Низомномаи Кумитаи Кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 513

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 608 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2004 № 513

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2004 № 513

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи Кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) воҳиди мустақили сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати давлатиро оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила татбиқ намуда, барои кӯмаки ҳамаҷониба дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан дар ҷамъият, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амали гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таъмини баробарии гендери, боло бурдани фаъолияти меҳнати ва ҷамъиятию сиёсии занон, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисоди, идораи корҳои давлатию ҷамъияти, ҳамоҳанг намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии занон дар ҳалли проблемаҳои оила, ҳифзи модару кӯдак мусоидат мекунад.

Кумита дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

2. Кумита фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ҳамин Ннзомнома пеш мебарад.

3. Кумита дар доираи салоҳияти худ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди такмили қонунгузори доир ба ҳифзи иҷтимоии зан ва оила лоиҳаи қонунҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳияву пешниҳод намуда, ҷиҳати иҷрои онҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба манфиатҳои зан ва оила дахлкунанда назоратро ба амал мебарорад.

II. Вазифаҳои Кумита

4. Вазифаҳои Кумита иборатанд аз:

1) иштирок дар таҳия ва татбиқи стратегияи сиёсати давлати оид ба таъмини баробарии гендери, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисоди ва беҳгардонии вазъи занон, ҳифзи оила, модар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства  РТ от 28.12.2006г. 608

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 31 декабря 2004 года №513

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 31 декабря 2004 года №513

Положение о Комитете по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан

I. Общие положения

1. Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет) является самостоятельной структурной единицей Правительства Республики Таджикистан и осуществляет государственную политику по защите и обеспечению прав и интересов женщин и семьи, способствует всесторонней помощи в повышении общественной роли женщин в обществе, созданию равных условий для осуществления их прав и интересов и достижению гендерного баланса, повышению трудовой и общественно-политической активности женщин, расширению сферы их участия в решении социально-экономических проблем, в управлении делами государства и общества, координации деятельности женских общественных организаций в решении проблем семьи, охране матери и ребенка.

Комитет в своей деятельности подчиняется Правительству Республики Таджикистан.

2. Комитет осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, постановлениями Мглжлиси намояндагон и Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3. Комитет в пределах своих полномочий разрабатывает и представляет на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан проекты законодательных актов, постановлений и другие нормативные акты с целью совершенствования законодательства по охране женщин и семьи и осуществляет контроль по их исполнению, а также по другим нормативно-правовым актам, касающимся интересов женщин и семьи.

II. Задачи Комитета

4. Задачами Комитета являются:

1) участие в разработке и претворении в жизнь стратегии государственной политики по обеспечению гендерного баланса, программ социально-экономического развития и улучшения положения женщин, охраны семьи, материнства и детства в Республике Таджикистан;

...