Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисон ва ҳамоҳангсозии таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи иқтисодиёти миллиро бо кадрҳо аз рӯи ихтисосҳое, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон тайёр карда намешаванд, муайян намуда, хар сол то 1 март нақшаи тайёр кардани мутахассисонро дар мактабҳои олии хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳисоби ҳарсолаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти имкониятҳои воқеии молиявӣ дар буҷети давлатӣ хароҷотҳои тайёр кардани мутахассисонро дар мактабҳои олии хориҷи кишвар пешбинӣ намояд.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар муддати ду моҳ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор Низомномаи тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишварро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили таҳсили шаҳрвандони ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар ба роҳ монад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 ноябри соди 2002 № 420
ш. Душанбе