Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 1999 № 396 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:
дар матни Оинномаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи "Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба номи "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
дар сархати дуюми банди 28 калимаҳои "ба наздишаҳрӣ - берун аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ба масофаи на зиёда аз 50 км", бо калимаҳои "ба наздишаҳрӣ - берун аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин то сарҳади ноҳияи ҳамсоя" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 3 ноябри соли 2001 № 501
ш. Душанбе