣ дошта мешавад.
Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ бояд ҳаққонӣ, саҳеҳ, мукаммал, саривақтӣ, дақиқ, касбӣ ва тахассусӣ бошад.
Моддаи 14. Рекламаи фаъолият ва маводи дорувории тибби халқӣ
Рекламаи фаъолияти тибби халқӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
БОБИ VI. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАБИБОНИ ХАЛҚӢ
Моддаи 15. Назорати давлатии фаъолияти табибони халқӣ
Фаъолияти табибони халқӣ аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда ва санҷида мешавад.
Назорати давлатии сифат, судмандӣ ва бехатарии маводи дорувории тибби халқӣ, ки табиби халқӣ дастрас, тайёр ва истифода мекунад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Озмоиши клиникӣ ва бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқӣ
Тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва бақайдгирии давлатии маводи дорувории тибби халқиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 17. Талабот нисбати маводи дорувории тибби халқӣ
Маводи доруворие, ки дар тибби халқӣ ба кор бурда мешавад, бояд хушсифат, судманд ва бехатар бошад.
Истифодаи маводи дорувории тибби халқӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, манъ аст.
Маводи дорувории тибби халқӣ бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникие, ки барои онҳо тасдиқ карда шудаанд, мувофиқ бошад.
Ҷамъоварӣ, коркард ва тайёр кардани маводи дорувории тибби халқӣ, бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти тибби халқӣ дар асоси санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 9 декабри соли 2004 № 73
ш. Душанбе