Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 499 "Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.04.2007с. № 194 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарвари ва баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқавории кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи барқарорсози ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амали гардидани нишондодҳои Барномаи мазкур ҷиҳати ҷалб намудани сармояи хориҷи чораҳои мушаххас андешанд.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи Ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои истеъмолкунандагон "Тоҷикматлубот" ҳамасола дар моҳҳои январ-феврал гузаронидани ярмаркаҳои бастани шартномаҳо байни истеҳсолкунандагон ва харидоронро оид ба истеҳсол, коркард ва содироти меваю сабзавот таъмин созанд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 15 феврал аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 31 декабри соли 2004 № 499

ш. Душанбе