Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 № 68 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЯРОҚ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи яроқ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 4, мод.57; с. 2001, № 4, мод.152; с. 2003, № 4, мод.143) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Ба моддаи 3 баъди калимаҳои "Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда)" калимаи "бонкҳо" илова карда шавад.

2. Ба моддаи 10 банди ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7) бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон".

3. Ба Қонун моддаи 12(1) дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 12(1) Ҳуқуқи гирифтани яроқ аз ҷониби бонкҳо

Бонкҳои давлати ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳо ва дороиҳо, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқи дар асоси иҷозатнома (литсензия) гирифтани яроқро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

Номгӯи бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба гирифтани яроқ ҳуқуқ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

9 декабри соли 2004 № 68