Низомномаи мактаб-интернати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996, № 70

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007с. № 347 беэътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 1996,

 № 70 тасдиқ карда шудааст

Низомномаи мактаб-интернати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. ҚОИДАИ УМУМӢ

1. Мактаб-иннернат, Муассисаи махсуси таълимию тарбиявӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар қонунҳо, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Мактаб-интернат бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҷамъиятии насли наврас, расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои тарбияи кӯдакон ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо ташкил карда мешавад

3. Мактаб-интернат бо қарори вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти дахллори хуқумати маҳаллӣ дар сурати мавҷуд будани шароитҳои зарурӣ барои тарбия, таълим, зиндагонӣ ва хадамоти тиббии кӯдакон, инчунин синфхонаҳои даркорӣ барои таълим таъсис мегардад.

4. Вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти дахлдори Ҳукумати маҳаллӣ мактаб-интернатҳои типи умумӣ, мактаб-интернатҳо барои бачагони болаёқат (боистеъдод) мактаб-интернатҳои санаторӣ барои бачагоне, ки ба табобати тӯлонӣ мӯҳтоҷанд; мактаб-интернатҳо ва парваришгоҳҳои (хонаи кӯдакон), барои бачагони ятим, ки аз сарпарастии волидайн маҳрум шудаанд; мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон барои бачагон ва наврасони ҷисман инкишофнаёфта ё ноқисулақл, ки имконияти таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ надоранд; мактаб-интернатҳо барои бачагон ва наврасоне, ки ба шароити махсуси тарбия мӯҳтоҷанд; дигар мактаб-интернаҳо ва муассисаҳои типи интернатӣ таъсис медиҳад.

5. Принципи фаъолияти ҳар як намуди (типи) мактаб-интернатро Низомномаи махсуси ҳамон намуди мактаб-интернат муайян мекунад.

6. Мактаб-интернат метавонад дар ҳайати худ (дар дохили худ) мактаби ибтидоӣ ва асосӣ (зинаҳои I ва II), ё ин ки мактаби ибтидоӣ, асосӣ ва миёна (занаҳои I, II ва III) дошта бошад. Дар мактабҳои мазкур духтарон ва писарони аз 7-сола то 18-сола, ки тибқи нишондодҳои тиббӣ қабулашон ба муассисаҳои типи интернатӣ манъ нест, мехонанд ва тарбия мегиранд.

7. Дар мактаб-интернатҳо барои бачаҳои ятим ва бачагоне, ки аз сарпарастии волидайн маҳрум гаштаанд, барои бачагони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ буда, дар сурати мавҷуд будани шароитҳои муносиб барои нигоҳубини онҳо, синфҳои тайёрӣ ё гурӯҳҳои томактабӣ таъсис дода мешавад.

8. Вазорати маориф, мақомоти маҳаллии идораи маориф аз рӯи шароити зиндагӣ ва ҳаётӣ тарбиягирандагони мактаб-интернатҳо дар маҳаллӣ назорати мунтазам бурда, дар ташкил намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи педагогӣ ва коркунони тиббӣ ёрии методӣ мерасонанд.

9. Тарбиягирандагон, коркунони педагогии маъмурӣ ва ҳайати хизматрасонии мактаб-интернат дар якҷоягӣ бо волидайни онҳо ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд ва аҳли ҷамъиятии коллективи мактаб-интернатро ташкил карда, мувофиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ вазифаҳои таълиму тарбияи насли наврасро амалӣ мегардонанд.

10. Дар асоси Низомномаи мазкур мактаб-интернат бо назардошти хусусият ва навъи дурнамои тараққиёту шароити иқлимиаш Оинномаи худро таҳия ва тасдиқ мекунад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзоёни коллектив муайян карда мешаванд.

2. ТАРБИЯГИРАНДАГОН

11. Ба мактаб-интернат бачагони зерин қабул карда мешаванд:

- аз оилаҳои серфарзанд ва камбизоат;

- бачагони ба зери васоят ва парасторӣ гирифташуда;

- фарзандони модарон (падарони) танҳо;

- бачагоне, ки вобаста ба шароити ҳаёту меҳнат, саломатии волидайн ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд ба тарбияи ҷамъиятӣ мӯҳтоҷанд;

- бачагони ятим ва бачагоне, ки аз сарпарастии водидайн маҳрум шудаанд;

- бачагони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ;

- бачагоне, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ, доранд;

- бачагоне, ки ба шароити махсуси тарбия мӯҳтоҷанд;

- барои кӯдаконе, ки аз фанҳои гуногун истеъдоди хоса доранд;

мумкин аст муассисаҳои тамоюлии намуди (типи) интернат ё синфҳои тафриқавӣ ташкил карда шаванд.

12. Фиристодани бачагон ба мактаб-интерннт бо роҳхати вазоратҳо ва идораҳо мақомоти маҳаллии шӯъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ сурат мегирад.

13. Қабул ба мактаб-интернат, миқдори хонандагон дар ҳамаи синфҳо ва гурӯҳҳои тарбиявӣ мутобиқи Низомномаи махсуси ҳамон намуди (типи) мактаб-интернат муайян карда мешаванд.

14. Барои нигоҳубин намудани бачагон дар мактаб-интернати типи умумӣ, мактаб-интернат барои бачагони боистеъдод ва мактаб-интернатҳои тафриқавӣ аз волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, мувофиқи тартиботи муқарраргардида, маблағ гирифта шуда, ба ҳисоби буҷет ба мактаб-интернат дохил карда мешаванд.

15. Мувофиқи қарори мақомоти дахлдори ҳукумати маҳаллӣ дар баъзе ҳолатҳо волидайн ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, мувофиқи тартиботи муқарраргардида комилан ё қисман аз супоридани маблағ барои нигоҳубини бачагон дар мактаб-интернатҳои мазкур озод карда мешаванд.

16. Бачагони ятим ва бачагоне, ки аз сарпарастии волидайн маҳрум гаштаанд, бачагони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ буда, бачагоне, ки ба шароити махсуси тарбия мӯҳтоҷанд, аз пардохти маблағ озод карда шуда, аз тарафи давлат таъин карда мешаванд.

17. Тарбиягирандагони мактаб-интернат мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида ба либосу пойафзол, асбобу анҷоми мулоим, маводи гигиенаи шахсӣ, инчунин бо китобҳо, маводи мактабию-хатнависӣ, бозӣ ва бозичаҳо таъин карда мешаванд.

18. Баъди хатми мактаб-интернат ба тарбиягирандагон бе маҷмӯи либосу пайафзоли тобистона, ки дар вақти таҳсил истифода бурдаанд, дода мешавад.

Бачагони ятим ва бачагони аз сарпарастии волидайн маҳрумгашта баъди хатми ҳама гуна намуди мактаб-интернат аз имтиёзҳое, ки барои чунин категорияи бачагон муайян карда шудааст, истифода мебаранд.

19. Тарбиягирандагони мактаб-интернат мувофиқи меъёрҳои тасдиқкардашуда ва тавсияҳои методӣ доир ба ташкили хӯрок 4 маротиба бо хӯрок таъмин карда мешаванд.

20. Мувофиқи хоҳиши волидайн ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, тарбиягирандагони мактаб-интернат дар рӯзҳои иду истироҳат ё давраи таътил тибқи қарордоди дуҷониба бо маъмурияти мактаб-интернат ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

21. Ҳангоми набудани тарбиягирандагон дар мактаб-интернат дар рӯзҳои иду истироҳат ва давраи таътил масъулияти баҳри ҳаёт ва саломатии бачагон ба дӯши волидайн ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, вогузор карда мешавад.

3. Корҳои таълиму тарбия ва ташкил намудани истироҳати тарбиягирандагон

22. Ташкил намудани таълим ва тарбияи хонандагони мактаб-интернат, давомнокии чорякҳо, соли хониш ва таътил, гузаронидани имтиҳонҳо ва дигар масъалаҳои хусусияти (характери) таълимӣ-тарбиявӣ дошта, мувофиқи Низомномаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фармонҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

23. Тарбияи меҳнатии хонандагон дар асоси якҷоякунии таълим бо меҳнати муфиди ҷамъиятии истеҳсолӣ бо назардошти шароитҳои маҳал ва эҳтиёҷот, иштирок дар чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, маҳфилу клубҳо, инчунин кор дар устохонаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои ёрирасон, кооперативҳои талабагӣ, иттиҳодияҳои худфаъолиятӣ дар корхонаҳо, колхозҳо, совхозҳо вобаста ба шавқу рағбаташон амалӣ мегардад.

24. Реҷаи рӯз, муштаракии таълим, меҳнат ва истироҳати бачагонро таъмин намуда, бо назардошти истиқомати шабонарӯзии тарбиягирандагон дар мактаб-интернат аз тарафи Шӯрои педагогии муассиса тасдиқ карда мешавад.

25. Иштироки тарбиягирандагон дар шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ, меҳнатӣ, варзишӣ, фарҳангию оммавӣ дар асоси принципҳои ихтиёрӣ, ташаббускорӣ ва мустақилона сурат мегирад. Фаъолияти коллективҳои (иттиҳодияҳои) тарбиягирандагон дар асоси худидоракунии талабагӣ ба амал бароварда мешавад.

Маъмурият, муаллимон, мураббиёни мактаб-интернат шароитҳоро барои ошкор ва амалӣ гардонидани ташаббус, фаъолиятнокӣ, худфаъолиятии иттиҳодияҳою созмонҳои ҷамъиятии кӯдакон ва наврасон муҳайё менамоянд.

26. Тарбиягирандагони мактаб-интернат метавонанд дар дарсҳои мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, варзишӣ ва дигар мактабҳо иштирок намуда, дар секцияҳо ва маҳфилҳои гуногуне, ки аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ, варзишӣ ва беруназмактабӣ ташкил мешаванд шуғл варзида, дар конкурсҳо, озмунҳо, спартакиадаҳо, намоишгоҳҳо, азназаргузарониҳо ва дигар шаклҳои чорабиниҳои оммавӣ бо мактаббачагон иштирок намоянд.

27. Дар давраи таътили тобистона маъмурияти мактаб-интернат барои ташкили истироҳати тарбиягирандагон дар лагерҳои сайёҳӣ, истироҳатию меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истироҳати мустаққилона ёрӣ мерасонад.