Низомномаи тартиби додани сертификати сифати техникаи автомобилӣ аз 4 марти соли 2002, № 93

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2002 № 93

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби додани сертификати сифати техникаи автомобилӣ

1. Ин Низомнома принсипҳои умумии ташкили муоинаи (сертификатсияи) ҳолати техникӣ ва тартиб додани гувоҳномаи ҳолати техникии нақлиёти автомобилиро (минбаъд "воситаҳои нақлиёт") муайян мекунад.

2. Мақоми марказии муоинаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Мақсадҳои асосии муоинаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт инҳоянд:

- таъмини ҳолати хуби техникии воситаҳои нақлиёт, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмат мерасонанд;

- таъсис ва ташаккул додани бозори хизматрасонии нақлиётӣ, ки ба талаботи меъёрию техникии маҷмӯи воситаҳои нақлиёт мувофиқат мекунад.

4. Тамоми воситаҳои нақлиётие, ки дар самтҳои шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ барои кашонидани бор ва интиқоли мусофирону бағоҷ машғул мебошанд, бояд аз муоинаи техникӣ тузаранд.

5. Мӯҳлатҳои аз муоина гузаштани воситаҳои нақлиёт мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои танзим аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

6. Муоинаи воситаҳои нақлиёт дар корхонаҳои нақлиётии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти базаҳои технологии (постгоҳҳои махсусгардонидашудаи) муоинаи воситаҳои нақлиётӣ бо тартиби муқарраргардида аз тарафи мақомоти литсензионӣ дода мешавад.

7. Базаҳои технологӣ барои гузаронидани назорати ҳолати техникии автомобилҳо, инчунин сехҳо ва минтақаҳо ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои ҳолатии техникӣ мувофиқ гардонидан, ки ҳангоми истифодабарӣ бехатарии нақлиётро муайян менамоянд, бояд постгоҳҳои махсусгардонидашуда дошта бошанд.

8. Барои гирифтани гувоҳномаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза дар шакли муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷатҳое, ки бақайдгирии давлатии воситаи нақлиётро тасдиқ мекунанд;

- воситаи нақлиёте, ки рақами бақайдгирии давлатӣ дорад.

9. Гувоҳномаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт пас аз гузаронидани корҳои санҷишию озмоишӣ мутобиқи нишондиҳандаҳои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, дар базаҳои технологӣ дода мешавад.

Корҳои санҷишию озмоишӣ мутобиқи технологияи муоинаи ҳолати техникӣ ва бо тартиби муқарраршуда таҳиягардида, ки онро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анҷом дода мешаванд.

10. Қарори рад намудан ва ё додани гувоҳномаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва воситаи нақлиёт, ки дар банди 8 ин Низомнома зикр гардидаанд, қабул карда мешавад.

11. Гувоҳномаи мутобиқатии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт дар мавридҳои зерин дода намешавад:

- ҳангоми дар автомобил мавҷуд будани камбудиҳои техникие, ки ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдид мекунанд;

- дар мавриди иҷро нагардидани шартҳои дар банди 8 ин Низомнома зикргардида.

12. Гувоҳномаи ҳолати техникии автомобил танҳо барои воситаи нақлиёти дахлдор ва ҳангоми иваз гардидани ронанда якҷоя бо воситаи нақлиёт дода мешавад.

13. Бекор кардани амали гувоҳномаи ҳолати техникии воситаи нақлиёт дар сурати мувофиқат накардани автомобил ба талаботи ҳуҷҷатҳои техникию меъёрӣ, ё ки дар ҳолатҳои шикоятҳои асоснок аз тарафи шахсони аз хизматрасонии нақлиёт истифодабаранда ва дар асоси хулосаҳои Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санади Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ҳангоми беэътибор донистани гувоҳномаи ҳолати техникии воситаи нақлиёт, мақоми назораткунанда вазифадор аст дар мӯҳлати 3 рӯзи пас аз қабули қарор ба воҳиди минтақавии Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон бояд хулосаро (санад) пешниҳод намояд.

14. Гувоҳномаи ҳолати техникии воситаи нақлиёте, ки аз тарафи базаи технологии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, барои аз тарафи хадамоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бе санҷиши пешакии ҳолати техникӣ) ба расмият даровардани муоинаи ҳарсолаи техникии воситаи нақлиёт асос мебошад.

15. Пардохти корҳои гузоронидани муоинаи (сертификатсияи) техникӣ аз ҷониби аризадиҳанда бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.