Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996, № 96 "Дар бораи тасдиқ намудани стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2011 № 552 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Стандарти давлатии замимагардидаи таълимии маълумоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э.Раҳмонов

аз 23 феврали соли 1996, № 96

ш.Душанбе

Стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. ТАЛАБҲОИ УМУМӢ

1.1. Мундариҷа ва соҳаи татбиқ.

1.2. Стандарти мазкур инҳоро муқаррар мекунад:

1. Сохтори маълумоти олии касбӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумоти олӣ.

2. Талабҳои умумӣ ба барномаҳои асосии таълими маълумоти олии касбӣ ва шароити корбасти онҳо.

3. Меъёрҳои умумии кори таълимии донишҷӯи мактаби олӣ ва ҳаҷми он.

4. Озодиҳои академии мактаби олӣ дар муайянсозии мундариҷаи маълумоти олии касбӣ.

5. Талабҳои умумӣ ба феҳрасти самтҳои (тахассусҳои) маълумоти олии касбӣ.

6. Тартиби таҳия ва тасдиқи талаботи давлатӣ ба ҳадди ақали мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон аз рӯи самтҳои (тахассусҳои) мушахаси олии касбӣ ба сифати ҷузъи марказӣ.

7. Қоидаҳои назорати давлатӣ ба риояи талаботи стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбӣ.

1.3. Нуқтаҳои стандарти мазкур бояд аз ҷониби ҳамаи муассисаҳои таълимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгашта ва аз тарафи мақомоти давлатии идораи маълумоти олӣ ҳамчун мактаби олӣ акредитатсия шуда ҳатман истифода шаванд.

2. ИШОРАҲОИ МЕЪЁРИ ВА ТАЪРИФИ МАФҲУМҲОИ СОҲАИ МАЪЛУМОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАР СТАНДАРТИ МАЗКУР ИСТИФОДАШАВАНДА

2.1. Дар стандарти мазкур нуқтаҳои асосии муқаррароти низомномаи намунавии муассисаи таълимии маълумоти олии касбии (макотиби олии) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби таҳия, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии маълумот барои маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба назар гирифта шудааст.

2.2. Маълумоти олии касбӣ маълумотест дар заминаи маълумоти миёнаи (пурраи) умумӣ ё маълумоти миёнаи касбӣ. Он дар мактаби олӣ аз рӯи барномаҳои асосии касбии таҳсилотӣ, ки ҷавобгӯи талабҳои муқаррракардаи стандарти мазкур буда, бо аттестатсияи ҷамбастӣ ва ба хатмкунанда додани ҳуҷҷат оид ба маълумоти олии касбӣ хотима меёбад, амалӣ мегардад.

2.3. Барномаи асосии маълумоти олии касбӣ ҳуҷҷатест (ё маҷмӯи ҳуҷҷатҳо), ки мутобиқи стандарти мазкур аз рӯи самт (тахассус) мундариҷаи маълумот, инчунин дараҷаи муайяни маълумоти олии касбиро ба шумули тамоми маҷмӯи хадамоти таҳсилот муайян месозад.

2.4. Сохтори маълумоти олии касбӣ маҷмӯи барномҳои асосии таълими маълумоти олии касбии аз рӯи таъинот ва мӯҳлатҳои меъёрии таҳсил гуногун мебошад, ки дараҷаи маълумоти олии касбиро ифода мекунад.

2.5. Ҳуҷҷати давлатӣ дар бораи маълумоти олии касбӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мебошад. Он аз тарафи мактаби олӣ барои тасдиқи он дода мешавад, ки дорандаи барномаи асосии маълумоти касбиро муваффақона анҷом дода, ҳуқуқи идомаи таҳсил дар зинаи минбаъдаро соҳиб аст ва ё мувофиқи тахассуси гирифтааш аз рӯи самти (тахассуси) таҳсил метавонад фаъолияти касбӣ кунад.

2.6. Мӯҳлати меъёрии омӯзиш муҳосибаи фарогирии барномаи асосии таълими маълумоти олии касбӣ аз тарафи хатмкунанда барои таҳсили рӯзона мебошад, ки онро стандарт муқаррар карда ва дар заминаи маълумоти миёнаи (пурраи) умумӣ амалӣ мегардад.

3. СОХТОРИ МАЪЛУМОТИ ОЛИИ КАСБИ, ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ

3.1. Дараҷаи аввали маълумоти олии касбӣ маълумоти нопурраи олӣ мебошад, ки бояд аз ҷониби мактаби олӣ дар қисмати барномаи асосии маълумоти касбӣ дар ҳаҷми на камтар аз ду соли таҳсил амалӣ гардад. Қисмати зикршудаи барномаи асосии маълумоти касбиро хатм кардани донишҷӯ бояд ба ӯ ё ҳуқуқ диҳад ё имконият фароҳам орад, ки маълумоти олиро давом диҳад, ё мувофиқи хоҳиш, бе аттестасияи ҷамъбастӣ дар хусуси маълумоти нопурраи олӣ шаҳодатнома гирад. Ҳаҷм ва мундариҷаи мушахаси маълумоти нопурраи олӣ дар замимаи шаҳодатнома инъикос меёбад.

3.2. Дараҷаи дуюми маълумоти олии касбӣ маълумотест, ки бояд аз ҷониби мактаби олӣ аз рӯи барномаи асосии маълумоти касбӣ амалӣ гардад ва он тайёрии мутахассисро бо тахассуси "бакалавр" таъмин намояд. Барномаи асосии маълумоти касбӣ бояд фанҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ, табиатшиносӣ ва таҷрибаомӯзии таъиноти касбӣ доштаро фаро гирад. Мӯҳлати меъёрии таҳсил бояд аз чор сол камтар набошад. Баромаи мазкур бо аттестатсияи ҷамъбастӣ ва ба хатмкунанда додани тахассуси "бакалавр", инчунин дипломи тасдиқкунандаи он хотима меёбад.

3.3. Дараҷаи сеюми маълумоти олии касбӣ маълумотест, ки аз ҷониби мактаби олӣ аз рӯи барномаҳои асосии маълумоти касбии ду тип амалӣ гардад ва ин барномаҳо тайёр кардани мутахассисонро бо тахассуси "магистр" ё ба таври анъанавӣ нишон додани тахассуси "муҳандис", "омӯзгор", "агроном", "иқтисоддон" ва ғайра (номи умумии тахассус "мутахассис") таъмин намоянд. Вобаста ба махсусияти (ё соҳаи) мактаби олӣ, эҳтиёҷоти хоҷагии халқ, ба мутахассисони дараҷаҳои гуногун ба таври баробар тайёр кардани бакалаврҳо ва муҳандисон (омӯзгорон, агрономҳо) бо тақсими шохаҳои марбути тарбият дар анҷоми дараҷаи аввал мумкин аст. Дар ин маврид ба муҳандисон (омӯзгорон ва ғайра), ки аз рӯи самт (тахассус) дипломи бакалавр надоранд, имкони дохил шудан ба магистратура пешбинӣ намешавад.

Давр аз рӯи самти марбута ва на камтар аз ду сол тайёрии махсус бо шумули таҷрибаомӯзӣ иборат буда, он фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва (ё) илмию омӯзгории хатмкунандаро дар назар дорад. Мӯҳлати умумии меъёрии таълим бояд на камтар аз шаш сол дар тарбияти мутахассисон бо ихтисоси "магистр", 5 сол дар тарбияти мутахассисон ба ихтисоси "муҳандис", "агроном", "иқтисоддон" ва ғайра аст.

Барномаи мазкур бо аттестатсияи ҷамъбастӣ бо шумули кори хотимавии (лоиҳаи) поёни таҳсил ва додани тахассуси "магистр" ба хатмкунанда, ки онро диплом тасдиқ менамояд, ба анҷом мерасад.

Барномаи ассосии маълумоти касбӣ фанҳои таълимии дорои характери умумимилии гуманитарӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва табиатшиносӣ, фанҳои умумикасбӣ, инчунин тайёрии назарӣ ва амалиро аз рӯи ихтисос ва тахассус фаро мегирад, ки он намудҳои гуногуни фаъолиятро мувофиқи касб дар назар дорад. Барномаи мазкур бо аттестатсияи ҷамъбастӣ бо шумули кори хотимавии (лоиҳаи) поёни таҳсил ва додани тахассуси "муҳандис", "омӯзгор", "агроном", "иқтисоддон", ва ғайра, ки онро диплом тасдиқ менамояд ба анҷом мерасад. Нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии амаликунандаи онҳо оид ба тайёр кардани мутахассисон бо муддатҳои барои онҳо муқарраршудаи омӯзиш, ки ҳангоми қабули стандарти мазкур фаъолият доранд, бо барномаи марбутаи асосии маълумоти касбӣ баробар шуморида мешавад.

3.4. Ба ашхосе, ки таҳсилро анҷом надодаанд, мувофқи хоҳишашон маълумотномаи (справкаи) академии муайяннамуда ё дар сурати иҷрои шартҳои муайянкардаи стандарти мазкур шаҳодатномаи маълумоти нопурраи олӣ, ки дар он ҳаҷму мундариҷаи таҳсили гирифта инъикос мегардад, дода мешавад.

3.5. Мӯҳлатҳои меъёрии мушаххаси омӯзиш аз рӯи самтҳои (тахассусҳои) маълумоти олии касбӣ, инчунин шакли ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумоти олии касбӣ, шаҳодатномаи маълумоти ноппураи олӣ ва маълумотномаи академиро мақомоти давлатии идораи маълумоти олӣ муқаррар мекунад.

3.6. Ҳуҷҷатҳои стандарти намунаи давлатӣ ба ашхоси таълимгиранда ё омӯзишро дар мактаби олӣ аз рӯи самтҳои (тахассусҳои) аккредитатсияшуда анҷом дода мешаванд.

3.7. Тахассусҳои хатмкунандагони мактабҳои олӣ, ки дипломии маълумоти олии касбӣ тасдиқ кардааст, имкон фароҳам меорад, ки онҳо навъҳои гуногуни фаъолияти касбии муайянкардаи стандарти давлатии маълумотро барои маълумоти олии касбӣ дар боби талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон аз рӯи самтҳои (тахассусҳои) мушахаси маълумоти олии касбӣ иҷро кунанд.

4.

4.1. Барномаҳои ассосии таълими маълумоти олии касбӣ бояд омӯзиши фанҳои ҳатмии зеринро аз ҷониби донишҷӯён пешбинӣ намоянд:

1) Фанҳои умумигуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ;

2) Фанҳои риёзӣ ва умумии табиатшиносӣ;

3) Фанҳои умумии касбӣ (барои ҳамин самт ё тахассуси омодагӣ);

4) Фанҳои махсус.

4.2. Ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи ҳар барномаи асосии таълими маълумоти олии касбӣ тавассути стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботро нисбат ба ҳадди ақали мазмун ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон аз рӯи самтҳои (тахассусҳо)-и мушаххас муайян мекунад, муқаррар карда мешавад.

4.3. Мундариҷаи барномаҳои асосии маълумоти касбӣ, ки махсусиятҳои, минтақавии омодагии мутахассисонро инъикос менамояд, тавассути ҷузъҳои минтақавии стандарти давлатии маълумот барои маълумоти олии касбӣ муайян карда мешавад, ки он ҳангоми тарбияти мутахассисони анъанаҳои миллию маишӣ, махсусиятҳои табиию иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар мегирад. Тартиби истиқрории ҷузъҳои минтақавии стандарти давлатии маълумотро моддаи 16-и Қонуни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

4.4. Барномаҳои асосии маълумоти олии касбӣ дар қатори фанҳои ҳатмӣ мувофиқи интихоби донишҷӯ фанҳои факултавиро низ бояд дар бар гиранд.

4.5. Иҷозат дода намешавад, ки омӯзиш аз рӯи барномаҳои таълими маълумоти олии касбӣ чун қоидаи гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ баррасӣ гардад, агар таълими сатҳи ҳамин дараҷа бори аввал ба даст оварда шавад.

4.6. Иҷозат дода мешавад, ки аз рӯи барномаҳои асосии маълумоти касбӣ дар ҳамаи дараҷаи маълумоти олии касбӣ дар муддати мухтасар (нисбат ба муддатҳои меъёрии омӯзиш) бо назардошти таълими муқаддимотии таълимгиранда омӯзиш сурат гирад.

4.7. Ашхосе, ки дипломи маълумоти олии касбии дараҷаи дуюм доранд, метавонанд маълумоти олиро дар дараҷаи баъди давом диҳанд. Шароити идомаи таҳсил ё гузариш аз як барномаи асосии маълумоти касбӣ ба дигар барнома тавассути мактабҳои олӣ бино ба тартиби муқарраркардаи мақомоти ҷумҳуриявии (марказии) давлатии идораи маълумоти олӣ муайян карда мешавад. Дар ин ҳангом имкони дохил шудан ё гузаронидани хатмкунандагон (донишҷӯён)-и дигар мактабҳои олӣ ба дараҷаи баъдии омӯзиш таъмин карда мешавад.

5. МЕЪЁРҲОИ УМУМИИ КОРИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШҶУИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА ҲАҶМИ ОН

5.1. Ҳаҷми ҳадди аксари кори таълимии кори донишҷӯ дар як ҳафта бо шумули ҳамаи навъҳои дарсҳои дохили дарсхонаҳо ва кори таълимии берун аз дарсхонаҳо бояд ҳатман аз 54 соат зиёд набошад.

5.2. Ҳаҷми ҳадди аксари дарсҳои ҳатмии дохилии дарсхонаҳо дар шакли рӯзонаи таълим бояд бо стандарти давлатии маълумот барои маълумоти олии касбӣ дар он қисмат, ки талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва дараҷаи тарбияти хатмкунандагон аз рӯи самтҳои мушаххас ва тахассусҳои маълумоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад, маҳдуд гардад.

5.3. Дар шакли омӯзиши рӯзона-ғоибона (шабона) ҳаҷми дарсҳои дохилии дарсхонаҳо дар як ҳафта бояд на камтар аз 10 соат бошад.

5.4. Дар шакли ғоибона таълим ба донишҷӯ барои машғулиятҳо бо муаллим дар ҳаҷми на камтар аз 160 соат дар як сол бояд имкон фароҳам сохта шавад.

5.5. Ҳаҷми умумии вақти таътил дар соли таҳсил бояд 7-10 ҳафта, аз ҷумла на камтар аз ду ҳафтаро дар давраи зимистон ташкил диҳад.

6. ОЗОДИҲОИ АКАДЕМИИ МАКТАБИ ОЛӢ ДАР МУАЙЯНСОЗИИ МУНДАРИҶАИ МАЪЛУМОТИ ОЛИИ КАСБӢ

6.1. Мактаби олӣ барномаҳои асосии таҳсилоти касбӣ, инчунин бар асоси нуқтаҳои стандарти мазкур роҳҳои амалӣ сохтани онҳоро таҳия ва қабул мекунад.

6.2. Мактаби олӣ дар соҳаҳои муайянкунандаи стандарти мазкур дорои ҳуқуқҳои дигар аст, ки онҳоро қонунгузории амалкунанда дар соҳаи маориф ва низомномаи типии муассисаҳои таълимӣ барои маълумоти олии касбии мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

7. ТАЛАБОТИ АСОСИ НИСБАТ БА ФЕҲРАСТИ САМТҲО (ТАХАССУСҲО)-И МАЪЛУМОТИ ОЛИИ КАСБИ

7.1. Феҳрасти самтҳо (тахассусҳо)-и маълумоти олии касби бояд соҳаҳои мавҷуд ва дурнамои илм, техника ва фарҳангро дар бар гирад. Ҳар самт (тахассус) бояд аҳамияти иҷтимоӣ ва шахсӣ дошта бошад.

7.2. Феҳрасти самтҳо (тахасусҳо)-и маълумоти олии касбӣ як қисми стандарти мазкури давлатии таълими маълумоти олии касбӣ мебошад ва чунин ном дорад: "Стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбӣ таснифгари самтҳо ва тахассусҳои маълумоти олии касбӣ".

8. ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚИ ТАЛАБОТИ ДАВЛАТӢ НИСБАТ БА ДАРАҶАИ ҲАДДИ АҚАЛИ МУНДАРИҶА ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ ХАТМКУНАНДАГОН АЗ РУИ САМТҲО (ТАХАССУСҲО)-И МУШАХХАСИ МАЪЛУМОТИ ОЛИИ КАСБӢ ҲАМЧУН ҶУЗЪҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

8.1. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва дараҷаи тайёр кардани хатмкунандагон аз рӯи самтҳо (тахассусҳо)-и мушахасси маълумоти олии касбӣ бино ба тартиби муқаррар кардаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

8.2. Талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақали мундариҷа ва дараҷаи тайёр намудани хатмкунандагон аз рӯи самтҳои (тахассусхо)-и мушаххаси маълумоти олии касбӣ як қисми стандарти мазкури давлатии маълумот барои маълумоти олии касбӣ мебошад ва чунин ном дорад: "Стандарти давлатии маълумот барои маълумоти олии касбӣ. Талаботи давлати нисбат ба мундариҷаву дараҷаи ҳадди ақали тайёр намудани хатмкунандагон". Стандарти мазкур алоҳида барои ҳар самт ва тахассус таҳия мегардад.

9. ҚОИДАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ БАР РИОЯТИ ТАЛАБОТИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ МАЪЛУМОТ БАРОИ МАЪЛУМОТИ ОЛИИ КАСБӢ

9.1. Қоидаи назорати давлатӣ бар риояти стандарти давлатии маълумот барои маълумоти олии касбиро мақомоти ҷумҳурии давлатии идораи маълумоти олӣ муқаррар мекунад. Назорати давлатиро бар риояти талабҳои стандарти мазкур мақомоти давлатии идораи маълумоти олӣ ҳамроҳ бо вазоратҳо, идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки дар ихтиёр мактабҳои олӣ доранд, анҷом медиҳанд.

9.2. Барои риоя накардани талаботи стандарти мазкур аз сӯи мактаби олӣ ба он ҷазои дарҷшуда дар моддаи 49-и Қонуни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корбаст мешавад.