ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 252 "Дар бораи Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Шумораи кормандони Инспексияи нақлиёти ба миқдори 280 нафар (бидуни кормандони хизматрасон) аз ҷумла, дастгоҳи маркази бо миқдори 66 нафар ва шумораи кормандони шӯъбаҳои тобеи он ба миқдори 214 нaфap" ба калимаҳои "Шумораи умумии кормандони Инспексияи нақлиёти бо назардошти ҳайати хизматрасон ба миқдори 244 нафар, аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи маркази ба миқдори 64 нафар ва шумораи кормандони шӯъбаҳои тобеи он ба миқдори 180 нафар" иваз карда шаванд.
2. Банди 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷотҳоро барои нигоҳдории Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 аз ҳисоби маблағҳои барои чорабиниҳои аҳамияти умумиҷумҳурияви ва байналхалқи дошта ба маблағи 700 ҳазор сомони ҷудо намуда, нигоҳдории онҳоро барои соли 2006 ва солҳои минбаъда дар буҷети ҷумҳурияви пешбини намояд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2004 № 520
ш. Душанбе