Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 № 71 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1.

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 7, мод. 517; соли 2003, № 12, мод. 689) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 4:

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад:

1) ҳангоми вафот;

2) истеъфо;

3) ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд;

4) ба қувваи қонуни даромадани ҳукми айбдоркунии суд;

5) қатъи шаҳрвандӣ;

6) тарки доимии ҷумҳурӣ;

7) ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси милли мувофиқ нест;

8) парокандашавии Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон.";

дар қисми дуюм рақами "6" ба рақами "7" иваз карда шавад;

дар қисми сеюм рақами "7" ба рақами "8" ва калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми чоруми моддаи 6 пас аз калимаи "эҷоди" калимаҳои "ва омӯзгори" илова карда шаванд.

3. Дар қисми дуюми моддаи 16 ва қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар ном ва қисми якуми моддаи 38 калимаҳои "Маҷлиси Оли" ба калимаҳои "Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон" иваз карда шаванд.

Моддаи 2.

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

9 декабри соли 2004 № 71